Вазифаҳои сиёсатшиносӣ

Бояд гуфт, ки сиёсатшиносӣ ҳамчун илм дар ҷомеа як қатор вазифаҳои муайянро иҷро менамояд. Аммо аз миёни онҳо иҷроиши вазифаҳои зерин барои сиёсатшиносӣ хеле муҳим мебошанд:

  1. Вазифаи методологӣ. Сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни мустақил марҳила ба марҳила бо назардошти рушди ҷомеа барои омӯзиши масъалаҳои алоҳидаи сиёсӣ, равандҳои мухталифи сиёсӣ, коркарди қонуният ва категорияҳои илми сиёсӣ муносибатҳои методологӣ ва методҳои таҳқиқотии навро ба вуҷуд меоварад. Ин аст, ки сиёсатшиносӣ барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои алоҳидаи сиёсӣ ва худи сиёсат айни замон шумораи зиёди муносибатҳои илмию методологиро дар назди худ нигоҳ медорад. Қонуниятҳо, категорияҳо ва консепсияҳои асосии сиёсатшиносӣ дар самти омӯзиши воқеияти сиёсӣ асоси назариявӣ ва базаи методологӣ маҳсуб меёбанд.
  2. Вазифаи идеологию тарбиявӣ. Маҳз фанни сиёсатшиносӣ имкон медиҳад, ки дар ҷомеа шуури муайяни сиёсӣ ташаккул дода шавад ва дар асоси он маданияти сиёсии нав ба вуҷуд ояд. Инчунин, сиёсатшиносӣ дар коркарди ҳадафҳои арзишманди иҷтимоию сиёсӣ низ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, сиёсатшиносӣ дар раванди равшан сохтани моҳият ва мундариҷаи консепсия ва фарзияҳои сиёсӣ ба таҳлили танқидӣ машғул гардида, амалишавии мақсадҳои сиёсӣ ва идеалҳои синфи ҳукмронро дар ҷомеа таъмин менамояд. Ғайр аз ин, сиёсатшиносӣ идеалҳои мушаххаси ҷамъиятиро ҳимоя намуда, ба воситаи шаклҳои мухталифи маълумоти сиёсӣ дар мустаҳкамгардонии системаи сиёсии ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
  3. Вазифаи маърифатӣ. Сиёсатшиносӣ дар асоси таҳлили алоқамандии сабабу натиҷа имкон пайдо менамояд, ки қонуниятҳои объективии рушди равандҳои сиёсиро равшан созад. Сиёсатшиносӣ ба воситаи иттилоот ва маълумоти нави бадастомада, ки роҷеъ ба воқеияти сиёсӣ мебошад, тамоюлҳои асосии рушди сиёсиро асоснок мегардонад. Гузашта аз ин, сиёсатшиносӣ воситаи дарк ва маърифати воқеияти сиёсӣ мебошад ва доимо кӯшиш менамояд, ки ба саволҳои зерин посух гардонад: барои чӣ, чӣ гуна ва бо кадом сабаб маҳз ҳамин гуна ҳодисаҳои сиёсӣ ба вуҷуд омаданд ва барои чӣ онҳо ин гуна хусусият доранд?
  4. Вазифаи ояндабинӣ. Сиёсатшиносӣ ва донишҳои сиёсӣ на танҳо қодиранд, ки ба воқеияти сиёсии имрӯза баҳогузорӣ намоянд, балки онҳо дар шакли ояндабинӣ хусусиятҳои муҳимми рушду инкишофи ояндаи соҳаи сиёсатро низ пешгӯӣ карда метавонанд. Ояндабинии сиёсат тамоюле мебошад, ки барои муайян кардани таҷрибаҳо равона гардида, бо назардошти рушди сиёсат ва қонуниятҳои объективии ҷомеа моделҳои назариявии рушди равандҳои сиёсиро тарҳрезӣ менамояд.
  5. Вазифаи инструменталӣ. Иҷроиши вазифаи мазкур бо амалияи сиёсат алоқамандии зич дорад. Иҷроиши ин вазифа тақозои онро менамояд, ки барои таъсири амиқ расонидан ба воқеияти сиёсӣ тавсияҳо, воситаҳо ва методҳои гуногун ба вуҷуд оварда шавад. Инчунин, кӯшиши бо кадом роҳу восита ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва кӯшиши пешгирӣ намудани тағйиротҳои нолозим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа моҳияти вазифаи инструменталиро ташкил медиҳад. Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур роҳу воситаҳои гуногун ба вуҷуд оварда мешаванд.

Ҳамин тариқ, сиёсатшиносӣ дар низоми донишҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ мавқеи махсусро ишғол намуда, воқеияти сиёсиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва ояндабинии онро низ амалӣ мегардонад. Инчунин, сиёсатшиносӣ низоми мукаммали донишҳои назариявӣ ва амалиро ташаккул дода, дар танзими муносибатҳои сиёсии одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад. Сиёсатшиносӣ ба таҳқиқи арзишҳои сиёсӣ машғул гардида, идеалҳои мушаххаси сиёсиро ба вуҷуд меоварад ва роҳу воситаҳои дар амал татбиқ намудани онҳоро пешкаш месозад.

Шарҳ баста аст.