географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Захираҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнат

Замони моро давраи инқилоби илму техника меноманд. Илм ва техника ба фаъолияти истеҳсолӣ, самаранокии меҳнат, пешравии иқтисодиёт кӯмак мерасонад, аммо мавқеи инсонро ҳамчун истеҳсолкунандаи аввалини неъматҳои моддӣ ба вуҷуд овардани сарватҳои миллӣ иваз карда наметавонад. Худи илму техника ҳам маҳсули фикрӣ ва эҷодкории инсон мебошад.

Аз ин нигоҳ, барои таъмини рушди иқтисодӣ пеш аз ҳама шумора, таркиб ва сифати захираҳои меҳнатӣ, ки дар бозори меҳнат иштирок менамоянд ва роҳҳои самаранок истифода бурдани онро бояд донист. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ба аҳолии қобилияти меҳнат доштаро мардони аз 16 то 60сола ва занони аз 16 то 55 сола ташкил менамуданд. Ҳоло он барои мардон аз 15 то 63, барои занон аз 15 то 57 сол муқаррар карда шудааст. Ҳамин тавр захираҳои меҳнатӣ гуфта, он қисми аҳолиро меноманд, ки қобилияти дар хоҷагии халқ кор кардан доранд.

Захираҳои меҳнатии Тоҷикистон (ба ҳисоби ҳазор нафар)

 

Нишондиҳандаҳо

С о л ҳ о
1992 1997 2000 2005 2008
1. Захираҳои меҳнатӣ —

ҳамагӣ

Аз он ҷумла:

2. Аҳолии фаъоли

иқтисодӣ

Аз он ҷумла:

а) Аҳолии машғул

б) Бекорони расман

эътирофшуда

3. Аҳолии ғайрифаъоли

иқтисодӣ

Аз он ҷумла хонандагон

4. Дараҷаи бекорӣ

(расман эътирофшуда,

ба ҳисоби фоиз)

2669

 

 

1917

 

 

1909

8

 

752

 

230

0,4

 

 

2909

 

 

1842

 

 

1791

51

 

1067

 

192

2,8

3186

 

 

1794

 

 

1745

49

 

1392

 

343

2,7

3893

 

 

2154

 

 

2112

42

 

1739

 

476

2,0

4310

 

 

2217

 

 

2168

49

 

2093

 

524

2,2

Афзоиши захираҳои меҳнатӣ ба дараҷаи афзоиши табиии аҳолӣ вобаста мебошад. Он дар солҳои 90-ум каме коҳиш ёфт. Аммо ба ин нигоҳ накарда, солҳои минбаъда афзоиши табиии аҳолӣ оҳиста-оҳиста баланд гардид. Ҳоло ҳам дарачаи афзоиши табиии аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба як қатор ҷумхуриҳои собиқ Шӯравӣ баланд аст. Аз ин ҷо дараҷаи баланди афзоиши табиии аҳолӣ ва ба замми он зиёд будани сафи бекорон масъалаи истифода бурдани захираҳои меҳнатиро дар ҷумҳурӣ хело душвор гардонид. Дар айни замон бекорон мувофиқи ахбори омории ҷумҳурии 2,2 фоизи аҳолии фаъолро ташкил менамояд.

Таҳлили рақамҳои шуғли аҳолӣ нишон медиҳад, ки дар байни солҳои 1991-2008 шумораи коргарон дар саноат ва сохтмон ба 273 ҳазор нафар, соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, хӯроки умумии шумораи аҳолии машғули кор ба 52 ҳазор нафар камтар шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бошад, ин нишондиҳанда то ба 310 ҳазор нафар зиёдтар шудааст.

