Худоҳои давраи ведӣ

Дар дини ориёиҳои Ҳинди он замон политеизм (бисёрхудоӣ) вуҷуд дошт. Ақидае вуҷуд дорад, ки адади он худоҳо 33-то мебошад, вале дар як ҷои ведаҳо гуфта мешавад, ки 3399-то худо вуҷуд дорад. Маълум нест, ки кадоме аз ин худоҳо худои асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ва инчунин маълум нест, ки кадоме аз он худоҳо қадимтарин буд. Вале аз рӯи баъзе нишонаҳою аломатҳои худои Индра, ки дар ведаҳо омадаанд, чунин ҳисобидан мумкин аст, ки ӯ худои аз ҳама қадимтарини ҳиндуҳо будааст. Дар ведаҳо ӯ худои аз ҳама маъруфтарини ҳиндуҳост. Ба Индра дар ведаҳо то 250 гимн бахшида шуда, дар гимнҳои дигар низ ӯ зуд-зуд ёд гаштааст. Индра аз як тараф худои ҷанговар бошад, аз тарафи дигар он худои раъду барқ низ буд. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки Индра дар ибтидо худои қабилаҳои ориёӣ ё худои яке аз қабилаҳо-тритсу, худои ҷанговар буда, худои раъду барқ шудани он баъдтар ҷой дошт. Дар Ригведа қудрати Индра ин тавр тавсиф гардидааст: «дар як рӯз Индра ҳамаи ҳафт қалъаҳои онҳо (душманон)-ро ба воситаи зӯрии худ хароб сохт». Дар матнҳои дигар бошад Индра ҳамчун худои раъд, худои осмон, соҳиби офтобу рӯшноӣ тасвиф ёфтааст. Қиссаи асотирие низ оиди ҷанги Индра бо аждаҳои бузурги ҷаҳонӣ Вритра, ки таҷассуми абрҳои барқдор аст ва аз ин аждаҳо худоҳои дигар дар ҳарос буданд, дар ведаҳо оварда шудааст. Индра бо ӯ ҷангида, ғалаба ба даст меоварад.
Худои дигар дар матнҳо Варуна мебошад. Варуна-худои осмони шабона ва обҳои ҳавоию заминӣ шуморида мешуд. Чунончи дар матнҳо омадааст: «Варуна аз бушкае, ки поёнаш сӯрох аст, ба ҳарду ҷаҳон ва фазо он чиро, ки дар бушка буд, рехт. Подшоҳи тамоми ҷаҳон бо ҳамин чи тавре, ки борон кишти гандумро об медиҳад, заминро обод менамояд. Ӯ хоку замину осмонро шодоб месозад. Ҳангоме ки Варуна мехоҳад ӯро бидӯшанд, кӯҳҳо бо абрҳои сиёҳ фаро гирифта мешаванд ва мардҳои беқарор лаҷомҳои аспҳои худро сар медиҳанд».
Фақат дар баъзе матнҳои алоҳида Варуна ҳамчун худои асосӣ ситоиш карда мешавад. Осмони рӯзона худои дигаре бо номи Дяус дорад, ки лақаби фахрии он «Питар», яъне «Падар» мебошад.
Як гурӯҳ худоҳои дигар ҳамчун таҷассумгари офтоб мебошанд. Аз ҳама одии онҳо «Суря» мебошад, ки маънояш «Офтоб» мебошад. Дигараш Савитри (Савитар), яъне «барқароркунанда», «зиндакунанда» мебошад. Дигараш Пушан — худои гармии офтоб, муҳофизи ҳайвонот ва ҳомии одамон ба ҳисоб меравад. Ба ин гурӯҳ Митраро низ даровардан лозим аст, ҳарчанд ки дар ведаҳо нақши он на он қадар муайян аст ва он бо Варуна якҷоя зикр мегардад. Митра дӯст ва муҳофизи одамон ба ҳисоб мерафт Ба ин гурӯҳ инчунин Вишнуро, ки дар ведаҳо нақши хоксоронае дорад, дохил кардан лозим аст. Вишну баъдтар ба фигураи муҳимтарини дини ҳиндуён табдил меёбад.
Баъзе худоҳои дигари ведӣ ҳамчун миёнарав байни одамону худоҳои осмон мебошанд. Масалан худои оташ Агни. Ба он то 200 гимн бахшида шудааст. Дар гимнҳо ба ӯ ҳамчун ба оташи барои қурбонӣ истифода мешудагӣ муроҷиат шудааст. Чунончи: «Туро, ки дар ҳар дарахт пинҳон будӣ, эй Агни, ангирасҳо (донишмандони қадимӣ) дарёфтанд. Ту дар натиҷаи соиш ҳамчун қувваи бузург тавлид меёбӣ».
Миёнарав будани оташ дар байни одамону худоҳо дар он зоҳир мегардад, ки оташ ҳангоми сӯзонидани қурбониҳо онҳоро ба осмон ба назди худоҳо мебарад. Чунончи: «Эй Агни, фақат он қурбонӣ ва он маросим ки ту онҳоро аз ҳама атроф фаро мегирӣ, ба назди худоҳо мераванд».
Асурҳо ва девҳо, қурбонӣ ва назру ниёз. Ҳамаи худоҳои ведӣ ба ду гурӯҳи бо ҳам муқобил ҷудо мешаванд: асурҳо ва девҳо. Ба гурӯҳи асурҳо Дяус, Варуна, Митра, Савитар, Адити (Худои Замин-Модар), вале худоҳои дигар ба гурӯҳи девҳо дохил буданд. Баъдтар асурҳо худоҳои бад ва девҳо худоҳои нек шуданд. Баъдтар ракшасҳо (арвоҳҳои бад) пайдо шуданд, ки Индра ва худоҳои неки дигар бо онҳо мубориза мебурданд.
Ҷои асосиро дар маросимҳои ведӣ тақдими қурбонию назру ниёз ишғол мекард. Бештар қурбонии бехунрезӣ тақдим мегардид, ба монанди сома (нӯшокии ба пиво ё шароб монанд), шири гов, равған, асал, нон. Ва тақдими ин назрҳо ҳамчун хӯрок додан ба худоҳо тасаввур мегардиданд. Назрдиҳанда мегуфт: «ана равған, куҷост тӯҳфаи ту?»
Ҳамин тавр, дини давраи ведӣ дини сода буда, нуқтаи марказии ин дин қурбонию назр пешниҳод кардан мебошад. Дар он вуҷуд доштани ягон ибодатхонае зикр нагардидааст. Ин дини сода инъикоси гузариши қабилаҳои ориёӣ аз сохти қабилавии ҷамъиятӣ ба сохти нави дигар буд.

Шарҳ баста аст.