Вазъи ҳуқуқии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

Вазъи ҳуқуқии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) баъди омӯзишу таҳлилӣ тадқиқотҳои олимон[1] ва қонунгузорӣ[2] муайян гардидааст. Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» истилои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мумкин аст бо истилои хоҷагии деҳқонӣ истифода гардад.

  1. Мафҳум ва қонунгузории хоҷагии деҳқонӣ. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) – субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллуқдошта ташкил медиҳанд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқие, ки вазъи ҳуқуқии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро муайян менамоянд, инҳоянд: Конститутсияи ҶТ; Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»; дигар қонунҳои ҶТ вобаста ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ); санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки ҶТ онҳоро эътироф кардааст; санадҳои зериқонунии ҶТ бахшида ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ).

Дар муайян намудани вазъи ҳуқуқии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» нақши бениҳоят калон дорад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро муайян менамояд.

  1. Асосҳои ташкилёбии хоҷагии деҳқонӣ. Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» хоҷагии деҳқониро метавонад ҳар як шаҳрванди қобили амал ташкил намояд. Хоҷагии деҳқониро метавонанд як шахс, як оила ё гурӯҳи шахсон ташкил диҳанд.

Хоҷагии деҳқонӣ дар шаклҳои зерин ташкил шуда метавонад: хоҷагии деҳқонии фардӣ – хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти меҳнатӣ ба соҳибкории як шахс асос ёфтааст; хоҷагии деҳқонии оилавӣ – хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти меҳнатӣ дар шакли соҳибкории оилавӣ дар заминаи моликияти якҷоя асос ёфтааст; хоҷагии деҳқонии шарикӣ – хоҷагии деҳқоние, ки дар заминаи моликияти умумии ҳиссагӣ ташкил шуда, фаъолияти хоҷагидории онро шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя муайян мекунад.

Ба хоҷагии деҳқонӣ падару модарон, ҳамсар, фарзандон ва дигар шахсони қобили меҳнат, ки якҷоя дар хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, метавонанд аъзои он бошанд. Узвият ба хоҷагии деҳқонӣ дар асоси сабти ном дар дафтарчаи меҳнатӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ муайян карда мешавад. Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дохил намешаванд.

Узви хоҷагии деҳқонии фардӣ ва аъзои хоҷагии деҳқонии оилавӣ метавонанд мутобиқи Кодекси граждании ҶТ дар заминаи молу мулки хоҷагӣ ширкати хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолии (кишоварзии) дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳанд. Таъсис додани ширкати хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолии (кишоварзии) дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби хоҷагии деҳқонии шарикӣ бо ризоияти хаттии аъзои он сурат мегирад.

Қитъаи замин бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба истифодаи якумраи меросӣ дода мешавад. Қитъаи замин ба шаҳрвандони ҶТ барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ба андозаи зерин дода мешавад: аз заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ – ба андозаи саҳми миёнаи замини дар ҳамин ташкилот барои ҳар як узв муайяншуда; аз заминҳои фонди махсус ба ҳар як узви қобили амал, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро дорад – ба андозаи саҳми миёнаи замин, ки дар маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин муайян карда шудааст.

Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти андози маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон мақомоти омори давлатии маҳаллӣ онро сабт мекунад. Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқониро дар дафтари хоҷагӣ ба қайд мегирад ва маълумоти асосиро оид ба фаъолияти он сабт менамояд.

  1. Асосҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ. Хоҷагии деҳқонӣ фаъолияташро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Хоҷагии деҳқонӣ дар баробари ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷузъи баробарҳуқуқи низоми иқтисодӣ мебошад. Ҳамаи амалиёти хоҷагидории он мутобиқи созиши тарафайн аз рӯи ҳисоббаробаркунии нақдию ғайринақдӣ сурат мегирад. Хоҷагии деҳқонӣ сохтор ва тарзи истеҳсолотро бо назардошти манфиатҳояш мустақилона муайян мекунад. Хоҷагии деҳқонӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, мӯҳру бланкаҳоро бо номи худ доро мебошад.

Самтҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда иборатанд. Хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи қонунгузорӣ метавонад бо дигар намуди фаъолият, аз ҷумла ба фаъолияти иқтисодии берунӣ низ машғул шавад. Хоҷагии деҳқонӣ молики маҳсулоти истеҳсолкардааш буда, онро бо салоҳдиди худ ба фурӯш мебарорад. Ҳангоми истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин фурӯши он хоҷагии деҳқонӣ ӯҳдадор аст, ки меъёру қоидаҳои санитарӣ ва экологиро мутобиқи қонунгузорӣ риоя намояд. Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ манъ аст.

