Унсурҳои таркибӣ ва вазифаҳои системаи сиёсӣ

0
42

Сохтори системаи сиёсӣ аз унсурҳои ҷудогонае иборат мебошад, ки онҳо дар якҷоягӣ манфиатҳои синфҳои алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва моҳияти фаъолияти сиёсиро инъикос менамоянд. Унсурҳои ҷудогонаи сохтори системаи сиёсии ҷомеаро ба таври зайл нишон додан мумкин аст:

  1. Муносибатҳои сиёсӣ. Одатан моҳияти аслии муносибатҳои сиёсиро муносибатҳои мутақобилаи байни объект ва субъекти ҳокимият ташкил медиҳанд. Ин ҷо субъекти ҳокимият сабаби ба тағйирот дучор намудани рафтори объекти ҳокимият мебошад. Тағйир ёфтани рафтори объекти ҳокимият натиҷаи муносибатҳои сиёсӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ҳокимият ифодагари муносибатҳои сиёсӣ ба шумор рафта, раванди ба вуҷуд овардани сабаб ва натиҷаи рафтор ба шумор меравад. Дар маҷмӯъ, муносибатҳое, ки дар миёни синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, шахсони алоҳида ва давлат оид ба масъалаи истифодаи ҳокимият ба амал меоянд, моҳияти муносибатҳои сиёсиро ташкил мекунанд. Муносибатҳои сиёсӣ бо шаклҳои дигари муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқамандии зич дошта, шуури сиёсии ҷомеаро муайян менамоянд. Муносибатҳои сиёсӣ моҳияти системаи сиёсиро ташкил намуда, рушду инкишофи онро таъмин менамоянд.

2.Шуури сиёсӣ дарки воқеияти сиёсӣ аз ҷониби субъектҳои сиёсат мебошад. Маҷмӯи тасаввуротҳо, идеяҳо, андешаҳо, боварҳо ва эҳсоси иҷтимоию сиёсӣ мундариҷаи шуури сиёсиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти моҳият ва қонуниятҳои сиёсат сохтори шуури сиёсиро аз ду дараҷа иборат медонанд:

Загрузка...

– назариявӣ, ки барои дарки меъёрҳо ва қонунҳои ҳаёти ҷомеа заруранд ва аксар маврид ба воситаи консепсияҳо, барномаҳо, эъломияҳо, назарияҳо таҷассум меёбанд;

– амалӣ, ки он дар заминаи таҷрибаҳои ҳамарӯзаи одамон ташаккул меёбад. Дар дараҷаи мазкур шуури сиёсӣ зуҳуроти ҳаёти сиёсии ҷомеаро баҳогузорӣ намуда, ба воситаи назорат, муқоиса, таассурот, ҳолати равонӣ ва эҳсосоти гуногуни субъектҳои сиёсат, ки дар раванди сиёсӣ ширкат намуда истодаанд, зоҳир мегардад.

Шуури сиёсӣ, пеш аз ҳама, хусусияти иҷтимоӣ дорад. Зеро он ифодагари манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Шуури сиёсӣ бо навъҳои дигари шуури ҷамъиятӣ, ба монанди шуури иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ ва монанди инҳо алоқамандӣ дорад. Шуури сиёсӣ ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ ташаккул дода мешавад.

3.Меъёрҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ – меъёрҳои дар Конститутсия ҷойдошта, қонунҳои давлат, меъёрҳои оинномавии ташкилотҳои сиёсӣ, низомномаҳо. Ба воситаи меъёрҳои сиёсию ҳуқуқӣ муносибатҳои сиёсии ҷомеа танзим гардида, мустаҳкам карда мешаванд ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои сиёсӣ муқаррар мегарданд. Меъёрҳои мазкур дар ташаккули шуури сиёсии оммаи мардум таъсири амиқ мерасонанд. Қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, ҳифзи манфиатҳои давлат, миллат, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳидаро амалӣ менамоянд.

