Таъсири сарнагун намудани ҳукумати подшоҳии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён

0
19

Таъсири инқилоби февралии (соли 1917) Русия ба аморати Бухоро. Аз тахт маҳрум гардидани подшоҳ Николаи II аз ҳама бештар амири Бухоро-Олимхонро ба ташвиш андохт. Зеро, чӣ тавре дар бобҳои аввал қайд гардид, подшоҳи Русия барои ҳукумати амирии Бухоро пушту паноҳи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб ҳам амир Олимхон бо шунидани хабари барҳам хӯрдани мутлақияти Русия, бо ибораи С. Айнӣ, -“якбора сарриштаи кори худро гум карда, поро аз сар намешинохт ва метарсид, ки фирқаи аҳрор ва асокири Русия мабодо табдили асоси ҳукумати Бухороро хоҳон шаванд, амир ва атбоашро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барҳам зананд”. Бинобар ин ҳукумати амирӣ тамоми чораҳоро дид, ки дар сарзамини аморат ба хуруҷҳои халқӣ роҳ надиҳад. Ӯ дар ин амалиёт бо кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якҷоя амал мекард.

Мардуми аморати Бухоро танҳо 4 марти соли 1917, бо омадани матбуоти даврӣ, аз ғалабаи инқилоби февралии Русия ва аз тахт рафтани подшоҳ огоҳ гаштанд. Баъди ин ба агенти сиёсӣ, ғайр аз эълон намудани он, ки гӯё подшоҳ “бо ихтиёри худ” фуромадааст,чораи дигар намонда буд. Ӯ дар навбати худ даъват намуд, ки на танҳо дар қаламрави аморат, инчунин дар маҳаллаҳои руснишини он низ оромӣ ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале сарфи назар аз кӯшишҳои ҳукумати амирӣ ва кормандони агентии сиёсӣ дар сарзамини аморат, аз ҷумла дар истгоҳи роҳи оҳани назди дарвозаи Қаршигии шаҳри Бухорои Кӯҳна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба инқилоби февралии Русия ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо барпо гардиданд. Дар худи моҳи март дар Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Тирмиз, Шӯроҳои намояндагии коргарон ба вуҷуд омаданд, ки аксариятро дар сарварии онҳо эсеру меншевикон ташкил менамуданд. Дар ин маҳалҳо инчунин кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ низ бунёд гардиданд, ки дар аввал аз болои онҳо бояд агенти сиёсӣ назорат мекард. 17 марти соли 1917 агенти сиёсӣ ба резидентсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин тағйирот фақат дар ном буду халос. Зеро, дар иҷроиши вазифаи онҳо тағйироте дида намешуд.

Загрузка...

Болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён. Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ дар Русия ба фаъолияти ҷавонбухороиён низ такони ҷиддӣ дод. Онҳо, ки дар натиҷаи таъқиби ҳукуматдорони аморат ба таври пинҳонӣ амал мекарданд, аз мағлубияти пушту паноҳи амири Бухоро, подшоҳ Николаи II рӯҳбаланд гардида, дар роҳи ислоҳот нисбатан ҷиддитар амал карданд. Ҷамъияти махфиашон, ки дар дохили шаҳри Бухорои Кӯҳна фаъолият дошт, дар гӯшаҳои шаҳр низ шӯъбаҳои худро кушод. Сафи ҷавонбухороиён махсусан аз ҳисоби талабагони мадрасаҳои шаҳр рӯз аз рӯз меафзуд.

Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи таъсири инқилоби февралии Русия, дар талаботи ҷавонбухороиён тағйироте ба вуҷуд омада буд. Онҳо дар шароити нав талаботи ислоҳоти мактабу мадрасаҳо ва усули дарсдиҳиро дуюминдараҷа ҳисобида, дар мадди аввал ислоҳоти ҳукумати амирии Бухороро гузоштанд. Ҷавонбухороиён дар ин роҳ ба кӯмаки Ҳукумати Муваққатии Русия умед доштанд. Бо ҳамин мақсад, ҷавонбухороиён ба номи он ҳукумат барқияҳо фиристода, дар онҳо, аввал ҳукумати навро табрик гуфта, сониян ёрмандии онро дар ислоҳи тартиботи амирии Бухоро хостаанд. Вале на ҳамаи намондагони Ҳукумати Муваққатии Русия тарафдори ислоҳи тартиботи амирии Бухоро буданд. Аз ҷумла вазири адлияи ҳамонвақтаи он ҳукумат А.Ф.Керенский (ходими ҳизби трудовикҳо ва баъд эсерӣ, аз 8 июл то 26 октябри он сол сарвари Ҳукумати Муваққатӣ), дар мавқеи ба Русия ҳамроҳ намудани аморати Бухоро будааст.

