географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Тоҷикистони Шимолӣ

Ин ноҳияи иқтисодӣ дар Шимолии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати он 12,8 ҳазор километри мураббаъро ташкил менамояд. Аз ҷиҳати мавқеи географӣ вай ноҳияи канорӣ буда, аз маркази ҷумҳурӣ дур воқеъ гардидааст. Дар ҷануби ноҳия аз Ғарб ба Шарқ тӯл кашидани қаторкӯҳи Туркистон робитаи иқтисодии онро бо водии Зарафшон ва қисми Ҷануби Тоҷикистон душвор мегардонад. Ягона роҳи наздике, ки ноҳияро бо ин қисмҳои ҷумҳурӣ пайваст мекунад, роҳи мошингарди ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоб мебошад. Ин роҳ мавсимӣ буда, ҳамагӣ 5-6 моҳ кор мекард. Ҳоло бошад, баъди кушодани туннели Анзоб роҳи доимии мошингард, байни водии Зарафшон ва ҷанубии Тоҷикистон амал мекунад.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Қаламрави ноҳия асосан ба вилояти табиии Тоҷикистони Шимолӣ дохил мешавад. Вай қисми ғарбии водии Фарғона ва канори ҷанубу шарқии дашти Мирзочӯлро дарбар мегирад. Сатҳи он ноҳамвор мебошад. Фарқи пасту баландии шаклҳои асосии релеф, (кӯҳҳо, доманакӯҳҳо, теппаю адирҳо, ҳамвориҳои назди кӯҳӣ ва ғайра), нисбатан зиёд аст. Кӯҳҳои Қурама ва Муғул, ки дар Шимолу Ғарби ноҳия воқеъ гардидаанд, ба ҳисоби миёна 200-1000 м баландӣ доранд. Қуллаи аз ҳама баланди он Бобои Об ном дорад. Баландии он 3758 метрро ташкил менамояд. Дар ҷануби ноҳия аз Ғарб ба Шарқ дар муқобили кӯҳи Қурама қаторкӯҳи Туркистон кашол ёфтааст. баландтарин қуллаи он 6331 метр аст. Дар байни кӯҳи Қурама ва қаторкӯҳи Туркистон ҳамвории ғарбии Фарғона воқеъ гардидааст. Дарозии он 300 километр, бараш дар ҷойи аз ҳама васеъ 170 километрро ташкил мекунад. Қисми ғарбии он ба воситаи хамидаи Мирзоработ ба дашти Дилварзин ва Мирзочӯл, ба воситаи «дарвозаи Хуҷанд), пайваст мешавад. Баландии сатҳи ҳамворӣ дар қисми марказӣ (водии дарёи Сир) 320 метр буда, ба самти Шимол ва Ҷануб (доманаи кӯҳҳо), аз 800 то 1000 метр баланд мешавад.

Сатҳи ҳамвориро адирҳои начандон баланд халалдор менамоянд. Онҳо ҳамчун як силсилаи баландӣ аз Ҷанубу Ғарб ба самти Шимолу Шарқ тӯл кашиданд: баландии Деҳмой, Исфисор, Оқбел, Оқҷар, Қизилҷар. Баландии мутлақи онҳо 400-100 метрро ташкил менамояд. Дар канори ғарбии ҳамворӣ дашти Мирзочӯл воқеъ гардидааст, ки баландии мутлақи он ба 250-300 метр мерасад. Қисми Ҷанубу Шарқии дашт ба ҳамвории доманакӯҳи Туркистон пайваст мешавад. Сатҳи ин ҳамворӣ дар ҳама ҷо як хел нест. Дар ин ҷо қатортеппаҳои Ӯротеппа, хамии Шаҳристон ва Ӯротеппа ҳамвориро ба қисмҳо ҷудо кардаанд. Ҳамин тавр релефи қаламрави ноҳия мухталиф буда, шаклҳои асосии он дорои баландиҳои гуногун мебошад. Чунин фарқияти баландиву пасти шаклҳои релеф ва мавқеи географии ноҳия боиси ба таври амудӣ ҷойгир шудани минтақаҳои табиӣ гардидааст. Бинобар он ҳангоми аз маркази ҳамворӣ ба қуллаи кӯҳҳои Қурама ва Туркистон ҳаракат кардан қонунан ивазшавии зонаҳои табиии зеринро мушоҳида мекунем: биёбон, нимбиёбон, даштҳои кӯҳӣ, марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ.

Аз ин минтақаҳо дар қаламрави ноҳия минтақаи биёбон, нимбиёбон ва даштҳои кӯҳӣ масоҳати васеъро дарбар мегиранд. Аз ҷумла,  минтақаи биёбон зери водии дарёи Сир, ҳамвории доманаи кӯҳи Қурама, қаторкӯҳи Туркистон (то баландии  800 метр) ва даштҳои Мирзочӯлу Далварзинро фаро гирифтааст. Ин минтақа бо ҳавои гарм ва миқдори ками боришот фарқ мекунад. Ба ҳисоби миёна дар як сол аз 100 то 240 мм бориш мешавад. Ҳаракати миёнаи моҳи январ -0,90, -2,40, моҳи июл ба +25, +30,80 баробар аст. Маҷмӯи ҳарорати мусбӣ 50000, давомнокии рӯзҳои гарм 310-312, рӯзҳои бесармо 210-215 рӯзро ташкил медиҳад. Хоки минтақа асосан хокистарии равшан ва хокистарии сиёҳтоб мебошад. Наботот аз эфимерҳо ва растаниҳои ба хушкӣ тобовар иборатанд. Аз ҳайвонот мор, сангпушт, сусмор, калтакалос, тазарв, бедона, ҳудҳуд ва ғайра вомехӯранд.

Минтақа аз сарватҳои зеризаминӣ бой мебошад. Дар ҳудуди он металлҳои ранга, оҳан, ангишт, нафт, газ, намаки ошӣ, оҳаксанг, гипс, ашёи хом барои истеҳсоли керамзит ва аглоперит, хишти пухта, шиша ва ғайра тадқиқ карда шуданд. Шароит ва сарватҳои табиии минтақа барои парвариши пахта, шолӣ, ташкил кардани боғу токзорҳо ва истеҳсоли намуди гуногуни ашёи хом имконият медиҳад.

Тақрибан аз баландиҳои 1000 м дар соҳили рост, (канори шимолии ҳамвории доманаи кӯҳи Қурама ва нишебиҳои он), ва 800 метр дар соҳили чапи дарёи Сир минтақаи биёбонро минтақаҳои камбари нимбиёбон ва васеи даштҳои кӯҳӣ иваз мекунанд.