Бӯҳрони иқтисодӣ дар мамлакат боиси кор накардани қисми зиёди корхонаю муассисаҳо, музди ночиз, ки сабаби асосии зиёд гардидани сафи бекорони аҳолии қобили меҳнат гардид. Махсусан ҷавонон (зиёда аз 28 фоизи қувваи қобили меҳнат мебошанд), пас аз хатми омӯзишгоҳҳои касбӣ, коллеҷ ва донишкадаҳо аксар ба ҷои кор таъмин намешаванд. Миқдори бекорон бештар дар деҳот сол аз сол зиёд мешавад ва ин ҳолат хусусан дар байни духтарон бештар аст.

Дараҷаи бекорон дар ҷумҳурӣ соли 2008 қариб 17 фоизро ташкил намуд (аз рӯи усули ҳисоботи ташкилоти байналмилалии меҳнат). Дар сурати ба ҳисоб гирифтани захираҳои мавҷудае, ки дар мақоми шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта нашудааст, шумораи ҳақиқии бекорон зиёда аз 30 фоизро дар бар мегиранд. Он лаҳза ташвишовар аст, ки зиёда аз 52 фоизи шумораи бекоронро ҷавонони аз 15 то 29 сола ташкил мекунанд. Вобаста ба ин ҳар сол миқдори зиёди ҷавонон ба сафи қобилияти меҳнат доштагон ворид мешаванд ва чунин шароит моро водор менамояд, ки роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ намоем. Онро бо ду роҳ ҳал намудан мумкин аст:

  1. Ба таври интенсивӣ инкишоф додани соҳаҳои меҳнатталаби хоҷагии қишлоқ, саноат ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ.
  2. Баромадан ба бозори умумиҷаҳонии меҳнат.

Роҳи якум дар заминаи тағйир додани таркиби соҳавии истифодаи замин бештар таракқӣ додани соҳаи пахтакорӣ, боғу токпарварӣ бо ба ҳисоб гирифтани талаботи ҷумҳурӣ ва савдои берунмарзӣ. Пурра қонеъ намудани талаботи аҳолӣ таракқӣ додани сабзавот ва картошкакориро талаб менамояд. Дар шароити маҳдуд будани замини обӣ инкишоф додани ҳамаи ин соҳаҳо ҳатман бояд бо роҳи интенсивӣ ҷараён гирад. Ин дар заминаи васеъ истифода бурдани намудҳои гуногуни техникаи кишоварзӣ, мелиоратсияи замин, химиконӣ ва истифодаи қувваи барқ баррасӣ мегардад.

Дар саноат аз нигоҳи истифодаи захираҳои меҳнатӣ бояд соҳаҳоеро тараққӣ дод, ки меҳнатро бештар талаб намояд. Бо ин назардошт дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ якчанд корхонаҳо сохта шуда буданд. Барои истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ бояд, доираи истеҳсолии корхонаҳои мавҷударо васеъ намуда, корхонаҳои нави меҳнатталабро барпо намуд. Аз ин нигоҳ сохтани заводи мошинаҳо, истеҳсоли таҷҳизоти саноати сабук, хӯрокворӣ, машинаҳои хоҷагии қишлоқ, маснуоти электротехникӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, узви баъзе намуди машинаҳо, асбобҳои гуногун ва ғайра, ки ҷумҳурӣ эҳтиёҷ дорад, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дигар самти дар ҷумҳурӣ кам кардани сафи бекорон ин дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол  намудани маҳсулоти тайёр мебошад. Ба ин пеш аз ҳама саноати металлҳои ранга, сабук ва хӯрокворӣ дохил мешаванд. То ин дам маҳсулоти металлҳои ранга асосан ба шакли хока (консентрат), ба фурӯш бароварда мешавад. Ташкил кардани истеҳсоли металл на фақат барои бо кор таъмин кардани бекорон, балки ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи коркарди пахта дар ҷумҳурӣ ду комбинати бофандагӣ ва якто ресандагӣ амал мекарданд. Ҳоло онҳо бо иқтидори пурра кор намекунанд. Оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва бештар истифода бурдани нахи пахта барои маҳсулоти тайёр водор менамояд, ки корхонаҳои мавҷударо бо иқтидори пураашон истифода барем ва ба замми онҳо корхонаҳои хурди ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бордиҳии нав бунёд намоем. Дар давраи Шӯравӣ барои ба кор ҷалб намудани бекорон аз ҷумла занҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои хурду миёнаи бо ҳам наздик воқеъ гардида барпо кардани ду маҷмааи истеҳсолии матоъҳои пахтагин пешбинӣ карда шуда буд. Яки он дар атрофи Қурғонтеппа яъне дар Шаҳритус, Ҷалолиддини Румӣ, Кӯлоб, дигари он дар атрофи Хуҷанд, ки Конибодом, Нов, Исфараро дар бар мегирад сохта мешуданд. Дар оянда амалӣ гардидани ин нақша на фақат истифода бурдани захираҳои меҳнатиро беҳтар менамояд, балки дар як вақт имконияти дар бозори ҷаҳонӣ иштирок намудани ҷумҳурӣ имконият фароҳам меоварад.

