Вазифа, мақсад ва мақоми назарияи иқтисод

0
143

Чӣ тавре хонандагони арҷманд аз мутолиаи саволҳои пешин огоҳанд, байни иқтисоддон на танҳо нисбати субъекту объект, предмету метод, давраю зинаҳои рушд, балки вазифаю мақсад ва мақоми назарияи иқтисод низ ҳамфикрию ҳамдигарфаҳмии кул ё худ мутлақ вуҷуд надорад.

Мавзӯҳои пурраи иқтисодиро инҷо мутолиа намоед >>> НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Шиносоӣ бо китобу дастурҳои мавҷудаи таълимию методӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бештари муаллифон илми иқтисод(на-зарияи иқтисоди)-ро бидуни истифодаи таҷрибаи гузаштаю ҳо-зира, эҳсосияту хулосабарорӣ, баназаргирии хусусиятҳои давраи рушди иқтисодӣ, низомҳои мухталифи иқтисодӣ, масоили иқти-содиву иҷтимоӣ ва амалӣ гардондани сиёсати иқтисодии давлат тасаввур карда наметавонанд. Онҳо ақида ба он доранд, ки назарияи иқтисод барои таҳлилу таҳқиқи чунин вазифаҳо (функсияҳо) омода бояд бошад:

Загрузка...

– дарк ё худ эҳсоси равандҳои иқтисодӣ;

– тавсифи тарзу услуби тадкиқот барои илмҳои мушаххаси иқтисодӣ;

– истифодаи таҷрибаи хоҷагидорӣ, гузаронидани “экспериментҳо”, ислоҳотҳо;

– санҷидани натиҷаҳои тадқиқотҳои назариявӣ ва истифодаи факту рақамҳо дар амалияи хоҷагидорӣ ва ғайра.

Бо ибораи дигар, онҳоро чунин тасниф кардан мумкин аст:

  1. вазифаи эҳсос ва дарки ҷараёнҳои иқтисодӣ;
  2. вазифаи методологӣ;
  3. вазифаи амалия ва таҷриба (эксперимент);
  4. вазифаи таҳлилу тафриқасозии факту рақамҳо ва дурнамоии онҳо.
  5. Эҳсос ва дарки равандҳои иқтисодӣ. Натиҷагирӣ аз мазмун ва мундариҷаи саволҳои пештара аз он гувоҳӣ медиҳад, ки илми назарияи иқтисод, афзалиятан дар асоси методи таҷрид “абстраксия” сурат мегирад. Ба ин васила зарурат ба фаҳмидан ва донистани ҷараёнҳои объективии иқтисод, берун аз майлу хоҳиши инсоният ба вуҷуд омада (дар зинаҳои ибтидоӣ то давраи рушди тоиндустриалӣ) тибқи эҳсос(интуитсия)-и илмӣ ба роҳ монда мешавад.

Сатҳу дараҷаи эҳсос, густариш ва инкишофи он, мустақиман ба сатҳ ва дараҷаи рушди истеҳсолоти ҷомеавӣ вобаста мебошад. Маҳз, зинаҳои рушди иқтисод, шоҳсутун ва омилҳои муайянкунандаи сатҳи эҳсос ва дарки ҳодисаву ҷараёнҳои иқтисодӣ мегарданд. Дар асоси эҳсос ба низоми муайян даромадани ҳодисаҳои иқтисодӣ яке аз сабабҳои рушду нумӯъи муносибатҳои сармоядорӣ мегардад.

Баробари ривоҷу равнақ ёфтани ҷомеаи сармоядорӣ, амиқ гаштани раванди инқилоби саноатии асри ХIХ (ба вуҷуд омадани соҳаҳои нави саноат, кашфиётҳои зиёди техникию технологӣ, печҳои пӯлодгудозии доменавӣ ва мартенӣ, двигателҳои чортактаи дарунсӯз, кафшерҳои электрикӣ, соҳаи нави химия, алюминий, электроэнергетика ва ғайра) ҷараёни тавлидоти ҷомеавӣ ва бозор (муомилот) низ густариш меёбад. Аз ин ҷиҳат вазифаи дарккунии илми иқтисод ба миён меояд. Дарк – услубест, ки тибқи қобилияти ақлонӣ (зеҳнӣ) инсон моҳияти аслию ҳақиқӣ, вобастагии дохилию берунӣ, алоқаҳои доимӣ, дигаргуншавиҳои сифатию миқдорӣ, зинаҳои таҳаввул ва рушди ҳодисаву равандҳои иқтисодиро дониставу фаҳмида мегирад. Он дар асоси услубҳои таҳлилу синтез, абстраксия, таҳлили мантиқию таърихӣ ва ғайра ба амал бароварда мешавад.

