ЗУҲУРОТИ ОЗОДИИ БОТИНИ ИНСОН

Барои инсон аз озодӣ дида дигар арзиши азизтару болотаре нест. То имрӯз ду фаҳмиш дар бораи озодӣ вуҷуд дорад. Ба маънои маҳдуд озодӣ худмухтории инсон, мустақилияти ӯ ва фишор наовардан ба он аст. Ин фаҳмиши на умумию мутлақ ва бе сабаб муайян кардани озодӣ аст. Вале дар олам ягон инсонро ёфтан мумкин нест, ки дорои озодии мутлақи аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз новобаста бошад. Инсон қисми табиат аст, дар ҷамъият кору фаъолият мекунад ва бо ҳазорҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шудааст. ӯ аз қонунҳои объективии табиату ҷамъият озод буда наметавонад, фаъолияту зиндагиаш аз муносибатҳояш бо дигарон, ахлоқу одоби инсонӣ вобастагӣ дорад. То ҳоло дар фалсафаи инсоншиносӣ озодӣ гуфта, маърифати заруриятро мефаҳманд ва онро ҳодисаи соф иҷтимоӣ маънидод мекунанд. Вале бояд онро ба назар гирифт, ки дар фалсафаи антропологӣ сухан на фақат дар бораи озодии ҷамъият, миллат, синфҳо, қишрҳо ва умуман оммаҳо, балки инчунин дар бораи озодии ҳар як одами алоҳида меравад. Таносуби озодӣ ва зарурат нафақат барои фаъолияту маърифати инсон ҳамчун субъекти иҷтимоӣ зарур аст. Инсон ҳамчун дорандаи маънавияту қобилияти эҷодӣ бо зарурияти беруна маҳдуд шуда наметавонад. Дар зиндагиву фаъолият алоқамандии озодӣ ва зарурат сатҳи пӯшидаи ҳастӣ ва маҳдудияти инсонро ифода мекунад. Вале инсон, сарфи назар аз маҳдудияти худ, нисбатан мустақил аст. Аллбата озодӣ бидуни сабабият вуҷуд надорад, инсон аз шароиту муҳити зиндагӣ озод нест, вале ӯ қобилияти интихобкуниро дорад, метавонад мавқеи муайянро нисбат ба муҳит ва шароити зиндагии худ ишғол намояд. Дар ин маврид интихоб кардан ба инсон ҳамчун ба субъект тааллуқ дорад ва на ба зарурат, ки қобилияти интихоб карданро надорад, ҳарчанд, ки зарурат инсонро ба содир кардани ин ё он амал водор месозад. Меъёри «зарур бувад раво бувад» имкониятҳои субъективии инсонро, хусусан интихобкунии ӯро ба назар намегирад. Озодӣ меҳнати пуршиддат, саъю кӯшишу сарфи қувваҳои зиёди инсониро талаб мекунад, инъоми табиӣ ва илоҳӣ нест.

Дар хусуси озодӣ фикру ақидаҳои зиёди хилофи ҳамдигар вуҷуд доранд. Озодӣ номаҳдудӣ ва новобастагӣ аст, мегӯянд баъзеҳо, ҳама дар олам маҳдуданд иброз медоранд дигарон ва ба хулоса меоянд, ки озодӣ умуман вуҷуд надорад. Албатта озодии мутлақи беҳаду ҳудуд, озодие, ки аз ҳаргуна сабабу қонуниятҳои объективӣ новобаста бошад, имконнопазир аст. Вале озодӣ вуҷуд дорад. Гап дар он аст, ки онро чи тавр фаҳмидан мумкин аст. Агар озодӣ вуҷуд намедошт, дар бораи он сухан рондан ҳам мумкин намебуд, ҳар гуна маънидодкунӣ ва маънкуниҳои он ҳам беҳуда мебуд. Озодиро фақат дар таносуби муайян бо зарурияти зиндагиву фаъолият, интихобу масъулият, иродаву ахлоқи инсон ва муносибатҳои ӯ бо дигарон баррасӣ кардан мумкин аст. Озодиро бе масъулиятшиносӣ тасаввур кардан мумкин нест. То вақте, ки озодӣ бо масъулиятшиносӣ пурра гардонда нашудааст, дар таносуб бо масъулиятнокӣ амали гардонда нашудааст, ба маънои пурра дар бораи озодӣ сухан рондан мумкин нест. Дар фалсафаи Гегел ва Спиноза озодӣ ҳамчун зарурати маърифатшуда муайян карда мешавад. Ф.Энгелс озодиро нафақат зарурати маърифатшуда, балки бо кордонӣ дигаргун сохтани зарурат муайян мекунад. Файласуфи рус В.Лосский қайд кардааст, ки озодӣ аз худ ҷудо кардани худ аст, он ба инсон имконият медиҳад, ки худро аз дигарон ҷудо кунад ва шахсияти худро бишносад. Ба ақидаи файласуфи дигари рус Н.Бердяев, озодӣ эҷодкорӣ аст. Инсонро офаридгор ҳамчун эҷодкор ва нобиға офарида аст. Озодиро фақат он касе дӯст медорад, ки онро барои дигарон муҳайё месозад.

