Вазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ (ҶХШ Бухоро)

Масъалаи замин. Барои ҶХШ Бухоро муҳимтарин чорабинии иқтисодию иҷтимоӣ ин ҳалли масъалаи замин ва муайян намудани муносибат бо деҳқон ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ҳанӯз мувофиқи аввалин манифести худ эълон намуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ: заминҳои дар ихтиёри амир, амалдорони амир, қозиҳо ва заминдорони калон бударо мусодира намуда, онҳоро дар байни деҳқонони камзамину безамин тақсим менамояд; хироҷ, аминона ва дигар намуди андозҳоро бекор мекунад ва ғайраҳо. Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ 30 сентябри соли 1920 декрет дар бораи заминро тасдиқ намуда, онро 5 октябри ҳамон сол эълон кард. Дар асоси ин декрет чорабиниҳои оиди ҳалли масъалаи замин, ки дар манифест акс ёфтаанд, ба қонуният дароварда шуданд.

Манифест ва декрети номбурда дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳалли қатъии масъалаи замин набуд. Вазъи ҷумҳурӣ дар назди роҳбарони он ҳар чӣ зудтар ҳал намудани ин масъаларо гузошт. Зеро, бо сабаби он, ки зиёда аз 85 % аҳолии ҷумҳурии Бухороро деҳқонон ташкил мекарданд, барои ҳукумати нав, аз ҳалли масъалаи замин масъалаи ба тарафи сохти нав ҷалб намудани деҳқонон сахт вобастагӣ дошт.

Инак, дар назди ҳукумати ҷавони Бухоро вазифа меистад, ки хусусиятҳои ҷумҳуриро ба инобат гирифта, дар шароити он роҳҳои ҳалли масъалаи аграриро пешниҳод намоянд. Аммо оиди ин  масъала дар доираи мутасаддиёни ҳукумати Бухоро фикри ягона вуҷуд надошт. Аз ҷумла гурӯҳи якум, бо сарварии котиби КМ ҲК Бухоро Наҷиб Ҳусаинов тарафдори дар ҷумҳурӣ миллӣ кунонидани тамоми замин, аз ҷумла заминҳои вақфиро талаб мекарданд. Ин гурӯҳро гурӯҳи “чап” мегуфтанд.

Гурӯҳи дуюм, ки ба он раиси онвақтаи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов сарварӣ мекард, талаб мекарданд, ки дар баробари мусодира карда, ба деҳқонони камзамину безамин тақсим карда додани замини амиру амалдорони он, инчунин мулкҳои заминдорони калонро нигоҳ дошта, барои бо роҳи капиталистӣ инкишоф ёфтани хоҷагии қишлоқ шароит муҳайё карда шавад. Тарафдорони ин ақидаро гурӯҳи “рост” меномиданд.

Гурӯҳи сеюм, бо сарварии раиси Шӯрои Нозирони Халқии  ҶХШБухоро Файзулло Хоҷаев мавқеи миёнаро ишғол намуда, миллӣ кунонидани заминҳои амир ва амалдорони онро маъқул шуморида, барои миллӣ кунонидани заминҳои заминдорони калон ва заминҳои вақфӣ ҳанӯз сабр карданро талаб мекарданд. Тарафдорони ин ақидаро гурӯҳи “миёна” мегуфтанд.

Ниҳоят, 2 феврали соли 1921 дар асоси андешаҳои гурӯҳҳои “чап” ва “миёна” декрети нав дар бораи замин қабул гардид. Дар асоси он тамоми замин, аз он ҷумла замини вақфӣ ҳам миллӣ кунонида шуд. Албатта дар шароити ҳамонвақтаи мураккаби ҷумҳурии Бухоро, махсусан миллӣ кунонидани замини вақфӣ хатои ҷиддӣ буд. Бинобар ин бо авҷ гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ аз миллӣ кунонидани заминҳои вақфӣ бо зудӣ даст кашиданд.

Октябри соли 1923 анҷумани IV Шӯроҳои ҶХШ Бухоро Кодекси замин (Қоидаи асосӣ оиди истифодаи замин дар ҶХШБухоро)-ро қабул кард. Он тамоми замин, об, боигарии зеризаминӣ ва ҷангалро мулки давлатӣ эълон кард. Танҳо заминҳое, ки дар ихтиёри масҷидҳо (яъне мулки вақфӣ) ва роҳҳои оҳан буданд ба ихтиёри ташкилотҳои дахлдор гузошта шуд.