Иқлими ин минтақа нисбат ба минтақаи биёбон салқин аст. Маҷмӯи ҳарорати мусбӣ 4200-46000, давомнокии гармо 200-210 рӯзро ташкил менамояд. Боришоти солона аз 115 то 300-350 мм тағйир меёбад. Хоки минтақаро намудҳои гуногуни хоки хокистарранг ташкил мекунанд. Аз ҷумла, дар даштҳои кӯҳии Исфара хоки хокистарранги равшан, оддӣ дар Ӯротеппа, хокистарранги сиёҳтоб васеъ паҳн гардидаанд. Наботот дар мавзеъҳои камбориш сираки нимсаванаги паст буда, дар ҷойҳои сербориш ба алафҳои хӯшадори қадбаланди нимсаванагӣ табдил меёбад. Ҳайвоноти ин минтақа аз рӯбоҳ, қашқалдоқ, харгӯш, гург, ҷайра, шонасарак, кабк, зоғ ва ғайра иборатанд. Сарватҳои зеризаминӣ асосан аз ашёи сохтмонӣ иборатанд. Шароити хоку иқлими ноҳия ба парвариши зироатҳои лалмӣ (ғалладона, зағир ва ток) имконият медиҳад. Дар қисми поёнии минтақа пахтаи тезпазак парвариш кардан мумкин аст.

Обҳои дохилии ноҳияро шабакаи дарёҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил менамоянд. Дарёҳои калонтарини ноҳия Сир, Исфара, Исфана, Хоҷабоқирғон ва Оқсӯ ба ҳисоб мераванд. Ғайр аз дарёи Исфара боқимондаи онҳо оби худро берун аз марзи ҷумҳурӣ мегиранд. Оби дарёҳо пурра барои обёрӣ сарф мегардад. Бинобар он ба дарёи Сир мунтазам рафта намерасанд. Дарёҳое. ки аз нишебиҳои Ҷанубу  Шарқии кӯҳи Қурамос ҷорӣ мешаванд, (Кадак, Коксар, Ошоба, Гудас, Бобои об, Оқтош, Сарвак ва ғайра) аз сабаби камоб буданашон аз ҳамвории доманаи он берун ҷорӣ намешаванд. Дарёи Бурган ва Басманда, ки аз нишебиҳои қаторкӯҳи Туркистон ҷорӣ мешаванд, баробари аз тангиҳои қаторкӯҳи Туркистон баромадан оби онҳо низ ба обёрӣ сарф гардида, аз ҳамвории доманакӯҳи Туркистон берун намеоянд.

Барои захира кардани об ва истифодаи оқилонаи он дар дарёи Сир дар назди НБО-и Қайроқум ва Фарҳод обанборҳо сохтанд. Аз онҳо ба воситаи наҳри худҷоришаванда, (наҳри Дилварзин), ва обкашакҳои сунъӣ заминҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Масчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов обшоркарда шуданд. Чунин обанбор дар Катасой (Ӯротеппа) низ сохта шудааст. Оби он заминҳои  хамидаи Ӯротеппаро обёрӣ менамояд. Кӯлҳо дар қаламрави ноҳия зиёд нестанд, дар инҷо фақат кӯли Оқсукон воқеъ гардидааст. Оби он шӯр буда, тобистон хушк мешавад. Аз он намак ва лойқаи табобатӣ истеҳсол мекунанд. Дар баъзе мавзеъҳои ноҳия обҳои зеризаминӣ муайян карда шуданд. Қисми онҳо барои обёрӣ ва нӯшокӣ истифода мешаванд.

Ҳамин тавр, шароити мусоиди табиӣ, мавҷуд будани сарватҳои гуногуни табиӣ, мавқеи мувофиқи географӣ — иқтисодӣ (наздик будан ба ноҳияҳои инкишофёфтаи Ӯзбекистон ва Қирғизистон, пайваст будан бо шабакаи роҳҳои оҳан ва мошингарди Осиёи Марказӣ), на фақат дар замони мо, балки аз қадим барои фаъолияти гуногуни хоҷагӣ имконият фароҳам оварда буд.

Давраҳои ташаккули хоҷагӣ. Зимни истифодаи шароити мусоиди табиӣ ва мавқеи мувофиқи географӣ-иқтисодӣ хоҷагии ноҳия давоми асрҳо ташаккул ёфтааст.  Аз давраҳои қадим зимни истифодаи обу замин аҳолӣ дар водиҳои Исфара, Хуҷанд, Ӯротеппа зич маскун шуда буд. Ба ин нафақат истифодаи обу замини ноҳия, инчунин дар сари роҳи савдо воқеъ гардидани он мусоидат кардааст. Аз қаламрави ноҳия роҳе мегузашт, ки тавассути он Хитой бо давлатҳои Шарқи наздик ва Аврупо додугирифт мекард.  Он дар таърихи робитаҳои ҷаҳонӣ ҳамчун «Роҳи абрешим» маъруф аст. Пайвастагии бевосита ба ин роҳ пешрафти иқтисодиёти он такон дод. Шаҳрҳое, ки дар самти роҳ ҷойгир шуда буданд, (Исфара, Конибодом, Хуҷанд ва Истаравшан), ба марказҳои тиҷоратӣ, косибӣ ва ҳунармандӣ табдил ёфтанд. Дар мавзеъҳои атрофи шаҳрҳо, деҳаҳои атрофу доманаи кӯҳҳо зироаткорӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтанд.

Маҳсулоти косибон ва ҳунармандон берун аз марзи ноҳия шӯҳрат пайдо кард. Қатъи назар, аз ин хоҷагии ноҳия шакли натуралӣ дошт. Аммо баъди тасарруф кардани Руссия дар нимаи асри гузашта ва ба ҳайати худ ҳамроҳ намудани водии Фарғона хоҷагии ноҳия тағйир ёфт. Хусусан баъди сохтани роҳи оҳан (с.1987) ҷараён вусъат гирифт. Пеш аз ҳама пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакпарварӣ ба соҳаҳои моли кишоварзӣ табдил  ёфтанд. Дар асоси коркарди ашёи хоми соҳаҳои мазкур ва истеҳсоли ангишт ва нефт аввалин корхонаҳои начандон калони саноатӣ сохта шуданд, ки ба сармоядорони русу хориҷӣ ва маҳаллӣ тааллуқ доштанд. Ин ба махсусгардонии соҳаҳои хоҷагии ноҳия замина гузошт. Хоҷагиҳои ба роҳи оҳан наздик бештар махсус гардонида шуданд. Аз ҳамин сабаб дар қисми ғарбии ноҳия, дар таркиби замини кишт — кишти пахта бартарӣ пайдо кард.