Бисёр файласуфон озодиро дар худшиносии инсон медиданд, ки гӯё вайро аз ҳар гуна маҳдудиятҳо раҳо медиҳад. Масалан, файласуфони Юнони қадим озодиро аз рӯи рафтори оқилона ва одилонаи одамон муайян мекарданд. Ба фикри онҳо, озодӣ ғуломиву бандагиро истисно мекунад. Демокрит барои он инсонро озод ҳисоб мекард, ки инсон барои зарурияти беруна дастрас нест. Афлотун озодиро идеали ҷамъияти адолатпеша ҳисоб мекард. Арасту ба фаъолиятнокӣ ва масъулиятнокии инсон аҳамияти калон дода, чунин ҳисоб мекард, ки фаъолиятнокӣ ҳамеша фаъолиятнокии озодонаи шахс аст. Спиноза фаъолиятнокии ақлу хирад, худшиносӣ, худкамолёбӣ ва озодии инсонро ба ҳам зич вобаста медонист. Кант чунин ҳисоб мекард, ки фаъолиятнокии инсон дар шуури он аст, инсон бо олами рӯйдодҳое сару кор дорад, ки онҳоро худи ӯ бо қобилияти созандагӣ ва маърифатӣ бунёд месозад.

Озодӣ бо дарки зарурат маҳдуд намешавад, дигаргунсозии онро низ талаб мекунад ва ҳарчанд, ки ин хеле аҷоиб ба назар расад ҳам, ба ҳадвайронкуниҳо дар зиндагӣ низ нигаронида шудааст. Дар зиндагии инсон озодӣ назар ба зарурат зуҳуроти олии моҳияти инсон аст ва он дар интихоби озодӣ ин ё он тарзи рафтору кирдор, амалу кор ва ҷустуҷӯи роҳҳои зиндагии инсон зоҳир мешавад.

Файласуфони Чини қадим озодиро фақат насиби хирадмандон ҳисоб мекарданд ва онро дар хиради онҳо меҷустанд. Рӯҳу равони хирадманд, мегуфтанд онҳо, оинаи шаффофест, ки дар он ҳамаи одамон худро мешиносанд. Хирадманд ба ҳамаи дигар одамон озодии худшиносии онҳоро медиҳад.

Дар асрҳои миёна, ки замони яккаҳукумронии дин буд, ғояи асосии озодӣ «раҳсипорӣ ба сӯи ҳақ» ҳисобида мешуд ва ин «роҳ ба сӯи худо» буд. Дин чунин ҳисоб мекард, ки маҳз ба воситаи эътиқоди динӣ инсон озод аст, чунки бо хости худо ва мисли худо қобилияти бунёдкорӣ дорад, чун худо мақоми онтологии оламро тағйир дода метавонад. Дар таълимотҳои динӣ тақдир ва роҳҳои зиндагии инсон пешакӣ муайян шудааст. Ин таълимотҳо озодии фардиро истисно мекунанд.

Ф.Нитcше дар бораи «худтранстендентсия»-и инсон сухан ронда, аввалин маротиба фаҳмиши манфии «озодӣ аз …» ва фаҳмиши мусбии «озодӣ барои…»-ро муқобил гузошт. Э.Фромм дар асари худ «Гурез аз озодӣ» қайд мекунад, ки дар асри ХХ ҷудо кардани проблемаи ирода ҳамчун худхоҳӣ ва худпарастӣ аз проблемаи озодӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра озодӣ асосан ҳамчун «озоди барои…», «биофилия», «бунёдгарон» ва «худзуҳурёбӣ» маънидод карда мешавад, ҳол он ки озодӣ дар айни замон ҳам бори гарон ва ҳам инъоми олӣ аст. Ба ақидаи худи Фромм, озодӣ бо алтернативаҳо (тазодҳо) ва оқибатҳои амалияи худи инсон зич алоқаманд аст. Озодӣ амалест, ки аз алтернативаҳо ва оқибатҳои онҳо фарқ кардани алтернативаҳои воқеӣ ва хаёливу бардурӯғ пайдо мешавад.

Аз диди С.Франкл, озодӣ якҷоя бо зарурат вуҷуд дорад, вале ҳам зарурат ва ҳам озодӣ дар андозаҳои гуногуни ҳастӣ ҷойгиранд. Ирсият, майлу рағбат, инстинктҳо ва шароиту муҳити беруна ба рафтори одам таъсири муҳим мерасонанд, вале одам озод аст, то ки мавқеву муносибати худро нисбати онҳо муайян кунад. Ҳамаи ин омилҳо ва сабабҳо дар андозаҳои антропологӣ-биологии худи инсон ҷойгиранд, лекин худи озодӣ дар андозаи рӯҳии ӯ макон дорад. Озодӣ аз қобилияти антропологии инсон ба интихобу қабул кардани ин ё он мавқеъ нисбати худ ва аз худ, аз мавқеи қабул кардаи худ берун баромадан аст. Озодӣ қобилияти худмуайянкунӣ ва худидоракунии инсон аст, ки ба худшиносии ӯ зич алоқаманд аст. Ба туфайли худшиносӣ ва қобилияти тайёр будан ба худтағйирдиҳӣ инсон метавонад  аз ин ё он майлу рағбати худ рӯ гардонад, онро бо майлу рағбат ва шавқу ҳаваси дигар иваз кунад. Озодӣ табиату хосияти кумулиятивӣ (яъне ғуншавӣ) дорад. Ҳар як кору амали воқеиятёфтаи инсон озодии ӯро афзун мегардонад, вайро барои даст задан ба кору амали дигар водор месозад, вақте ки ин охириҳо зарурати фаврӣ пайдо мекунанд. Озодӣ хилофи детерминизм (сабабият) нест, дар қиёси муайян бо зарурат озодӣ низ фаврӣ мегардад. Озодӣ имконияту қобилияти интихоб кардани он чизест, ки вуҷуд дорад, қобилияти худтағйирдиҳӣ ва дигаргунсозии инсон аст. Инсон озод аст, ки интихоб кунад, агар ӯ қобилияти озодона интихоб, кор карданро дошта бошад, ҳеҷ кас ба ӯ шарт намегузорад, ки интихоб накунад. Хуллас, «интихоби ину он» худаш паҳлӯҳои муҳими зуҳуроти озодии инсон аст.

