Вазъи маъмурию ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ

Шаҳрванд ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ – ин иштирокчии муносибати ҷамъиятиест, ки ба сифати барандаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайяни дар санадҳои меъёри пешбинишуда баромад мекунад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрванд дар якҷоягӣ вазъи ҳуқуқии ӯро ташкил медиҳад. Дар баробари ин вазъи ҳуқуқи шаҳрванд як қатор хусусиятҳоро доро мебошад.

Вазъи маъмури ҳуқуқии шаҳрвандон таркиби мураккаби ҳуқуқи дошта дорои чор элемент асоси мебошад.

  • Вазъи маъмурӣ ҳуқуқи инсон ва шахс.
  • Вазъи ҳуқуқии шаҳрванди ҶТ.
  • Вазъи маъмурӣ ҳуқуқии иҷтимоӣ.
  • Вазъи маъмурӣ ҳуқуқии махсус.

Дар шароити имрeза вазъи маъмури ҳуқуқи шаҳрванд дар соҳаи идоракунии давлати тағйир ёфта истодааст. Якум ин ки инсон, ҳукуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда риоя ва ҳифзи онҳо вазифаи давлат мебошад. Дуюм муқарароти моддаи 5 Конститутсияи ҶТ дар назардошта моддаи 14 Конститутсия муқарар мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.

Кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба кафолатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкили ва ҳуқуқи тақсим намудан мумкин аст. Кафолатҳои иқтисоди фаъолияти мунтазам ва самараноки соҳаи саноат, низоми мустаҳками молиявию пулӣ, сари вақт пардохти музди меҳнат, нафақа ва дигар маблағҳо, дараҷаи баланди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аз ин нуқтаи назар дар шароити имрӯза таъмини кафолатҳои иқтисодии шаҳрванд хеле мушкил мебошад ва низоми ноустувори андозу-андозситони аз он шаҳодат медиҳад.

Кафолатҳои сиёсӣ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бартари инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва давлат, эътирофи волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бисёрҳизбӣ, гуногунақидагии сиёсӣ, ҳокимияти давлатии пурзур ба сардори Президент ҳамчун ҳоми ва кафили Конститутсия, ҳамкори мутақобилаи ҳокимияти қонунгузор бо ҳокимияти иҷроия ва ғайра дар бар мегирад.

Кафолатҳои ташкилии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандро дар соҳаи идоракунии давлати низоми бисёрсоҳаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои назорати давлатӣ, инспексияҳо ва дигар мақомотҳои давлатию ҷамъияти дар марказ ва маҳалҳо, мақомоти судӣ, прокуратура, милиция, мақомоти адлия, натариат ва ғайраро дохил намудан мумкин аст. Ҳамаи ин мақомотҳо ҳаруза дар асос ва иҷроиши қонун барои таъмин ва амали гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд фаъолият мекунанд.

Кафолати ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ ва eҳдадориҳои шаҳрвандро дар соҳаи идоракунии давлати ба ду намуд тақсим мекунанд:

а) судӣ

б) ғайри судӣ.

Барои ин кафолат пеш аз ҳама кафили умуми қонун ва тамоми қонунгузорӣ инчунин меъёрҳои маъмурӣ баромад мекунад. Яке аз элементҳои вазъи маъмурӣ ҳуқуқи шаҳрвандро, ҳуқуқи Конститутсионии онҳо ба муроҷиат, шахсан ё гурӯҳан ба мақомоти давлати ташкил мекунад . Дар баробари ин муроҷиати шаҳрвандон бо санадҳои меъёри ҳуқуқи таъмин шуда институти мураккаби ҳуқуқи маъмурӣ мебошад. Шаҳрвандон бо 3 шакл: таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти давлатӣ муроҷиат карда метавонад.

Таклифҳо — муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ё идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, му­ассисаҳо ва ташкилотҳо равона карда шудаанд. Мақомоти давлатӣ ё идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадор мебошанд, ки таклифҳои шаҳрвандонро ҳаматарафа баррасӣ намуда, аз натиҷаашон мувофиқи хоҳиши он[о барояшон хабар диҳанд.

Аризаҳо — муроҷиатномаҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд.

Шикоятҳо — муроҷиатномаҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муас­сисаҳо, ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шуда­анд. Муроҷиатҳо инфиродӣ ё коллективӣ (гуруҳӣ) буда метавонанд, ки дар шакли даҳонакӣ ё хаттӣ пешниҳод мегарданд. Ҳуқуки мароҷиат ин ҳуқуқи шахсии маҳдуднашаванда ва мусодиранашавандаи шаҳрванд мебошад.

Вазъи маъмури ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди ҶТ бо қонунгузори ва шартномаҳои байналхалқи танзим карда мешавад. Санадҳои асосии танзимкунандаи вазъи ҳуқуқии шаҳрванди хоричӣ ва шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конститутсияи ҶТ, қонуни ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ» аз 1.02.1996., қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ, қоидаҳои убури таранзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави ҶТ мебошанд.

Шарҳ баста аст.