Вазифаҳо ва сохтори сиёсат

0
28

 Мазмун ва моҳияти сиёсат ба воситаи вазифаҳое, ки аз ҷониби он дар ҷомеа иҷро мегарданд, ифода меёбад. Сиёсат ҳамчун соҳаи махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ доираи васеи масъалаҳоро фаро гирифта, ба тамоми унсурҳои ҷомеа таъсири худро мерасонад. Ҳамин тариқ, чунин вазифаҳои сиёсатро муайян намудан мумкин аст:

1.Таъмини тақсимнопазирӣ ва устувории ҷомеа.

Загрузка...

2.Таъмини иртиботи аҳолӣ бо системаи сиёсӣ.

3.Ифодаи манфиатҳои табақаҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ.

4.Иҷтимоикунонии сиёсӣ.

5.Таъмини рушду инкишофи пай дар пайи ҷомеа.

6.Роҳбарӣ ва идоранамоии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ.


Сохтори сиёсат аз мундариҷа, шакл ва раванди сиёсӣ иборат аст.

Мундариҷаи сиёсат дар ҳалли масъалаҳое ифода меёбад, ки мақсад ва ҳадаф, манфиат ва мавқеъ, арзишҳо, барномаҳо ва доктринаҳо, механизм ва технологияи қабули қарори сиёсиро дар бар мегирад.

Шакли сиёсат ин ифодаи институтсионалии сиёсат, ташкили сохтори он, инчунин меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва анъанаҳои сиёсӣ буда, барои муътадил нигоҳ доштан ва танзим намудани рафтори сиёсии одамон ва инчунин нигоҳ доштани тавозуни ҷамъиятӣ хизмат менамояд. Шакли сиёсат сохтори ташкилии онро ифода менамояд. Чунончи, институтҳои системаи сиёсӣ –давлат, қисмҳои таркибии он, шохаҳои ҳокимият; системаҳои ҳизбӣ; гурӯҳҳои манфиатдор; меъёрҳои иҷтимоӣ – урфу одат, анъана, қонунҳо ва ғ.

Раванди сиёсӣ ин ба вуҷуд овардани муносибатҳо миёни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, институтҳои сиёсӣ ва одамони алоҳида мебошад. Раванди сиёсӣ ифодакунандаи хусусияти мураккаб, гуногунҷабҳа ва ихтилофноки фаъолияти сиёсӣ, инчунин омилҳои зеҳнӣ, иродавӣ ва иҷтимоию психологии сиёсат мебошад.