Пайдоиши озодиро баъзе файласуфҳо, масалан ҳамон С.Франкл, ки дар боло номбар шуд, ҳамчун азсаргузаронии худсабабшавӣ, худмуайянкунӣ муайян мекунад. Сабабу омили асосии ба даст овардани озодӣ ва афзоиши шуури рефлексии инсон (худшиносии шуур) дар навбати худ фишору маҳдудиятҳои фаъолияти худи инсон ва таъсирасониҳои мусбиву манфии муҳити беруна аст.

Дар психологияи муосир озодӣ ҳамчун худмуайянкунии инсон фаҳмида мешавад. Дар ин маврид ба се паҳлӯи имкониятҳои воқеиятёбии озодии шахсӣ диққати асосӣ дода мешавад: эҳсосӣ-азсаргузаронии субъективии озодӣ; ақлонӣ (фаҳмиши рефлексивии имкониятҳои шахсӣ»); амалӣ (қобилияти дар амал тағйир додани ҳадду ҳудудҳои имкониятҳои шахсӣ).

Дар мавриди дуюм озодӣ ҳамчун шакли зуҳуроти фаъолиятнокӣ муайян карда мешавад. Ба фаъолиятнокӣ ҳамчун шакли зуҳуроти озодӣ се аломати асосӣ марбут аст: сатҳи маърифату дониш, пайвастагии онҳо бо арзишҳо, ҳадду ҳудудҳои муқоисавии (муқоисашавандаи) «озодӣ барои чӣ» ва сатҳи идорашавии озодӣ ва зиндагӣ.

Озодӣ дар онтогенез (инкишофи фардӣ) ба комёбии шахс, эҳсосу шинохти ҳуқуқҳои худ, майлу рағбати ба арзишҳои инсонии пайдокардаи ӯ алоқаманд аст.

Сатҳи инкишофи озодии шахсиро худшиносӣ ва интихоби шахсӣ муайян мекунад. Омилҳои фардии озодиро боварӣ ба имконият, қувваву қобилияти худ, амиқии фаҳмиши сабабҳо ва маҳдудияти фаъолиятнокии худи шахс, арзишҳои аз сатҳи фардӣ боло, яъне арзишҳои умумиинсонӣ, миллӣ ва ғайра муайян мекунанд.

Аз ин нуқтаи назар, озодӣ қобилияти худмуайянкунии инсон ҳамчун субъект ва дар назди худ мақсад гузоштан ва бошуурона воқеъӣ гардонидани он аст. Ҳадду андозаҳои зуҳуроти озодии шахсӣ бо он муайян мегардад, ки то кадом андоза арзишҳои интихобкардаи ӯ ба зиндагӣ ва фаъолияташ айниятноку созгоранд, ба эътиқоду боварии ботиниаш табдил ёфтаанд. Сатҳи озодии шахсӣ аз бисёр ҷиҳатҳо аз он вобаста аст, ки то чи андоза шахс ҳамчун субъекти озодӣ ба озодӣ ҳамчун ба арзиши олии инсонӣ муносибат дорад. Озодӣ уфуқҳои инсонро васеъ мегардонад ва аз инҷост, ки аз он амалиёти озодро талаб мекунад. Одами фаъолу фарҳангӣ ва озод дар як қутби зиндагӣ ҷой намегирад, ақлу хирад, масъулиятшиносӣ, дар сурате, ки аз онҳо истифода бурда тавонад, ба ӯ имконият медиҳад, ки зиддиятҳои зиндагиро дарёбад, онҳоро ба мувозинат дарорад.

Масъулиятшиносӣ шакли хоссаи назорат, худмуайянкунӣ ва худидоракунии инсон аст, ки ба туфайли он ӯ сабабгори содир кардани ин ё он рафтору кирдор ва амали худ мешавад. Озодӣ ва масъулитшиносӣ тарзи ба ҳам пайвастани ҳардуи ин паҳлӯҳои фаъолияту фаъолиятнокии инсон аст. Масъулиятшиносӣ проблемаи инсони ба камолрасида аст. Вақте, ки шуури инсон ташаккул меёбад ва ӯ худшинос мешавад, дар вай масъулиятшиносӣ ҳам пайдо мешавад. Суханбозиҳои беасосу бемаънӣ, ки гӯё баъзеҳо масъулиятшинос таваллуд мешаванд ва баъзеи дигарон масъулиятношинос, нуқтаи назарияи илмӣ нест. Дар ҳар як фарди солим ҷавҳари  масъулиятшиносӣ вуҷуд дорад. Масъулияту масъулиятшиносӣ дар сатҳу дараҷаҳои гуногун ба ҳамаи фардҳои инсони соҳибақл хос аст. Инсон дар ҷустуҷӯи маънои ҳаёти худ мутобиқ ба талаботу шароит ва вазъияти кору фаъолияти худ ва ҳам муносибати ба дигарон доштааш ба ҳар як рафтору кирдори худ ҷавобгар аст. Ҳар коре, ки ӯ мекунад ва ҳар мақсаде, ки ӯ дар пеши худ мегузорад ва ҳал мекунад, нафақат озодӣ, инчунин натиҷаи масъулиятшиносии вай аст. Озодие, ки аз масъулиятшиносӣ холӣ аст, ба бефаъолиятӣ ва сӯйистеъмолгароӣ табдил меёбад.

