Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

0
10

Мутобиқи моддаи 17 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқи ва гунаҳкоронаи, шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқи мебошад, ки содир намудани он тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси ҷавобгарии маъмури мегардад. ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан ё аз беэҳтиёти содир карда мешавад. Беамалӣ дар он сурат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад, ки дар қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории шахс дар хусуси бо амалҳои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оқибатҳо пешбинӣ шуда бошад. Шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте гунаҳкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии вай гумроҳона содир шуда бошад ва ӯ сар задани ин гумроҳиро пешбинӣ карда натавониста бошад. Шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки барои риояи меъёру қоидаҳое, ки тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барояшон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, имконият доштанаш муқаррар шуда бошад, вале ӯ барои риояи онҳо на ҳамаи чораҳоро андешидааст. Ба шахси ҳуқуқӣ таъйин кардани ҷазои маъмурӣ шахси воқеии гунаҳгорро ба сабаби ҳуқуқвайронкунии мазкур аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намекунад ва ҳамзамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида шудани шахси воқеӣ шахси ҳуқуқиро аз ҷавобгарии маъмурӣ ба сабаби ин ҳуқуқвайронкунӣ озод намекунад.

Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дорои аломатҳои зерин аст:

Загрузка...

1)  содир шудани кирдор дар шакли амал ё беамалӣ.

2)  ба ҷамъият хафнок будани кирдор.

3)  зиддиҳуқуқи будани кирдор.

4)  гунаҳкорона содир шудани кирдор.

5)  барои ин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбини шуд бошад.

Мавҷуд набудани як аз аломатҳои таркиби дар кирдори субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси аз ҷавобгари озод шудани он мегардад. Таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмури дорои чор элемент зерин мебошад: 1) объект, 2) тарафи объективӣ, 3) субъект, 4) тарафи субъективӣ.

Объекти умуми ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муносибатҳои ҷамъиятии дар соҳаи идоракунии давлатӣ ки бо меъёрҳои маъмурӣ ва меъёрҳои дигар соҳаҳои ҳуқуқ танзим мешаванд, ташкил медиҳад. Инчунин ба сифати объекти ҳуқуқвайронкунии маъмури, шахсият ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ ва давлатӣ, моликият бехатирии ҷамъиятӣ, ва тартиботи идоракуни дохил мебошад.

Тарафи объективӣ ҳуқуқвайронкунии маъмуриро кирдори ҳуқуқвайронкунанда дар шакли амал ё беамалӣ, ки ба вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқи равона шудааст ташкил медиҳад.

Субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Ба ҷавобгарии маъмурӣ шахси воқеие кашида мешавад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синни ӯ ба шонздаҳ расида бошад. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) метавонанд ҳолатҳои мушаххаси дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда ва маълумоти марбут ба ноболиғро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳ содир кардааст, ба назар гирифта, он шахсро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намоянд. Баъди аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор қабул гардидани қарори аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ноболиғ парванда дар ҳаққи ӯ барои татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонӣ ба Комиссияи кор бо ноболиғон фиристода мешавад.

Шахси мансабдор дар сурати содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Таҳти мафҳуми шахсони мансабдор мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсоне фаҳмида мешаванд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё дар асоси ваколатҳои махсус вазифаҳои намояндаи ҳокимияти давлатиро анҷом медиҳанд, инчунин шахсоне фаҳмида мешаванд, ки дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагиро иҷро менамоянд. Роҳбарон ва кормандони ташкилотҳо, ки дар робита ба иҷрои ӯҳдадориҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагӣ ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудаанд, инчунин шахсони воқеие, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатномаи қайдгирӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ анҷом медиҳанд, ҳамчун шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, ба шарте, ки дар қонун тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

Шахси ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ гардидаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Шахси ҳуқуқӣ ҳамчунин метавонад барои кирдори (амал ё беамалии) шахси воқеие, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ҳаққи онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ гардад, ба шарте, ки муқаррар карда шавад, ки ин шахси воқеӣ ҳамчун намояндаи (узв, роҳбар) шахси ҳуқуқӣ кирдори ғайриқонуниро ба манфиати онҳо содир кардааст.

Тарафи субъективии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро гуноҳ дар шакли қасдан ё аз беэҳтиёти содир кардан ташкил медиҳад. Мувофиқи моддаҳои 18 ва 19 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содиркарда хусусияти зидди ҳуқуқӣ доштани кирдори (амал ё беамалии) худро донад, оқибати зарарноки онро пешбинӣ карда, чунин оқибатро хоҳад ё дидаю дониста ба содиршавии он роҳ дода бошад, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан содиршуда эътироф мегардад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте аз беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки шахси онро содиркарда эҳтимоли оқибати зарарноки кирдори (амал ё беамалии) худро пешакӣ донад, вале бе асосҳои кофӣ, бепарвоёна ё худбоварона ба пешгирии чунин оқибатҳо умед бандад ё эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани чунин оқибатро пешбинӣ накарда бошад, ҳарчанд мебоист ва мумкин буд онро пешбинӣ намояд, инчунин ғайриқонунӣ будани кирдори худро бояд медонист.