Дар заминҳои назди водии Сир ба ивази токзорҳое, ки аз сармои баҳорӣ зарар медиданд, боғҳои зардолу бунёд намуданд. Ҳамвориҳои доманакӯҳро ба токзор табдил доданд. Дар натиҷа ҳиссаи маҳсулоти моли ин соҳаҳо афзун гардид. Ин буд, ки соли 1907 водии Фарғона (ноҳия дар қисми ғарбии он воқеъ гардидааст), 70 фоизи пахтаи кишвари Туркистонро истеҳсол намуд. Як уезди Хуҷанд тақрибан зиёда аз чор ҳиссаи меваи хушки аз Туркистон хориҷшавандаро медод.

Сохтани заводи тухми кирмакпарварӣ ба пешрафти соҳаи кирмпарварӣ такон дод. Зимни истеҳсоли пила дар Хуҷанд (ғайр аз заводи тухмпарварӣ) корхонаи пиллахушккунӣ сохта шуд. Дар ин замина соли 1867 савдогари рус Хлудов аввалин шуда, дар Хуҷанд фабрикаи калоба бино кард. Дертар соли 1873 фабрикаи нави калоба сохта шуд. Барои истеҳсоли нахи пахта заводҳои пахтатозакунӣ ба кор шурӯ намуданд, ки аз соли 1901 то соли 1909 миқдори онҳо ба 8-то расид. Зимни чигити заводҳои пахтатозакунӣ дар Хуҷанд ва Конибодом заводи начандон калони равғанкашӣ кор мекарданд. Аз ангуре, ки дар ноҳия истеҳсол карда мешуд, халқи маҳаллӣ асосан мавиз тайёр мекарданд. Дар аввалҳои асри XX сармоядорони рус дар Хучанд ва Ӯротеппа заводҳои винобарорӣ сохтанд, ки як қисми ангури ноҳияро истифода мебурданд.

Барои коркарди пӯст дар Истаравшан ва Хуҷанд заводи пӯсткоркунӣ амал мекард. Дар асоси истифодаи реги шишабоб ва гили ба оташ тобовар дар наздикии Хуҷанд заводи шиша дар Истаравшан заводи хишт, (2-то), сохта шуданд. Дар ин давра инчунин истеҳсоли ангишти Шӯроб, нафти Ким, озокерити Селроҳа ва намаки Қамишқӯрғон ба роҳ монда шуданд. Ҷамъияти саҳҳомии Белгия дар асоси маъдани миси Консой, Турганқулсой ва Навкат ду фабрика сохт. Ҳамаи корхонаҳои дар ин давра сохташуда хело хурд ва бад муҷаҳҳаз буданд. Бештари онҳо ба коркарди аввалини ашёи хом нигаронида шуда буданд. Зеро Россия ва сармоядорони хориҷӣ Осиёи Миёна, аз ҷумла Шимоли Тоҷикистонро ҳамчун манбаъи ашёи хом, қувваи кории арзон ва макони фурӯши молҳои саноатии худ медонистанд. Бинобар он дар ноҳия корхонаҳои маҳсулоти тайёр бароранда намесохтанд. Қатъи назар аз ин махсусгардонии баъзе соҳаҳои кишоварзӣ ба миён омада, корхонаҳои хурди саноатӣ коркарди аввалини ашёи хом ва истеҳсоли баъзе намудҳои сарватҳои зеризаминӣ ба раванди минбаъдаи хоҷагии ноҳия асос гузошт, ки дар замони Ҳукумати Шӯравӣ, пурра такмил ва инкишоф ёфтанд.

Ба заминаи табиӣ дар ноҳия пеш аз ҳама сарватҳои таъиноти бисёрҷабҳа: об ва замин дохил мешаванд, ки онҳо ба мақсадҳои гуногун истифода мегарданд. Манбаи оби ноҳия оби дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ба ҳисоб мераванд. Дарёи Сир, ки сарҳадгузар мебошад, ноҳия аз оби он пурра истифода бурда наметавонад. Оби ҷоришавандаи он дар ҳудуди ноҳия 17,6 миллиард м3 ташкил мекунад, вале танҳо ноҳия  4 миллиард м3 об истифода мебарад. Боқимондаи он барои обиёрии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва нигоҳ доштани сатҳи оби баҳри Арал сарф мешавад. Аз шохобҳои рости дарёи Сир дарёи Исфара, (сарфи оби он дар моҳи июл ва август 112,4 м3/сония) ва Хоҷабоқирғон, (сарфи об дар моҳи июл ва август 16,5 м3/сония), нисбатан серобанд. Оби онҳо ба дарёи Сир нарасида пурра истифода мешаванд.

Дарёҳҳои Бюроган, ки аз қаторкӯҳи Туркистон об мегирад, нисбатан камоб аст. Сарфи миёнаи об дар дарёи Бюрогон ба ҳисоби миёна 4,8 м3/сонияро ташкил медиҳад. Дигар дарёҳо ва дарёчаҳо камоб буда, мавзеъҳои начандон калонро истифода мебаранд.

Дар шароити ноҳия (камии об дар баъзе музофотҳо ва ба нӯшидан мувофиқ набудани оби баъзе дарёҳо), обҳои зеризаминӣ аҳамияти зиёд касб мекунанд. Онҳо ба мақсади аҳолӣ корхонаҳои саноатӣ, ва кишоварзиро аз об таъмин кардан истифода мешаванд. Дар водии дарёи Сир захираи он 3,7 м3/сонияро ташкил мекунад. Ҳоло дар ноҳия 750 чоҳи обкаш амал мекунад. Пуриқтидортарини онҳо Деҳмой (иқтидораш 1,8 м3/сония), ва Самғор (1,5 м3/сония) мебошад. Дар доманаи кӯҳҳо ва силсилаи адирҳо обҳои зеризаминӣ ба сатҳи замин баромада, миқдори зиёди чашмаҳоро ташкил медиҳанд.

Миқдори умумии заминҳои ноҳия бештар аз 1,9 млн. гектар аст. Аз он 215,1 хазор гектар ба заминҳои обӣ ва 120 ҳазор гектар ба заминҳои озоди обёришаванда рост меояд. Зиёда аз 65 %-и фонди заминро чарогоҳ ташкил менамояд. Заминро ҳамчун сарватҳои таъминоти бисёрҷабҳа дар ҳама соҳаҳои хоҷагӣ истифода мебаранд.