Озодӣ, албатта, маънои қобилияти мутаносиб ба манфияту хоҳиш ва талаботи хеш рафтору амал карданро дорад. Вале онро баъзан яктарафа, ба маънои «раво бувад — зарур бувад», «он чие, ки равост — маън нест» мефаҳманд. Чунин фаҳмиш — фаҳмиши айниятноки озодӣ нест. Фаҳмиши айниятноки озодӣ дар амиқӣ ба муайянии мушаххасу ботинии он зоҳир мешавад. Инсон ин ё он тартиботу фишори ҷамъиятиро қабул надорад, агар ин тартиботу фишор монеъаи ташаккули озодонаи шахсияту фаъолияти ӯ гардад. Ба маънии муайян, муносибати шахс ва ҷамъият ин муборизаи шахс барои озодӣ аст. «Гурез аз ҷамъият», «гурез аз дигарон», «гурез аз ину аз он» ҳамон вақт ҷой дошта метавонад, агар имконияти бемамониат ба даст овардани озодӣ барои шахс вуҷуд надорад ё маҳдуд аст, ё ба озодиҳои он фишор оварда мешавад. Он гоҳ шахс ба гӯшанишинӣ мегузарад, худро аз фаъолияту зиндагии фаъолонаи ҷамъиятӣ канор мегирад ё баръакс, ба ҷамъият ба низоъ дохил мешавад. Одатан ин гуна низоъ на ҳамавақт мақсади иғвогарона, манфиатхоҳиву манфиатҷӯӣ дорад, балки он дар ин маврид ба ҳимояи озодиҳои шахсии худ нигаронда шудааст. Аксари одамон  низ бо ин гуна низоъ ба ҷамъият дохилмешудагӣ худро қурбони манфиатҳои умумӣ мегардонанд, то ки худашон аз нав озод ва барои дигарон низ озодӣ биёранд, ба беадолатиҳои иҷтимоӣ сар фуруд наоваранд.

«Озодӣ барои …» маънои мувофиқи ирода, қобилияту талабот рафтору амал карданро дорад. Ин фаҳмиши озодӣ ҳам яктарафа аст. Ба ҳам пайвастани «озодӣ аз…» (дар мавридҳои муайян) ва «озодӣ барои…» шарти зарурии ифодакунии озодӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва ҳамчун қувваи моҳиятии инсон аст.

«Озодӣ аз…», «озодӣ барои…» ду шакли зуҳуроти дар зиндагӣ ҷой доштаи озодӣ аст. «Озодӣ аз…» фаҳмиши он зуҳуроту тарзу ҷой доштани озодӣ аст, ки новобастагии инсонро аз таъсири қувваҳои табиӣ ва иҷтимоӣ барои он бегона ҳисоб мекунад, иродаи инсонро ба ҷои аввал мегузорад, омилҳои аввалро монеъаи иродаи он мешуморад. Ин фаҳмиши озодӣ тарзу роҳҳои тағйир додану дигаргун сохтани вазъияту шароити мавҷудаи кору зиндагӣ ва фаъолияти инсонро яктарафа маънидод мекунад. Вале озодӣ роҳи яктарафаи фақат аз ирода бар меомадагӣ нест. Омилҳои субъективӣ ба монанди масъулият, мустақилият, майлу рағбат ҷасорат, бандагӣ, беҷуръатӣ, кулли шароитҳои зиндагиву фаъолият, муносибатҳои иҷтимоӣ, сатҳи ҷаҳонбиниву инкишофи шахсӣ – омилҳое мебошанд, ки сатҳу самтҳои гуногуни озодиро дар зуҳуроти мусбӣ ва манфии он муайян мекунанд. Озодӣ инъоми табиӣ ва илоҳӣ нест, балки онро дар меҳнату мубориза ба даст меоранд, на дар хобу хаёлот. Озодӣ фақат ҳудудҳои яктарафаи инкишофи он нест, аз ягонагӣ ва бо ҳам омезишёфтани мустақилият, ҷасорату кордонии шахсӣ, худдорӣ кардан аз кору амале, ки озодии дигаронро маҳдуд месозад ва тамоми шароитҳои объективии суратгирии он иборат аст. Озодӣ дар иҷрои кору амале сурат мегирад ва зоҳир мешавад, ки ба дигарон зарару зиёне намеоварад. Принсипи озодии баробарӣ бевосита ба принсипи худшиносӣ, худсозӣ, худмуайянкунӣ ва зуроварӣ накардан ба дигарон зич алоқаманд аст. Баъзан озодиро ба маънии содир кардани кору амал, рафтору кирдоре мефаҳманд, ки аз хоҳиши худсарона ва субъективона ба миён меояд, аз ҷумла аз бадхоҳӣ, кинаву адолат, вале чунин роҳи дарёфт кардани озодӣ роҳи айниятноки ба даст овардани озодӣ нест.