  1. Вазифаҳои методологӣ. Назарияи иқтисодӣ – узви муҳим-тарини илми иқтисод, барои дигар фанҳои мушаххаси иқтисодӣ ва соҳавӣ ҳамчун таҳкурсӣ, манбаи коркарди восита, услуб ва шоҳроҳи асосии ташаккул ва инкишофу дурнамо хизмат карда, дар шакли фишурда, равиш ва самту равияи инкишоф ва таҳав-вули онҳоро муайян менамояд, вале ҳаргиз махзани тавлиди низомномаю дастурамалҳо барояшон намебошад.

Фанҳои умумииқтисодӣ, мушаххаси иқтисодӣ ва соҳавӣ дар асоси метод ва принсипҳои муайян кардаи назарияи иқтисодӣ метавонанд ба роҳ монда шаванд. Аз ин нуктаи назар байни назарияи иқтисод (иқтисоди сиёсӣ) ва фанҳои номбаршуда, робитаи доимӣ ва устуворе ба миён меояд, ки асоси методологии онро назарияи иқтисодӣ ташкил медиҳад.

Масалан, методологияи илмҳои иқтисодӣ дар шароити бозор ба принсипу методҳои фанни “Экономика” (экономикс) қа-рор доранд, ки таҳкурсии онҳоро моликияти хусусию механизми бозор (тақозо, арза, рақобат, нарх, фоида) ташкил медиҳад.

Бояд иқрор шуд, ки назарияи иқтисод ё худ “Экономикс” – ҳамчун илм ҷараёнҳои иқтисодиро худ аз худ ташкил ва амалӣ гардонда наметавонад. Онҳо гарчанде мустақил бошанд ҳам, мустақиман зери байрақ ва нуфузи сиёсати иқтисодии давлат, ҷараёни истеҳсолу истеъмол, тақсиму мубодилаи неъмату сар-ватҳо, вазъи синфҳо ва ғайра сурат мегиранд.

  1. Вазифаи амалия ва таҷриба. Илми иқтисод соф хислати назариявӣ (абстрактӣ) надорад. Ҷараёнҳои иқтисодӣ амсоли тани солим тавлид ва густариш меёбанд. Иқтисод ҳаёт аст ва охирон, бурду бохти хоҷагидориро муайян мекунад. Аз ин ҷо вазифаи дигари назарияи иқтисодӣ – амалия ба миён меояд.

Ҳадаф аз он дар амалия таъмин кардани сиёсати иқтисодии давлат, танзим ва такмили иқтисод, планкашӣ, идора, ҳавасман-дӣ, сиёсати пул, молия ва ғайра мебошад. Мисоли ин гузаронидани ислоҳотҳо дар иқтисодиёт буда метавонад. Худи мавҷуди-яти низоми иқтисодии амрӣ (сотсиализм) – эксперимент буд.

Таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки тӯли ду садсолаи охир дар мамоликҳои гуногун, вобаста ба нерӯ ва ҳалли вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ислоҳотҳои иқтисодии зиёде гузаронида шудаанд (масалан, ислоҳотҳои солҳои 1861, 1913 – ислоҳот дар бораи замин дар Русия, ислоҳотҳои солҳои 20-30-юм, 60-70 ва 80-ӯм дар СССР, 90-ӯм дар СНГ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра), ки онҳо мустақиман, барои рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд. Онҳо дар навбати худ санҷиш, мулоҳиза, таҷриба ба низом ва тамсилаи муайян даровардани иқтисодиёт, тарҳрезӣ ва барномасозии ҷорию дурбиниро (перспективиро) талаб мекунад, ки бешубҳа ба масрафи (хароҷотӣ) илова (чӣ аз ҳисоби соҳибкор ва чӣ аз ҳисоби давлат) имконнопазир мебошад.

Шояд қайд кардан зарур бошад, ки соҳибкорон, бештар барои ташкил кардани ҷараёнҳои истеҳсолот, беҳтар кардани кору меҳнат, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, самаранокии истеҳсолот, кам кардани хароҷот, ташкили низоми ҳаққӣ меҳ-нат, ба даст даровардани даромаду фоидаи барзиёд, ғолиб омадан дар ҷараёни рақобат, омӯхтани бозор ва ғайра маҷбуранд, ки баъзан аз экспериментҳои сермасраф истифода намоянд.

  1. Таҳлили факту рақамҳо. Таҳлилу ба як низоми муайян даровардани ҳодисаҳои иқтисодӣ, ё худ хулоса кардан аз истифодаи факту рақамҳо ва мустаҳкам кардани он бо назария яке аз вазифаҳои муҳимтарини назарияи иқтисодӣ мебошад.