Мақоми роҳбарикунандаи хоҷагии деҳқонӣ маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ ва сардори хоҷагии деҳқонӣ ба шумор мераванд. Маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ мақоми олии роҳбарикунандаи он мебошад. Ба салоҳияти маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ инҳо дохил мешаванд: ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ; қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва хориҷ намудан аз узвият; ба вазифа интихоб намудан ва аз вазифа озод кардани сардори хоҷагӣ; баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботҳои солона ва муҳосибавӣ; тақсими даромади хоҷагии деҳқонӣ; қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ё барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ; баррасии дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузорӣ. Сардори хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти хоҷагиро дар доираи талаботи қонунгузорӣ, қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои он ба роҳ мемонад. Сардори хоҷагии деҳқонӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад: ба фаъолияти хоҷагӣ роҳбарӣ менамояд; ваколатнома медиҳад; аз номи хоҷагӣ бе ваколатнома амал мекунад; шаҳрвандонро мутобиқи шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул ва аз кор озод мекунад; ҳисоб ва ҳисоботдиҳиро дар хоҷагӣ ба роҳ мемонад; манфиатҳои хоҷагиро дар муносибатҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо мақомоти давлатӣ намояндагӣ мекунад; дигар ваколатҳоро дар доираи шартномаи якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ иҷро менамояд.

Хоҷагии деҳқонӣ бо қарори маҷлиси аъзоён метавонад дигар шаҳрвандонро ба узвият қабул намояд. Саҳми замини шаҳрвандоне, ки ба аъзогӣ қабул шудаанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии заминсозӣ муайян карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад.

Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад: дар замин мустақилона хоҷагидорӣ намояд, аз ҷумла оид ба интихоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мустақилона қарор қабул кунад; қитъаи замин ё як қисми онро ба иҷора диҳад; дар мавриди аз тарафи давлат гирифтани қитъаи замин ҷуброни зарарро мутобиқи Кодекси замин ва Кодекси граждании ҶТ талаб намояд; соҳиби маҳсулоти истеҳсолкардааш ва даромади аз фурӯши он гирифтааш бошад; аз истифодаи замин бо ризоияти аъзоён ихтиёран даст кашад; аз маъданҳои маъмул (рег, шаҷал, гил, санг, манбаъҳои об) ва дигар унсурҳои фоиданоки қитъаи заминаш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истифода барад; молу мулки ташкилотҳо ва шаҳрвандонро харидорӣ намояд, ба иҷора гирад ё муваққатан истифода барад; барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ шартномаҳо бандад; дар мавриди беш аз як гектар будани масоҳати қитъаи замин дар асоси лоиҳаи заминсозӣ бинои ёрирасон (бошишгоҳи саҳроӣ) созад; бо ризоияти аъзо ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба гарав монад; аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода барад.

Узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад: новобаста аз ризоияти дигар аъзои хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи саҳми худ ба замин ва ба молу мулк аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ барояд; дар ҳолати тақсимнашаванда будани молу мулк ҷуброни онро ба тариқи пулӣ талаб намояд; мутобиқи саҳми замини худ ба таври ҷудогона хоҷагии деҳқонӣ таъсис диҳад; саҳми замини худро ба шахси дигар диҳад; ҳуқуқи истифодаи саҳми замини худро ба гарав гузорад; дар тақсими маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯши он иштирок намуда, аз даромади он ҳиссаи худро талаб намояд; аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода барад.

Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он ӯҳдадоранд: заминро мутобиқи таъиноти мақсаднок истифода баранд; заминро ҳосилхез намуда, ҷиҳати ҳифзи замин, ҷангал ва об тадбирҳо андешанд; дар заминҳои обӣ киштгардон ва истифодабарии обро вобаста ба намуди зироатҳо дар асоси нақшаи истифодабарии об ба роҳ монанд; заҳбуру заҳкашҳои дахлдори худро тоза кунанд; ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба бад шудани вазъи экологӣ ва ҳолати мелиоративии замин роҳ надиҳанд; андози замин ва дигар намудҳои андозро дар мӯҳлатҳои муайянкардаи қонунгузорӣ пардохт намоянд; музди истифодаи об, барқ ва ғайраро дар мӯҳлати муайяншуда пардохт намоянд; музди меҳнат ва фоидаи холисро дар мӯҳлати муайяншуда тақсим карда диҳанд; низоми ҳисоботи муҳосибавиро риоя намоянд; барои аз касалиҳо пешгирӣ намудани ҳайвонот ва растанӣ тадбирҳо андешанд; маълумотро дар бораи ҳолат ва истифодаи замин дар мӯҳлати муайяншуда ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ ва омории ноҳия (шаҳр) пешниҳод намоянд; ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва низоми ҳисобу китоби қарзиро риоя намоянд; ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд.