Кодекси замин дар шароити ҶХШБухоро интихоби шаклҳои гуногуни коркарди заминро пешниҳод кард. Аз ҷумла; I) шакли общинагӣ (маҳсулоти он дар байни хоҷагиҳо баробар тақсим карда мешуд); 2) шакли участкавӣ (бо муайян намудани ҳиссаи аъзоён ба замин); 3) шакли ширкатӣ (аз тарафи аъзоёни ширкат якҷоя кор кардани замин); 4) шакли омехта. Кодекс  ба хариду фурӯш ва тақдим намудани заминҳои обӣ иҷозат дода, барои заминҳои лалмӣ ва ҷангал чунин ҳуқуқро намедод. Инчунин миқдори умумии замини як хоҷагӣ  бояд аз 30 таноб (тахминан 7-8 га) зиёд намешуд. Ба истифодаи меҳнати кироя, ба иҷора додани замин ва усули чоряккории замин иҷозат буд. Вале ин ҳама бояд дар зери назорати органҳои ҳукуматӣ мегузашт.

Ҳамин тавр дар ҷумҳурии Бухоро ба шакли асрҳо боз идома доштаи заминдории амлокӣ (аз он ҷумла амирӣ) ва мулкӣ (чӣ мулки андозӣ ва чӣ озод) хотима дода шуд.

Масъалаи андоз. Дар ҶХШ Бухоро аз сентябри соли 1920 андози замин бекор карда шуд. Мувофиқи он деҳқонон аз супоридани тамоми намуди андозҳо озод буданд. Чунин ҳолат то аввали соли 1922 давом кард. Аммо дар қисми Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), чун Русияи Шӯравӣ аз 11 октябри соли 1920 нисбат ба ғалла, ҷуворӣ, ҷав, тухми алаф ва мавиз развесткаи озуқа ҷорӣ карда шуд. Дар асоси он як ҳиссаи маҳсулотҳои номбурдаро ба ихтиёри худи деҳқонон гузошта, боқимондаашро ба фоидаи давлат кашида мегирифтанд. 18 октябри он сол қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ баромад, ки мувофиқи он соҳибони пахта, пӯсти қароқулӣ, пашм ва маҳсулотҳои мануфактурӣ бояд маҳсулоташонро ба давлат супоранд. Давлат бошад дар вақти ба худ муносиб бо соҳибони он маҳсулотҳо гӯё ҳисобӣ мекардааст. Баъди он, ки дар Русияи Шӯравӣ анҷумани X ҳизби болшевикӣ (марти соли 1921) ба ҷои развесткаи озуқавӣ андози озуқавиро ҷорӣ намуд, дар ҶХШБухоро ҳам чунин тағйирот ба амал омад. 26 ноябри соли 1921 қонуни Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ оид ба андозҳои давлатӣ нашр гардид.

Ҳамин тавр дар қисми зиёди сарзамини ҷумҳурии Бухоро (яъне қисми марказӣ, ё худ ғарбии он) зиёда аз як сол развесткаи озуқавӣ давом кард ва  он барои тамоман хароб гардидани хоҷагиҳои мардуми ин мулк  яке аз сабабҳои асосӣ гардид. Дар Бухорои Шарқӣ бошад, бо сабаби авҷ гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ, развесткаи озуқавӣ ҷорӣ карда нашуд.

26 ноябри соли 1921 Қонуни ҷумҳурӣ оиди андоз тасдиқ гардид. Дар он талабҳои шариатро ба инобат гирифта, шаклҳои зерини андоз ҷорӣ карда шуд: 1) ушр (номи пештарааш хироҷ) — аз кишоварзон, ба миқдори аз даҳ як ҳиссаи ҳосил; 2)закоти савоим — андоз аз чорво ба миқдори як сар аз ҳар 40 сар гови шохдор ё худ моли майда; 3) андоз аз маҳсулоти косибону ҳунармандон ва тоҷирон дар ҳаҷми аз чил як ҳиссаи сармояи асосӣ ва ғайраҳо.

