ЗУҲУРИ МАСЕҲИЯТ

0
61

Маълумоти қадимтарин дар масъалаи  зуҳури масеҳият ба соли 64 мансуб аст. Он дар асари Тацит (ибтидои асри II) «Анналҳо» оварда шудааст. Дар он хабаре оиди аз ҷониби Нерон, қайсари Рум кушта шудани масеҳиён, ки ӯ онҳоро дар оташ задании Рим гунаҳкор карда буд, оварда шудааст: «Дар Тиберия прокуратор Понтий Пилат Христаро, ки ин ном (масеҳият) аз номи ӯ гирифта шудааст, кушт. Дар вақташ ин хурофоти зарарнок (масеҳият) пахш карда шуда буд, аммо акнун боз ба боло баромад. Он нафақат дар Яҳудия, ки асли баромадаш аз он ҷост, балки дар Рим низ, ки ба ин ҷо агар аз ҳама атроф ҳамагуна чизҳои қабеҳу зишт  биёяд, тарафдорони худро пайдо мекунад, паҳн гардидааст». Як гурӯҳи олимон чунин ақида доранд, ки порчаи овардашуда баъдҳо аз тарафи котиби масеҳие ба асари Тацит илова карда шудааст. Зеро худи Тацит дар асараш дар ин бораи чизе нагуфтааст.

Шаҳодати дигари зуҳури масеҳиятро дар асари Иосиф Флавий «Қиссаҳои қадимаи яҳудиҳо» дармеёбем. Дар он сухан аз мавъизаҳои Иисус, қатл ва азнавзиндашавияш дар замони ҳокимии Пилат дар Фаластин меравад; «Дар наздикии вақти зикршуда Иисус ном инсони донишманд, агар ӯро умуман инсон номидан мумкин бошад, мезист. Он корҳои аҷоибро созмон медод. Ӯ Христос… буд». Аз рӯи таҳқиқотҳои олимон, ин порчаро ба асари Флавий баъдтар дохил кардаанд ва он дар асли китоб вуҷуд надоштааст. Сохта будани хабари мазкурро маълумотҳои дар тарҷумаи арабии асари Флавий омада  тасдиқ менамоянд. Дар он ҷо Иисуси кушташуда на худою мӯъҷизакор, балки як инсони одӣ аст.

Загрузка...

          Чи тавре дар ибтидои ҳамин фасл қайд намуда будем, дар «Апокалипсис» (Ваҳй), ки қисми асосии он ба соли 68 мансуб аст, хабарҳо оиди зуҳури Маҳдӣ (Христос) вуҷуд доранд. Чи тавре таҳқиқотҳои академик Р.Ю.Виппер (Возникновение христианской литературы.-М.,-Л., 1946.-С. 103-107) нишон медиҳанд,Апокалипсис аз ду асари якҷоя карда шуда иборат буда, дар яке аз онҳо ба сифати Маҳдӣ-агнетс (барра, марди ҳалиму бегуноҳ) баромад мекунад, дар асари дигар бошад-Христос. Он асаре, ки дар он Маҳдӣ-агнетс, ёд мешавад, ба соли 68 мансуб аст, вале он асаре, ки дар он ба сифати маҳдӣ-Христос ёд мешавад ба охирҳои асри I ва аввалҳои асри II мансуб мебошад. Маълумотҳои ин асар ба он далолат мекунанд, ки дар миёнаҳои асри I идеяи асосии масеҳият-зуҳури маҳдӣ {и наҷотбахш} пайдо шуда, дар охирҳои ҳамон аср ва аввалҳои асри II ҷойи он маҳдӣ-агнетсро Христос мегирад.

