ЗАХИРАҲОИ ТУРИСТӢ ҲАМЧУН АСОСИ ТАШКИЛИ ФАЗОИИ ТУРИЗМ

Туризм ҳамчун соҳаи хоҷагидорӣ тамоюул ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дорад. Ин соҳа дар чунин хусуятҳо зоҳир мегардад:

— ҳиҷрати одамонро ба ҷойҳои воқеи захираҳои туристӣ афзун мегардонад:

— он маҷмаҳои табиӣ ва фарҳангие, ки қаблан дар хоҷагидорӣ истифода намешуд, комилан истифодашаванда гардид:

— ба тарзи маҷмаавӣ (комплексӣ) истифодаи захираҳои табиӣ фарҳангию  таърихӣ;

— бо назардошти истифодаи мақсадноки табиат қонеъгардонии талаботҳо ба маҷмааҳои табиӣ;

— ҳамоҳангии хуб бо дигар намудҳои истифодабарии табиат, яъне кишоварзӣ, моҳидорӣ, хоҷагии ҷангал, саноати коркардӣ кӯҳӣ;

— таъсиррасониро  ба табиат ва фарҳанг тавассути истеъмолкунанда – турист амалӣ менамояд;

— хусусияти ҳавасмандӣ дар танзими таъсири антропогенӣ ба маҷмааҳои табиӣ ва фарҳангӣ;

— ҳамчун соҳаи хоҷагӣ аз нигоҳи иқтисодӣ самаранок аст.

Масалан: меҳнати кормандони соҳаи туризм на ба табиату фарҳанг, балки ба инсон, яъне  барои барқарорнамоии нерӯи ҷисмонӣ, равонӣ, маърифатнокӣ равона  гардидааст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки агар инсон тӯлли ҳафта истироҳати хешро берун аз муҳити шаҳрӣ дар бағали табиат гузаронад, самаранокии меҳнати ӯ 15%  афзун мегардад. Захираҳои туристӣ ғановати миллӣ маҳсуб меёбанд, аммо қисме аз онҳо ба объектҳои моҳияти ҷаҳонидошта шомиланд. Чунин номгӯро ЮНЕСКО боз таҷдид менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин гуна объектҳо шаҳри қадимаи Саразм, ки таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад, Тахти Сангин (Қабодиён), Ҳулбук, Аҷинатеппа (Бадахшон), қалъаи Ҳисор ва ғайра шомиланд.

Кулли ёдгориҳои бостонӣ ва объектҳои табиӣ зери ҳимояи давлат қарор доранд ва барои нигаҳдорю ҳифзи ёдгориҳои дорои аҳамияти ҷаҳонидошта, аз ҷониби СММ ҳамасола маблағҳои муаяйн ҷудо карда мешавад. Захираҳои туристӣ як қатор хусусиятҳои умумиро доро мебошанд.

— аввалан онҳо таърихианд, яъне мувофиқи меъёри талабот туристонро ба худ чазб менамоянд;

 — дувум, онҳо ҳудудианд, яъне майдони зиёдро ишғол менамоянд;

— сеюм, нақши ташкилиро бозида барои ташаккули нуқтаҳои туристӣ, ноҳияҳо ва минтақаҳои туристӣ мусоидат менамояд.

Хусусиятҳои махсуси захираҳои туристӣ томият, афзоишёбанда, ғунҷоишӣ, эътимоднокӣ, ҷаззобият, устуворӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.

Томият алоқамандии ҳамаи захираҳо ба монанди сарватҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва объектҳои хӯроки умум, хоҷагии меҳмонхонавӣ, нақлиётӣ ва ғайра.

Ғунҷоишӣ имконияти шомил намудани захираҳои дигар бахшҳои иқтисодӣ, ки ба туризм алоқаи зич надорад (м: саноат, кишоварзӣ, савдо ва ғайра).

Устувории захираҳои туристӣ дар миқёси иқтисоди миллӣ, ки тавозуни иқтисодиро вайрон намекунад, яъне дар индустрияи туристӣ он шароитҳо ва сарватҳои табиие истифода шудаанд, ки аз ҷониби дигар бахшҳои хоҷагиҳо истифода намешаванд.

Эътимоднокӣ дар бахши туризм дар навбати аввал ба шароитҳои иҷтимоию сиёсӣ вобаста аст.

