географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Захираҳои замин, об ва бешазор

Фонди замини Тоҷикистон ба 14,1 млн. га баробар буда, истифодабарии он як хел нест. Заминҳои хоҷагии қишлоқ қариб 30% фонди замини мамлакат (4236,4 ҳаз. га), вале замини кишт бошад, ҳамагӣ 820 ҳаз. га (5,8%)-ро дар бар мегирад. Заминҳои обёришаванда 520,9 ҳаз. га буда, майдони дарахтони бисёрсола бештар аз 120 ҳаз. га ташкил медиханд. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ майдони бешазор 420 ҳаз. га, буттазор –101,6 ҳаз. га ва ботлоқзор 2,5 ҳаз. га дар бар мегиранд. Дар давраи аз соли 2000 то ҳол майдони заминҳои кишт то 156 ҳаз. га зиёд шуд. Вале бо вуҷуди зиёдшавии майдони кишти заминҳои обёришаванда, ба ҳар сари аҳолӣ миқдори он кам шуда истодааст. Масалан, агар солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳар сари кас 0,19 га замини обёришаванда рост меомад, пас ҳоло ин нишондиҳанда ба 0,09 га расидааст. Чунин вазъият на танҳо ба суръати афзоиши аҳолии мамлакат, балки ба ғайриоқилона истифодабарии замин бо роҳи сохтмони манзил, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра вобаста мебошад. Барои дар ҳар як ноҳияи иқтисодии мамлакат оқилона истифодабарии замин, лозим аст, ки аз тавсияи олимони соҳаи кишоварзию табиатшиносӣ бо назардошти дар ноҳияҳои кӯҳистон ба таври амудӣ ҷойгиркунии соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ диққати асосӣ дода шавад. Пеш аз ҳама таркиби хок, хусусиятҳои иқлимии ҳар ноҳия ва таъсири онҳо ба ҷойгиршавию ҳосилнокии хок бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккулёбии обҳои нӯшокии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамагӣ 11% масоҳати Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале дар ҳудуди он 65% захираи оби ҳавзаи минтақа маскан гирифтааст. Ба ин пеш аз ҳама мавқеи географӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, релеф, сатҳи ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд.
Саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидрографияи Осиёи Марказӣ хело бузург аст. Аз 115,6 км3 оби ҳавзаи баҳри Арал қариб 90% он аз ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ мегардад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 985 дарё (бо дарозии зиёда аз 10 км) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар якҷоягӣ бо дарозии 28 ҳазор километр тӯл ёфтаанд. Ба ҳиссаи дарёҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккул меёбанд 64 км3, ба ҳиссаи кӯлҳо 44 км3 (аз ин миқдор 20 км3 онро оби тозаи нӯшокӣ ташкил медихад) ва бештар аз 6 км3 оби тоза ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ рост меояд.
Пиряхҳои Тоҷикистон дорои захираи оби нӯшокӣ мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9550 пирях бо масоҳати умумии 8,5 ҳаз. км2 (қариб 6% масоҳати Тоҷикистон) ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар ин пиряхҳо қариб 460 км3 оби нӯшокии сифати баланддошта маҳфуз аст. Ба таври дигар дар ин пиряхҳо 52% захираи умумии оби нӯшокии тамоми Осиёи Марказӣ ҷамъ шудааст. Аз ҳама калонтарин минтақаи пиряхии ҷумҳурӣ Помир буда, масоҳати умумии онҳо ба 7100 км2 расида, дар якҷоягӣ нисбати тамоми пиряхҳои минтақаи Қафқоз 3,5 баробар зиёд мебошанд. Дар Помир 16 пиряхи он дарозии бештар аз 15 км доранд. Яке аз калонтарин пиряхи минтақаи кӯҳсори ҷаҳонӣ Федченко 75 км дарозӣ дошта, масоҳати он ба 907 км2 мерасад.
Минтақаи дуюми пиряхии ҷумҳурӣ ин қисмати кӯҳсори Ҳисору Олой ва Зарафшон мебошад, ки масоҳати умумии пиряхҳои он ба 1500 км2 баробар аст. Калонтарин пиряхи ин минтақа Зарафшон кариб 25 км дарозӣ дошта, дар баландии аз 4200 то 5000 м воқеъ гардидааст.
Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ – Ому, Панҷ, Вахш, Сир, Кофарниҳон, Зарафшон ва ғайра мегузаранд.
