Вазифаҳо ва аҳамияти омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ

Вазифаҳои асосии омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ дар инҳо дида мешавад:

  1. Таъмин намудани шиносоии донишҷӯён бо давлат ва ҳуқуқ, нақши ҳуқуқшинос дар ҷамъият ва ҷалб кардани диққати онҳо ба зуҳуротҳои далатию ҳуқуқӣ;
  2. Таъмин намудани фаҳмиши амалии ҳуқуқии донишҷӯён, ки онҳо метавонанд онро дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ истифода намоянд;
  3. Гузоштани асосҳои фаҳмиши принсипу арзишҳои заминавӣ, ба монанди ҳуқуқи инсон, демократия, давлати ҳуқуқбунёд ва ҳоказо, ки ҳамчун заминаи Конститутсия, қонунҳо, низоми ҳуқуқӣ ва ҷамъият дар маҷмӯъ хизмат менамоянд;
  4. Ба тарбияи маданияти ҳуқуқӣ, ташаккули самаранокии вазъияти шаҳрвандӣ ва низоми ҳуқуқӣ мусоидат кардан;
  5. Инкишоф додани малакаҳои базавӣ, аз ҷумла тафаккури танқидӣ, рефлекс, маҳорати муҳокимаронӣ, муносибат доштан, мушоҳида кардан, ҳал намудани масъалаҳо.

Вазифаҳои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ аз инҳо бармеояд: муносибати ягонагӣ (ҳуқуқ ҳамчун низом бояд дар ягонагӣ ва низомнокӣ мувофиқи мантиқи дохилии худ омӯхта шавад; инсон мавҷудоти том буда, ҷаҳонро дар якҷоягӣ ба воситаи таассурот, ҳиссиёт, амал дарк менамояд, барои ҳамин ҳам онро бо ҳуқуқ бояд дар ягонагӣ тавассути ҷаҳони мафҳумҳо, ҳиссиёт ва ҳаракатҳои амалӣ шинос намуд; ҳуқуқ – ин низоми васеъ ва яке аз ҷабҳаҳои ягонагии ҷаҳон мебошад, барои ҳамин ҳам фаҳмидани ҳуқуқ танҳо ба воситаи худи он ғайриимкон буда, нишон додани нақши ҳуқуқ дар ҷамъият ва ҷаҳон, сарчашмаҳои ҳуқуқ, вобастагии манзалату камбудиҳои он аз сатҳи тараққиёти ҷамъият зарур аст); самти амалӣ (донишҷӯён ҳолатҳои воқеи ҳаётиро таҳлил менамоянд, машваратҳои ҳуқуқии амалӣ мегиранд; ба омӯзиши малакаҳои ҳуқуқии амалӣ (ҳалли масоили низоӣ, тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, муошират бо ҳуқуқшиносҳо, муносибат бо мақомоти давлатӣ ва инчунин гирифтани дигар малакаҳое, ки ба шаҳрвандони ғайриҳуқуқшинос дар ҳаёти муқаррарии ҷамъияти муосири демократӣ заруранд) машғул мешаванд); баҳисобгирии тамоюлҳо дар фаҳмиши ҳуқуқ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ (донишҷӯён оиди нақши ҳуқуқи инсон дар низоми муосири ҳуқуқ маълумоти зиёд мегиранд, муносибати нави сотсиологӣ ба ҳуқуқ на танҳо ба сифати маҳсули фаъолияти давлатӣ, балки ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд, дар он воситаву тарзҳои муосири ҳалли низоҳо (профилактика, гӯфтушунидҳо, медиация, консилиация, суди ҳакамӣ) фаҳмонда дода шудааст); баҳисобгирии психология ва манфиати донишҷӯён (ҷалби донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва манфиатдори ба ҳаёти ҷамъиятӣ; маводи мураккаби ҳуқуқӣ тавассути бозиҳои нақшӣ, тренингҳо, ҳалли масъалаҳо ва истифодаи дигар методҳои самаранок аз худ карда мешавад); нақши методикаи дарсдиҳии ҳуқуқ (агар ҳуқуқ бо «методҳои авторитарӣ» тадрис гардад, пас донишҷӯ низ бешуурона фаҳмишҳои ҳуқуқии навъи авторитариро аз худ мекунад, ки ин дар амалҳояш ифода мегардад; дар чунин ҳолатҳо ба дарсҳои лексионӣ вақти кам ҷудо гардида, ба истифода бурдани маводи ҳуқуқӣ ва инкишоф додани тафаккури эҷодӣ вақти зиёд дода мешавад); муносибати нишондиҳии амалӣ дар омӯзиши ҳуқуқ (дар истифодаи ин муносибат ҳуқуқ дар алоқаманди бо масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масоили ҷамъиятӣ омӯхта шуда, донишҷӯён ҷамъятро аз нигоҳи ҳуқуқ дарк менамоянд); низоми муносибати ахлоқию ҳуқуқӣ (дар вақти истифодаи ин муносибат донишҷӯён бояд ба таври низомнок фанҳои таълимии ҳуқуқиро, ки бо ахлоқи гуманистӣ, принсипҳои гуманистии ҳуқуқ ва анъанаҳои гуманистии таълимӣ асос ёфтаанд давра ба давра омӯзанд).

Аҳамияти омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ дар инҳо дида мешавад:

  • Дар додани донишҳои асосии ҳуқуқӣ ба донишҷӯён;
  • Дар шинос намудани донишҷӯён бо масоили воқеияти ҳуқуқӣ;
  • Дар баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии донишҷӯён;
  • Дар баланд бардоштани ҳисси ватанпарварӣ ва миллии донишҷӯён;
  • Дар дигар манфиатҳое, ки донишҷӯён аз омӯзиши фанни ҳуқуқ мегиранд.

Шарҳ баста аст.