Фаҳмиши мусбии озодӣ — «озодӣ барои …»  маънои худшиносӣ, худвоқеиятдиҳӣ ва дар ин замина азхуд кардани олами  атрофро дорад. Бе «озодӣ барои…» «озодӣ аз» ва баръакс, бе «озодӣ аз…» бе «озодӣ барои …» ба даст оварда намешавад. Дар мавриди баррасии ин ду фаҳмиши озодӣ, албатта, вазъияту меъёрҳои объективии воқеиятёбии онҳоро ба назар гирифтан зарур аст.

Озодӣ ба озодии ботинӣ ва озодии зоҳирӣ, яъне амал кардан ҷудо мешавад. Ҳар ду шакли зуҳуроту воқеиятёбии он дар ҳампайвастагӣ ба якдигар ба амал меояд. Дар ҳарду маврид озодиро ҳамчун бесабабӣ фаҳмидан мумкин нест. Детерминистҳо озодиро ҳамчун пайравӣ ба рӯйдоду ҳодисоти беруна мефаҳманд, ки ин омили субъективии ирода ва талаботу манфиятҳои инсонро барои ба даст овардани озодӣ ба этибор намегирад. Барои дуруст фаҳмидани моҳияти озодӣ, бояд ба мафҳумҳои «фатализм» ва «волюнтаризм» диққат дод. Волюнтаризм хоҳишу иродаи инсонро омили асосии зиндагӣ, рафтору амал ва фаъолияти ӯ медонад, мақому аҳамияти ақлу хиради вайро паст мезанад (Шопенгауэр, Нитсше). Волютаризм маънои ба эътибор нагирифтани қонунияту вазъияти объективиро дорад ё онҳоро дар фаъолияту зиндагии инсон дуюмдараҷа ҳисоб мекунад, қонунҳои объективии табиат ва ҷамъиятро ба назар нагирифта хоҳишу иродаи субъективии инсонро нафақат «хиради олӣ» ва муайянкунанда, балки омили ягона ва яккаҳукумрон дар олам ҳисоб мекунад.

Фатализм –назарияи қазову қадар, чунин тасаввуроту таълимотест, ки мувофиқи он тамоми рафти таъриху зиндагии инсонҳо аз азал пешакӣ муайян гардидааст ва онҳо дар зиндагию фаъолияти худ аз ин нақшаи пешакӣ муайян гардидашуда ҳамчун фармуди тақдир берун баромада наметавонанд, якумрӣ побанди онанд. Ва ин пеш аз ҳама фармуди илоҳӣ, зуҳуроти иродаи худо аст. Мувофиқи тасаввуроту таълимотҳои фаталистӣ, тамоми рафти зиндагӣ, рафтору амал, рафтору кирдори инсон формуди тақдиру қисмат аст, ки дар паси он иродаи худо истодааст. Фатализм дар шаклҳои дигар — «фатализми табиӣ», «фатализми таърихӣ», мутлақан муболиға кардани қонунҳо ва вазъиятҳои объективӣ ва ғайра зоҳир мешавад. Тарафдорони фатализми табиӣ қонунияту протсессҳои табииро аз меъёр зиёд муболиға карда, инсонро дар назди онҳо оҷизу ночиз медонад, маърифату шуур ва фаъолияти дигаргунсозандаи онро паст мезанад. Фатализми таърихӣ айнан ҳамин хел мақоми инсонро дар маърифату истифодабарии қонунҳо ва протсессҳои таърихӣ паст мезанад, ӯро дар назди онҳо заифу бечора ҳисоб мекунад. Асоси фатализмро тасаввурот дар бораи тартиботи азалан муайяншудаи олам ташкил медиҳад. Дар он ҳамаи рӯйдодҳои табиӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ пешакӣ муайян шудаанд ва аз онҳо рӯ гардонидан мумкин нест.

Таълимотҳои детерминистие ҳам вуҷуд доранд, ки ҳамаи ҳодисаву рӯйдодҳоро дар табиату ҷамъият ва зиндагии инсон қатъиян бо рӯйдодҳои пешина ҷойдошта муайян мекунанд. Мувофиқи ин таълимотҳо, агар зиндагиву фаъолияти инсонро ба назар гирем, ба ҷуз рӯйдодҳои пешина дар онҳо чизи нав ба вуҷуд намеояд, дар зиндагиву фаъолияти инсон интихоби мустақиле, ки интихоби озоди худи ӯ бошад, вуҷуд надорад.  Фатализм як тарзи сабабмуайянкунии сарбаста ва дар худ маҳдудшуда аст. Дар ин таълимот оғозу рафти зиндагӣ, ҳама майлону зуҳуроти он қатъиян азалӣ муайян шудаанд, чи тавре, ки муайян шудаанд, дигар тағйир намеёбанд (Гоббс, Спиноза, Лаплас). Мувофиқи он, дар таъриху зиндагии одамон ягон роҳи интихоби озод ва алтернативӣ вуҷуд надорад. Зарурати пешдиду пешгӯӣ ва пешомадҳои аз он ба миён меомадаи ҳаётӣ  дар астрология, таълимотҳои динӣ ва утопияҳои иҷтимоӣ низ мавриди баррасиҳо мешаванд.

