Тоқӣ (токии точики)

0
186

токии точики, токии чусти

ТОҚӢ, тӯппӣ, яке аз навъҳои маъмули каллапӯши халқҳои Осиёи Миёна (тоҷикон ва ӯзбекҳо), аҳолии ҷануби Қирғизистон, инчунин Афғонистон, Эрон ва Туркия. Тоқӣ аз теппа (тора), кизак, абра, ҷияк (шероза, зеҳ) яборат аст. Мувофиқи шароити маҳал, табъи одамон ва дар натиҷаи ривоҷу равнақи санъати амалии халқ хелҳои гуногуни Тоқӣ ба вуҷуд омадаанд: чуст, чоргула, яроқӣ, тагдӯзӣ ё чамангул, зардӯзӣ, юрма, пӯпакдор (пӯпакчадор), тӯртӯпӣ (арақчин), духоб, кабуд (сабз), тавилбегӣ ва ғайра.

Загрузка...

токии точики

Дар ҷануби Тоҷикистон (Кӯлоб, Дарвоз, Қаротегин, Ҳисор ва ғайра) Тоқии мудаввар ва гумбазшакл, дар шимоли Тоҷикистон (Уротеппа, Ленинобод, Ашт, Конибодом, Исфара ва ғайра) Тоқии чоркунча маъмул аст. Матоъи теппа ва кизаки Тоқии районҳои ҷануби Тоҷикистон аз карбос, алоча, чити ранга ё якранг, лас, шоҳӣ, махмал, парча аст.

Рӯйхати табрикотҳо барои зодрӯзи падару модар, фарзанд, бародар дӯстдошта ва дигар табрикотҳои ошиқонаву самимонаро инҷо мутолиа намоед: ТАБРИКОТҲО

Маводҳои аҷибу фактҳои гуногун дар инҷо: АҶИБ

Баъди аз матоъ бурридани теппаю кизаки Тоқӣ ба он нусха кашида, бо абрешими ранга гул медӯзанд. Дар зери теппаю кизак астар гузошта (пештар дастӣ, ҳоло бо мошинаи либосдузӣ), лаганда мекунанд. Кизакро барқад, теппаро аз паст ба боло лаганда мекуназд ва дар байни лаганда бо пилтакаш пилтчаи коғазӣ (дар гузашта пилтаи пахтагӣ ҳам мешуд) мегузаронанд. Тоқӣ аввалҳо гумбазшакл (конусшакл), мулоим буда, ҳоло шакли он дар маҳалҳо тағйир ёфта, каме сахттар шудааст.

Ҷияки Тоқӣ пештар борик (баъзеи он дар дастгоҳи махсус) ва гулнок тайёр карда мешуд (масалан, ҷияки Тоқии ироқӣ ва ғайра). Ҳоло паҳнии ҷияки Тоқӣ дар ноҳияҳои гуногун ҳар хел аст. Барои калонсолон пеш Тоқии сабук (баҳорпӯшак, арақчин) вуҷуд дошт. Тоқии зардӯзии Бухоро (дар гузашта мудаввар, ҳоло чоркунҷа) дар сар то сари Тоҷикистон паҳн гардидааст. Тоқии зардӯзиро аз рӯи нусхаи коғазӣ ғафс медӯзанд.

токии помири
Тоқии мазкурро мардуми Бадахшон мепӯшанд.

Дар шимоли ҷумҳурӣ Тоқии чуст машҳур аст. Онро қариб дар ҳамаи шаҳру районҳои Тоҷикистону Узбекистон ва як қисми Қирғизистон низ мепӯшанд. То солҳои 50 ҷавонон Тоқии чамандагул мепӯшиданд. Теппаю кизаки чунин Тоқӣ бо абрешими борики ранга, аз рӯи нусха, пурра гулдӯзӣ карда мешуд. Ин хел Тоқӣ ҳам шакли чоркунҷа ва ҷиякги ироқӣ дошт. Занон асосан дар солҳои Ҳокимияти Советӣ тӯппипӯш шуданд. То ғалабаи Револютсияи Октябр занон танҳо дар ноҳияҳои Бухорою Самарқанд ва Помир Тоқӣ мепушиданд. Ба кӯдакон Тоқии сабук — арақчин мепӯшониданд. Барои бачагон низ чун барои калонсолон Тоқӣ медӯхтанд.


Тоқии тоҷикӣ, токии точики, токии кулоби, токии помири, токихои точики, токии занона, токии чусти, тоқӣ, токи, toki, toqi, tokii tojiki, tajik toki, Tajikistan.