ТАСНИФИ КОМПЮТЕРҲО. Намудҳои компютер

Татбиқи компютер тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳоло соҳа ё самти фаъолиятеро номбар кардан душвор аст, ки дар он компютер татбиқи худро наёфта бошад. Талабот ба хизматрасонии компютерӣ рӯ ба афзоиш аст. Инсоният қадам ба қадам ба ҷомеаи иттилоотӣ наздик шуда, асри XXI-ро ба асри технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ табдил хоҳад дод.

Мувофиқи хусусиятҳои фаъолият ва ҳаҷми иттилооти истифодашаванда дар соҳаҳои мухталиф талабот ба иқтидори компютерҳо низ гуногун шуда метавонад. Масалан, дар марказҳои илмиву таҳқиқотӣ, ки ҳаҷми ҳисоббарорӣ ва коркарди додаҳо зиёд аст, на аз компютерҳои фардӣ, балки аз компютерҳои пуриқтидортар истифода мебаранд. Дар идора кардани парвози киштии кайҳонӣ ё пешгӯии обу ҳаво бошад, аз компютерҳои пуриқтидортарин истифода бурдан лозим меояд. Талабот ба иқтидори компютерҳое, ки барои таҳия ва коркарди санадҳои матнӣ пешбинӣ шудаанд, нисбатан камтар аст. Барои офаридани филмҳои бадеӣ ё идора кардани шабакаҳои ҷаҳонии бонкӣ, ки коркарди ҳаҷми калони иттилооти тасвирӣ ё рақамӣ талаб карда мешавад, компютерҳои махсус заруранд. Аз ин рӯ, он компютерҳое, ки имрӯз сохта ба истифода дода мешаванд, дорои имконият ва хосиятҳои гуногун мебошанд.

Ба хосиятҳои муҳимтарини компютер нишондиҳандаҳои зерин дохил мешаванд:

  • навъ, иқтидор ва разряднокии протсессор;
  • ҳаҷми хотираҳои фаврӣ ва беруна;
  • тавоноии қисмҳои нигоҳдорӣ, иртибот ва дохилкунию хориҷкунии иттилоот;
  • имконияти иттилоотгузаронии таҷҳизоти иртиботӣ;
  • имконияти дар як вақт бо компютер кор карда тавонистани якчанд корбар;
  • имконияти дар компютер ба таври параллелӣ кор карда тавонистани якчанд барнома;
  • имконияти пайвастшавӣ ба шабака;
  • эътимоднокӣ.

Компютерҳоро аз рӯи параметр ва хосиятҳояшон ба синфҳо тақсим мекунанд. Ин амалро таснифбандӣ мегӯянд.

Таснифи қатъии компютерҳо вуҷуд надорад, чунки онҳо аз рӯи баъзе параметру хосиятҳояшон метавонанд ба як синф, аз рӯи дигар параметру хосиятҳояшон – ба синфи дигар мансуб дониста шаванд.

Компютерҳои қаблиро аз рӯи ҷузъҳои пойгоҳӣ, ҳаҷми хотираи фаврӣ, зудкорӣ, соҳаи истифода, соли барориш ва ғайра ба синфҳо ҷудо мекарданд. Компютерҳои муосирро аз рӯи нишондодҳои зерин таснифбандӣ кардан мумкин аст:

  • таъйинот ва имконоти онҳо дар коркарди иттилоот;
  • имкониятҳои робитавии онҳо бо корбарон (интерфейс);
  • ҳаҷми ҷисми онҳо;
  • имкониятҳои захиравии онҳо.

Баъзан нисбат ба параметру хосиятҳои компютер талаботи махсус гузошта мешавад. Масалан, ҳам чандистифодабаранда, ҳам эътимоднок ва  ҳам пуриқтидор будани компютер – талаботи хеле ҷиддӣ нисбат ба параметрҳои компютер ҳисобида мешавад. Албатта арзиши ин гуна компютерҳо бениҳоят гарон буда метавонад. Онҳо метавонанд ҳаҷман бузург буда, аз компютерҳои истифодаи умум ба куллӣ фарқ кунанд, барои идораашон дониши махсуси барномарезӣ низ зарур буда метавонад. Компютерҳои дорои ин гуна хосиятҳоро шартан компютерҳои калон ё бузург меноманд.

Барои иҷрои супоришҳои таълимӣ, ҳалли масъалаҳои омӯзишӣ, фароғатӣ ва ғайра, ки дар ҳаёти ҳаррӯза пеш меоянд, синфи компютерҳои дигар лозим аст. Хосиятҳои асосии ин гуна компютерҳо – боэътимодӣ, хурдҳаҷмӣ, ҷойгузинӣ, азхудшавандагӣ, дар истифода одӣ будан, нархи дастрас доштан ва ғайра ба ҳисоб меравад. Талабот ба хосиятҳои техникӣ ва имкониятҳои захиравии ин гуна компютерҳо нисбатан камтар аст. Барои онҳо нармафзори зиёд низ тарҳрезӣ шудааст, ки корбар ҳар лаҳза метавонад онҳоро аз нав насб ё ҳазф намояд. Истифодаи онҳо дониши махсуси техникӣ ё барномарезиро талаб намекунад. Компютерҳои дорои ин гуна хосиятҳоро шартан компютерҳои хурд меноманд.


Калидвожаҳо: ТАСНИФИ КОМПЮТЕРХО, намудхои компютер.

Шарҳ баста аст.