Ноҳия аз сарватҳои барқарорнашаванда бой аст. Пеш аз ҳама ноҳия аз ҷиҳати захираи металлҳои ранга на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим дорад. Конҳои он дар кӯҳҳои Қурама ва Муғул ёфт шуданд. Маъдани ин конҳо комплексӣ мебошад. Дар таркиби он руҳ, сурб, волфрам, мис, молибден ва металлҳои нодир пайваста вомехӯранд. Ғайр аз ин дар ин мавзеъ захираи маъдани оҳан кашф шудааст (60 млн. тон), ки таркибаш висмут дорад. Миқдори оҳан дар маъдан 40 %-ро ташкил мекунад, ки он барои истеҳсоли чӯян ва пӯлод ба кор меравад. Аз ашёи хоми саноати кимиёвӣ захираи калони оҳаксанг ва намаки ошӣ мавчуд аст.

Ғайр аз ин дар ноҳия 12,1 % захираи ангишт, қариб 20 % нафти ҷумҳурӣ,  60,7 %  оҳаксанг (барои истеҳсоли оҳак), 50 %  омехтаи қуму рег ва ғайра вуҷуд дорад.

Қаламрави ноҳия дорои шабакаи васеи роҳҳои алоқа аст. Он асосан аз роҳҳои мошингард ва оҳан иборат аст. Дарозии умумии шабакаи роҳҳои автомобилгард 3072 километрро ташкил мекунад. Аз ин 2174 километр бо асфалту битон рӯкаш карда шудаанд. Роҳҳои автомобилгард на фақат қисмҳои алоҳидаи ноҳияро, инчунин онро бо қисми ҷанубии ҷумҳурӣ (роҳи Хуҷанд-Айнӣ-Душанбе) бо ҳам мепайвандад. Роҳи оҳани ноҳия як қитъаи роҳи оҳани Андиҷон-Маскав мебошад. Дарозии ин қитъа 163 километр аст. Вай аҳамияти байнидавлатӣ дорад. Ба воситаи он интиқолоти Қирғизистон ва қисми Фарғонагии Узбекистон низ ба амал бароварда мешавад.

Аҳамияти ин роҳ боз дар он аст, ки равобити иқтисодиву истеҳсолии ноҳияро бо ноҳияҳои бурунмарзӣ такмил мебахшад ва ягона роҳи заминии баромад ба хориҷа мебошад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                      

Аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ. Тоҷикистони Шимолӣ 11,5 %-и қаламрави ҷумҳуриро дар бар гирифта, дар он 31,3% аҳолии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Зичии миёнаи аҳолӣ дар як километри мураббаъ 85,5 нафарро ташкил менамояд. Дар ин мавзеъҳое, ки саноат ва кишоварзӣ тараққӣ кардааст, ба ҳар як километри мураббаъ 150-200 нафар рост меояд. Аз миқдори умумии аҳолӣ 36,3 %-и он дар шаҳрҳо ва 63,7 %-аш дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Барои ноҳия афзоиши баланди аҳолӣ хос мебошад. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби муҳоҷирати байни ноҳиявӣ миқдори захираҳои меҳнатӣ мунтазам меафзояд. Ин талаботи хоҷагии халқи ноҳияро пурра таъмин менамояд. Аммо солҳои охир аз сабаби фалаҷ шудани иқтисодиёт ва маҳдуд будани имконияти васеъ намудани заминҳои обӣ сафи бекорон зиёд гардиданд. Дар ноҳияҳои навташкил, ки аз сабаби норасоии захираҳои меҳнатӣ (Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод), ба он ҷо аҳолии Масчоҳи кӯҳӣ ва Яғнобро муҳоҷир карда буданд, як қисми аҳолӣ аз сабаби камии замини кишт ба зодгоҳи деринаи худ баргаштанд. Аммо ин масъалаи ба кор таъмин намудани аҳолии бекори ноҳияро пурра ҳал карда наметавонад. Барои пурра ба кор таъмин кардани аҳолӣ даставвал корхонаҳои саноатии мавҷуда ва хоҷагиҳои деҳот бояд бо тамоми иқтидорашон ба кор андохта шаванд.

Дар саноат ва кишоварзӣ соҳаи истеҳсолоти меҳнатталабро инкишоф додан зарур аст. Барои ташкил кардани корхонаҳои хурди шахсӣ  ва эҳё намудани косибӣ ва ҳунармандӣ шароит фароҳам оварда, миқдори корхона ва муассисаҳои хизматрасонро зиёд намудан лозим меояд.

Комплекси хоҷагии халқ. Тоҷикистони Шимолӣ бахши тараққикардаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷо зимни истифодаи заминаи табиӣ ва иқтисодии мавҷуда комплекси ягонагии минтақавию истеҳсолӣ ташаккул ва инкишоф ёфтааст. Дар таркиби он мавқеи асосиро саноат ва кишоварзӣ ишғол менамоянд. Ин соҳаҳо 36,4 % маҳсулоти саноат ва 26 % маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро медиҳанд. Саноати ноҳия асосан ба коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли сарватҳои зеризаминӣ нигаронида шудааст. Он соҳаҳои саноат, ки дар ин замина ташкил ва инкишоф ёфтанд, соҳаҳои махсусгардонидаи саноат ба ҳисоб мераванд. Ба он соҳаҳои моҳутӣ (қолинбофӣ ва рӯймолбофӣ), шоҳибофӣ, трикотажӣ, дӯзандагӣ, ордкашӣ, консервбарорӣ (аз мева, сабзавот), сӯзишворӣ ва металлургияи ранга дохил мешаванд. Ба саҳми ин соҳаҳо 63 фоизи маҳсулоти умумии саноат рост меояд.

Дар саноат зимни коркарди ашёи хоми якхела бо ҳам вобастагӣ (тобеият) ва бо ҳам пайвастагии корхонаҳои саноатӣ ба амал меояд, ки онро сиклҳо ё гардишҳои истеҳсолӣ меноманд. Дар асоси чунин алоқамандӣ дар ноҳия сето сикли истеҳсолӣ ташаккул ёфтанд, ки асос ва мағзи комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Шимолиро ташкил менамоянд. Ва онҳо иборатанд аз сиклҳои кишоварзӣ-саноатӣ, металлургияи ранга ва индустралию сохтмон.

Энергетика. Дар ҳудуди ноҳия кони ангишти сиёҳтоби Шӯроб воқеъ аст. Дар он ҳамагӣ 25 қабати ангиштдиҳанда мавҷуд аст. Ғафсии умумии онҳо 35 метрро ташкил менамояд. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ дар як сол 600 ҳазор тонна ангишт истеҳсол мешуд, ки ҳоло хело кам ҳамагӣ 40-50 ҳазор тонна. Онро асосан дар худи ноҳия ва роҳи оҳани Осиёи Марказӣ истифода мебаранд.