27 декабри соли 1922 декрети раёсати Кумитаи Инқлобии Умумибухороӣ оиди аз 1 январи соли 1923 ҷорӣ намудани андозҳои нави давлатӣ баромад, ки мувофиқи он ба ғайр аз андозҳои “ушр” ва “закоти савоим” дигар намуди андозҳоро бекор намуда, ба ҷои онҳо шаклҳои зерини андозро ҷорӣ карданд: 1) андози савдою саноатӣ (патентӣ); 2) андоз  аз даромад (подоходный); 3) андоз аз истифодаи замину об (аз ҳар таноб 15 тангаи тилло); 4) андози беморӣ (аз ҳар оила 50 тангаи тилло) ва мӯҳрона. Аз октябри соли 1923 барои заминҳои вақфӣ ҳам миқдори андоз, чун дигар шаклҳои замин аз даҳ як ҳиссаи ҳосил муайян карда шуд.

Дар асоси декрети номбурда 13 декабри соли 1923 Комиссияи диктаторӣ барои мардуми Бухорои Шарқӣ шаклҳои зерини андозро муайян кард: 1) ушр-аз даҳ як ҳиссаи ҳосил; 2) закот-аз чил як ҳиссаи маҳсулоте, ки ба бозор бароварда мешавад; 3) закоти савоим-аз ҳар 40 сар чорво як сар.Ҳангоми аз он зиёд будани чорво: аз 40 то 120 сар –ду сар, аз 120 сар-се сар, аз он зиёд-аз ҳар 100 сар як сар; 4) ҳасана-барои чарогоҳҳо-аз ҳар 100 сар чорво-як сар; 5) боғпулӣ-андоз аз токзор ва дарахтҳои мева-аз ҳар таноб-25 фунт мавиз ё худ меваи хушк ва ғайраҳо.

Бо мақсади инкишофи пахтакорӣ дар ҷумҳурии Бухоро ва барои кишти пахта ҳавасманд намудани деҳқонон, мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Умумибухороӣ аз 19 марти соли 1924 хоҷагиҳои пахтакор аз супоридани андоз аз ҳосили пахта озод карда шуданд. Ба ғайр аз ин 10 апрели соли 1921 қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ бароварда шуд, ки мувофиқи он деҳқонон барои ҳар як таноби кишти пахта маҳсулотҳои зеринро бепул мегирифтанд: 1) як пуд пундонаи тухмӣ барои кишт; 2) Як  пуд пундона барои равған; 3) се фунт керосин; 4) дуним оршинӣ молҳои мануфактурӣ; 5) барои ҳар таноб пахтаи навъи америкоӣ-5 ҳазор сӯми пули нақд; 6) барои ҳар таноб пахтаи навъи ҷойдорӣ-ғӯза — 4 ҳазор сӯм пул ва ғайраҳо.

 Дар сарзамини ҶХШБухоро ҳам аз рӯи таҷрибаи ҷумҳурии Туркистон ташкилотҳои  хурди қарздиҳӣ ташкил карда шуданд. Онҳо бо ташаббуси худи истеҳсолкунандагон ташкил меёфтанд. Ҳокимият онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекард. Мувофиқи маълумоти 13 июни соли 1924 чунин ташкилотҳо дар ҷумҳурии Бухоро низ аллакай 8.400 нафар аъзо доштанд. Шӯъбаи бухороии бонки Кишоварзии Осиёимиёнагӣ барои эҳтиёҷоти онҳо 214 ҳазор сӯм пул ҷудо карда буд.

21 феврали соли 1924 дар ҷамъомади раёсати Шӯрои Иқтисодии Бухоро масъалаи ташкил намудани ширкати қарздиҳии кишоварзӣ дида шуд. То 24 ноябри ҳамон сол миқдори чунин ширкатҳо дар ҷумҳурӣ ба 79 адад расид, ки барои онҳо бонки номбурда 500 ҳазор сӯм ҷудо кардааст. Ин ҳама чорабиниҳо имконият доданд, ки дар ҶХШБухоро, то андозае пахтакорӣ пеш равад. Соли 1923 аз Бухоро ба Русия қариб 450 ҳазор пуд ва соли 1924 – 885 ҳазор пуд пахта фиристода шуд.

Вазъи молиявӣ ва саноат. Баъди инқилоби Октябрии (соли 1917) Русия вазъи молиявии аморати Бухоро махсусан душвор гардид. Дар ҳудуди аморат амалиёти 14 намуди пулҳоро дидан мумкин буд. Дар байни онҳо пули замони Ҳукумати Муваққатии Русия “керенка” мақоми асосиро ишғол мекард. Пулҳои шӯравии барориши солҳои 1918 ва 1919, инчунин бонҳои Туркистонӣ дар ҳудуди аморати Бухоро амал намекарданд.

Баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар ҳудуди ҷумҳурии навбунёди Бухоро низ пули шӯравии барориши соли 1919 қабул гардида бошад ҳам, вале нокифоягии он сахт эҳсос карда мешуд. Нархҳо пай дар пай меафзуд. Охири соли 1920 бонки Халқии ҷумҳурии Бухоро ташкил карда шуд.

Сентябри соли 1922, бо сармояи 5 млн сӯми тилло бонки Халқии Бухоро ба бонки Давлатӣ табдил ёфт. Дар ин муддат ҳукумати ҷумҳурии Бухоро бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявии худ, махсусан бартараф намудани норасоии пули нақд, ба барориши пулҳои қоғазии “1000, 2000 ва 3000” сӯма шурӯъ кард, ки онҳоро пулҳои шӯравии бухороӣ ҳам мегуфтанд. Чунин  пулҳо ҳар рӯз бо усули нисбатан оддӣ, дар дастгоҳи (станоки) дастӣ, ба миқдори аз 3 то 5 млн сӯм бароварда мешуд. Албатта ин пул дар қаламрави ҷумҳурии Бухоро ба амалиёти озодонаи пули Русияи Шӯравӣ ва қурби он таъсири манфӣ расонид. Бинобар ин бо “хоҳиши” ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз 2 майи соли 1923 барориши пули шӯравии бухороӣ қатъ гардид. Баъди он Бухоро низ ба доираи пули ягонаи иттифоқӣ дохил шуд.

Соли 1924 дар Бухоро, дар қатори бонки Давлатӣ ва бонки Кишоварзии Осиёмиёнагӣ, инчунин бонки Тиҷоратии Осиёимиёнагӣ, ки ҳамон сол бунёд гардидааст, аллакай фаъолияти худро сар карда буд. Ин ҳама вазъи молиявии ҷумҳурии Бухороро оҳиста-оҳиста беҳтар намуданд.

Вазъи саноати ҷумҳурии Бухоро боз ҳам вазнинтар буд. Дар натиҷаи воқеаҳои солҳои 1917-1921 қариб ҳамаи корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ хароб гардида, соҳибонашон гурехта буданд. То 1 июни соли 1921 агарчанде 4 заводи равғанкашӣ ба кор шурӯъ кард, вале соли 1924 бо сабаби нарасидани ашёи хом танҳо яктои онҳо кор мекарду халос. Аз 35 заводи пахтатозакунии дар замони амирӣ вуҷуддошта, соли 1924 танҳо 6 адади чунин заводҳо ба кор омода буда, онҳо дар Бухорои Нав (Когон), Кармина ва Қарокӯл ҷойгир буданд.

Вазъи маорифу фарҳанг ва нигаҳдории тандурустӣ. Вазъи маорифу фарҳанг дар сарзамини собиқ аморати Бухоро баъди сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар ҳолати мураккабтарин афтод. Зеро, дар замони амирӣ, чуноне дар бобҳои пештара таъкид намудем, бо ташаббуси ҷадидон, бо душвориҳои зиёд, бар хилофи сиёсати ҳукумати амирӣ, ба  тарзи пинҳонӣ барои бухороиён мактабҳои усули нав (ҷадидӣ) кушода мешуд ва шумораи онҳо сол аз сол меафзуд. Акнун, баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ, ҳукумати нави Бухоро бо каме тағйирот мактабҳои усули навро, чун мактабҳои шӯравӣ ба расмият дароварда, барои кушодани онҳо, ба қадри зарурӣ имкониятҳоро муҳайё намуд. Фаъолияти мактабҳои усули кӯҳна бошад, аз тарафи ҳукумати нав сол аз сол маҳдуд карда мешуд.

Мактабҳои усули нав, яъне акнун шӯравӣ, дар давраи нав ба душвориҳои дигар дучор омад. Зеро, қисми зиёиёни пешқадами бухороӣ, агарчанде амирро дастгирӣ накарданд, аммо аз тартиботи нав ҳам рӯ гардонида, ё хонашин шуданд, ё ба хориҷа фирор карданд. Бинобар ин барои кушодани мактабҳои нав пеш аз ҳама муаллим-омӯзгор ва бинои таълимӣ намерасид. Аз ҳамин сабаб чунин мактабҳо, мисли пештара бештар дар хонаҳои бойҳо (дар давраи нав аксари онҳо гурехта буданд.), баъзан дар масҷидҳо кушода мешуд.