Ҳамин тавр умеди ҷавонбухороиён аз “кӯмаки” Ҳукумати Муваққатӣ барбод нарафт. Рӯзе ба кормандони резидентсия ва худи амир хабари тарафдори ислоҳоти тартиботи амирӣ будани ҳукумати нави Русия расидааст. Мувофиқи он ризоият ташаббуси гузаронидани ислоҳот ба ӯҳдаи худи “ҷаноби олӣ”- амир Олимхон гузошта мешуд.

Дар натиҷа ҳукумати амирии Бухоро дар вазъияти ниҳоят мушкиле монда буд. Зеро, аз як тараф дар дохили мамлакат ҷавонбухороиён, ҳамчун қувваи ягонаи оппозитсионӣ аз амир ислоҳот талаб мекарданд, аз тарафи дигар Ҳукумати Муваққатии Русия ҳам ин гуна ислоҳотро хоҳиш намудааст. Кормандони резидентсия бошанд, ки ҳамон лаҳза маслиҳатчии асосии амир ва ҳукумати ӯ буданд, низ тарафдори ислоҳот буданд. Бинобар ҳамин ҳам барои амир Олимхон ва ҳукумати вай ғайр аз розигӣ барои гузаронидани ислоҳот роҳи дигаре набуд. Аз ҷумла қӯшбегӣ Насрулло низ аз хусуси зарурияти ислоҳот сухан гуфтааст.

Вале муқобилони ислоҳот аз вазъияте, ки баъди инқилоби февралии Русия дар Бухоро ба вуҷуд омада буд, хулосаи дуруст набаровардаанд. Аз ҷумла Бурҳониддин қозикалон ва Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ, ки баъд аз қӯшбегӣ аввалин ашхоси ҳукумати амирӣ ба ҳисоб мерафтанд, ба ҳар кор ҷуз “намехоҳам” ҷавобе надоштанд. Муқобилони ислоҳот амалиёти худро пинҳон нигоҳ надошта, нисбат ба тарафдорони ислоҳот-ҷавонбухороиён, ҳар гуна бӯҳтонҳоро бофта бароварданд. Онҳо динро ҳамчун аслиҳа, ба муқобили ҷавонбухороиён ба таври васеъ истифода бурданд. Чунин аҳвол вазъияти ҳукумати амириро боз ҳам вазнинтар гардонид. Бинобар ин амир ва қӯшбегӣ маҷбур шуданд, ки дар роҳи ислоҳот ҳар гуна амалиёти худро аз душманони ислоҳот пинҳон доранд.

Эълон кардани лоиҳаи ислоҳоти амирӣ. Амир ва қӯшбегӣ вазъиятро ба назар гирифта, бо мақсади наҷот додани салтанати худ, ба ислоҳоти ночизе розӣ шуда, дар ин роҳ бо якҷоягии кормандони резидентсияи Русия лоиҳа ва дигар дастурҳои заруриро ҳозир намуданд. Ҳангоми ҳозир намудани он лоиҳа қушбегӣ Насрулло бо яке аз сарварони ҷавонбухороиён Мирзо Муҳиддин Мансуров, резидент Миллер бо дигар сарварони ҷавонбухороиён Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) ва дигарон сӯҳбат карда, фикри онҳоро низ оиди ислоҳот шунидаанд.

Дере нагузашта симои Ҳукумати Муваққатии Русия ба мансабдорони аморати Бухоро пурра маълум гардид. Акнун амир ва ҳукумати ӯ дар симои ҳукумати нави Русия ба худ пушту паноҳи тозаро пайдо карда буданд. Амир 10 марти соли 1917 ба номи вазири корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатӣ Милюков барқияи табрикӣ фиристода, дар он ҳукумати нави Русияро ҳамчун “ҳукумати демократӣ, ки озодии пурра ва тараққиёти ҳамаи миллат ва халқҳоро таъмин” мекарда бошад, ҳисобидааст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, қӯшбегӣ Насрулло бо мақсади ба тарафи ҳукумати амирии Бухоро кашидани таваҷҷӯҳи кормандони ҳукумати нави Русия хароҷоти зиёд кардааст.

Вале, фақат як вазъияти дигар амир ва қӯшбегиро каме ором намегузошт. Ин ҳам бошад аллакай ба доираи васеъ паҳн гардидани масъалаи ислоҳоти Бухоро буд. Махсусан ҷавонбухороиён бесаброна дар интизори ислоҳот буданд. Аз ин рӯ амир нахост, ки худро дар назди аҳли ҷамъият, пеш аз ҳама матбуоти давр, чун ҳокими мустабид ба қалам дихад.