Хабари ҳақиқии воқеиро оиди зуҳури масеҳият, ки дар дурустии он ягон шубҳае нест,  мо дар мукотибаи байни Плинийи Хурдӣ бо императори Рим-Троян дармеёбем. Плиний, ки волии вилояти Вифиния дар Осиёи Хурд буд, дар соли 113 ба император мактуб навишта пурсида буд, ки дар нисбати ҷамъияти масеҳиён чи чора бинад, онҳоро барои гуноҳҳои алоҳидаашон ҷазо диҳад ё ҳамаашонро якҷоя ҳамчун аъзои равияи хос? Троян ба ӯ ҷавоб дода буд, ки дар ин масъала ба тарзи муътадил рафтор  намояд ва фақат ба онҳое  ҷазо диҳад, ки онҳо дар хурофоти (масеҳияти) худ сахт истодагарӣ мекунанд. Аз ин мукотиба маълум мегардад, ки дар аввали асри II дар Осиёи Хурд масеҳиён хеле зиёд будаанд.

          Дар Талмуди яҳудиён дар хусуси қатли нафаре бо номи Иисус бен  Пандира сухан рафтааст, аммо ӯ ба Иисуси дар евангелияҳо омада ҳеҷ алоқае надорад. Умуман ҳамчун шахсияти таърихӣ вуҷуд доштани Иисус шубҳанок аст. Зеро дар сарчашмаҳои ҳамзамони ӯ дар бораи чунин як шахсияти таърихӣ хабари воқеие мавҷуд нест.

Масеҳ-аз забони иврит-«машиах» гирифта шуда, маънояш «равған молида» мебошад. Одатан яҳудиён ба сарҳои подшоҳон, рӯҳониёни дараҷаи аввал ва пайғамбарон равғани зайтун мерехтанд, ки он рамзи қаноатмандию саховатро дошт. Дар ин сурат худованд гӯё дар корҳои онҳо тавфиқ ато мекард.

а. Қиссаи Исои Масеҳ, аз рӯи евангелияҳо чунин аст: аз ҷуфт шудани рӯҳи  муқаддас бо духтаре бо номи Мария Иисус ба дунё омад. Ҳокими Яҳудия аз тариқи мунаҷҷимон хабари вилодати Иисусро шунида фармуд, то ҳамаи навзодҳои кишвараш кушта шаванд. Модараш бо хешонаш ӯро гирифта ба Миср бурданд ва баъди чанд сол аз он ҷо баргашта омаданд. Баъди ба воя расидан Иисус таълимоти худро дар байни мардум паҳн карда истода, соҳиби дӯстону ҷонибдорон гардид. Дар айни ҳол баъзе ақидаҳои ӯ ба як гурӯҳ роҳибони яҳудии баландмартаба маъқул нашуд. Онҳо дар фикри куштани Иисус шуданд. Дар он вақт Иерусалим дар дасти римиҳо қарор дошт. Шаҳр аз ҷониби синедрион-мақоми олии идораи общинаи яҳудиён идора мегардид. Ҷои исти Иисусро яке аз шогирдони хоинаш бо номи Иуда фурӯхт ва Иисусро дошта суд карданд. Дар муҳокима волии  римӣ   он гуноҳҳоеро, ки ба гардани Исо зада буданд, қабул намекард. Он гуноҳҳо чунин буданд: аз роҳи рост задани омма, даъват барои напардохтани андоз ба императори Рим, даъвои ҳукмрон гардидан бар халқи яҳудӣ. Вале рӯҳонии дараҷаи аввали яҳудиён Канафа бар қатли Исо исрор варзид ва ниҳоят Пилат низ розӣ шуд. Исоро дар хориҷи Иерусалим дар теппаи Голгоф дар сутуни шакли салибдошта чормех карданд. Баъди 6-соат ӯ алакай вафот карда буд. Рӯзи дигараш ҳанӯз офтоб набаромада, ӯро аз сутун озод карда дар кафане печонида, дар тобуте ниҳоданд ва тобутро дар даруни ғоре ниҳода, даҳони ғорро бо санги вазнине маҳкам карданд. Дар назди он ғор қаровулон гузоштанд, то шогирдонаш ҷасадашро надузданд. Баъди гузаштани ду шабу як рӯз шогирдонаш омаданд, то ҷасади ӯро шуста баъд ба хок супоранд, аммо онҳо на қаровулон ва на ҷасадро пайдо карда натавонистанд. Дар ҳамин вақт малоикае омада ба онҳо гуфт: «Христос зинда гардид!»

