гимн, гимни точикистон, суруди милли, иншо,

Вазъияти ҳаёти маънавӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

Баъди инқирози сохти сотсиалистӣ дар кишвари мо низоми мафкуравии арзишҳои ба миллионҳо одамон муқаррарӣ низ рӯ ба дигаргуншавӣ овард. Он гуногунрангии маъниҳо арзи нестӣ кардан гирифтанд, ки тамоми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта буданд, ба одамон дар муайян кардани мавқеи худӣ дар ҳаёти ҷомеа ва ҳаллу фасл намудани масойили рӯзмарраи худ ёрӣ мерасонданд, онҳоро ба иҷрои амалу  рафтори мушаххас водор менамуданд. Дар ҷомеаи тоҷикистонӣ бӯҳрони хеле амиқи ғоявию маънавии дӯрудароз фаро расид. Хаёт тамоюлҳои  аниқ, баъзан ҳатто  маъниро ҳам  аз даст дод.

Холигии  мафкуравӣ тавассути  васоити  ахбори омма ба зудӣ бо дигар  арзишҳо —  худхоҳӣ (индивидуализм), парастиши пулу сарват, инчунин ақидаҳои динию симиёни аз лиҳози пайдоишу мӯҳтаво хеле гуногунранг саршор  гардид.  Муносибат ба ин  арзишҳои ҷадид дар ҷомеа  хеле  мураккаб аст. Аммо ҷавоб ба суоли муҳиме, ки шояд ҳар як  инсони тоҷиктаборро азият медиҳад, ҳаррӯз  ҳам  пайдо  нашуда. Чаро Тоҷикистон тамоми  солҳои  90 – ум  дар лаби  вартаи номуайянии арзишҳо қарор дорад, барои чӣ сатҳи зиндагии мардум паст рафта, бадахлоқӣ рӯ  ба тараққист, чӣ  бояд  кард, ки  кишвар наҷот ёбад? Тоҷикистонро чӣ ояндае интизор аст? Он чун  кишвари пешрафта эҳё мешавад, ё арсаи  таърихиро тадриҷан падруд гуфта, фано  мепазирад? Хулласи калом,  сухан роҷеъ ба дарёфти арзишҳои  олии маънавии нави аз ҷониби Тоҷикистону кулли мардуми тоҷик қабулшаванда меравад; арзишҳое, ки ба милиёнҳо одамон барои дарёфти тамоюлҳои маънии  ҳаётдоштаи  гумкардаашон кӯмак  карда  тавонанд. Ҳанӯз он ёфт нашуда – аммо оё аз дидгоҳи назариявӣ, фалсафӣ уммеде ҳаст ё не? Зеро ислоҳи ин вазъият танҳо вобаста ба андешидани чорабинию муқаррароти маъмурӣ нест, балки он зарурияти такомули диди арзишӣ ва умуман ҳаёти маънавии ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар доираи афкори муосири фалсафии мо андешаҳое, ки вобаста ба ин масъала баён мешавад, хеле гуногун ва аксар маврид бо ҳамдигар мухолиф мебошанд. Бештар зиддияти ин андешаҳо вобаста ба интихоби заминаи ислоҳ ва роҳи такомули диди арзишӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа аст ва усулан заминаи гуногунии андешаҳоро шартан ба омилҳои зерин метавон алоқаманд кард: а) роҳи такомули диди арзишӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа бояд дар заминаи низоми расман интихобгардидаи идоракунии ҷомеа ба амал ояд; б) роҳи такомули диди арзишӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа бояд дар асоси эҳёи анъанаҳои фарҳангии ниёгон ба амал ояд; в) роҳи такомули диди арзишӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа бояд дар асоси эҳёи анъанаҳои мазҳабии аъзоёни ҷомеа сурат гирад; г) роҳи такомули диди арзишӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа бояд дар асоси ба инобат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ, ҳарчи бештар наздик кардани диди арзишию намунаи рафтори аъзоёни ҷомеаи тоҷик бо диди арзишию намунаи рафтори аъзоёни ҷомеаҳои пешрафтаи дунё амалӣ  гардад. Ҳар кадоме аз ин ҷӯстуҷӯҳо бо вуҷуди пешниҳоди далелу бурҳони «қатъӣ» оид ба дурустии мӯҳтавои худ дар маҷмӯъ аз камбудиҳо холӣ нестанд. Роҳи дарёфти такомули диди арзишӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа дар сурати алоқамандона дар худ таҷассум кардани ҳам сифати касбкардаи низоми ҷамъиятӣ ва ҳам сифати ҷӯзъҳои ташкилдиҳандаи он метавонад ба муваффақият ноил ояд ва васеъ пазируфта шавад. Саҳнаи гуфтугӯи муфиди андешаҳои марбут ба ин масоил пешниҳодшавандаро, ки фазои низоми дунявӣ муҳайё месозад, аслан барои наздик сохтани мавқеъҳои гуногун хизмат мекунад.


Вазъияти хаёти маънави дар чомеаи муосири Точикистон

Шарҳ баста аст.