географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Тавсифи комплекси агросаноатӣ

Муҳимтарин вазифаҳои соҳаи кишоварзӣ ин пеш аз ҳама аҳолиро ба маҳсулоти озуқа ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯроквориро бо ашёи хом таъмин намудан аст.

Комплекси кишоварзию саноатӣ ҳамчун қисми асосии иқтисодиёти мамлакат аз 3/4 ҳиссаи даромади онро медиҳад. Ба ин соҳаҳои муҳим 15% фондҳои асосӣ, қариб 23%-и фондҳои асосии истеҳсолӣ ва 60%-и аҳолии бевосита дар иқтисодиёти кишвар машғулбуда рост меояд. Ҳоло хоҷагии кишоварзӣ қариб 48% ҳаҷми умумии маҳсулоти ҷумҳуриро истеҳсол мекунад.

Кишоварзӣ пеш аз замони Ҳокимияти Шӯравӣ соҳаи асосӣ бошад ҳам, хусусияти истеъмолӣ дошт. Фақат дар Тоҷикистони Шимолӣ баъзе навъҳои маҳсулот (пахта, мева) фурӯхта мешуд.

Дар тӯли солҳои минбаъда, дар Тоҷикистон истеҳсолоти бузурги механиконидаи серсоҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати хоси инкишофи кишоварзии ҷумҳурӣ суръатафзоӣ, муттамарказонӣ ва махсусгардонӣ дар асоси кооператсияи байнихоҷагӣ ва интегратсияи агросаноатӣ мебошад.

Моҳияти ин соҳа бо он муайян мешуд, ки дар замони Ҳокимияти Советӣ ба ҳиссаи Тоҷикистон ҳамагӣ 0,6 %-и масоҳат ва 1,4 %-и аҳолӣ рост меомад, вале 1,1%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи онро медод. Вазни қиёсии Тоҷикистон дар истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ боз ҳам баландтар буд. Масалан, дар ҷумҳурӣ 11%-и пахта (аз он ҷумла 26,6%-и пахтаи маҳиннах), 1,5%-и сабзавот,  23%-и мева, 2,6%-и ангур, 3,6%-и равғани растанӣ, 1,7%-и консерваи меваю сабзавот ва қариб 60%-и равғани анҷибари мамлакат истеҳсол карда мешуд.

Табаддулоте, ки дар инкишоф ва таъсиси хоҷагии қишлоқ дар солҳои Ҳокимияти Советӣ омада буд, хело бузург аст. Чунончӣ дар ин муддат замини кишту кор 1,6 баробар, ҳосили пахта 29, истеҳсоли шир 4,5 ва истеҳсоли гӯшт то 2 баробар афзуда буд. Дар ин солҳои дар таркиби зироат низ дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасад. Замини кишти пахта дар ин муддат аз 27 ҳазор гектар то 324 ҳазор гектар ва ё худ 12 маротиба афзуда буд.

Дар солҳои истиқлолият ба инкишофи комплекси кишоварзию саноати мамлакат диққати асосӣ дода мешавад.

Шароити табиию географии Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои гармидӯст ва соле рӯёнидани 2-3 ҳосил мусоид аст. Вале масоҳати заминҳои кишоварзии Тоҷикистон 4,2 млн. га аст ва ҳамагӣ 20%-и он кишт карда мешавад (дар ИДМ — 40,7%). Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон боришот кам аст, бинобар ин кишти зироат асосан обёрии сунъиро талаб мекунад.

Солҳои минбаъда дар сохтори киштзорҳои ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Агар то давраи Ҳокимияти Шӯравӣ 88,6 фоизи киштро ғалла ва 7,5%-ро зироатҳои техникӣ (пахта — 5,4%) ташкил диҳад, пас ҳоло ин рақамҳо мувофиқан 43,9% ва 36,1% (пахта 32,0%) мебошанд. Дар ин муддат ҳиссаи кишти картошка, сабзавоту зироати полезӣ ва растаниҳои равғандор кам шуд, вале хӯроки чорво аз 2,7% то 12,3% афзуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар оянда чунин соҳаҳои кишоварзӣ аз қабили боғдорӣ, токдорӣ, сабзавоткорӣ ва ситруспарварӣ ривоҷ дода шаванд.

