Васиятҳои Луқмони ҳаким ба фарзандаш

0
422

Дӯстони гиромӣ, ин навбат васиятҳои Луқмони ҳакимро баҳри шумо гирдоварӣ намудем. Бо диққат мутолиа намоед, ҳангоми мутолиа пас аз хондани ҳар як андарз каме дар борааш фикр кунед ва ҳаҷми ҷумларо ба назар нагиред, ҳарчанд баъзе ҷумлаҳо аз се калима иборат бошанд, вале як ҷаҳон маъниро дар худ пинҳон доранд.

Загрузка...

Вобаста ба шахсияти Луқмони ҳаким инҷо мутолиа намоед >>Луқмони ҳаким. Инак Васиятҳои Луқмони ҳаким:


Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.


Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.


Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!


Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!


Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!


Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!


Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!


Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!


Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!


Бо донишмандон ҳамроҳ бош!


Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!


Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!


Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!


Сухани санҷидаро баён кун!


Дӯсту ёронро эҳтиром кун!


Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!


Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!


Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!


То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!


Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!


Ба кам хӯрдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!


Ноомӯхта устодӣ накун!


Бо заъифон ва кӯдакон сирри худро дар миён нагзор!


Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!


Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!


Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!


Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.


Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!


Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!


Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!


Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!


Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!


Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!


Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!


Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!


Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!


Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!


Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!


Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!


Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!


Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!


Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!


Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!


Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!


Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!


Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!


Худхоҳ ва мутакаббир набош!


Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!


Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.


Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.


Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!


Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!


Суханро ба андоза бигӯ!


Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!


Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!


Марди дунё ва ҳам марди охират бош!


Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!


Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!


Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!


Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!


Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!


Кори нокардаро кардаи худ надон!


Бо бузургтар аз худ мазоҳ накунгуфтагуфтг


Бо бузургон сухани тӯлонӣ нагу!


Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!


Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош!

Луқмони ҳаким кист?


Ин буд якчанд васияти Луқмони ҳаким, дӯстони азиз. Барои зиёд намудани чунин мақолаҳо ва дастгирии сомона ин мақоларо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паҳн кунед.