Дар хоҷагии деҳқонӣ асосан аъзои худи хоҷагӣ меҳнат мекунанд. Иҷрои корҳо бо ҷалби шаҳрвандони дигаре, ки аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, тибқи қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешавад. Музди меҳнати шаҳрвандоне, ки шартномаи меҳнатӣ бастаанд, ба хароҷоти ҷорӣ дохил шуда, дар навбати аввал пардохта мешавад. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки тариқи шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳо ба хоҷагии деҳқонӣ ҷалб карда мешаванд, аз ҳамаи ҳуқуқҳои бо қонунгузорӣ пешбинигардида истифода мебаранд. Ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ бояд ҳатман соҳиби дафтарчаи меҳнатӣ бошад. Маълумот дар дафтарчаи меҳнатии ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби умумие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, сабт карда мешавад.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар асоси баробар дорои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мебошанд. Ҳаққи узвияти суғуртавӣ аз маблағи фонди музди меҳнати аъзои хоҷагии деҳқонӣ пардохта мешавад. Барои бо нафақа таъмин кардани аъзои хоҷагӣ ва шаҳрвандоне, ки бо хоҷагии деҳқонӣ шартномаи меҳнатӣ бастаанд, давраи дар хоҷагии деҳқонӣ кор карданашон дар асоси сабти дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимоӣ ба собиқаи умумӣ ва бефосилаи кори онҳо дохил карда мешавад. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ бо кӯмакпулии яквақта ва дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин карда мешаванд. Зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба шаҳрвандон расонида шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷуброн карда мешавад.

Хоҷагии деҳқонӣ натиҷаҳои корашро ҳатман ба ҳисоб мегирад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияи онҳо ӯҳдадоранд тартиби коргузорӣ ва низоми ҳисоботи муҳосибавиро риоя намуда, дар бораи фаъолияти худ ба мақомоти маҳаллии омори давлатӣ ва дигар мақомоте, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ҳисобот диҳанд.

Хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар асоси шартномаҳои кредитдиҳӣ аз кредити ҳамаи намуди бонкҳо, истифода барад. Кредит гирифтани хоҷагии деҳқонӣ бо гарав ё бо дигар намудҳои ӯҳдадорӣ таъмин карда мешавад.

Суғуртаи молу мулки (зироат, чорво, воситаҳои асосӣ, дигар молу мулк) хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияи онҳо тибқи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад. Хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи Кодекси андози ҶТ андозбандӣ карда мешавад.

Хоҷагии деҳқонӣ дорои чунин имтиёзҳо мебошад: хоҷагии деҳқонӣ бе пардохти маблағ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад; бо тартиб ва шартҳои муайянкардаи Ҳукумати ҶТ аз пардохти пайваст кардани иқтидори қувваи барқ, обрасонӣ (бе истифодаи иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ) озод мебошад; метавонад дар бонкҳо бе пардохт суратҳисоб кушояд; аз бонкҳо кредитҳои имтиёзнок гирад; аз маблағи барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ҷудошуда истифода намояд; дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузориро истифода барад.

Молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи замини аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мерос гузошта мешавад.

  1. Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ. Ассотсиатсия бо роҳи ихтиёран муттаҳид шудани хоҷагиҳои деҳқонии мустақил ташкил меёбад. Ассотсиатсия дар асоси шартнома таъсис дода мешавад. Ассотсиатсия дар асоси оиннома амал намуда, шахси ҳуқуқӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузорӣ ба қайд гирифта мешавад. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ҳайати ассотсиатсия дохил мешаванд, мустақилияти худ ва ҳуқуқи истифодаи заминро аз даст намедиҳанд ва амали Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» нисбати онҳо татбиқ карда мешавад. Маҷбуран ба ассотсиатсия дохил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ манъ аст.