Нафти қаламрави ноҳия ҳанӯз дар аввалҳои асри XX тадқиқ шуда буд. Конҳои асосии он дар Конибодом ва Исфара ҷойгир шудааст. То солҳои наздик дар ин ҷо нафт фақат аз кони КИМ истеҳсол карда мешуд. Ҳоло дар наздикии ш.  Конибодом конҳои нав кушоданд: Конибодом, Конибодоми Шимолӣ, Работ, Айретан, Ниёзбек, Маданият, Маҳрам. Дар кони Конибодом, Ниёзбек ва Маданият ҳамроҳи нафт, газ низ истеҳсол карда мешавад. Газе, ки аз ин конҳо истеҳсол мекунанд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 800 метри мукаабро ташкил мекунад, ки ин талаботи ноҳияро аз газ таъмин карда наметавонад.

Манбаъи асосии истеҳсоли энергияи барқӣ НБО-и Қайроқум мебошад. Иқтидори он ба 126 ҳазор кВт баробар аст. Вай қисми таркибии системаи энергетикии Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб меравад. Ба воситаи зерстансияи Куйлюк бо хатти барқии 220 кв қувва дошта,  бо системаи энергетикии Тошкент, ва бо хатти барқии 110 кв қувва дошта,  бо системаи энергетикии Фарғона  пайваст шудааст. Дар айни замон иқтидори мавчудаи НБО-и Қайроқум талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқи ноҳияро пурра таъмин карда наметавонад. Ноҳия дар гузашта камбудии қувваи барқро ба воситаи системаи энергетикии ягона аз Узбекистон мегирифт, аҳолӣ соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ ва зинаҳои сиклҳои истеҳсолии дар ноҳия амалкунандаро аз барқ таъмин менамуд. Ҳоло ин алоқаи энергетикӣ тавассути созишномаи байни давлатӣ амал мекунад.

Сикли кишоварзию саноатӣ. Асоси ин сиклро сарватҳои обу замин ташкил менамояд ва зимни он кишоварзии ноҳия инкишоф ёфтааст. Замини қобили истифода 42,8% қаламрави ноҳияро ташкил мекунад. Ба замини кишт ва дарахтони дастпарвар (боғу токзорҳо), 32,7 %-и замини ноҳия рост меояд. Қариб ҳамаи боғу токзорҳо ва 20,1 %-и замини кишт обист. Ҳиссаи асосии замини кишт ба кишти пахта, ғалла ва хӯроки чорво рост меояд. Бояд хотирнишон намуд, ки дар кишоварзии ноҳия шароит барои тарақкиёти зироаткорӣ ва чорводорӣ як хел нест. Барои инкишофи чорводорӣ нисбат ба зироаткорӣ имконияти калон вуҷуд надорад. Бинобар он дар таркиби маҳсулоти умумии кишоварзӣ ҷойи аввалро зироат ишғол менамояд.

Дар айни замон ноҳия қариб 1/5 ҳиссаи пахта, 50 фоизи меваю ангур ва 30 фоизи гӯшти ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакпарварӣ соҳаҳои махсусгардонидаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб мераванд.

Зимни ашёи хоми ин соҳаҳо ва чорводорӣ корхонаҳои  сикли кишоварзию саноатӣ кор мекунанд. Ин сикл ба ду шоха ҷудо мешавад: саноати кишоварзӣ ва саноатию кишоварзию гидромелиоративӣ. Ин шохаҳо қатъи назар аз баъзе фарқияташон дар байни худ як умумият доранд. Яъне ҳардуи онҳо дар асоси маводи кишоварзӣ кор мекунанд. Вале корхонаҳои онҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзиро бо технологияи (тарзи коркард) мухталиф кор мекунанд. Бинобар он шохаҳои сикли кишоварзию саноатӣ ба якчанд зерсиклҳо ҷудо мешаванд. Аз ҷумла,  шохаи саноатию кишоварзӣ ба зерсикли гӯсфандпарварӣ ва чорвои шохдори калон ҷудо мешавад. Зинаи аввалини ин зершохаҳои сикли саноатию кишоварзӣ дар чарогоҳ, фермаҳо, иттиҳодияҳои байни хоҷагӣ ва ғайра вусъат мегирад. Зинаи дуюми он коркарди гӯшт ва ширро дарбар мегирад, ки дар шохаҳои ноҳия — Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан ҷойгир шудаанд. Онҳо маҳсулоти тайёри ширу гӯшт истеҳсол мекунанд, ки бевосита дар ноҳия истеъмол карда мешавад.

Шохаи кишоварзию саноатию гидромелиоративӣ зерсиклҳои коркарди пахта, пила, шолӣ, ордкашӣ, мева, ангур ва сабзавот ҷудо мешавад. Корхонаҳои ин зерсиклҳо дар каламрави ноҳия ҷойгир шуданд.

Дар байни ин зерсиклҳо, зерсикли парвариш ва коркарди пилла ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Зинаи якуми он заводи тухми кирмакпарварӣ (дар Хуҷанд), зинаи дуюм дар колхоз ва совхозҳо (парвариши кирмак), сурат мегирад. Ресидан, калова кардан, бофтан, рангубор кардани матоъҳои абрешими дар комбинати шоҳии Хуҷанд ва корхонаи атласбофӣ ба амал меояд.

Зерсикли коркарди пахта парвариш ва коркарди онро дар бар мегирад. Зинаи якуми онро пахтакорӣ ва парвариши пахта (дар колхозу совхозҳо), ташкил менамояд. Зинаи дуюм, аз нуқтаҳои қабули пахта иборат буда, дар наздикии хоҷагиҳои пахтакор ҷойгир шудаанд. Зинаи сеюм аз заводҳои пахта (заводи Ғафуров, Конибодом, Нов, Пролетар) ва ғайра иборатанд. Зинаи чорум ресидан, калоба кардан ва бофтани матои сафедро дар бар мегирад, ки дар фабрикаи калобаресии Конибодом, Хуҷанд сурат мегирад. Дар ин зерсикл чигит ҳамчун маводи тухмӣ дар хоҷагиҳои пахтакор ва ашёи хом барои истеҳсоли равған (заводи Конибодом) истифода бурда мешавад. Зинаи охирини зерсикли коркарди пила ва пахта дар фабрикаҳои дӯзандагӣ ба охир мерасад. Зерсикли коркарди пашм, комбинати қолинбофӣ Қайроқум ва фабрикаи рӯймолбофии Хуҷандро дар бар мегирад.

Бо усули сикли истеҳсолӣ ташкил намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он бартарии калони иқтисодӣ дорад: якум, масофаи боркашониро кӯтоҳ менамояд; дуюм, ба вайрон шудани маҳсулот (мева, сабзавот) роҳ намедиҳад; сеюм, захираҳои меҳнатӣ бештар ба кор ҷалб карда мешавад.