Хусусияти муҳимтарини озодӣ муайянии ботинии он аст. Муайянии он дар интихоби тарзу роҳҳои мубориза барои озодӣ, дар муносибатҳои мушаххаси шахс ва ҷамъият зоҳир мешавад, масалан, вақте, ки одамон бо беадолатиҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мубориза мебаранд, озодиҳои поймолшудаи худро ҳимоя мекунанд. Вале дар муборизаҳо барои ба даст овардани озодиҳо ва аз байн бурдани беадолатиҳо, соҳиб шудан ба озодиҳои нав, агар ин мубориза оқилона бурда нашавад, дар он сифатҳои дигари шахсии худро гум кардан мумкин аст. Чунин мубориза барои озодӣ метавонад ба акси худ табдил ёбад, аз он ноумед шуда, кас метавонад рӯ ба дунёбезорӣ, гӯшанишинӣ ва гурез аз олам оварад. Вале аксар вақт, чи тавре ки ҳаёт ва таърих нишон медиҳад, одам ба муҳити атроф — ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоӣ мутобиқ мешавад, хоҳишу ниятҳо, манфиату талаботҳои худро мутобиқ ба вазъияти кунунии зиндагӣ ташаккул медиҳад, то ки озодиҳои навро соҳиб шавад.

Озодӣ падидаи мурраккабу зиндиятноки иҷтимоӣ ва бори вазнинест барои инсонҳо, онро ба осонӣ ба даст овардан мумкин нест. Беҳуда «гурез аз озодӣ» нагуфтаанд. Хусусан вақте, ки сухан дар бораи таъмин намудан ва воқеӣ гардонидани озодиҳои «ба ҳамдигар баробар» ва «якандоза» меравад.

Масъалаи озодӣ дар фалсафаи экзистенсиализм назар ба дигар равияву мактабҳои гузаштаву ҳозираи фалсафӣ мавқеи хосса дорад. Экзистенсиализм озодиро барои инсон зарурати ҳатмӣ ва фаврӣ муайян мекунад. Ж.П.Сартр яке аз асосгузорони экзистенсиализми франсузӣ, чунин ақида дорад, ки инсон ба озодӣ маҳкум шудааст. Инсон «тарзи муайяни ҳастӣ» аст, вай барои худ ва барои олам ҷавобгар аст. Инсони ба озодӣ маҳкумшуда тамоми вазнинии бори оламро ба души худ мегирад, чунки ҳамеша имконияти интихоб кардан дорад, кӯшиш мекунад масъулиятро ба гардани худ гирад ва чунин масъулиятшиносиро аз дигарон низ талаб кунад. «Масъулияти мутлақ, — мегӯяд Сартр, — натиҷаи мантиқии озодии мост». Ба таъбири Сартр, инсон аз гузаштаи худ, аз таъсиру фишори афкори умум, аз муқаррароти иҷтимоӣ озод аст. Ҳамон кас озод аст, ки ахлоқи хоссаи худро дошта бошад. Озодии мутлақи ботинии инсон, новобаста будани ӯ аз зарурати берунӣ вайро ба «равзанае дар ҳастӣ табдил медиҳад». Инсон аз ҳама сабабҳои механикиву беруна озод аст, ҳамеша дар орзуи «ҳастии ҳақиқӣ» аст. ӯ орзу мекунад, ки «дар як вақт ҳам ҳасти бошад ва ҳам шуур». «Ин лоиҳаи асосии инсон аст», мегӯяд Сартр. Вале ин лоиҳа — лоиҳаи ормонии худи Сартр аст, на умуман лоиҳаи инсон. Озодии ҳақиқӣ дар ҳолату вазъияти интихоби экзистенсиалӣ барои зиндагӣ маънои муайян дорад. Фард ҳамчун «экзистенсия», «ҳастӣ дар ин ҷо», «ҳастӣ барои худ» азалӣ аз асосҳои субстансионалӣ, ки ҳастии шахсии онро муайян мекарда бошад, маҳрум аст. ӯ худ лоиҳаи худ аст, то он ҳадду худуд вуҷуд дошта метавонад, бо кадом ҳадду ҳудуд худро воқеият медиҳад. Ҳастии шахсӣ аз муайян намудани мақоми фард дар олам ва масъалагузорӣ барои маънои ҳаёт, азсаргузарониҳои эҳсосии ҳастӣ сар мешавад. Дар экзистенсия ва ҳастии шахси аз ҷониби инсон охирӣ муваққатӣ будани ҳастии худро на ҳамчун пайи ҳам рӯй додани падидаву ходисаҳои зиндагӣ, бурду бохти он, балки ҳамчун охират, «ҳастӣ барои марг», ҳамчун фиреби ақл дар хусуси тартиботи олам ҳис мекунад. Фард дар олами бемаънӣ одами ноумеде ҳаст, ки дар ҳолати парешонҳолӣ вуҷуд дорад. Маҳз ҳамин ҳолату тарзи вуҷуд доштани ӯ дар олам озодӣ аст. Фақат дар шароити озодӣ фард худро пурраю айниятӣ эҳсос мекунад. Озодӣ кору амалест, ки ҳастиро равшан месозад, нурпошӣ мекунад.

