Вазифаҳои элитаи сиёсӣ

Элитаи сиёсӣ унсури муҳимтарини системаи сиёсӣ ва воситаи ба амал баровардани ҳокимият мебошад. Элитаи сиёсӣ ҳамзамон қисми таркибии ҳукмронии иҷтимоию сиёсӣ мебошад. Маҳз дар зери таъсири фаъолияти элитаи сиёсӣ муносибатҳои сиёсӣ ташаккул меёбанд. Намояндагони элитаи сиёсӣ малакаи идоракунии сиёсиро соҳиб буда, барои муаррифии манфиатҳои иҷтимоии омма доимо омода мебошанд. Элитаи сиёсӣ бо истифода аз ҳокимияти сиёсӣ дар ҷомеа як қатор вазифаҳои муҳимро иҷро менамояд. Пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои муҳимми табақаҳои ҷамъиятӣ, ташаккули иродаи сиёсӣ ва мақсадҳои стратегӣ, дар амал татбиқ намудани мақсадҳои мазкур вазифаҳои асосии элитаи сиёсӣ дониста мешаванд. Элитаи сиёсӣ дар муқоиса бо дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ҷамъиятӣ нисбатан мустақил мебошад. Зеро салоҳият ва ваколатҳои сиёсӣ дар дасти он қарор доранд. Бинобар ин, элитаи сиёсӣ дар самти ҳимояи манфиатҳо муваффақияти бештар пайдо менамояд ва мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкам месозад. Дар мавридҳои мушаххас элитаи сиёсӣ қарорҳое қабул менамояд, ки баъзе аз табақаҳои ҷомеа ба муқобили он баромад менамоянд. Аммо чунин ҳолат ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки элита дар муқобили онҳо фаъолият бурда истодааст. Элитаи сиёсӣ нисбат ба дигарон манфиатҳои миллию давлатӣ ва манфиатҳои умумии ҷомеаро хубтару беҳтар дарк менамояд.

Ҳамин тариқ, элитаи сиёсӣ ҳамчун гурӯҳи ҳукмрон на танҳо ҳимоятгари манфиатҳои як гурӯҳи маҳдуд, балки ташаккулдиҳандаи манфиатҳои умумии ҷомеа низ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар амал татбиқ намудани мақсадҳо ва стратегияҳои давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бо истифода аз ҳокимият ташаккул додани муносибатҳои сиёсӣ вазифаҳои муҳимтарини элитаи сиёсӣ ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, элитаи сиёсӣ ба коркарди сиёсати давлатӣ ва стратегияҳои сиёсӣ машғул гардида, доимо кӯшиш менамояд, ки онҳоро дар амал табиқ созад. Элитаи сиёсӣ доимо кӯшиш менамояд, ки на танҳо пайравон ва ҷонибдорони худро аз даст надиҳад, балки сафи онҳоро зиёд намояд. Зеро интихобот ва натиҷаҳои он барои элитаи сиёсӣ хеле муҳим буда, он метавонад мавқеи элитаро мустаҳкам ва ё ноустувор гардонад. Аз ин рӯ, элитаи сиёсӣ кӯшиш менамояд, ки арзишҳо ва идеалҳои мавҷудаи ҷомеаро ҳифз намояд ва оммаи мардумро ба самти муайян сафарбар созад. Ҳамин тариқ, вазифаҳои иҷтимоию сиёсии элитаи сиёсиро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

– бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои умумии ҷомеа коркарди сиёсати давлатӣ ва дар амал татбиқ намудани он;

– ифода ва ҳимояи манфиатҳои синфе, ки элитаи сиёсӣ намояндаи он ба шумор меравад ва дар заминаи он ташаккул додани манфиатҳои гурӯҳӣ;

– дар асоси арзишҳои ҷомеа ва меъёрҳои системаи сиёсӣ ба вуҷуд овардани созиши ҷамъиятӣ;

– бо мақсади устувор нигоҳ доштани мавқеи худ, самаранок гардонидани фаъолияти худ ва ба даст овардани ғолибият дар интихобот элитаи сиёсӣ ҳар чи бештар кӯшиш менамояд, ки сафи пайравон ва ҷонибдорони хешро зиёд намояд;

– муайян намудани мақсадҳои стратегии давлат ва дар амал татбиқ сохтани онҳо;

– нигоҳ доштани устувории ҷомеа;

– мустаҳкам намудани пояҳои ҳокимият;

– муттаҳид намудани ҷомеа;

– ба ҳам наздик намудани манфиатҳои аъзоёни элитаи ҳукмрон.

Мақсадҳои ягона элитаи ҳукмронро то дараҷаи зарурӣ муттаҳид менамоянд. Аммо баъзан бинобар сабаби таркиби мураккаби он ва аз қишрҳои гуногун таркиб ёфтани он дар миёни намояндагони элитаи ҳукмрон муборизаҳои шадид низ ба амал меоянд.


Калидвожаҳо: Вазифахои элитаи сиёси.

Шарҳ баста аст.