Ҳавзаи дарёи Ому аз ҳама бузургтарин дар минтақа буда, аксари дарёю дарёчаҳои Тоҷикистон ба ин ҳавза тааллуқ доранд. Масоҳати ин ҳавза 227 ҳаз. км2 буда, сарҳади он дар шимол бо қаторкӯҳҳои Олою Туркистон, дар шарқ бо кӯҳҳои Сарикӯл ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасад. Дарозии умумии дарёи Ому ба 1262 км расида, серобии он назар ба дарёи Сир се маротиба зиёд аст. Он аз ҷиҳати серобӣ ба дарёи калонтарини Африқо дарёи Нил баробар мебошад. Вале ҳамагӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз 18 то 22% оби ҳавзаи дарёи Ому истифода мешаваду халос. Боқимондаи он дар ҷумҳурияҳои ҳамсоя сарф мешавад.
Умуман ҳамаи дарёҳое, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд (бо назардошти дарёҳои сарҳадӣ) соле 72 км3 обро ташкил медиҳанд, ки ба сари кас дар ҷумҳурӣ соле ба 12 ҳаз. м3 мерасад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни давлатҳои СНГ яке аз ҷойҳои аввалинро соҳиб аст.
Захираҳои энергетикии Тоҷикистон дар ҳудудҳои мухталифи сатҳи он баробар ҷойгир нашудаанд. Дар маҷмӯъ захираҳои гидроэгергетикии қисми ҷануби Тоҷикистон мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ин ҳудуд 62% захираҳои умумӣ ва 27%-и дигари он ба дарёҳои Помир рост меоянд. Захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои Панҷ ва Вахш хело бузург буда, барои сохтани нерӯгоҳҳои бузурги обии барқӣ дар ин дарёҳо аз назари иқтисодию географӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд.Зербунёди қаторкуҳҳое, ки маҷрои дарёҳоро ташкил медиҳанд, аз ҷиҳати кӯҳӣ сахт ва мустаҳкам ташкил ёфтаанд. Бинобар барои ба таври комплексӣ ва самарнок истифода бурдани оби дарёҳо обанбори бузург сохта шудааст.
Оби захирашудаи обанборҳо ба воситаи каналҳо, худҷоришавии нақбҳои обгузарон, дастгоҳҳои обкаш барои обёрии шаҳру деҳот, аз худ намудани заминҳо (Данғара, Ёвон, Обикиик, Бешкент, Дилварзин) истифода бурда мешаванд.
Дар солҳои 70-90-уми асри гузашта ин гуна иншоотҳои гидротехникӣ хело зиёд сохта шудааанд, ки аз руи тавсифи техникию иқтисодӣ нодиртарин иншоотҳо ба шумор мераванд. Аз ҷумла, обанбори Фарҳод, Қайроқум, (дар дарёи Сир) Норак, Сарбанд, Миёна, Шаршар, Бойғозӣ, Сангтӯда I ва II (дар дарёи Вахш). Дар оянда обанбори Роғун (дар дарёи Вахш), Ҷидда (дар дарёи Қофарниҳон), Даштиҷум, Дарвоз, Куртговак, Рӯшон (дар дарёи Панҷ) ба вуҷуд меоянд.
Дар нақшаи ояндаи дур, бо ёрии сохтани нақби оббарори қаторкӯҳи Туркистон як қисми оби дарёи Зарафшонро барои обёрӣ намудани заминҳои ноҳияи Ғончӣ, Истаравшан, Зафаробод истифода бурдан лозим меояд. Дар ҳавзаи дарёҳои мавсимӣ, ки аз ҳисоби боришотҳо ғизо мегиранд, барои обёрӣ ва пешгири намудани ҳодисаҳои сел якчанд обанборҳое сохта шудаанд, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд: Каттасой, Мӯъминобод, Селбур ва ғайра.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 1449 кӯлҳои хурду калони табиӣ, ки масоҳати онҳо ба 705 км2 мерасад, мавҷуд аст, ки ҳар кадом хусусияти хоси табиӣ ва пайдоиши худро доранд. Кӯлҳои табиӣ дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Помир ва Тоҷикистони Марказӣ (Зарафшону Ҳисор) ҷойгир шудаанд. Аз рӯи бузургии масоҳат Қарокӯл, ки дар ҳудуди Помири Шарқӣ ҷойгир шудааст дар ҷои аввал буда, масоҳати он 380 км2 ва чуқуриаш ба 240 м мерасад. Ин кӯл аз рӯи хусусияттҳои пайдоиш ба кӯлҳои тектоникию пиряхӣ дохил мешавад.