Баъди 40-рӯзи ин ҳодиса Исо ба назди шогирдонаш баргашт. Ӯ онҳоро ҷамъ оварда ба Вифиния бурд ва гуфт: «Шумо шоҳиди ман дар Иерусалим… мешавед» ва пас аз ин ба осмон баромада нопадид гардид. Баъд аз ин ду мард дар либоси сафед пайдо шуда, ба шогирдони ӯ гуфтанд: «Ин Исо буд, ки аз назди шумо ба осмон рафт ва ӯ ҳамин тавр замоне боз хоҳад омад».

б. Шароитҳои таърихии зуҳури масеҳият.Ақоиди классикҳои марксизм дар хусуси пайдоиши дини христианӣ дигар аст. Энгельс қайд карда буд, ки сабаби асосии пайдоиши дини масеҳӣ ин ташкилёбии империяи Рим аст. Ин империяи навташкилшуда ба дини нави ба худаш  мувофиқ эҳтиёҷ дошт.Истилои давлатҳои мухталиф аз ҷониби Рим, барқарор намудани режимҳои сахт, ғулом гардонидани аҳолии вилоятҳо, андозҳои вазнин, беҳуқуқии одамон-ҳамаи инҳо нафақат боиси  рӯҳафтодагию ноумедии ғуломон, балки мардуми озод низ  мегардиданд. Шӯришҳои ғуломон, кӯшишҳои чандинкаратаю бенатиҷаи мардум барои халосӣ ёфтан аз дасти римиҳо рӯҳафтодагиро боз ҳам зиёдтар мегардониданд. Роҳи халосӣ дар ин ҳолат кадом аст? Чунин роҳ ёфт шуд, менависад Энгельс, вале он роҳи халосӣ дар ин дунё нест. Роҳи наҷоту халосиро аз зулм дар ин дунё пайдо накарда, мардумон маҷбур буданд онро дар осмон (яъне дину он дунё) бикобанд.

Саволе ба миён меояд, ки барои чи ба одамон ҳатман дини нав лозим шуд. Оё онҳо наметавонистанд бо динҳои куҳан худро тасалло диҳанд?

Энгельс дар ин бора менависад, ки динҳои кӯҳна ё қабилавӣ ё миллӣ буда, ҳар кадом вобаста ба шароитҳои сиёсию ҷамъиятии ҳар халқ инкишоф ёфтаанд. Аз ҳамин рӯ он динҳо аз сарҳадоти миллии худ берун баромада наметавонистанд. Акнун як дини гирою печон, ки ба талаботҳои танги миллӣ маҳдуд нагардида, талаботҳои оммаи халқҳои мухталифи бенавои империяи Римро қонеъ мегардонида бошад, лозим буд. Ногуфта намонад, талаботҳои мазкурро эҳсос намуда, ҳукуматдорони Рим чанд бор кӯшиш карданд, ки барои  мардуми тамоми империя як дини алоҳида ҷорӣ намоянд, ба монанди парастиши император, парастиши худо «Рома», вале онҳо муваффақ нагардиданд. Фақат дар лашкари Рим парастиши худои офтоби эронӣ- Митра васеъ паҳн гардида буд. Вале ягонтои онҳо дини ҷаҳонӣ нашуданд. Зеро ҳар яке аз он динҳо русуму одатҳои мураккаби худро доштанд, ки ба ин восита мардумонро аз якдигар ҷудо мекарданд. Одамони динҳои гуногун дошта наметавонистанд якҷоя  хӯрок бихӯранд, бинӯшанд, бо ҳам муомила намоянд. Дини ҷаҳонӣ мебоист аз маросимҳо озод бошад, одамонро аз якдигар ҷудо насозад ва пайравонашро тасалло диҳад. Чунин дини каммаросиму одӣ, ки ғуломону мардумро тасалло мебахшид, дини масеҳӣ буд. Ба ақидаи Энгельс, дини масеҳӣ дар ибтидо дини ғуломону ҷабрдидагон-мардуми тобеи империяи Рим буд.