Интихоби экзистенсиалӣ дар таълимоти Сартр омили муайянкунандаи худшиносии инсон ҳамчун худи он аст. Сартр зиндагии фардиро аз зиндагии шахсӣ ҷудо месозад, ки  ҳарду шакл майлонҳои гуногун доранд: зиндагии фардӣ худнигоҳдорӣ, худафзоишёбӣ аст, ки бе қурбониву муҳаббат муяссар намегардад. Оқибати мантиқии чунин мавқеъи инкор кардани ҳастӣ ҳамчун асосӣ ғуломӣ аст. Озодӣ ҳамчун ҳеҷ, бесарусомонӣ, имконияти холис ба сифати асоси онтологии эҷодиёт ба шахс ҳамчун ӯҳдадории ӯ дода шудааст. Эҷодиёт фақат дар мавриди озодие вуҷуд дошта метавонад, ки онро аз ҳастӣ берун овардан ва пайдо кардан мумкин нест. Шахсият моҳияти эҷодии инсон аст. «Озодӣ, — мегӯяд Сартр, — гузаштаро аз бозӣ берун мебарорад», инкор робитаи гузашта ва ҳозира аст, чунки озодӣ дар зиндагӣ рахна (ковокӣ ё сӯрохиеро) ба вуҷуд меорад. Дар экзистенсиализми Сартр детерминизми психологӣ рад ва қурбони озодӣ гардонда мешавад. Бо номи озодӣ қонуниятҳои иҷтимоӣ ва табиӣ-биологии майлу рағбатҳои инсонӣ низ рад карда мешаванд. Ин волюнтаризм дар экзистенсиализми Сартр буда, хилофи ақидаи илмӣ аст, хусусан вақте, ки ӯ дар бораи «хусусигардонии озодӣ» сухан меронад, моҳияти объективии онро инкор мекунад ва мегӯяд, ки озодӣ ба маърифати зарурати объективӣ ягон муносибате надорад. ӯ мегӯяд: озодии инсон новобаста аз имконияти амалӣ гардонидани майлу рағбат ва хоҳишаш вуҷуд дорад, чунки худи хоҳиш майлу рағбат, мақсаднокӣ, интихоби мақсадҳо басанда аст, ки инсон озод бошад. Озодӣ натиҷаи фаъолияту комёбиҳои ба даст овардаи худи инсон нест, худи майлу рағбати инсон озодӣ аст, чи хеле, ки озодӣ майлу рағбати вай аст. Ягон вазъияти объективӣ инсонро аз озодӣ раҳо дода наметавонад. Озодӣ дар ҳаргуна вазъият вуҷуд дорад, дар интихоби инсон ниҳон аст ва зоҳир мешавад. Озодӣ муайян кардани муносибати инсон ба ин ё он вазъият аст.

Мафҳуми озодӣ дар экзистенсиализми Сартр моҳияти субъективона (субъективистӣ) дорад, чунки ба гуфти ӯ, муносибати амалии инсон ба муҳити беруна новобаста аз охирӣ вуҷуд дорад. Мустақилии инсон дар он вуҷуд дорад ва зоҳир мешавад, ки ӯ вобастагии худро мефаҳмад ва ба он озодона итоат мекунад. Дар ин маврид ҳам ӯ озод аст, чунон ки дар мавриди қабул накардани итоаткорӣ ва бандагӣ. Вазъияти объективӣ на худ ба худ инсонро маҳдуд мегардонад ва ба ӯ фишор меорад, балки ба он андоза ва то ҳамон ҳадду ҳудуде ба ӯ фишор меорад ва ӯро маҳдуд мегардонад, ки онро худи инсон ҳамчун маҳдудии худ мефаҳмад ва қабул мекунад. Маҳдудияти инсон бо он ҳудуду андозае муайян мегардад, ки онро то кадом ҳадду андоза худи ӯ мефаҳмад ва муайян мекунад, мехоҳад ва қабул мекунад. Сартр мегӯяд: ҳамин ки мо аз хоҳишу майлу рағбати худ даст кашидем, вазъияти мавҷуда барои мо монеъа намешавад. Вале Сартр дар ин маврид дар хусуси олам не, балки дар бораи тағйир додани муносибати инсон ба олам сухан меронад. Категорияи «озодӣ»-ро Сартр ба категорияи «зарурат» муқобил мегузорад. Дар экзистенсиализми Сартр мақсаднокӣ дар озодии инсон, орзуву ормонҳои он аз сабабият канда мешаванд. На ҳозира ва воқеияти имрӯза, балки лоиҳаи оянда дар шуур меъёри озодӣ аст. Ба замми он, оянда новобаста ба имконияти воқеият пайдо кардани он маънидод карда мешавад. Озодиро интихоби мақсад муайян мекунад. Вале чунин ояндабинии Сартр волюнтаризми ашадӣ аст, ки дар таъбири ӯ, ба зарурат табдил меёбад. Дар ин фаҳмиши озодӣ ҳамаи омилҳо ва қонуниятҳои ташаккулёбӣ ва ба даст овардани озодӣ вайрону валангор мешаванд. Озодии мутлақе, ки Сартр мегӯяд, инсонро аз озодии ҳақиқиву объективӣ озод карда наметавонад. Худи озодӣ ҳадду ҳудуди мутлақи ягонаи он аст, — мегӯяд Сартр.- Озодӣ тақдири инсон аст. Чи тавре, ки мебинем, худи фалсафаи озодии Сартр — фалсафаи озодӣ аст, вале на он фалсафаи озодие, ки дар зиндагиву фаъолияти инсон ва муносибатҳои он ба олам объективона сурат гирифта, воқеият пайдо мекунад. Дар экзистенсиализми Сартр озодӣ аз воқеияти объективӣ новобаста ва ҷудо вуҷуд дорад, озодии мутлақгардонидашуда дар вуҷуди худи инсон аст ва дар ниҳояти кор ба «озодии хоҳиш»-и он табдил меёбад, яъне «озодӣ» — хоҳиш ва вуҷуд доштани «ман» аст. Фаҳмиши сартрии озодӣ мухолифу муқобили ҳаргуна воқеият ва оштинопазирӣ  ба ин воқеият аст. Нооромӣ, ноқаноатмандӣ, изтироб, мушаввашӣ, даҳшат — хусусиятҳои асосии мавҷудияти инсон аст, — мегӯяд Сартр, «мо ноором ҳастем… оромӣ майлу рағбати беҳуда аст».