Мақоми олии идоракунандаи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад. Вазифаҳои иҷроия ва фаъолияти ҳамоҳангсозии ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро шӯрои ассотсиатсия амалӣ менамояд, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Шӯро ва роҳбари ассотсиатсияро маҷлиси умумии иштирокчиёни он интихоб мекунанд. Барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои худ ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуқуқ дорад: бо мувофиқаи иштирокчиёнаш дар соҳаи соҳибкорӣ, молия ва қарзу кредит амалҳои умумиро анҷом диҳад; бо роҳи ихтиёран ҷудо кардани маблағ захираҳои молиявӣ ва моддӣ ташкил кунад, вазифаҳои истеҳсолию хоҷагиро марказонад; бо иштирочиёни ассотсиатсия ва бо дигар шахсон нархҳои ҳисобӣ ва нархгузориро танзим намояд.

Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба ӯҳдадориҳои иштирокдорон ва дар навбати худ иштирокчиён оид ба ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ҷавобгар намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад. Тартиби хориҷшавии хоҷагии деҳқониро аз ассотсиатсия шартномаи тарафайн ва барҳамдиҳии ассотсиатсияро оинномаи он муайян мекунад.

  1. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ. Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар ин мавридҳо қатъ мегардад: бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин; қабул намудани қарори маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ дар бораи қатъи фаъолияти он; дар ҳолати боқӣ намондани ягон аъзои хоҷагии деҳқонӣ ё ворисе, ки хоҳиши давом додани фаъолияти хоҷагиро дошта бошад; бо сабаби муфлисшавӣ; ба шакли дигари ҳуқуқию ташкилӣ табдил додани хоҷагии деҳқонӣ.

Тартиби барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ ва қатъи муносибатҳоро дар заминистифодабарӣ баъди барҳам додани он қонунгузорӣ муайян менамояд. Дар сурати барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ молу мулк ва маблағҳои он барои пардохти музди меҳнати шаҳрвандоне, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, барои пардохт ба буҷет, баргардонидани кредити бонкӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад. Молу мулки боқимонда ва маблағи аз фурӯши он ба дастомада ҳамчун моликияти якҷоя боқӣ мемонад ё байни аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ тақсим карда мешавад. Баҳсҳо дар хусуси қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи суд ҳал карда мешаванд. Барои вайрон кардани қонунгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбини гардидааст.


[1] Ниг.: Аграрное право. Китоби дарсии зикршуда. – С. 175-190; Васин Ф.И., Степаненко Е.И. Крестьянские (фермерские) хозяйства: правовой статус и учет. // Правовое поле фермера. – fadr.msu.ru.; Вольдман Ю. Об особенностях правового регулирования труда в крестьянском (фермерском) хозяйстве. // Правовое поле фермера. – fadr.msu.ru.; Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 94-124; Ковалев Ю.Н. Основы ведения фермерского хозяйство. Учебное пособие. – М.: «Академия», 2004. – 272с.; Конаков М.А., Конаков А.П. Организация и экономические основы фермерских хозяйств: Учебное пособие. – М.: «Академия», 2004. – 256с.; Мутазокулов Д.С. Гражданско-правовые проблемы дехканского хозяйства (по материалам Республики Таджикистан). – Душанбе «Деваштич», 2002. – 163с.; Погребной А.А. Правовое регулирование деятельности крестьянских (фермерских) хозяйств в условиях рынка. Дисс. на соиск. уч. степ. д.ю.н. – М., 1992. – 304с.; Попов Н., Тарцан Н. Крестьянское (фермерское) хозяйство. Юридическая консультация. Вопросы и ответы. – М.: «Юркнига», 2006. – 128с.; Рублёва С. Фермерское хозяйство: Золотая книга фермера. – М.: «Владис», 2007. – 608с.; Сёмин А.Н., Селиванова. Г.П. Учет и налогообложение в фермерских хозяйствах. – М.: «Финансы и статистика», 2004. – 88с.; Чумакова Л.П. Основные теоретические проблемы крестьянских (фермерских) хозяйств (цивилистический аспект) Автореферат дисс. на соиск. уч. степ. к.ю.н. – Томск, 1993. – 24 с.

[2] Ниг.: Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» (аз 19.05.2009с., № 526). // Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 2009, № 5. – моддаи 333; Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0.; Калинин Н.И., Удачин А.А. Комментарии к Федеральному закону от 11.06.2003г., № 74-ФЗ «О крестьянском (фермерском) хозяйстве». // Аналитика. – www.valnet.ru.


Калидвожаҳо: хукуки кишоварзи, ҳуқуқи кишоварзӣ, хукук, ҳуқуқ, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, хочагии дехкони, хоҷагии деҳқони, хоҷагии деҳқонӣ, хочаги дар тоҷикистон, фермери дар точикистон, хоҷагии деҳқонӣ дар тоҷикистон

Шарҳ баста аст.