Ҳаёти иқтисодӣ ҳамчун сарҷамъи беҳадду канори ҳодиса ва ҷараёнҳои иқтисодии ҷудогонаю пароканда ва дар асоси қонуну қонуниятҳои ғайринизомии танзимшаванда қарор мегирад. Аз ин рӯ восита ё худ фишанге заруранд, ки фаъолияти харҷу марҷ (бесару сомон) бо ёрии он ҳисобу китоб ва танзим карда шуда, ба ягон мақсад равона карда шавад. Барои ҳаллу фасли ин мақсад, назарияи иқтисод услубҳои таҳлил, тафриқабандӣ (ба гурӯҳҳову қисматҳо ҷудо кардан), истиқрор (ба меъёр ва низоми муайян даровардан) ва мушоҳидаи факту рақамҳои бесару сомонро пешбарӣ менамояд. Вай факту рақамҳои “эмперикиро” (таҳлилу таҷрибашавандаро) зери мантиқи ягона муттаҳид намуда, дар асоси таҳлили онҳо хулосаҳои назариявӣ бароварда, қонуну қонуниятҳо ва принсипҳои амали онҳоро муайян менамояд. Дар натиҷа инъикоси аслию ҳақиқии онҳо ҳодисаҳои таҳлил ва даркшавандаро бо воситаи мафҳум ва қонунҳои иқтисодӣ тасвир менамояд. Онҳоро баҳри шарҳу эзоҳи факту рақамҳо равона карда, ба забони ҳол (гӯё) меорад ва буду шуди тафаккури иқтисодиро муайян месозад.

Илми назарияи иқтисод дар мояи факту рақамҳои мӯъта-қид(эътимоднок)-и ҳаёти пасинаву ҳозира, натиҷаҳои ҷадиди (тару тозаи) ба миён омада, вазъу ҳолати ояндаи ҷомеаро тасвир ва пешбинӣ карда метавонад. Вале ин дурбинии дарозмӯҳлат, ки афзалиятан ба қонунҳои статистикӣ (оморӣ) такя мекунанд, хоҳ но хоҳ сирати (характери) эҳтимолӣ пайдо мекунанд ва аз ин лиҳоз вазифаи пешбинии он ба миён меояд.

Дар асоси вазифаҳои мазкур мақсади назарияи иқтисодиро ҳамчун кулли васоил таҳлилу таҳқиқ ва тарзу услуби истифодаи захираҳои иқтисодии комёбу маҳдуди ҷомеа, таъмини муозини раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ (истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол), озодии иқтисодӣ, нарх, даромад, шуғли аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, раванди иқтисодиву иҷтимоӣ, сатҳи некӯаҳволии мардум ва дар мояи онҳо қонеъ гардондани ниёзу эҳтиёҷӣ мардум ва ғайра тасаввур мекунанд.

Вазифа ва мақсади назарияи иқтисодӣ мустақиман бо воситаи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ва сиёсати иқтисодии давлат ба роҳ монда мешавад. Охирон, ба мақсади омодасозию ҳаллу фасли вариантҳои муносибтарини иқтисодӣ, такмил ва рушди иқтисоди миллӣ, механизми иқтисодӣ бозорӣ, ривоҷу равнақ додани муносибатҳои молиявӣ (пул, андоз, будҷа, бонк…) ба мақсади баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии оммаи халқ нигаронида мешавад. Вобаста ба давра ва марҳалаҳои тараққиёт, ҳаллу фасли вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳархела сурат мегирад.

Назарияи иқтисод, гарчанде масоили умдаи башарият ба дӯши он вогузошташуда бошад ҳам дар яккаву танҳо, бидуни илмҳои дигар (фалсафа, таърих, сиёсат, психологияи иҷтимоӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра) раванди мураккабу бисъёрҷаб-ҳаи ҷамъиятро таҳлилу таҳқиқ карда наметавонад. Он ҳамчун илми асил. гузоришоти худро дар мояи истифодаи натиҷаҳои илмҳои дақиқӣ ҷаҳони муосир (физика, химия, астрономия, кибернетика ва ғайра) ба роҳ мемонад.

Таҳкурсии назарияи иқтисодро ғояҳои фалсафа – ҳастӣ, тафаккур, ҳаёти моддӣ, сабабу натиҷа, зиддият, инкору инкор, дарку хулосабарорӣ ва ғайра ташкил медиҳад.


Вазифа, максад ва макоми назарияи иктисод, вазифахои назарияи иктисод, максади назарияи иктисод