Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар миёнаи асри ХIХ ва сабабҳои аз тарафи Русия забт шудани он

Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус. Дар миёнаи асри Х1Х дар сарзамини Осиёи Миёна ба ғайр аз се давлатҳои мустақил: аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хева, боз як қатор мулкҳои ниммустақил, ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Халқи тоҷик дар он давр дар ҳайати аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд ва мулкҳои ниммустақили номбаршуда, бо ҳамроҳии халқҳои ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва ғайра бародарвор зиндагӣ ба сар мебурданд ва талхию ширинии ҳаётро бо ҳам мечашиданд.

Давлатҳои мустақилу ниммустақили Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус дар зинаи тараққиёти муносибатҳои феодалӣ буданд. Дар байни онҳо бештар душманӣ ҳукмфармо буд. Махсусан ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳар ду тараф гардидаанд.

Бояд қайд кард, ки дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус вазъияти хонии Қӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан байни хонҳои Қӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845-1858 ва 1862-1873) ва Маллахон (солҳои 1858-1862, яъне дар фосилаи гурехтани Худоёрхон) рақобати сахти мансабӣ мерафт ва ҳар кадоме мехост, ки амири Бухороро ба тарафи худ кашад. Амири Бухоро Музаффархон Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Қӯқанд ҳуҷум карда салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор намуд.

Хулоса, дар арафа ва ҳатто саршавии ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна, дар ин сарзамин нооромӣ, ҷангу ҷидолҳо, иқтисодиёти қафомондаю харобгардида ҳукмрон буд. Вазнинии чунин вазъият бештар ба дӯши мардуми бечора меафтод. Онҳо зиндагии қашшоқона доштанд.

Сабабҳои асосии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна. Аз аввали солҳои 60-уми асри Х1Х ба мулкҳои Осиёи Миёна ҳуҷуми васеи қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ сар шуд, ки барои он сабабҳои зерин вуҷуд доштанд:

Якӯм, подшоҳони Русия дер боз, аниқтараш аз замони Пётри 1, ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи худ дароранд. Зеро, онҳо барои абадқудратии империяи Русия, аз ҷануб, ба воситаи баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд ба роҳи мунтаззами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 1717 Пётри 1 ба муқобили хони Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд.Минбаъд Русия то миёнаи асри Х1Х, асосан бо сабабҳои мураккабии муносибаташ дар Ғарб, имконияти ғасби Осиёи Миёнаро надошт;

Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (19 феврали соли 1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом — пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ИМА (солҳои 1861-1865) барои Русия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиҷа қисме аз фабрикаҳои бофандагии Русия аз набудани пахта амалиёти худро боздоштанд. Чунончӣ, агар соли 1860 дар Русия шумораи фабрикаҳои амалкунандаи бофандагӣ 57 (бо 659 дастгоҳ) бошад, пас соли 1863 он то ба 35 (бо 338 дастгоҳ) кам шуд. Бинобар ҳамин ҳам ҳукуматдорони Русия, то ин ки норозигии саноатчиёнашон ба вуҷуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд;

Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурушии берақобат зарур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар қитъаи Европаи Ғарбӣ ба даст дароварда наметавонистанд. Аниқтараш маҳсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчӣ зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд;

Чаҳорум, маълум аст, ки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла барои бекор намудани беназоратии соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ) дипломатияи рус, ҳарчанд ҷонбозиҳо кард, вале қувваи Русия, ки дар Ғарб хале заиф буд, он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бинобар ин, ҳукуматдорони Русия бо тавсияи ҳарбиён мехостанд, ки ба Шарқ, ба сарҳади Ҳиндустон – мустамликаи Англия, қувваҳои зиёди ҳарбии худро чамъ намуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии иттиҳодияи зиддирусиягӣ, аниқтараш сарварӣ он – Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонанд. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин сабаб аввали солҳои 60-уми асри Х1Х ҳуҷуми васеи қӯшунҳои русро ба муқобили Осиёи Миёна тезонид;

Панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим хело беобрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни синфи ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт, бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақалан дар дохили мамлакати худ аз сари нав барқарор намояд.

 Дар асоси ҳамин сабабҳо Русия барои забти Осиёи Миёна қӯшун кашид.


Калидожаҳо: таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, халки точик дар замони подшохии русия, росия, халки точик  хангоми азбти осиёи миёна аз тарафи росия, хаёти точикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.