Заминро бар сари худ мабардор

Баъзе одамоне ҳастанд, ки дар нафси онҳо ҳамеша ҷанги умумиҷаҳонӣ қоим аст. Аммо дарк намекунанд, ки дар рахти хоби бароҳатанд. Худро ба ҳар ҳодисаи ҷаҳон мағшуш медоранд. Худро ба ғазаби худ гирифтор мекунанд, аз баландшавии нархи анвоъ ба ҷаҳлу ситеза мепардозанд, ба таъхири борон ё зиёдии ӯ қаҳр мекунанд. Аз пасту баландии қурби пул фишори хуни худро баланд месозанд. Аммо ҳол он ки ҳамон пулро ҳам дар даст надоранд. Пас насиҳат ин аст, ки курраи заминро ба сари хеш набардоред. Ба ҳар ҳодисае, ки ба шумо мутаалиқ нест ва шумо ҳалли онро ёфта наметавонед, беҳуда худро гирифтор насозед? Чаро беҳуда худро андармони ғами беҳуда мекунед? Азизи дил, охир дер омадани борон ва ё боздоштани он дар дасти ману шумо нест. Болоравию пастшавии нарх аз имконоти ману шумо берун аст. Дунё тавъами пастиву баландӣ аст, худро бо дастони худ ба оташи ғусса наяфканед.

Марди шуҷоъ ва боимон худро аз ин ҳодисаҳо, ки марбути иродаи Худованд аст ва ҳалли он низ, ки ба Худованд бастагӣ дорад, машғул намедорад. Аммо афроди тарсӯ ва беимон ҳар як рӯз дар ҳар ҳодиса худро бо шамшери ғам ба ҳалокат мерасонанд. Пас шумо ҳамеша ризқро, камбуду фаровонии неъматро аз иродаи Худованд бидонед, зеро Офаридгор пеш аз халқ кардани ману шумо ин қазову қадарро садҳо ҳазор сол пеш мактуб кардааст.


Оизи Қарнӣ, “Ғамгин машав!”