Сикли металлургияи ранга. Ин сикли истеҳсолии нопурра буда, истихроҷи маъдани тасфон филизоти ранга, нармкунӣ ва онҳоро дарбар мегирад. Корхонаҳои он дар Адрасмон, Консой, Табошар, Олтинтопган ва Чоруқдарон воқеъ гардиданд. Онҳо консертрати рӯҳ, қӯрғошим, мисс, волфрам, висмут, аз металлҳои нодир хокаи тилло, нуқра ва ғайра истеҳсол менамоянд. Ғайр аз хокаи тилло боқимондаи он ба фурӯш бароварда мешавад. Ба сабаби набудани зинаи (корхонаҳои) ба металли тайёр табдил додани хокаи филизоти ранга ин сикл нопурра мебошад.

 Сикли саноатию сохтмон. Ин сикл аз як тараф ба саноат, аз тарафи дигар ба сохтмон мутобиат дорад. Ин сикл ба заминаи васеи ашёи хоми табиӣ такя менамояд ва аз се зина иборат аст: истихроҷи ашёи хом, истеҳсоли масуноти сохтмон ва сохтмони объектҳо. Ҷиҳати хоси ин сикл аз он иборат аст, ки заводҳои истеҳсоли масуноти сохтмон дар назди манбаъҳои ашёи хом ҷой гирифтаанд. Аммо барои истеҳсоли масуноти сохтмон миқдори зиёди ашёи хом, об, барқ ва сӯзишворӣ сарф мешавад. Корхонаҳои сикл дар Исфара, Қайроқум, Хуҷанд, Расулов ва Истаравшан мавҷуданд. Онҳо таҷҳизоти оҳану бетон, тахтабетонҳои деворӣ, рӯёпӯши оҳану бетонӣ каналҳо, хишт, ранг, ашёи пардозӣ (аз конгломерат) ва ғайра истеҳсол менамоянд.

Равияҳои инкишофи минбаъдаи хоҷагӣ. Хоҷагии халқи ноҳия минбаъд бо раванди беҳтар намудани махсусгардонӣ ва муштараконии истеҳсолот ва зиёд намудани ҳиссаи он дар тақсимоти минтақавии меҳнат инкишоф меёбад. Ин масъала ба истеҳсолот ҷалб намудани сарватҳои нави табиӣ, захираҳои меҳнатии озод, техника ва технологияи муосирро талаб менамояд. Пеш аз ҳама васеъ намудани захираи ашёи хом, такмил додани техника ва технологияи корхонаҳои металлургияи ранга истихроҷи маъдан ва тасфияи хокаи рӯҳу қӯрғошим, волфраму молибден васеъ карда мешавад. Баъди бо системаи барқии Тоҷикистони Шимолӣ, бо истифодаи ғузапоя, партови заводҳои пахта, намаку оҳаксанг, маъдани оҳан истеҳсоли қоғаз, спирт, хамирмояи хӯроки чорво, сода, моддаҳои хлорӣ, семент ва истеҳсоли пӯлодгудозиро ба роҳ мондан мумкин аст. мавқеи ноҳия дар сари роҳи оҳан, наздикӣ ба заводҳои металлургии давлатҳои ҳамсоя имконият медиҳад, ки мошинсозии камметалл, вале меҳнатталабро ташкил намоем; дар заминаи кони қуми кварсии Қӯрғонча истеҳсоли намудҳои шишаи сохтмониро ба роҳ мондан мумкин аст.

Дар соҳаи саноати сабук зимни истифодаи пахтаи маҳаллӣ дар Исфара, Конибодом, Спитамен фабрикаҳои истеҳсоли матои сафед, дар Хуҷанд сохтани фабрикаи рангрезӣ ба мақсад мувофиқ аст. Барои таъмин кардани аҳолии ноҳия ва ҷумҳурӣ бо либоси дӯхта ташкили иттиҳодияҳои дӯзандагӣ  дар Исфараву Конибодом аз аҳамият холӣ нест. Баробари афзудани ашёи хом комбинати равғани Конибодом, заводи шир ва комбинати гӯшти Хуҷанд бояд васеъ карда шавад.

Вусъати заминҳои обёришаванда дар ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, зарурати тавассути тунел ба Тоҷикистони Шимолӣ равон кардани қисмате аз оби дарёи Зарафшонро пеш мегузорад.

Ноҳияи иқтисодии Зарафшон. Ин ноҳия мавқеи иқтисодӣ-географии ба худ хос дорад. Қаламрави онро аз Шимол қаторкӯҳи Туркистон, аз Ҷануб қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор иҳота карданд. Бо ноҳияҳои инкишофёфтаи саноатию кишоварзии ҷумҳурӣ — Тоҷикистони Шимолӣ ва Ҳисор ба воситаи роҳи автомобилгарди ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоб алоқаи иқтисодӣ дорад. Аммо ин алоқа мунтазам набуда, аз моҳи октябр то моҳи май дар он ҳаракати нақлиёт қатъ мегардад. Дар Шарқ тамоман баромад надорад. Фақат мутавозӣ бо дарёи Зарафшон аз Шарқ ба Ғарб роҳи автомобилии Айнӣ-Панҷакент тӯл кашидааст, ки қаламрави ноҳияро бо истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд пайваст мекунад. Ин ягона роҳест, ки ноҳия бо Тоҷикистони Шимолию Ҷанубӣ робитаи иқтисодии мунтазам карда метавонад. Чунин мавқеи иқтисодӣ-географӣ ва шароити табиӣ ба таърихи ташаккул ва инкишофи хоҷагӣ, махсусгардонии истеҳсолот, истифодаи сарватҳои табиӣ, ҷойгирии аҳолӣ таъсири зиёд расонидааст.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Шароити табиии ноҳия вобаста ба мавқеи табиӣ-географӣ ва гуногунии релеф мухталиф мебошад. Канори Шимолӣ ва Ҷанубии ноҳияро қаторкӯҳҳои Туркистон ва Ҳисор маҳдуд кардаанд, ки баландии онҳо дар Ғарб мақрибан 3000 м, дар Шарқ аз 4000 м баландтар мебошад. Дар байни ин қаторкӯҳҳо мутавозӣ қаторкӯҳи Зарафшон тӯл кашидааст, ки аз Шарқ ба самти Ғарб то рафт паст мешавад.

Дар байни қаторкӯҳҳо, водӣ ва дараҳои миқёсашон гуногун ҷойгир шудаанд. Калонтарини он водии Зарафшон мебошад. Вай аз самти Ғарб ба Шарқ аз 900 метр то 250 метр баланд мешавад. Онро дарёи Зарафшон ба ду ҷудо мекунад. Дар ибтидо водӣ аз 1 то 3 километр дар наздикии Панҷакент аз 12 то 20 километр паҳно дорад.