Инкишоф додани кирмпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои дар оянда тараққӣ додани саноати абрешим низ барои кам кардани сафи бекорон мусоидат менамояд. Зеро, ки ин соҳа аз парвариши кирми пилла то истеҳсоли матои абрешимӣ пурра меҳнатталаб мебошад. Агар мо парвариши кирми пилларо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ васеъ ба роҳ монем, ба замми он корхонаҳои мавҷуда, корхонаҳои хурди матои дурушт (рангнокарда) истеҳсол мекардагӣ созем, миқдори зиёди одамон бо кор таъмин мешаванд, истеҳсоли матои абрешимин меафзояд, ки дар бозори ҷаҳонӣ талабот нисбат ба он зиёд аст. Аз ҳамин нигоҳ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ бояд, қолинбофиро ҳам инкишоф диҳем. Дигар соҳае, ки меҳнатро бештар талаб менамояд ва талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба маҳсулоти он ниҳоят зиёд аст, саноати дӯзандагӣ мебошад. Корхонаҳои ин соҳаро дар ҳама шаҳрҳои миёна ва хурд, ки дар онҳо қувваи кории озод зиёд аст, сохтан ба мақсад мувофиқ мебошад. Саноати чарму пойафзол ва кешбофӣ ҳам бояд мувофиқи талаботи дохилӣ инкишоф дод. Сохтани корхонаҳои ин соҳаҳо низ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ва аз хориҷ кам ворид гардидани ин намудҳои маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани бекорон мусоидат менамояд. Инкишоф додани боғу токпарварӣ дар заминҳои лалмӣ ва сабзавоткорӣ дар заминҳои обӣ ва дар ин замина тараққӣ додани саноати консерва ва винобарорӣ ҳам барои ҳалли масъалаи бекорӣ кӯмак мерасонад. Дар оянда тараққӣ додани дигар соҳаҳои саноате, ки каммеҳнатталабанд аз ҳисоби афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба қувваи кории иловагӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Ҳалли оқилонаи кулли масъалаҳои зикрёфта ба ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки баробари ба навбат ва мунтазам ҳал намудани онҳо сатҳи ҳозираи дараҷаи бекориро паст намоем.

Барои бо ҷои кор таъмин намудани қисми зиёди бекорон танҳо бо роҳи ба кор андохтани корхонаҳои мавҷуда ва ба кор даровардани соҳаҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Дар оянда сиёсати Ҳукумат зимни шуғли аҳолӣ бояд бо роҳи барпо намудани инфраструктураи бозор ва пешгирии сафи бекорон равона шавад.

