Тасвири наслҳо дар романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазмуни асосии романи «Ғуломон»
  2. Тасвири наслҳо дар роман

Хулоса

Устод Садриддин Айнӣ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шоири бузург, нависандаи забардаст, рӯзноманигор, забоншиноси варзида, олими намоён маълуму машҳур буда, яке аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии халқи тоҷик шинохтаву эътироф гардидааст.

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар яке аз деҳаҳои хушманзараи Соктареи тумани Ғиждувони аморати Бухоро таваллуд ёфтаааст. Гузаштагони Айнӣ аз аҳли кишоварзон будаанд. Аз сабаби сахтии рӯзгор ба касбҳои бофандагиву сангиосиёбтарошӣ низ машғул будаанд.

Устод Айнӣ сарояндаи асарҳои насрӣ мебошад. Яке аз асарҳое, ки дар эҷодиёти Айнӣ ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷа мавқеи муҳимро ишғол менамояд, ин романи «Ғуломон» мебошад. Романи «Ғуломон» аз панҷ қисм иборат буда, ҳаёти зиёда аз 100-солаи сиёсии ичтимоӣ ва иқтисодии мардуми меҳнаткаши Осиёи Миёна ва манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри XIX-ро инъикос менамояд. Қаҳрамони марказии асар аксаран ғуломон ва насли онҳо ба шумор мераванд.

Қайд кардан лозим аст, ки Садриддин Айнӣ тавассути наслҳои гуногуни ғуломон тағйиротҳои аз ҳама муҳими ҳолати рӯҳӣ ва сиёсию ичтимоии халқҳои заҳматкашу бенавои Осиёи Миёнаро ба таври воқеӣ тасвир намудааст.

Айнӣ дар бораи се насли ғуломон дар асар нақл мекунад. Ба сафи насли аввал, ки ҳамаи ғуломону канизакон дохил мешаванд, симои Раҳимдод дар ҷои аввал қарор дорад, яъне насли якуми ғуломон аз Раҳимдод оғоз меёбад. Дар роман нависанда хостааст, ки манзараҳои хариду фурӯши ғуломон, ранҷу азоб, кулфату заҳматҳои ғуломон ва меҳнати сангину душвори тоқатфарсои онҳоро ба воситаи симои Раҳимдод ба хонанда хубтару беҳтар нишон диҳад. Садриддин Айнӣ дар симои Раҳимдод-насли аввали ғуломон ашхосеро тасвир намудааст, ки онҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳои инсонии худ маҳруманд. Онҳо ғуломию меҳнати вазнин ва ҷабру ҷафоро барои худ амри тақдир донистаанд. Зеро, насли якуми ғуломоне, ки нависанда тасвир намудааст, аз нигоҳи шуурнокии сиёсӣ ва иҷтимоӣ хеле ақибмонда мебошанд.

Дар нимаи дуввуми асри XIX дар муҳити ичтимоии Осиёии Миёна тағйиротҳои сиёсӣ ба миён омадаанд, ҷомеаи ғуломдорӣ аз байн рафт. Вале ҳамаи ин тағйиротҳои сиёсӣ ҳолу аҳволи пурмушаққати Раҳимдод ва дигар ғуломони ба ин монандро беҳтар накард.

Насли дуввуми «Ғуломон», ки дар майдони оташи муборизаву талош барои зиндагӣ обутоб ёфтаанд, дар рӯҳияи онҳо тағйиротҳои ҷиддие ба вуҷуд омадааст. Насли дуввум ҳамчун насли мубориз аз насли аввали бенаво қуллан фарқ дорад. Насли дуввуми ғуломон, ки аз Эргаш-писари Раҳимдод оғоз мешавад, барои аз зулму ситам озод намудани халқи меҳнаткаши давру замони худ фаъолияти хуб нишон медиҳанд. Эргаш моҳияти хушбахтӣ ва эҷодиро дар мубориза мебинад. Насли дуввум ҳамеша дар ҳаракату ҷунбишҳои инқилоби буда, барои озодии ҳақиқии худ ва халқи худ аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонанд. Фаъолияти насли дуввум бо пирӯзии инқилоб ва сохтмони колхозҳо ба поён мерасад. Хулоса, насли сеюмро, нависанда фаъолтар нишон медиҳад. Насли сеюм аз набераҳои ғуломони собиқ дар даврони шӯравӣ оғоз мешавад. Онҳо куллан озоданд. Онҳо дар кору фаъолияти худ озод ва фаъол буда, дар мубориза ба муқобили душманони синфӣ ва сохтмони ҷомеаи нав пешқадам мебошанд. Устод Садриддин Айнӣ маҳорати нависандагии худро дар навиштани ин асар нишон дода, рушду инкишофи рӯҳиву сиёсии се наслро тавассути симоҳои мухталиф воқеӣ нишон додаст.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Тасвири наслхо дар романи «Гуломон»-и Садриддин Айни, Мазмуни асосии романи «Гуломон», адабиёти точик.

Шарҳ баста аст.