Вазъи сиёсӣ ва оқибатҳои таъқиботи сталинӣ дар шароити Тоҷикистон

Чуноне дар бобҳои гузашта таъкид шуд, баъди бунёди тартиботи Шӯравӣ дар тамоми ҳудуди мамлакати Шӯроҳо ҳизбҳои коммунистӣ яккаҳукмрон гардиданд. Ҳамин гуна ҳолат дар замони мавҷудияти ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон ҳам хос буд. Аммо дар он давр дар корҳои идоракунии ҷумҳуриҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Шӯравии Осиёи Миёна, нуфузи ҳизбҳои коммунистӣ ҳанӯз заифтар, баръакс нуфузи вазифаи раиси Кумитаи Инқилобӣ (ревком), баъдтар раиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ва ҳатто раиси Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) сернуфузтар ба ҳисоб мерафтанд. Ҳамин гуна ҳолат тамоми солҳои 20-уми асри ХХ хос буд. Агарчанде, аз нимаи дуюми он солҳо масъалагузорӣ оиди ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ мамлакат асосан аз тарафи анҷуманҳои ҳизби коммунистӣ пешкаш мегардид, вале нуфузи органҳои қонунгузору иҷроия дар корҳои идоракунӣ, то андозае бештар буд.

Аммо аз аввали солҳои 30-юмнуфузи ҳизби коммунистӣ нисбатан зиёдтар гардид. Аз ҷумла, моҳи марти соли 1931, бо тавсияи ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ барои ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон вазифаи котиби сеюм ҷорӣ карда шуд. Ба ӯҳдаи он махсусан ҳолати  иҷроиши супоришҳои ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқиро гузошта буданд. Бо чунин воситаҳо мутасаддиёни ҳизбию давлатии Иттифоқ фаъолияти сарварони ҷумҳуриҳои Иттифоқро сахт назорат мекарданд. Ҳар амалдореро, ки хусусиятҳои миллии халқи худро ба инобат гирифтанӣ мешуд, минбаъд бо тӯҳматҳои «миллатчӣ», ё худ «пайравони  унсурҳои буржуазӣ» таъқиб менамуданд. Аз ҷумла 5 декабри соли 1933 кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқ, гӯё вазъи Тоҷикистонро муҳокима намуда, нисбати сарварони он, раиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ (КИМ) Нусратулло Махсум ва сарвари Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳамин тавр хулоса бароварда буд. Бинобар ин 23-25 декабри он сол пленуми якҷояи кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикӣ) ва КИМ – и Тоҷикистон фаъолияти сарварони ҷумҳуриро «муҳокима» намуда, хулоса баровард, ки онҳо гӯё «аз роҳи нишондодаи ҳизб баромада», онро нодуруст амалӣ кардаанд ва дар амал гӯё «дар зери таъсири унсурҳои бегонаи бою кулакҳо мондаанд». Дар натиҷаи ин «гуноҳҳо» онҳо сараввал аз ҳизб хориҷ ва аз вазифаашон озод, баътар суд ва ҳар ду соли 1938 қатл гардиданд. Январи соли 1934 котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон Мирзо Гусейновро (ӯ озорӣ буд) низ, ки ба ин вазифа 25 ноябри соли 1929 интихоб гардида буд, бо «кори Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев» аз вазифа озод карданд. Январи ҳамон сол Абдуқодир Муҳиддиновро низ, ки вазифаҳои масъулро дар ҷумҳуриҳои Бухоро ва Тоҷикистон ба дӯш дошт, ҳабс, суд ва қатл намуданд.

Январи соли 1934 бо тавсияи кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ, котиби якӯми кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон Г.И. Бройдо гардид. Раиси ҳукумати (ШКХ) ҷумҳурӣ Абдулло Раҳимбоев таъин шуд. Вале Бройдо охири ҳамон сол аз вазифааш озод карда шуд ва ба ҷояш аз Москва С.К. Шадунусро фиристоданд. Ӯ мутахассиси соҳаҳои обёрӣ ва пахта буд, бинобар ин то аз вазифа рафтанаш (декабри соли 1936) барои инкишофи пахтакорӣ корҳои зиёде кардааст.

Моҳи январи соли 1937 котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон Ӯрунбой Ашуров, ки аз оилаи деҳқони камбағали тоҷик баромадааст, таъин гардид. Ӯ аз коргари оддии ҳуруфчин то ба вазифаи сарвари ҳизб расида, таҷрибаи бой пайдо карда буд. Вале вай ҳам худи ҳамон сол қурбони таъқибот шуд. Ба ҷойи А.Ашуров аз Москва Д.З. Протопопов фиристода шуд ва ӯ то соли 1945 сарварии ҳизби коммунистии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Вай дар кори нест кардани кадрҳои намоёни ҷумҳурӣ хизматҳои «бузург» кардааст. Маҳз дар замони роҳбарии ин шахс нисбати кадрҳои намоёни ҷумҳурӣ мақолаҳои тӯҳматангез бештар нашр гардиданд ва онҳо барои «ҷазо» додани шахсони барояшон нолозим дастак шуданд. Яке аз қурбоншудагони замони ӯ Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад, ки аз соли 1929 то соли 1932 сараввал котиби масъул, баъд котиби дуюми кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болъшевикии) Тоҷикистон, аз соли 1933 то 1937 сарвари КИМ ҶШС Тоҷикистон ва яке аз раисони КИМ ИҶШС буд. Ӯро низ бо тӯҳмати иштирок доштан дар ташкилотҳои миллатчигии зиддишӯравӣ ҳабс, худи ҳамон сол суд ва қатл намуданд. Танҳо дар як рӯзи 22 октябри соли 1937 аз ҷумлаи роҳбароин ҷумҳурӣ: А. Раҳимбоев, А. Мавлонбеков, М. Қурбонов, Ӯ. Ашуров, И. Исмоилов, С. Абдуллоев ва Х. Боқиев аз вазифаашон озод, баъд суд ва қатл гардидаанд.

Умуман шумораи чунин ҷазодидагон на танҳо аз ҷумҳурии Тоҷикистон, балки  аз тамоми Иттифоқ хеле зиёданд. Бо сабаби он ки Сталин дар ҳамон давр сарварии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқиро ба ӯҳда дошт, ӯ аз муваффақиятҳои ба даст даровардаи мамлакат саргарм шуда, дар ҳақиқат дар солҳои 30-уми асри ХХ нисбати рақибони худ сиёсати ҷазодиҳӣ — несткуниро пеш гирифта буд. Бинобар ҳамин ҳам ҷазодиҳии он давр дар таърих «ҷазодиҳӣ» ё худ «таъкиботи сталинӣ» ном гирифтааст. Минбаъд қариб ҳамаи шахсони дар он давр ноҳақ ҷазо гирифта, сафед карда шуданд.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар давраи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои 1929 – 1941, Точикон дар давраи дигаргунсозихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва фархангии солхои 1929 – 1941, Вазъи сиёси ва окибатхои таъкиботи сталини дар шароити Точикистон.

Шарҳ баста аст.