Ҷудо шудани масеҳият ба Калисои ғарбӣ ва Калисои шарқӣ Пайдо шудани католитсизм

Дар соли 285 император Диоклетиан империяи Римро ба ду қисм – қисми Шарқӣ, ки худаш дар он император буд ва қисми Ғарбӣ, ки дар он рафиқаш Максимианро император гузошта буд, ҷудо кард. Дар асри IV бошад, император Константин империяи масеҳиро созмон дод. Пойтахти он шаҳри Константинопол «Рими нав» номида шуд. Ҳамин тақсимшавии сиёсию маданӣ ба Шарқу Ғарб оҳиста-оҳиста ба ҷудогии динӣ ва ба он оварда расонид, ки калисоҳои ғарбию шарқӣ ҳар кадом дар алоҳидагӣ ва ба тарзи ба худ хос амал намоянд. Дар ғарб – худи Рим баъди бекор кардани қудрати император ва пош хӯрдани империя (тақрибан соли 476) нуфузу обрӯи епископи Рим, ки номи папаро гирифт, ниҳоят афзуд. Калисои римӣ номи калисои католикиро гирифт.

Дар шарқ бошад вазъият дигар хел буд. Дар ин ҷо империя ва император барҷой буда, патриархҳои калисоҳои Константинопол, Антиохия, Искандария ва Иерусалим дар итоати императорҳо қарор доштанд ва соҳиби чунин нуфузи баланд – ба мисли нуфузи папа набуданд. Бе ин ҳам дар асрҳои VIII-IX императорҳо барои боз ҳам сусттар гардонидани қудрати молии калисоҳо – заминҳои калисоҳою дайрҳоро мусодира менамуданд. Аз ҳамин рӯ, калисоҳои шарқии ёдшуда дар ихтиёри императорҳо буданд, на папаи Рим. Ҳарчанд папа мехост онҳоро дар итоати худ қарор диҳад, ин ба ӯ муяссар намегардид. Оқибат ҷудоии  сиёсии минтақавӣ ва мухолифатҳои догматикӣ дар байни ду калисои асосӣ-шарқию ғарбӣ дар соли 1054 расман ба ҷудоӣ оварда расонид. Калисои ғарбӣ (Римӣ-католикӣ) аз Калисои шарқӣ (Юнону православӣ) ҷудо гардид.

а. Фарқиятҳои асосии байни ин ду калисо чунинанд:

  1. Калисои ғарбӣ дар ибтидо чунин мешуморид, ки асли баромади Рӯҳи Муқаддас аз Худо-падар аст. Баъдтар ба ин аҳком илова гардид, ки «аз худо-писар низ». Ин ибора ба лотинӣ «филиокве» тарҷума мешавад, яъне асли баромади Рӯҳи Муқаддас ҳам аз Худо-падар ва ҳам аз Худо-писар мебошад. Бо ҳамин эътироф мегардид, ки Худо-падар ва Худо-писар баробаранд.

Калисои шарқӣ «филиокве»-ро қабул надошт ва баромади Рӯҳи Муқаддасро фақат аз Худо-падар медонист. Ана ҳамин мухолифат нуқтаи асосии зиддияти байни ду калисоро ташкил медиҳад.

  1. Таълимоти Калисои ғарбӣ дар хусуси хидматҳои аз будаш зиёди апостолҳо (авлиёҳо) дар назди худованд ва истифодаи калисо аз хазинаи он хидматҳо.
  2. Амалияи индулгенсиядиҳӣ – маҳв кардани гуноҳҳо. Калисои католикӣ дар бадали маҳв намудани гуноҳҳои шахс аз диндорони масеҳӣ маблағ мегирифт.
  3. Таълимоти католикӣ дар хусуси аъроф, ки тибқи он рӯҳҳои гунаҳкорон дар оташ сӯхта, пеш аз даромадан ба биҳишт аз гуноҳ пок мешаванд. Агар соҳибони мурда ба калисо маблағ супоранд, мӯҳлати мондани рӯҳи мурда дар аъроф кӯтоҳ карда мешавад.
  4. Дар соли 1854 таълимот дар хусуси бегуноҳ ҳомиладор шудани Мария ҳамчун аҳкоми динӣ аз тарафи калисои католикӣ эълон гардид. Дар таълимоти православӣ Мария-модари Иисус ҳамчун олиҳаи покӣ ба қалам дода мешавад. Ин ҷо масъалаи фиқҳӣ пайдо мешавад, ки агар ӯ олиҳа бошад, Иисус писараш чӣ тавр дар нисбати ӯ наҷотбахш мешавад?
  5. Дар соли 1870 калисои католикӣ аҳкомро дар хусуси дар масоили динӣ дурусткор ва хатонакунанда будани папа баровард, ки православҳо ба ин аҳком розӣ нестанд.

б. Дар ибодатҳо фарқҳои зерин мавҷуданд:

Ҳангоми ғусли таъмид, католикҳо обро мепошанд, православҳо бошанд дар об ғӯта мезананд.

Молидани равғани ҳанут  аз ҷониби католикҳо баъди ғусли таъмид ба пешонаи касони ба балоғатрасида, православҳо  бошанд равғанро ба пешонаи кӯдакон мемоланд.

Ҳангоми причащение  католикҳо ба мардум фақат нон мехӯронанд (нону шароб фақат ба роҳибон хӯронида мешавад), православҳо ба ҳама нону шароб мехӯронанд.

Католикҳо ҳангоми иҷрои ибодатҳо аз забони лотинӣ истифода мебаранд, православҳо не.

в. Фарқҳои ҳуқуқӣ:

Тибқи таълимоти католикҳо ҳамаи рӯҳониён бояд муҷаррад бошанд, аммо дар православҳо-фақат роҳибон;

«Католикҳо» қарорҳои 21 анҷумани умумиҷаҳонӣ, православҳо бошанд қарорҳои 7 чунин анҷуманро эътироф менамоянд.

Ғайр аз ин дар мазҳаби католикҳо мансаби кардиналҳо вуҷуд дорад, ки дар православҳо ин чиз нест. Дар католикҳо талоқ вуҷуд надорад.

Католитсизм аз калимаи юнонии «кафоликос» гирифта шуда, маънояш «умумӣ», яъне калисои умумӣ, ҷомеъ мебошад.

Шумораи умумии католикҳо дар солҳои 70-уми асри XX 580 миллион нафарро ташкил медод. Дар Португалия, Испания, Италия, Ирландия, Белгия, Австрия, Полша-пурра, дар Фаронса, Венгрия, Чехославакия-қариб пурра католитсизм ҳукмрон аст. Католикҳо қисман дар Германия, Югославия, Албания, Швейтсария, Англия зиндагӣ мекунанд. Шумораи католикҳо дар Амрикои Лотинӣ, ШМА, Канада, Африқо, Осиё ва Океания низ зиёд аст. Литвагиҳо ва латишҳо низ католик мебошанд.

Шарҳ баста аст.