Роҳҳои асосии ҳалли проблемаи шуғли аҳолӣ дар мамлакат чунин аст:

— ҳарчӣ бештар дастгирӣ намудани фаъолияти хадамоти хизматрасонии шуғли аҳолӣ ва имконияти васеъ додан ба сармоягузории хурду миёна аз ҷониби давлат;

— дар аксари шаҳру деҳаҳои калон барпо намудани марказҳои таълимию касбомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисони дараҷаи баланд;

— ташкили системаҳои ягонаи ҳисобкунии ахборотии давлатии ҳисобгирӣ ва тақсимоти захираҳои меҳнатӣ — ҳамчун қисми таркибии барномаҳои давлатӣ дар пешгирии бекорӣ дар ҷумҳурӣ.

Ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки дар шароити бардавомии афзоиши табии аҳолӣ ва ҳар сол зиёд шудани захираҳои меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавонон муҳоҷирати қувваи корӣ ба дигар мамлакатҳо амри воқеӣ аст. Ин водор менамояд, ки ба бозори меҳнатии байналхалқӣ дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ иштирок намоем. Аммо ба бозори ҷаҳони меҳнат баромадан талаботҳои худро дорад. Яке аз ин талаботҳо доштани дониш, малака ва маҳорати касбӣ мебошад. Ин сифатҳо нафақат барои дар хориҷа кор кардан, балки барои дар ҷумҳурӣ фаъолият намудан низ зарур аст. Аз ин лиҳоз, бояд ба меҳнат тайёр кардани ҷавонон диққати ҷиддӣ дод, то ин ки тайёрии касбии онҳо бо рафти инкишофи техника ва технологияи истеҳсолоти замони муосир ҳамқадам бошад. Маҳз ҳамин талаботро дар назар дошта, арзишҳои маорифро барои рушди инсон ва пешрафти устувори рушди иқтисодии мамлакат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маънидод бояд намуд. Ба он хотир, ки сарвати ҳар мамлакат ин аҳолӣ ва арзишҳои интеллектуалии он мебошад, ки фақат тавассути маориф ташаккул дода мешавад. Аз ҳамин сабаб дар давраи гузариш рушди маориф дар мадди аввал гузошта шудааст. Мақсади он тарбия намудани ихтисосмандону коршиносонест, ки ба талаботи кунунии хоҷагии халқи мамлакат ва бозори байналхалқии меҳнат ҷавобгӯй бошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки иқтисодиёти имрӯзаи ҷаҳонӣ то рафт хусусияти техника ва илмталабӣ пайдо карда истодааст. Ин натиҷаи дар ҷаҳон инкишоф ёфтани иттилооти техникӣ ва технологӣ мебошад. Беҳуда нест, ки ҷаҳон аз ҷумла дар давлатҳои муттараққӣ ва тараққикарда дар мактабҳои олӣ ба таълими фанҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ диқкати ҷиддӣ дода мешавад. Ин маъно надорад, ки аз ҳисоби кам намудани дигар фанҳо соату таълими ин гурӯҳи фанҳоро зиёд намоем. Чунин фаҳмиш хатои маҳз мебошад. Диққат додан маънои онро дорад, ки услуби таълимро дуруст ба роҳ монем, аз воситаҳои иловагии таълим аз ҷумла аз восита-ҳои айёнӣ, техникӣ хуб истифода барем ва мустақилона кор карданро ба хонандагон ва донишҷӯён ёд диҳем. Ин ба мо имконият медиҳад, ки ба рақобати бозори меҳнати ҷаҳонӣ истодагарӣ карда тавонем. Дар айни замон содироти  қувваи кории мамлакат асосан ба Россия ва Қазоқистон нигаронида шудааст. Дар сурати тайёр намудани ихтисосмандони баландмаълумот ҷумҳурӣ барои ба дигар мамлакатҳои ба қувваи кории ихтисосманд эҳтиёҷдошта метавонад, қувваи кориро содирот намояд. Иштироки Тоҷикистон дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ нафақат сабаби паст гардидани сатҳи бекорон, балки дар оянда яке аз омилҳои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ хоҳад гашт.

Шарҳ баста аст.