Ҳуқуқи инсон ва проблемаҳои муосири он

Проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсон. Проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсон он масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо дар назди инсоният дар марҳилаи муосир истодаанд. Давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсонро дар чорчубаи шартномаҳои байналхалқӣ ва қонунгузории дохилидавлатӣ ҳаллу фасл намоянд.

Ба проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсон инҳо дохил мешаванд: проблемаҳои ҳуқуқи инсон дар контексти биоэтикӣ; проблемаҳои татбиқи ҷазои қатл; проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои кӯдак; проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои зан, хариду фурӯши одамон; проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои гурезаҳо; проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳоказо.

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои кӯдак. Мувофиқи моддаи 1 Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак инсони то 18 сола кӯдак ҳисоб карда мешавад. Конвенсияи мазкур аз сарсухан, 3 қисм ва 54 модда иборат аст, ки вазъи ҳуқуқии кӯдаконро муайян мекунад. Тибқи Конвенсияи мазкур давлатҳо ӯҳдадоранд, ба кӯдакон тамоми ҳуқуқҳояшонро дар ҳудуди худ таъмин кунанд. Ба монанди, ҳуқуқ ба ҳаёт (м. 6), ҳуқуқи озодии ақида, виҷдон ва дин (м. 13 ва 14), ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, ҳаёти оилавӣ, манзил (м. 16)[1]. Давлатҳо дар баробари ин бояд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳоро таъмин намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон вазъи ҳуқуқии кудаконро кафолат медиҳад. Ба сифати низоми кафолатҳои ҳуқуқии риояи ҳуқуқҳои кӯдак ин асноди меъёрию ҳуқуқӣ баромад менамоянд: Конститутсияи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» (аз 1 августи соли 2003 № 28; ба он аз 26.03.2009с. № 502 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст); Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» (аз 22 декабри соли 2006 № 221); Стратегияи миллии ҶТ дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 № 297 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҶТ таҳсил менамоянд» (аз 2 майи соли 2007 № 244; ба он аз 02.02.2009с. № 92 тағйироту иловаҳо ворид гардидааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Оид ба тасдиқи навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад» (аз 1 октябри соли 2004 № 407) ва ҳоказо.

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои зан. Риояи ҳуқуқҳои зан яке аз проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсон буда, низоми кафолатҳои ҳуқуқии худро дорад. Низоми кафолатҳои ҳуқуқии риояи ҳуқуқҳои зан ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: байналхалқӣ ва дохилидавлатӣ.

Кафолатҳои байналхалқӣ-ҳуқуқии ҳуқуқи зан аз ҳуҷҷатҳои универсалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Билл оид ба ҳуқуқи инсон), стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, санадҳои минтақавии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои универсалии байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи зан иборат аст. Ба ҳуҷҷатҳои универсалии байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи зан Конвенсия «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» (аз 18.12.1979с.), Протоколи иловагӣ ба Конвенсия «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» (аз 6.10.1999с.), Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занҳо» (аз 20.12.1952с.) ва ҳоказо дохиланд.

Кафолатҳои дохилидавлатии ҳуқуқҳои зан дар ҶТ дар ин асноди меъёрию ҳуқуқӣ оварда шудаанд: Конститутсия ҶТ; қонунҳои конститутсионии ҶТ – Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ» (аз 4.11.1995с.), Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» (аз 21.07.1994с.), Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии ҶТ» (аз 10.12.1999с.), Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (аз 10.12.1999с.), Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи референдум дар ҶТ» (аз 4.11.1995с.) ва ҳоказо; қонунҳои ҶТ – Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1.03.2005с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ репродуктӣ» (аз 2.12.2002с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» (аз 15.07.2004с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» (аз 28.12.2005с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо» (аз 10.05.2002с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» (аз 20.03.2008с.) ва ҳоказо; кодексҳои ҶТ – Кодекси граждании ҶТ (Қисми I) (аз 30.06.1999с.), Кодекси граждании ҶТ (Қисми II) (аз 11.12.1999с.), Кодекси граждании ҶТ (Қисми III) (аз 1.03.2005с.), Кодекси меҳнати ҶТ (моддаи 7, 29, 159-173) (аз 15.05.1997с.), Кодекси оилаи ҶТ (моддаи 1-2, 7-8, 10-45, 90-94) (аз 13.11.1998с.), Кодекси ҷиноятии ҶТ (моддаи 78, 116-117, 123-124, 138-142, 155, 168-170) (аз 21.05.1998с.) ва ҳоказо; санадҳои зериқонунии ҶТ – Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа» (аз 3.12.1999с.), Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010»» (аз 6.08.2001с.), Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» (аз 31.08.2004с.), Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» (аз 1.11.2006с.), Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти ҶТ» (аз 3.04.2006с.) ва ҳоказо.


[1] Ниг.: Конвенсияи Байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак. / Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ). – Душанбе: Мастер-Принт, 2006. – С. 245-248.

Шарҳ баста аст.