Умуман, ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда ҳукумати нави Бухоро ҳалли масъалаи маорифро зарур шуморид. Ҳанӯз аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ бо манифест эълон намуд, ки дар ҷумҳурӣ таълими бепул ҷорӣ карда мешавад, талабагонро бо либос ва пойафзол таъмин менамояд, китобхонаҳо, клубҳо, яслию боғчаи кӯдаконро ташкил менамояд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда муваффақиятҳо чандон назаррас набуданд. Танҳо соли 1922 дар ин соҳа каме пешравӣ ба вуҷуд омад. Дар ин сол дар ҷумҳурӣ 55 адад, аз ҷумла 37 мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, 3 мактаби махсуси занона ва духтарона, 12 интернат, 4 мактаби мусиқӣ ва якто мактаби ҳунармандӣ амал мекарданд. Соли 1924 шумораи умумии мактабҳои шӯравӣ дар  ҶХШБухоро ба 69 адад расид. Дар онҳо 5604 нафар талабагон мехонданд, ки ин ҳамагӣ 3,1 фоизи миқдори умумии талабагонро ташкил медод. Дар мактабҳои усули кӯҳна бошад он сол 12 ҳазор нафар талабагон таҳсил мекарданд, ки он 6,6 фоизи миқдори умумии талабагонро ташкил менамуд. Яъне миқдори талабагони мактабҳои усули кӯҳна аз мактабҳои усули нав ҳанӯз бештар аз ду баробар зиёд буд. Таҳсил дар мактабҳои шӯравӣ танҳо ба забони туркӣ, дар мактабҳои усули кӯҳна ба забони форсии тоҷикӣ мегузашт. Аз соли 1921 барои калонсолон мактабҳои маҳвӣ  бесаводӣ ташкил карда шуд, ки миқдори онҳо соли 1924 ба 45 адад расид ва дар онҳо тақрибан 4 ҳазор нафар талабагон сабақ меомӯхтанд. 1 майи соли 1923 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна аввалин мактаби ҳизбию шӯравӣ ташкил карда шуд, ки он барои ҷумҳурӣ мутахассисони ҳизбию шӯравиро тарбия менамуд. Бо мақсади тайёр намудани омӯзгорон соли 1922 дар Бухоро ва Чорҷӯй Донишкадаҳои муаллимтайёркунӣ кушоданд. Инчунин худи он сол 300 нафар бухороиёнро барои таҳсил ба Москва фиристоданд.

Аз дигаргуниҳои соҳаи маориф Бухорои Шарқӣ низ дар канор намондааст. Ҳанӯз моҳи марти соли 1921 дар Душанбе нозироти вилоятии маорифи халқӣ ташкил ёфт. Барои ташкили мактабҳои шӯравӣ ба ин ҷо аз Бухоро мутахассисон фиристода шуданд. Аз ҷумла, худи он сол ба Душанбе ва Ҳисор ду нафарӣ чунин шахсон омаданд. Дар натиҷа баҳори  ҳамон сол дар водии Ҳисор аллакай 5 адад мактабҳои шӯравӣ ташкил ёфтанд, ки дар онҳо 600 нафар талаба таҳсил мекарданд. Бо мақсади ҳарчӣ зудтар тайёр намудани омӯзгорон апрели соли 1921 дар Душанбе курси семоҳа ташкил ёфт, ки дар он 40 нафар шахсони дар мадрасаю мактабҳо таълимгирифта таҳсил мекарданд. Июли ҳамон сол 25 нафари онҳо курсро тамом намуда, ба ҷумлаи аввалин омӯзгорони шӯравии Бухорои Шарқӣ дохил шуданд.

Охири соли 1920 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна китобхонаи махсус ба кор шурӯъ намуд. Бо ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ дар дигар нуқтаҳо низ китобхонаҳо ба вуҷуд омаданд ва соли 1924 миқдори умумии онҳо ба 13 адад расид. Аз ҷумла соли 1923 аз Қаршӣ ба Душанбе 3 ҳазор нусха китоб оварда шуд ва он асоси аввалин китобхона (аввал дар назди гарнизони аскарони сурх) гардид.