Дар байни қаторкӯҳи Ҳисор ва Зарафшон, дар баландии 2000-3000 метр водии Яғноб воқеъ гардидааст. Қаторкӯҳи Зарафшон онро аз водии Зарафшон ҷудо мекунад. Дарёҳҳои Фон, Киштӯд ва Моғиён (аз ҷануб ба шимол), қаторкӯҳи Зарафшонро бурида, дараҳои тангро ҳосил намудаанд. Ҳамаи он дараҳо мувофиқан номи дарёҳоро гирифтаанд.

Террасаҳои (суфаҳои) водии Зарафшон дар баландиҳои гуногун ҷойгиранд. Аз ҳама қадимтарини он нисбат ба сатҳи дарёи Зарафшон дар баландии 600 метр воқеъ гардидааст. Суфаҳои соҳили чапи он нисбатан васеъ буда, ба доманакӯҳи Шимолии қаторкӯҳи Зарафшон пайваст мешаванд. Дар суфаҳо заминҳои кишт, боғҳо, деҳаҳо, роҳҳои автомобилгард, наҳрҳои сунъӣ ҷойгир шудаанд. Як қисми деҳаҳо дар водии дарёи Фон, Киштуд, Моғиён ва нишебиҳои кӯҳ ҷой доранд. Дар шохоби дарёҳои Фон ва Яғноб онҳо дар баландиҳои 3000 м, дар шохоби дарёи Кишту Ворӯ дар баландиҳои 1000-1500 метр ҷойгир шудаанд. Баъзе деҳаҳои баландкӯҳ (Артуч, Дарғ, Ворӯ) нисбатан калон мебошанд. Қатъи назар, аз обшор кардани заминҳои хушки водии Зарафшон на ҳамаи аҳолии ин деҳаҳо зодгоҳи гузаштагони худро тарк карданд. Қисме ба деҳаҳои худ роҳи автомобил ва хатти барқ гузаронда, то ҳол мероси гузаштагони худро пос медоранд. Касбу ҳунари аҷдодони худро зимни васоит ва олоти навин инкишоф медиҳанд.

Водии Зарфшонро дар адабиёти географӣ кӯҳистон ҳам меноманд. Қатъи назар, аз кӯҳсор будани он дар ин ҷо аз давраҳои қадим на фақат дар ҳамвории Панҷакент, инчунин дар дараҳои танги он аҳолӣ маскун шуда буд. Дараҳо аҳолии ин диёрро борҳо аз аҷнабиҳо наҷот додааст. Бинобар он қисман урфу одат, тарзи зиндагӣ, маданият, забони қадими мо то имрӯз боқӣ мондааст. Инро дар водии Яғноб мушоҳида менамоем. Аҳолии ин сарзамин бо забони суғдӣ ва забони ҳозираи тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ҳоло яғнобиҳо забони суғдиро ҳам меомӯзанд.

Заминаи табиӣ ва иқтисодии хоҷагӣ. Ноҳия барои инкишоф додани хоҷагии бисёрсоҳавӣ имконияти калон дорад. Дар айни замон аз 16,8 ҳазор гектар замини обии мавҷуда ҳамагӣ 14,9 ҳазор гектараш истифода бурда мешавад. Масоҳати заминҳои обёришаванда 25,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, 8,3 ҳазор гектар фонди озоди обёришаванда мебошад. Захираи оби дарёи Зарафшон имконият медиҳад, ки он заминҳоро пурра обёрӣ кунанд.

Ба ҳисоби миёна миқдори обе, ки дар давоми сол бо маҷрои дарё ҷорӣ мешавад, 5 миллиард м3 ташкил менамояд. Ҳоло ба мақсади обёрӣ ҳамагӣ 0,2 миллиард м3 истифода мебаранд. Агар ҳамаи заминҳои барои обёрӣ пешбинишуда обёрӣ карда шаванд, дар он сурат сарфи об то 0,3 миллиард метри мукааб зиёд мешавад. Аз ҳисоби заминҳои нав масоҳати боғу токзорҳо меафзояд ва барои дар заминҳои обӣ парвариш кардани хӯроки чорво имконият медиҳад.

Зери замини ноҳия аз маъдан бой мебошад. Дар байни онҳо конҳои металлҳои ранга, нодир ва ангишт аҳамияти саноатӣ доранд. Захираи асосии сурма ва симоб дар конҳои Ҷиҷикрӯд, Шингу Моғиён воқеъ гардидааст. Аз ҷиҳати захираи умумии сурма ва симоб ноҳия дар собиқ СССР яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекард. Дар мавзеи Мушистон, Тагобикул-Кумарх дар якчанд ҷой зоҳираи қалъагӣ мушоҳида карда шудааст. Дар байни онҳо кони Кумар ба кор кардан мувофиқ мебошад. Конҳои марги муш, тилло дар Сармад ва Таррор кашф шуданд, ки дорои ахамияти саноатӣ мебошанд. Дар қаторкӯҳи Зарафшон инчунин ашёи хоми истеҳсоли алюминий (нефелину сенит), волфрам муайян карда шудааст. Конҳои фосфорит дар Реват воқеъ гардидаанд. Захираи кони Реват ба 22,1 миллион тонна мерасад. Дар мавзеи Кӯли Калон кони флюорит мавҷуд аст, ки ҳоло истеҳсоли онро қатъ карданд. Аз сангҳои пардозӣ намудҳои гуногуни мармар дида мешавад, ки баъзеи онҳоро истифода мебаранд.

Ноҳия дорои захираи калони энергетикӣ мебошад. Ба ноҳия 8,2 фоизи сарватҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ рост меояд. Зимни ин захираҳо дар Дупула ва Искандаркӯл (баландии шаршара 25 м) сохтани НБО мумкин аст. Дар мавзеъҳои Фон-Яғноб, Киштуд-Заврон конҳои калони ангишт воқеъ гардидаанд. Фақат як захираи геологии кони Фон-Яғноб (1678 миллион тон) 87,7 %-и захираи умумии ангишти ҷумҳуриро ташкил менамояд. Аз ашёи хоми масуноти сохтмон гил, гаҷ, қуму рег, оҳаксанг ва ғайра тадқиқ шудаанд. Дар Сангхок ва Анзоб оби маъдании намуди нарзан мавҷуд аст, ки дар як шабонарӯз 121 м3 оби маъданӣ медиҳад. Дар ноҳия ҳамагӣ 5,6 % замини хоҷагии қишлоқ ва 3,8 % замини корами ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст.