4.Ташкилоти сиёсӣ – ягонагии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба воситаи онҳо элитаи ҳукмрон ҳокимияти давлатиро дар амал татбиқ менамояд. Ташкилоти сиёсӣ дар шароити гуногунрангии сохтори сиёсӣ ба таври самаранок фаъолият намуда, алоқамандии унсурҳои таркибии системаи сиёсиро таъмин менамояд. Дар миёни онҳо мавҷудияти сохторҳои давлатӣ ва афзалиятнокии онҳо шарти зарурии самаранокии системаи сиёсӣ ба шумор меравад. Дар навбати худ, ташкилотҳои сиёсӣ аз унсурҳои алоҳидае иборатанд, ки онҳоро ба таври зайл нишон додан мумкин аст: мақомоти ҳокимияти давлатӣ (мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ), ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Бояд гуфт, ки ба воситаи институтҳои сиёсӣ манфиатҳои табақаҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар сатҳи лозима ҳимоя карда мешаванд.

Ташкилоти сиёсӣ дар таркиби ҳар як системаи сиёсӣ як қатор масъалаҳои муҳимро ҳал менамояд: 1) идоракунии ҷомеа; 2) ба амал баровардани муносибатҳои сиёсӣ; 3) ба амалияи ҷамъиятӣ табдил додани идея ва назарияҳои сиёсӣ.

Бояд гуфт, ки мустаҳкамӣ ва устувории системаи сиёсӣ аз фаъолияти бомароми ташкилоти сиёсӣ вобастагии зиёд дорад. Ба воситаи онҳо самтҳои афзалиятноки рушду инкишоф муайян гардида, муносибатҳои сиёсӣ, шуури ҷамъиятӣ, меъёрҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мустаҳкам мегарданд.

Ғайр аз ин, сохтори системаи сиёсӣ ва унсурҳои таркибии он дар шаклҳои дигар низ нишон дода шудаанд. Чунончи, фаҳмиши кибернетикии сиёсат имкон медиҳад, ки унсурҳои таркибии системаи сиёсиро ба таври зайл муайян намоем: даромадгоҳ ба системаи сиёсӣ, баромадгоҳи он, ангезаҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, алоқаҳои муҳити беруна бо система ва баръакс, раванди қабули қарори сиёсӣ ва монанди инҳо.

Д.Истон системаи сиёсиро аз маҷмӯи институтҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию сиёсӣ иборат дониста, воҳидҳои таркибии онро чунин баён намудааст: шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, ташкилотҳо, гурӯҳҳои фишоровар, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти давлатӣ.

Сиёсатшиноси ҳинд П.Шаран унсурҳои таркибии системаи сиёсиро чунин муайян намудааст: ҳокимият (тақсими манбаъҳо дар миёни гурӯҳҳои бо ҳам рақиб), манфиатҳо, сиёсат (натиҷаи муносибатҳои мутақобилаи миёни ҳокимият ва гурӯҳҳои манфиатдор), маданияти сиёсӣ (муносибати одамон бо системаи сиёсӣ).

Ҳар яке аз ин баррасиҳо паҳлуҳои гуногуни системаи сиёсиро ифода менамоянд ва мавҷудияти онҳо ба таври зарурӣ асоснок карда шудааст. Унсурҳои таркибии системаи сиёсӣ, ки дар боло номбар гардиданд, нисбатан мустақиланд, аммо онҳо бо ҳамдигар алоқаманд буда, аз ҳамдигар вобастагии зич доранд ва мавҷудияти онҳо ҳангоми иҷроиши вазифаҳои мушаххаси сиёсӣ эҳсос мегардад. Дар маҷмӯъ системаи сиёсии ҷомеа вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– идоракунии ҷомеа ва таъмини рушду инкишофи он;

– муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат;

– коркарди барномаҳои мушаххаси фаъолияти сиёсӣ, ки барои ҳимояи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа заруранд;

– ташкилнамоӣ ва танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ;

– мустаҳкам намудани ягонагии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа;

– таъмини амнияти миллии мамлакат.

