Заминаҳои асосии рушди демократия

  1. Ҷаҳонбинии дунявӣ. Таҳлили таҷрибаи сиёсии давлатҳои пешрафтаи демократӣ нишон медиҳад, ки дар шароити давлати дунявӣ сиёсишавии дин инкор гардида, пайравӣ аз дин кори шахсии инсон дониста мешавад. Зеро давлати дунявӣ дар пояи арзишҳои ҷаҳони мутамаддин ташаккул ёфта, дар заминаи арзишҳои демкоратӣ ва рақобати сиёсӣ рушду инкишоф меёбад. Ва ниҳоятан, давлати дунявӣ давлате мебошад, ки дар он рӯҳониён наметавонанд дар раванди муборизаи сиёсӣ ширкат варзанд ва барои ба даст овардани ҳокимият мубориза баранд. Зеро мавҷудияти неруи сиёсии динӣ (ҳизби сиёсии динӣ) дар фазои сиёсии ҷомеа тавозуни рақобати сиёсиро, ки меъёри асосии ҷомеаи демократӣ мебошад, вайрон месозад. Маълум аст, ки аксарияти аҳолии дилхоҳ давлатро пайравони як дин ташкил менамоянд ва давлатҳое, ки аҳолияш дар пайравӣ аз ду дин ҳиссаи баробар дошта бошанд, хеле каманд. Яъне, афзалияти намояндагони як дин дар ҳар як ҷомеа ба осонӣ мушоҳида мегардад. Махсусан дар Тоҷикистон зиёда аз 90 дарсади аҳолиро мусулмонон ташкил медиҳанд. Барои мисол, агар мусулмонон як ҳизб, масеҳиён як ҳизб ва намояндагони динҳои дигар ҳизбҳои худро ташкил диҳанд, маълум аст, ки доимо ҳизби мусулмонон ғолиб меояд. Зеро онҳо аксариятро ташкил медиҳанд. Дар чунин шароит баргузории интихобот нолозим дониста мешавад ва сухан гуфтан дар бораи демократия низ дигар ҳоҷат надорад.
  2. Рушди саноат ва иқтисод. Аз рӯйи нишонододҳои иқтисодӣ давлатҳои демократӣ дар муқоиса бо давлатҳои авторитарӣ рушдёфтаанд. Дар таҳқиқоти сиёсатшиноси амрикоӣ Мартин Липсет нишон дода шудааст, ки рушди устувори иқтисодӣ дар охир боиси рушди демократия мегардад. Мувофиқи нишондодҳои оморие, ки ӯ пешниҳод намудааст, аз миёни 24 давлати тараққикарда танҳо 3-тоаш ғайридемократӣ будааст. Аз миёни 53 давлати рӯ ба тараққӣ 23-тоаш демократӣ, 25-тоаш диктаторӣ ва 5-тои боқимонда дар ҳоли гузариш ба демократия қарор доштааст. Аз 42 давлати дорои рушди пасти иқтисодӣ танҳо 2-тоашро демократӣ гуфтан мумкин будааст. Баъзан ба таври истисно мушоҳида намудан мумкин аст, ки рушди иқтисодӣ дар давлатҳои ғайридемократӣ низ ба вуҷуд омадааст.
  3. Урбанизатсия. Аҳолии шаҳрҳои калон дар муқоиса бо аҳолии деҳнишин барои дар амал татбиқ сохтани арзишҳои демократӣ хубтар омодаанд. Аҳолии деҳнишин одатан ба анъанаҳои пештар мавҷудбуда бештар такя намуда, рӯҳияи консервативӣ онҳоро фаро гирифтааст, ки онҳо барои дарки арзишҳои демократӣ мушкилӣ мекашанд.
  4. Васоити ахбори оммаи рушдёфта. Шаҳрвандон бо ёрии ВАО дар бораи сиёсат маълумоти пурра ва мукаммал пайдо намуда, дар ҳаёти сиёсии мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.
  5. Иқтисоди бозорӣ ва рақобати иқтисодӣ. Мутамарказ гардидани ҳокимияти иқтисодӣ ва манбаъҳои иқтисодӣ дар дасти як гурӯҳи ҷамъиятӣ ва ё як ҳизби сиёсӣ монеаи ҷиддӣ дар самти рушди демократия мебошад. Ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ва рақобати иқтисодӣ на танҳо монеаи мазкурро бартараф менамоянд, балки заминаҳои асосии рушди ҷомеаи сармоядорӣ ва демократӣ ба шумор мераванд. Иқтисоди бозорӣ дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи муҳим ба вуҷуд оварда, мухторият ва масъулияти фардиро таъмин менамояд.

Ғайр аз ин, саводнокии аҳолии мамлакат ва шумораи бештари аҳолии соҳибкасб яке аз заминаҳои муҳимтарини рушди демократия маҳсуб меёбанд. Дурустии мулоҳизаронии сиёсии шаҳрвандон, дарки моҳияти воқеоту ҳодисоти ҳаёти сиёсӣ, озодии тафаккур, эҳсоси масъулият ва афзалиятҳои шахсӣ, дарки мавқеи худ дар ҷомеа ва рушди зеҳнии инсон аз савияи дониш ва ҷаҳонбинии ӯ вобастагӣ дорад. Шахси бесавод ва дорои ҷаҳонбинии танг берун аз сиёсат ва дур аз арзишҳои демократӣ мебошад, ки дар натиҷа ӯ доимо объекти манипулятсияи неруҳои сиёсӣ мегардад.


Калидвожаҳо: Заминахои асосии рушди демократия, Чахонбинии дуняви.

Шарҳ баста аст.