Ҳамин тавр ноҳия, аз сарватҳои табиӣ бой мебошад. Аммо барои аз худ намудани онҳо мураккабии релеф ва душвории сохтани роҳ халал мерасонад. Дар ноҳия фақат роҳҳои автомобилгард амал мекунад. Дарозии умумии онҳо  4,3 %  роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриро ташкил  менамояд. Аз ин миқдор 38,8 %-и он бо асфалт ва бетон рӯпӯш шудааст. Аз ҳама муҳимтарини он Панҷакент-Айнӣ-Душанбе, (бо ағбаи Анзоб) Панҷакент-Айнӣ-Хуҷанд (ағбаи Шаҳристон), Панҷакент-Самарқанд-Хучанд мебошанд.

Аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ. Дар ноҳия ҳамагӣ 4,1 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ҳаёт ба сар мебарад, ки бошишгоҳи зиёда аз 90 фоизи он дар баландии 900-1000 метр ҷой дорад. Зичии аҳолӣ ба ҳар як километри мураббаъ 15 нафарро ташкил медиҳад. Дар қисми ғарбии ноҳия, зичии аҳолӣ ба 27-62 нафар рост меояд. Аз миқдори умумии аҳолӣ 87,0 фоизи он дар деҳот зиндагӣ мекунад. Дар қисми ғарбии ноҳия, ки хоҷагии нисбатан интенсивӣ (сермаҳсул) дорад, қишлоқҳои калон (Суҷина, Саразм, Шӯрча, Вағштон, Ёрӣ, Марғедар), ҷойгир шудаанд. Дар водӣ ва суфаҳои танги дарёҳои ноҳия замини кишт онқадар зиёд нест, ки қишлоқҳои нисбатан хурд ҷойгир шудаанд.

Дар ноҳия ҳамагӣ се шаҳрак:- Зарафшон, Айнӣ ва Колхозчиён ва як шаҳри калон:- Панҷакент мавҷуданд. Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадими Осиёи Марказӣ мебошад. Вай дар ноҳия ҳамчун маркази иқтисодӣ ва маданӣ ҳама қисмҳои онро ба худ муттаҳид менамояд.

Дар таркиби аҳолии ноҳия ҷавонон бартарӣ доранд. Бинобар он миқдори захираҳои меҳнатӣ зиёд аст. Қисми зиёди он дар соҳаи кишоварзӣ машғул аст. Аммо кишоварзӣ аҳолиро пурра аз кор таъмин карда наметавонад. Барои аз кор таъмин кардани аҳолӣ зимни сарватҳои зеризаминӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ (ангур, мева, сабзавот, тамоку, шолӣ, пӯст ва ғайра), саноати маъдани кӯҳӣ ва коркарди ашёи хомро инкишоф додан зарур аст. Ин масъала инчунин васеъ намудани доираи муассисаҳои хизматрасонии тандурустӣ, маишӣ маданӣ ва равшаннамоиро талаб менамояд.

Хоҷагӣ. Хоҷагии имрӯзаи ноҳия пурра дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ташаккул ёфт. Аз ҷумла саноат ва кишоварзии он маҳз дар ҳамин давра инкишоф ёфтанд. Аммо аз сабаби мураккабии релеф (90 фоизи қаламрави он кӯҳсор), сарватҳои табиӣ он то ин дам ниҳоят кам аз худ карда шудаанд. Бинобар он ҳиссаи ноҳия дар истеҳсолоти умумиҷумҳурӣ он қадар калон нест. Дар айни замон ноҳия зиёда аз 2,7 фоизи маҳсулоти умумии саноат ва кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд.

Кишоварзӣ дар ноҳия бисёрсоҳа мебошад. Дар тарикиби он зироаткорӣ бартарӣ дорад. Вай қисми зиёди маҳсулоти кишоварзиро медиҳад, ки дар таркиби он мавқеи асосиро тамоку ва боғу токпарварӣ ишғол менамояд. Ғайр аз ин бисёр хоҷагиҳои ноҳия ба кирмакпарварӣ ва шоликорӣ машғӯланд. Чорводорӣ (гӯсфанд, буз, чорвои шохдори калон) аҳамияти маҳаллӣ дорад. Аз ҷиҳати таркиби соҳавӣ ва тараққиёти кишоварзӣ ноҳияро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст: Шарқӣ ва Ғарбӣ. Дар қисми Шарқии он ки замини кишт кам аст, дар заминҳои обӣ асосан тамоку кишт менамоянд. Дар заминҳои санглох, ки барои кишт мувофиқ нестанд, зардолу ва дигар дарахтони мевадиҳанда парвариш менамоянд. Дар чорводорӣ гӯсфанду бузпарварӣ бартарӣ дорад. Аз сабаби камии барги тут кирмакпарварӣ суст тараққӣ кардааст.

Қисми Ғарбии ноҳия ҷои нисбатан васеи водии Зарафшонро дар бар мегирад. Ҳамаи он заминҳое, ки дар гузашта беоб буданд, (Дашти Қозӣ, Ёрӣ, Марғедар, Дашти Мала, Мушхона, Саразм ва ғайра) дар айни замон аз дарёи Зарафшон ва шохобҳои он обёрӣ карда шуданд. Дар ин ҷо 73 %-и замини кишти ноҳия воқеъ  гардидааст. Дар он тамоку, себ, ангур ва шолӣ парвариш мекунанд. Чорводорӣ ҳам, нисбат ба қисми Шарқии ноҳия нағз ба роҳ монда шудааст. Дар қисми Ғарбӣ ва Шарқии ноҳия дар заминҳои лалмии доманакӯҳҳо ғалла парвариш карда мешавад.

Зимни маҳсулоти кишоварзӣ ва сарватҳои зеризаминии ноҳия корхонаҳои соҳаҳои мухталифи саноат қомат рост карданд. Коркарди тамоку, консерв (меваю сабзавот) шаробпазӣ (винои ангур) ва металлургияи ранга соҳаҳои махсусгардонидаи саноат ба ҳисоб меравад. Ин соҳаҳо 82 % маҳсулоти саноати ноҳияро истеҳсол мекунанд. Корхонаҳои он дар шаҳри Панҷакент, шаҳракҳои Колхозчиён, Зарафшон ва Таррор ҷойгир шудаанд. Металлургияи ранга консентрати (хокаи тозакардаи) симоб, сурма ва тилло истеҳсол менамояд. Истеҳсоли ордаи ин соҳа зинаи ибтидоии (истихроҷи маъдан, нармкунӣ ва тоза кардани он) сикли металлургияи рангаро ташкил менамояд. Корхонаҳои саноатие, ки зимни ашёи хоми кишоварзӣ кор мекунанд, ба сикли кишоварзию саноатӣ дохил мешаванд. Маҳсулоти сикли металлургияи ранга ва кишоварзию саноатӣ пурра ва ё қисман ба фурӯш бароварда мешавад.

Шарҳ баста аст.