Ҷаззобиат манзараҳои нотакрори қаторкӯҳҳо, кӯлу дарёҳо, обанборҳо чашмаҳои маъданӣ, хусусияти асосии захираҳои туристӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин хусусият воситаи ҳамоиши туристӣ мебошад.

Нотакрории объектҳои туристӣ метаванад ҳавасмандии инсонро бедор намояд.

Арзишҳои маърифатӣробитаи объектҳо бо субъекти мушахаххаси таърихӣ, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси машҳур.

Арзишҳои рекреатсионӣимконияти истифодаи оқилонаи объектҳои туристӣ барои ташкили истироҳат ва солимгардонии туристон.

Шуҳратмандӣ —  маъмул будани объектҳои туристӣ миёни туристон.

Ғайримуқаррарӣ дараҷаи гуногунрангии объектҳои туристӣ ва рекреатсионӣ ғайриоддӣ будани онҳо нисбат ба шароити зисти доимии туристон.

Нигоҳдоштҳолати объектҳо ва омода намудани ҳудудҳои туристӣ ва рекреатсионӣ барои ташкилу қабули туристон.

Талаботҳои асосие, ки истеъмолгари захираҳои туристӣ арза медорад:

— истифодаи арзишҳои табиӣ (боздиди ҷаззобияти табиат, ҳудудҳои мамнуъгоҳ, боздиди манзараҳои зебо);

— истифодаи арзишҳои фарҳангӣ (дидани ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ, боздид аз осорхонаҳо, театрҳо ва намоишгоҳҳо);

— имконияти шуғл ба варзиш (пиёдагардӣ, обӣ, лижатозӣ, дучархасаворӣ, мотто ва автосайр, сайр, шиноварӣ, бозиҳои варзишӣ);

— шуғли саргармӣ (моҳидорӣ, шикор), ҷамъоварии намудҳои гуногуни растаниҳою ҳашаротҳо (гербария, фотошикор ва ғайра), якчанд таснифотҳои гуногуни захираҳои туристӣ мавҷуд аст. Дар нисбати аввал онҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: бевосита ва ғайримустақим.

Ба гурӯҳи аввал захираҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд, ки аз ҷониби худи туристон ва истироҳаткунандагон истифода мегардад (Масалан: ҷаззобияти манзара, воситаҳои солимгардонии маҳал, объектҳои маърифатӣ ва ғайра). Захираҳои ғайримустақим (иҷтимоӣ-иқтисодӣ) барои истифодаю аз худ намудани захираҳои бевоситаи туристӣ ҷалб карда мешаванд. Ин гурӯҳи захираҳо ба моддӣ, техникӣ, молиявӣ, меҳнатӣ ва ғайра ҷудо мешаванд. Аз рӯи нишонаҳои функсионалӣ (вазифавӣ) захираҳои туристиро ба захираҳои солимгардонӣ, маърифатӣ ва варзишӣ тақсим менамоянд.

Дар баробари ин арзишҳои ҳудудии табиию эстетикӣ аҳамияти бузург дорад.

Хусусиятҳои маърифатии ҳудуд ба объектҳои табиӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ вобаста аст. М: ёдгориҳои маърифатию фарҳангӣ, осорхонаҳо, хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳои аҳолӣ, объектҳои нотакрори табиат, фарҳанг, саноат ва ғайра.

Ҳамаи захираҳои комплексҳои ҳудудии туристӣ ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд, яъне табиӣ (иқлим, захираҳои об, чашмаҳои маъданӣ, гилҳои табобатӣ, релеф, ғорҳо, олами растаниёт ва ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ ва машнӯъгоҳҳо, манзараҳои дилфиреб, объектҳои табиии нотакрор), фарҳангӣ-таърихӣ (осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, театрҳо, хусусиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои меъморӣ, этнографӣ, фолклор, марказҳои ҳунарҳои дастӣ) ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ (дастрасии ҳудудии нақлиётӣ ва сатҳи рушди табакаи нақлиётӣ, мавқеи иқтисодӣ географӣ, сатҳи рушди иқтисодии ҳудуд, сатҳи таъминоти хизматрасонии аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, хусусияти аҳолӣ).

Дар маҷмӯъ захираҳои туристии заминагузорӣ фазои ташкили туризм дар ҳудудҳои муайян ба шумор рафта, истифодаи оқилонаи ин захираҳо ба ҳудудҳои алоҳида таъсири муфид мерасонад.

Шарҳ баста аст.