Вақти гардиши фондҳо. Вақти истеҳсол ва вақти муомилот

0
66

Чӣ тавре, аз таҳлили саволҳои пештара маълум гардид, гардиши фондҳо давраҳои гуногун (фонди пулӣ, истеҳсолӣ, молӣ)-ро аз сар мегузаронад. Таркиби фондҳо ва суръати гардиши онҳо дар ҳар як давра вобаста ба хислат ва омилҳои муайянкунандаи онҳо (хислати соҳа, корхона, маҳсулот, вақти кор, вақти истеҳсол, мубодила) ҳархела сурат мегирад. Аз ин нигаҳ муайян кардани суръати гардиши фондҳо барои соҳибкор аҳамияти беназир дорад.

Загрузка...

Вақти гардиши фондҳо ҳамчун маҷмӯи сарфи вақте, ки дар давоми он захираҳои инвеститсионӣ (сармоягузорӣ) паи ҳам давраи муомилот (фонди пулӣ-ПМҚк), давраи истеҳсолот (. . . И . . .) ва давраи муомилот (М11)-ро аз сар гузаронида, боз ба шакли ибтидоии худ бар мегардад, фаҳмида мешавад, яъне:

    П–МВИ  . . . И . . .  М11

                  Қк

Бо ибораи дигар, вақти гардиши фондҳо ҳамчун маҷмӯи гирдгардиши фонди пулӣ (ПМҚк . . .И. . . М11), гирдгардиши фонди истеҳсолӣ (И. . . М11– ММҚк . . .И1) ва гирдгардиши фонди молӣ (М11– ММҚк. . . И . . .М11) сурат мегирад.

Дар ин звено вақти гардиш ҳамчун сарҷамъи вақти истеҳсол ( . . .И . . .) ва вақти муомилот (П- МВИҚк  ва М11), ташкил мегардад.

Суръати гардиши фондҳо, албатта дар доираи ҳар як давраи гардиш, вобаста ба омилҳои бозор ва омилҳои истеҳсолот ва хислатҳои соҳа, алалхусус хоҷагии қишлоқ, ки табиатан дар он ҷо гирифтани ҳосил дар давоми сол як маротиба имконпазир аст, ҳархела ба роҳ монда мешавад. Аз ин сабаб К. Маркс чунин формулаи ҳисобу китоби суръати гардиши сармояро тавсиф менамояд.

    n =  О/о

    дар ин ҷо:

    n – миқдори гардиш;

    О – давомнокии сол (12 моҳ);

     о – вақти гардиши сармояи мазкур.

Вақти гардиши фондҳо (сармоя) ҳамчун ягонагии вақти истеҳсол ва вақти муомилот баромад мекунад.

Вақти истеҳсол вақте мебошад, ки восита ва предметҳои меҳнат мустақиман дар доираи истеҳсолот банд мебошанд. Бо ибораи дигар, таҳти вақти истеҳсол, фосилаи муайяни ба корхона ворид гаштани олот, асбобу анҷом, ашё, сӯзишворӣ… истифодаи он дар раванди тавлидоти неъматҳо ва супоридани онҳо дар шакли маҳсулоти тайёр ба анборҳо дар назар дошта мешавад.

Вақти истеҳсол чунин давраҳоро дар бар мегирад:

– вақти воситаҳои истеҳсолот дар шакли захираҳои истеҳсолӣ (масалан, дар анбори корхона) мавҷуд будан, ки имкон медиҳад раванди истеҳсолот беист ва мунтазам давом ёбад;

– вақти ба ҳам пайваст кардани омилҳои истеҳсолот, яъне истеъмоли бевоситаи қувваи коргарӣ, воситаҳои истеҳсолот, қобилияти соҳибкорӣ дар раванди истеҳсолот. Ин ҷараён ҳамчун вақти корӣ, яъне давраи бевоситаи тавлиди неъматҳои моддӣ дониста мешавад. Давомнокии ин давра таҳти таъсири техникию технология, характери истеҳсолот ва тавлиди маҳсулот вобаста мебошад;

– вақти танаффусҳои меҳнатӣ (бекорхобидани воситаҳои истеҳсолот дар вақти хӯрокхурии нисфирӯзӣ, баъди кори сменагӣ, таъмир, ивази дастгоҳ ва ғайра);

– вақте, ки дар доираи он баъзе аз предмет ва воситаҳои меҳнат, зери таъсири равандҳои табии ё худ равандҳои сунъӣ қарор мегиранд (масалан, давраи сабзидани ғалла, туршшавии вино, тар ва хушк кардани чӯбу тахта, оҳар додани матоъ ва ғайра).

Истеҳсолот сарчашмаи муҳимтарини сармоягузорӣ, санҷи-ши натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ ва амалигардонии мақсади корхона ва ҷомеа мебошад.

Ба вақти истеҳсол омилҳои гуногун: баланд шудани ҳосил-нокию шиддатнокии меҳнат, автоматикунонӣ ва механикакунонии истеҳсолот, истифодаи ҳамаҷонибаи химия дар хоҷагии халқ, истифодаи оқилонаи маркетингу менеҷмент ва ғайра таъсир мерасонанд.

Вақти муомилот, даврае мебошад, ки предмет ва воситаҳои меҳнат бевосита дар раванди муомилот (хариду фурӯш) мебошанд. Ба он:

– вақти ба анбор дохил шудани маҳсулоти тайёр то

   фурӯши он;

–  вақти боркашонӣ; вақти фурӯши маҳсулоти тайёр;

– вақти тайёр ва харидани ашё ва воситаҳои нави истеҳсолот аз ҳисоби маблағҳои пулии аз фурӯши маҳсулот ба даст омада, ки барои сикли навбатии истеҳсолот заруранд, вақти харидани қувваи коргарӣ ва ғайра дохил карда мешавад.

Ба кам кардани вақти муомилот ва баланд бардоштани самараи истеҳсолот чунин омилҳо таъсир мерасонанд; ҳаҷми тақо-зою арза, нарх, рақобат, кам кардани вақти боркашонӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, беҳтар ташкил кардани ташкили савдо, ҳаҷми бозор, қобилияти харидории мизоҷон ва ғайра.


Вакти гардиши фондхо, Вакти истехсол ва вакти муомилот