Кӯлҳои Сарез, Яшилкӯл ва қисми дигари кӯлҳо дар натиҷаи лағжишҳо, кандашавии кӯҳпораҳо ва бандшудани маҷрои дарёҳо ба вуҷуд омадаанд. Искандаркӯл ва гурӯҳи кӯлҳои Марғзор ба кулҳои зебоманзари қаторкуҳҳои Зарафшону Ҳисор дохил буда, мавзеъҳои беҳтарини ташкили туризм ва рекреатсияи ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.
Ҳудуди кӯҳсори Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги яхбандиҳои ҳозира буда, онҳо сарчашмаи асосии ғизогирии дарёҳо ва омили асосии зисту зиндагӣ ва фаълояти сокинони Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Дар байни захираҳои биологӣ растаниҳои бешаҳои кӯҳсор мавқеи ба худ хос доранд. Аҳамияти иқтисодӣ ва нақши бешазор дар ҳифзи муҳити зист ниҳоят зиёд аст. Аз рӯи тадқиқоти иштирокчиёни экспедитсияи Тоҷику Помир солҳои 30-уми асри гузашта, майдони умумии бешазори Тоҷикистон 1149,6 ҳаз. га ва ё 8% тамоми қаламрави онро ташкил медод. Дар байни намуди дарахтони бешазор бештар арча (687 ҳаз. га), писта (261 ҳаз. га), чормағз ва чинор (98 ҳаз. га), санҷид, буттаҳои кӯҳсор ва ғайра (96,6 ҳаз. га) мавқеи асосиро ишғол мекарданд. Аз он замон инҷониб майдони бешазори кишвар зиёд нашуда, баръакс хело кам гардид. Махсусан, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони сӯзишворӣ-энергетикӣ майдони бешазори кӯҳсор ниҳоят коҳиш ёфт. Ҳоло майдони умумии бешазор қариб 290 ҳаз. га ташкил дода, вале аз намудҳои ҳархела (зиёда аз 200 намуд) хело бой аст ва аксар ба таври амудӣ паҳн шудаанд. Қисми зиёди бешазори кӯҳӣ дар Тоҷикистони Марказӣ ба самти нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва минбаъд то нишебиҳои кӯҳҳои Олой, Пётри Як давом ёфта дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон бошад, аксар дар доманаҳои кӯҳҳои Вахш, Ҳазрати Шоҳ ва Дарвоз то баландиҳои 1000-2300 м паҳн гардидаанд.
Дар байни дарахтони бешазори кӯҳӣ аҳамияти иқтисодии анбӯҳ арчазор на ин ки барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ ҳамчун танзимкунандаи захираҳои об ниҳоят калон аст. Ҳоло арчазор қариб 50% майдони бешазори кӯҳиро ишғол менамояд. Дар баробари мавқеи зиддиэрозияи замин доштан, боз дарахти арча зеби кӯҳсор ва чӯби аълосифатро дорост.
Дар шароити Тоҷикистон бешаи дарахтони писта ва чормағз низ аҳамияти калон доранд. Дарахти писта дар кӯҳҳои пасту миёнаи ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар баландиҳои аз 700 то 1200 м паҳн шудаанд. Майдони умумии бешаи дарахтони писта зиёда аз 75 ҳазор га буда, ҳосилнокии меваи он аз 30 то 50 сентнерро дар як гектар ташкил мекунад.
Ба ҳиссаи дарахти чормағз 20% майдони бешаи кӯҳсор рост меояд. Майдони умумии дарахтзори чормағз ба 5,2 ҳаз. га расида, аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Мағзи он ба таври васеъ дар саноати кондитерӣ истифода шуда, аҳамияти табобатӣ низ дорад.
Дар байни дарахтони бешазор нақши бодом низ калон аст ва онҳо ҳамагӣ 3,7% майдони умумии бешаи кӯҳсорро дар бар мегиранд. Дарахти бодом бештар дар кӯҳсори Тоҷикистони ҷанубӣ дар баландиҳои аз 900 то 1700 м вомехӯрад.
Бешазори кӯҳсор дар баробари мева, қисми зиёди он аҳамияти доруворӣ, декоративӣ ва хӯрокаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон мебошанд. Дар байни дарахтон ва буттаю растаниҳои кӯҳсор бисёр намудҳои эндемикӣ (хоси иқлими Тоҷикистон) мавҷуданд. Бинобар дар оянда ба масъалаи зиёд намудани майдони бешазори кӯҳсор ва ҳифзи онҳо диққати ҷиддӣ додан зарур аст.

Шарҳ баста аст.