Ҳамин тариқ, системаи сиёсии ҷомеа сохтори мураккабе мебошад, ки бо алоқаҳои гуногуни иртиботӣ асос меёбад. Ҳар як зерсистемаи он ва унсурҳои ҷудогонаи он барои ҷомеа хеле муҳим мебошанд, зеро ҳар яки онҳо вазифаҳои хосси худро иҷро менамоянд. Пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани рушди ҷомеа системаи сиёсиро маҷбур менамояд, ки дар ин самт вазифаҳои мушаххасро ба вуҷуд оварда, иҷро намояд. Қисме аз онҳоро ба таври зайл нишон додан мумкин аст:

  1. Системаи сиёсӣ бояд ҳадафҳои стратегии рушди ҷомеаро муайян намуда, ташаккул диҳад. Бо ин мақсад он бояд бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба коркарди барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат машғул гардад. Дар чунин шароит системаи сиёсӣ вазифаи мақсадгузориро иҷро менамояд.

2.Системаи сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ манбаъҳои мавҷударо бояд дар сатҳи зарурӣ истифода намояд. Дар ин раванд на танҳо манбаъҳои табиӣ ва моддӣ, балки манбаъҳои зеҳнӣ (дониш, таҷриба, иттилоот), маънавӣ, ахлоқӣ ва ғ. низ бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. Вазифаи мазкурро сафарбарнамоии манбаъҳо номидан мумкин аст.

  1. Системаи сиёсӣ бо назардошти манфиатҳои хеш ва манфиатҳои субъектҳои дигар тақсим намудани арзишҳои моддӣ ва маънавиро амалӣ менамояд. Чунин тақсимот ба таври гуногун амалӣ карда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо тақсими арзишҳо ба таври баробар амалӣ карда мешавад, аммо баъзан ҳиссаи бештари арзишҳо ба табақаҳои осебпазир ва ё ниёзманди ҷомеа насиб мегардад. Ҳам дар мавриди аввал ва ҳам дуюм системаи сиёсӣ вазифаи тақсимнамоии арзишҳо ва неъматҳоро иҷро менамояд.
  2. Системаи сиёсӣ ҳамаи аъзоёни ҷомеаро бояд муттаҳид намояд ва самти фаъолияти онҳоро мушаххас созад. Вай бояд ба одамон малакаи ҳамкорӣ намуданро омӯзонад ва неруи онҳоро барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии ҷомеа равона созад. Дар чунин шароит системаи сиёсӣ вазифаи муттаҳиднамоиро иҷро менамояд.
  3. Системаи сиёсӣ қонунҳои гуногун эҷод намуда, раванди иҷроиши онҳоро назорат менамояд. Бо ин мақсад институтҳои махсуси сиёсӣ аз рӯйи иҷроиши қонунҳо назорати доимӣ бурда, намегузоранд, ки қоидаҳо ва меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вайрон гарданд. Дар ин маврид вазифаи қонунгузорӣ ва назорати иҷроиши онҳо амалӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, унсурҳои ҷудогонаи системаи сиёсии ҷомеа вазифаҳои мухталифро иҷро менамоянд, ки онҳоро дар маҷмӯъ ба таври мушаххас дар шакли зерин нишон додан мумкин аст:

– иҷтимоикунонии сиёсӣ, ки дар раванди он шаҳрвандони мамлакат бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ шинос гардонида мешаванд ва дар заминаи донишҳои мазкур фаъолияти сиёсии онҳо ташкил карда мешавад;

– марҳила ба марҳила интихоби кадрҳо ва ҷобаҷогузории онҳо амалӣ карда мешавад;

– артикулятсияи манфиатҳо – раванди ташаккулёбӣ ва зоҳиршавии талабу дархостҳое, ки ба унвонии сохторҳои сиёсӣ ва маркази қабули қарорҳои сиёсӣ равона гардидаанд;

– агрегатсияи манфиатҳо – раванди бо ҳам наздик намудани талабу дархостҳо ва манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ва ба барномаҳои сиёсӣ ворид намудани онҳо;

– иртиботи сиёсӣ – раванди интиқол ва паҳн намудани иттилооти сиёсӣ чи дар миёни унсурҳои таркибии системаи сиёсӣ ва чи дар миёни система ва муҳити берунии он;

– эҷоди қонунҳо, иҷроиши қонунҳо, қоидаҳо ва меъёрҳо, назорати иҷроиши онҳо.