Ҳукумати ҷумҳурии Бухоро ба масъалаи нигоҳдории тандурустии мардум низ аҳамияти ҷиддӣ медод. Бо мақсади пешгирии ҳар гуна  бемориҳо ботлоқзорҳоро хушк мекарданд. Ба муқобили бемориҳои сирояткунанда чораҳои заруриро медиданд. Беморхонаҳо ташкил менамуданд. Октябри соли 1923 дар ҶХШБухоро 5 адад беморхонаҳои халқӣ амал мекарданд, ки онҳо дар як вақт 240 нафар беморонро табобат карда метавонистанд. Беморхонаҳо дар Бухорои Кӯҳна, Бухорои Нав (Когон), Қаршӣ, Кармина ва Чорҷӯй ҷойгир буданд. Дар Душанбе, Каркӣ, Кӯлоб, Тирмиз, Қаратоғ, Шаҳрисабз ва Чорҷӯй нуқтаҳои табобатӣ амал мекарданд. Дар Бойсун, Шаҳрисабз, Китоб, Ғузор, Нурато, Ғиждувон, Вобкент ва Қарокӯл нуқтаҳои фелдшерӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо ба беморон маслиҳатҳои зарурӣ медоданд. Дар худи шаҳри Бухорои Кӯҳна лаборатория ва нуқтаҳои марказии ба муқобили бемории табларза, аз 1 январи соли 1924 Пажӯҳишгоҳи минтақавӣ (тропикӣ) амал мекард. Дар Душанбе низ нуқаҳои пешгирии бемории табларза ташкил ёфт.

Барои пешгирии ҳаргуна бемориҳо ва табобати онҳо дар нуқтаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз имкониятҳои қисмҳои аскарони сурх низ истифода мебурданд. Аз ҷумла, ҳанӯз ҳукумати маҳаллии Бухорои Шарқӣ бо қисми санитарии корпуси 13-уми тирандозӣ дар бораи дар Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Шеробод ташкил додани нуқтаҳои табобатӣ шартнома имзо карда буд. Бо ташаббуси  ҳукуматдорони маҳаллӣ дар чойхонаҳо гӯшаи санитарию гигиенӣ ташкил карданд.

Адабиёт. Маҳз дар давраи мавҷудияти ҶХШБухоро ташаккулёбии адабиёти навини тоҷик дар асоси адабиёти классикии он оғоз гардид, ки бунёдгузорони он С.Айнӣ, М.А. Мунзим, М. Раҳимӣ (1901-1968), А. Лоҳутӣ (1887-1957), П. Сулаймонӣ (1899-1933), ва дигарон буданд. С.Айнӣ бо шеърҳои инқилобӣ ва мақолаҳои публисистии худ дар сарнагун намудани тартиботи иртиҷоии амирӣ ҳисса гузошт. Вай дар он солҳо дар баробари бо ду забон; форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштани асарҳои худ, инчунин барои тарбияи адибони ҷавони ин ду халқи ба ҳам дӯст ҳисса гузошт ва аз ин рӯ, дар баробари сардафтари адабиёти навини тоҷик будан, сардафтари адабиёти навини ӯзбек низ гардид.

С.Айнӣ соли 1920 повести таърихии худ “Ҷаллодони Бухоро” (ба забони ӯзбекӣ навиштааст), солҳои 1918-1921 очеркҳои таърихии “Таърихи афкори инқилобӣ дар Бухоро” (аввал ба забони форси тоҷикӣ навишта, баъд ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст), солҳои 1921-1922 “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” (ба забони форсии тоҷикӣ), соли  1924 повести “Одина”-ро (ба забони форсии тоҷикӣ) навиштааст.

А. Лоҳутӣ соли 1922 аз таъқиби ҳукуматдорон ватанаш-Эронро тарк намуда ба мамлакати Шӯроҳо омад. Вай соли 1923 достонҳои “Кремл” ва “Инқилоби Сурх”-ро офарид. Шеърҳои М.А. Мунзим, П.Сулаймонӣ, М. Раҳимӣ тез-тез дастраси хонандагон мегардиданд.

Ҳанӯз охири соли 1920 дар Бухоро нашриёти давлатӣ ташкил ёфт. Зарурияти нашри варақаҳои зиёди ташвиқотиро ба инобат гирифта, соли 1923 дар Душанбе нашрияи хурдеро бунёд карданд.

Ҳамин тавр дар ҶХШ Бухоро дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо душвориҳои хеле зиёд оғоз гардида буд.


Калидожаҳо: Вазъи хаёти иктисодию ичтимои ва фархангии чумхури (ЧХШ Бухоро).

Шарҳ баста аст.