Барои Сартр робитаҳои шуур бесабабанд, робитаҳои худмаъноанд, барои ҳамин ҳам инсон дар ҳаргуна роҳҳои пешгирифтааш ва мавқеи ишғол мекардааш мутлақо озод аст. Инсон дар зиндагиву фаъолияташ худаш худашро интихоб мекунад ва ин зиндагиву фаъолияти вай мазмуну мӯҳтавои худвуҷудоштани ӯ аст.

Озодӣ ҷавҳари инсоншиносии Сартр аст. Инсонмарказӣ, инсонгароӣ ва худпарастии инсон принсипҳои асосии экзистенсиализми онанд. Озодӣ ҳамчун масъалаи марказии экзистенсиализми Сартр сабабият, ақлоният, фаҳмиши сабабиятии озодии инсонро инкор мекунад. Дар таълимоти ӯ озодӣ ба маънои бесабабӣ истеъмол карда мешавад. Озодие, ки дар бораи он Сартр сухан меронад, инсонро аз протсессу қонуниятҳои объективии табиату ҷамъият берун мепартояд. Озодӣ, — мегӯяд ӯ, — берун аз зарурат ва новобоста аз он вуҷуд дорад, чунки озодӣ ягон сабабу асоси объективӣ надорад. Озодиро имкониятҳои худи инсон муайян мекунад, яъне озодӣ аз инсону амали худи инсон бармеояд, на вобаста ба қонуниятҳои объективии олам. Чунин озодӣ аз будан ё набудани инсон вобаста аст. Инсон чи хеле, ки ҳаст, ҳамон хел худашро интихоб мекунад, ё ки дармеёбад. Ҳозира ба гузашта робитаи қонунӣ надорад, озодӣ новобаста аз гузашта вуҷуд дорад, чунонки оянда аз ҳозира вобаста нест. Озодӣ новобастагии инсонро аз вақту замон ифода мекунад, чунки худи инсон озодӣ аст.

Дар экзистенсиализми Ясперс «экзистенсия» ва «озодӣ» мафҳумҳои ҳаммаъноанд. Ба ақидаи  ӯ, хато мебуд, гӯем, ки экзистенсия дорои озодӣ аст, ё ки дар худ ба сифати яке аз ҳолатҳои худ озодиро дорост. Агар гӯем, ки экзистенсия озодӣ аст, ин ҳам хато мебуд, чунки худи экзистенсия озодӣ аст. Мувофиқи таълимоти Ясперс, озодиро дар олами предметӣ дарёфт кардан мумкин нест. Озодӣ дар ягон сатҳи ҳастии инсонӣ дарёфтнашаванда аст. На дар сатҳи ҳастии эмпирикӣ, на дар сатҳи шуури ӯ, на дар сатҳи рӯҳии ӯ. «Озодӣ берун аз ҳастии худӣ» вуҷуд  надорад. Дар олами предметӣ ҳеҷ як «ҷой», «сӯрохӣ» ё «рахна» нест, ки ба он озодӣ ворид сохта шавад. Ясперс қотеъона изҳор мекунад: «ё инсон ҳамчун предмети тадқиқотӣ, ё инсон ҳамчун озодӣ». Ҳама он чие, ки инсон интихоб мекунад, мегӯяд ӯ, даъвати экзистенсия аст. ӯ чунин ҳисоб мекунад, ки муошира ва робитаи фард бо фардҳои дигар сохтори ҳастии ӯро муайян мекунад. Ҳастии инсон ҳастии муштарак бо дигарон аст ва он дар ҳамдигарфаҳмии фардҳо зоҳир мешавад. Экзистенсия бе коммуникатсия вуҷуд надорад, новобаста ба коммуникатсия озодӣ ҳам вуҷуд надорад. Озодии «ман» метавонад ҳамон вақт вуҷуд дошта бошад, агар дигарон озод бошанд. Коммуникатсия воситаи ба даст овардани озодӣ аст, набудани коммуникатсия боиси нестшавии озодӣ мегардад.


Калидвожаҳо:

ЗУХУРОТИ ОЗОДИИ БОТИНИ
ЗУХУРОТИ ОЗОДИИ БОТИНИИ ИНСОН
ОЗОДИ ЧИСТ, ОЗОДИИ ИНСОН

Шарҳ баста аст.