географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Вазъияти кунунии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон

Пас аз барҳам хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ба душвориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Ихтилофҳои дохилӣ мамлакатро ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор намуд. Он ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт. Пастравии истеҳсолот дар саноат бештар ҳис карда мешуд. Ин ғайр аз ихтилофҳои дохилӣ сабабҳои объективӣ ҳам дошт. Корхонаҳои саноатӣ тахассусгардонидаи ҷумҳурӣ, ки дар алоқамандӣ бо корхонаҳои саноатӣ собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пайваста амал мекарданд, аз он маҳрум гардиданд. Дар натиҷаи ҷумҳуриро тарк намудани аҳолии русзабон миқдори мутахассисон ниҳоят кам гардиданд. Дар чунин шароити вазнин ҷумҳурӣ ба мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷараёни умумиҷаҳонии иқтисодӣ мустақилона пайваст гардидан кӯшиш намуд. Барои амалӣ гардидани ин мақсади судманду муҳим, ки ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мадад мерасонд, баъди чанд муддат Ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди иқтисодӣ қабул кард. Дар ин барнома самтҳои асосии инкишофи иқтисодиёти мамлакат пешбинӣ карда шудааст. Самтҳои асосии барномаро ҳалли масъалаҳои зерин ташкил менамояд:
1. Таъмин намудани мустақилияти иқтисодӣ, аз ҷумла энергетикӣ ва озуқаворӣ;
2. Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ;-
3. Амалӣ гардонидани барномаи иҷтимоӣ дар асоси паст намудани сатҳи камбизоатӣ;
4. Азнавсозии таркиби иқтисодиёт бо назардошти талаботи нави иқтисодию иҷтимоӣ;
5. Бо суръат инкишоф додани соҳаи кишоварзию агросаноатӣ аз нигоҳи таъмин намудани бехатарии озуқавории мамлакат;
6. Ривоҷ ва равнақ додани муносибатҳои бозоргонӣ ва соҳибкорӣ;
7. Барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат бештар ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ.
Дар асоси барномаи мазкур бисёр корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ хусусӣ гардонида шуданд. Дар хоҷагии қишлоқ колхоз ва совхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ табдил дода, душвориҳое, ки ба тағйир додани сохтори гузашта вобаста аст, бартараф шуда истодааст.
Яке аз масъалаҳое, ки бояд бе таъхир ҳалли худро ёбад, ин аз тамоили ашёи хомӣ дошта баровардани иқтисодиёт мебошад. Барои ин Тоҷикистон захираҳои табиӣ ва меҳнатии кофӣ дорад. Истифодаи ин сарватҳо барои инкишофи минбаъдаи иқтисодӣ ҳушёрии сиёсӣ, ягонагии халқ, дар рушди иқтисодӣ фаъолона иштирок намудани тамоми табақаҳои ҷамъият ва бештар ҷалб намудани маблағгузории хориҷӣ, ҳамгироии бозори ҷаҳонӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсиониро талаб менамояд. Ҳамаи ин нақша ва чорабиниҳои давлат барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ равона карда шудааст. Дар ҳалли он нақши асосиро соҳаи саноат мебозад. Таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии халқ, мустақилияти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бе саноати инкишофёфта ғайри имкон аст. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ саноат дар таркиби хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ишғол мекард.
Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба қатори ҷумҳуриҳои саноатию аграрӣ дохил мешуд. Дар қаламрави он зиёда аз 90 соҳаҳои хурду калон амал мекард. Ҳоло соҳаҳои асосии саноатро саноати сабук, фузулоти ранга, саноати кӯҳию истихроҷи маъдан, кимиёвӣ, машинасозӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ғайра ташкил менамояд. Инкишофи минбаъдаи саноат дар як вақт тадқиқи сарватҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи он, таҷҳизонидани корхонаҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон, барқарор намудани ҳамгироии онҳо ба корхонаҳои қаробати истеҳсолӣ доштаи собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва дигар мамлакатҳои бурунмарзиро талаб менамояд. Дар ҳалли инкишофи саноат сарватҳои табиӣ ва захираи зиёди он аз ҷумла сарватҳои энергетикӣ ва маъданӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина нерӯгоҳҳои мавҷудаи барқии обӣ аз нав таҷҳизонида як қатор истгоҳҳои нав сохта мешаванд. Ин барои истеҳсолу коркарди маъдан, бунёди корхонаҳои нави маъдантозакунӣ, инкишофи васеи соҳаҳои дигари саноат, хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт мусоидат менамояд. Ҳамаи ин дараҷаи иқтисодиёти мамлакатро баланд бардошта барои аҳолии мамлакат сатҳи баланди зиндагиро таъмин менамояд.

Шарҳ баста аст.