Дар тараққии кишоварзӣ ирригатсия ва мелиоратсияи замин низ аҳамияти калон дорад. Мафҳуми ирригатсия ҳамаи чизҳои мансуб ба обёриро дарбар мегирад (сохтмони каналҳо, обанборҳо, гидроузелҳо, истгоҳҳои насосӣ, заҳбурҳо, корезҳо). Мелиоратсия ғайр аз ирригатсия, инчунин аз тахту ҳамвор кардани замин, шӯршӯӣ, заҳгурезонӣ ва дигар амалиётҳо иборат аст.

Зироатҳои обёришаванда дар Тоҷикистон таърихи чандинасра доранд. Дар натиҷаи ҳафриёти бостонӣ каналҳои қадим — Ғӯлакандоз (ноҳияи Расулов), Булунғур ва Тӯқсанкорез (ноҳияи Панҷакент), Чузӣ, Говкуш ва Шоҳмансур (водии Ҳисор), Ҷӯйбор, Шаҳритус, Ҳошодӣ (водии Вахш) муайян карда шуданд, ки аз дараҷаи баланди обёрии сунъӣ шаҳодат медиҳанд.

Солҳои минбаъда дар ҷумҳурӣ зиёда аз даҳ ҳазор иншоотҳои гуногуни гидротехникӣ, бештар аз 30 ҳазор км канали магистралӣ ва 7 ҳазор км заҳбур сохта шуд. Заҳбурҳои болопӯшида низ зиёд гаштанд. Дар ҷумҳурӣ даҳҳо истгоҳҳои обкашӣ кор мекунанд. Сохтмони обанборҳои Мӯъминобод, Селбур, Каттасой, Қайроққум, Норак вазъи обёрии киштзорҳоро хеле беҳ гардонд. Алҳол дар Тоҷикистон масоҳати заминҳои обӣ 742 ҳазор га-ро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ барои зиёд кардани заминҳои обӣ имконият ҳаст. Масоҳати заминҳои барои кишт мувофиқ 901,1 ҳаз. га-ро ташкил медиҳад (якҷоя бо адирҳо тақрибан 1 млн. га). Ба кор андохтани заминҳои нав бахусус дар водии Бешкент авҷ гирифтанд. Азхудкунии даштҳои Данғара, Ашт ва Қародум идома дорад.

Инкишофи минбаъдаи мутамарказонӣ ва махсусгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин зиёд намудани иқтидори он нафақат барои афзоиши маҳсулот ва беҳтар шудани сифати он заминаи мусоид фароҳам меорад, балки тағйироти иҷимоии ҷиддии деҳот низ мегардад. Баробари тараққиёти соҳаҳои ККС дар деҳот роҳҳои нав, муассисаҳои маданӣ, корхонаҳои хизмати маишӣ ва ғайра сохта хоҳанд шуд.

Соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ пахтакорӣ, боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ, ситруспарварӣ ва парвариши растаниҳои субтропикӣ мебошанд.

Инкишофи кишоварзӣ ба масоҳати киштзорҳо вобаста аст. Имконияти зиёд кардани заминҳои кишт дар ҷумҳурӣ маҳдуд аст. Зиёда аз 82%-и киштзорҳои обӣ, боқимонда ҳама  лалмианд. Дар заминҳои обӣ:- пахта, юнучқа, сабзавот, зироати полезӣ, растаниҳои ситрусӣ, инчунин дарахтони мева мепарваранд. Дар заминҳои лалмӣ асосан растаниҳои ғалладона (гандум, ҷавдор) ва равғандор (кунҷит, зағир) мекоранд. Солҳои охир боғу токдории лалмӣ низ ривоҷ ёфтааст. Боғу токдории лалмӣ дар ҷумҳурӣ ояндаи фоидабахш дорад.

Шарҳ баста аст.