Зиндагиро бипазир, чуноне ҳаст

0
95

Дунё чунин аст, ки ҳамеша олудаи изтиробу машаққат ва онро пастиву баландӣ зиёдест, ки инсон дар дохили он чашандаи ин гуна азобҳост.

Ягон падару модаре намеёбӣ ва ягон ҳамсаре намебинӣ, ки аз камбудӣ холиву орӣ бошад. Ҳамаи инсон камбудӣ дорад. Пас бояд, ки некашро бо бадаш маҳв кунӣ.

Загрузка...

Хости Худованд аст, ки дар дунё ҳама чиз як муқобиле дорад чун шаб ва рӯз, сафед ва сиёҳ, бад ва нек, савоб ва гуноҳ, ғам ва хурсандӣ ва ғайра. Табиист, ки ҳама чизи бади дунё роҳест ба дӯзах ва аъмоли хубу хулқи ҳамида калидест ба биҳишт.


Расули акрам (с) мефармояд:

“Дунё лаънат карда шудааст, лаънат карда шудааст он чӣ дар дунё ҳаст, магар зикри Аллоҳ ва аъмоли хайр, ки ин дунёро пур аз раҳмати Худо месозанд ва роҳи мустақиме ҳастанд ба сӯйи биҳишт”.

Барои ҳамин бояд зиндагиро ба таври воқеи дид ва қабул кард, дунёро тавре бояд дид, ки чуноне ҳаст. Аз банди хаёлот дур бошед ва нафсу тану рӯҳи худро ба мушкилоти зиндагӣ ва мусибатҳои ӯ одат кунонед. Ҳатто бо таври мутлақ зани зеботарин ва ё марди хушсураттарини дунё нест, албатта, як камбудие дорад. Билоқиёс зани биҳиштӣ комил мешавад ва орӣ аз камбудист.


Расул (с) мефармояд:

“Бад набинад мӯъмин мӯъминазанро (яъне ҳамсарашро) агар бад бинад як хулқашро пас розӣ мешавад ба хулқи дигараш”.

Пас моро зарур аст, ки ҳамеша наздик бошем, авф кунем ва чашм бипӯшем аз баъзе хатоҳо.


Аз китоби Оизи Қарнӣ “Ғамгин машав”