Аммо амир ва ҳукумати ӯ ба қувваҳои зиддиислоҳотии Бухоро чандон баҳои дуруст надода буданд. Онҳо, дар аввал бо мақсади осудагии амалиёташон муқобилони ислоҳотро аз ҳокимияти марказӣ дур карданд. Аз ҷумла 25 марти соли 1917 Бурҳониддинро аз вазифаи қозикалонӣ озод намуда, ба ҷояш қозии Ғиждувон, тарафдори ислоҳот, яке аз маърифатпарварони номии аввали асри XX-и Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро таъин карданд. Рӯзи дигар, муқобили дигари ислоҳот, раиси Бухоро-Абдуллохоҷаро низ аз мансаб озод намуда ба ҷояш қозии Чорҷӯй, маърифатпарвари номи-Абдусамадхоҷаро, 27 март, қозии Вабкент-Орифхоҷаро, ки низ тарафдори ислоҳот буд, муфтиаскар таъин намуданд. Муфтиаскари собиқ Изамиддинхоҷаи Мусаннифро ба Ғиждувон, раиси собиқ Абдуллохоҷаро ба Чорҷӯй барои адои вазифаи қозигӣ фиристоданд. Дигар ашаддитарин душмани ислоҳот Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷиро бо баҳонаи хизмате ба Қаршӣ гуселониданд. Пас аз чунин тағйиротҳо ҳукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоҳот гӯё аз ҳар ҷиҳат озод ҳис мекард. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот низ дер боз дар мактабу мадрасаҳо ва гузарҳои аҳолинишини шаҳр ташвиқот бурда, як ҳиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд.

Лоиҳаи ислоҳот, ки аз тарафи ҳукумати амир, бо иштироки кормандони резидентсия ҳозир карда шуд, баъди дар вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатии Русия муҳокима гардидан, 4 апрели соли 1917 аз тарафи худи ҳукумати нави Русия тасдиқ гардид. 7 апрел ин лоиҳа дар меҳмонхонаи “Раҳимхонӣ”-и Арк, дар ҳузури даъватшудагон ва меҳмонон эълон карда шуд.

Мувофиқи лоиҳаи ислоҳот амир бояд: дарбори худро дигар мекард; барои ҳамаи амалдорон аз хазина моҳона таъин мекард (то ки мардумро худсарона тороҷ накунанд); закот, хироҷ ва дигар андозҳоро ба тартиб медаровард; ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузошт; аз ҳисоби мардуми доно ва соҳиби дониши Бухоро дар назди ҳукумат як маҷлиси машваратӣ таъин мекард, харҷу дахли хазинаи ҳукуматиро ба ҳисоб мегирифт; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як матбаа мекушод ва ғайраҳо.

8 апрели соли 1917, пагоҳӣ барвақт, амир Олимхон ба номи сардори Ҳукумати Муваққатии Русия княз Лвов ва вазири корҳои хориҷии он Милюков, аз хусуси эълони фармони ислоҳот барқия фиристода, дар он қайд кардааст, ки гӯё “қарори ӯ барои аз рӯи шариат гузаронидани ислоҳот қатъӣ мебошад”.

 Ҳарчанд лоиҳаи ислоҳоти эълонкардаи амир ба назар хело ночиз менамояд, вале агар он дар Бухорои ҳамонвақта амалӣ мегардид, аз аҳамият холӣ набуд. Аммо он лоиҳаи ислоҳоти ночиз ҳам дар қоғаз монд.

Намоиши шукронаи ҷавонбухороиён ва пароканда намудани он. Авҷи иртиҷо дар Бухоро. Эълони фармони ислоҳот тарафдорон ва ҳам муқобилонашро ба ҳаракат даровард. 8 апрел, соати 8-и пагоҳӣ, намоиши ҷавонбухороиён оғоз ёфт. Онҳо бо шиорҳои: “Зинда бод амир Олимхон!”, “Зинда бод ислоҳот!”, “Зинда бод амири озодихоҳ!”, “Зинда бод амири ҳурриятпарвар амир Олимхон! ”, “Зинда бод озодӣ, контитутсия, озодии матбуот ва истиқлоли мактаб!” ба майдон баромада буданд. Шумораи намоишчиён, ки дар оғоз тақрибан ҳазор нафар буд, оҳиста-оҳиста аз ҳисоби шаҳриён меафзуд ва то ба 5-7 ҳазор нафар расидааст. Дар намоиш тоҷикҳо, яҳудиҳо, эрониҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо ва дигар мардуми шаҳр иштирок кардаанд.

Вақте ки ҷавонбухороиён аз Чорсӯи Бухоро ба роҳ баромада то Хиёбон расиданд, аз тарафи дигар муқобилони ислоҳот низ ба қуввати тамом бархеста, ба Регистони Бухоро, яъне майдони назди Арк расиданд. Аксулҳаракатчиён аксарият аз ҷумлаи диндорони иртиҷопараст буданд. Онҳо аз гумроҳии мардуми Бухоро истифода бурданд. Дар натиҷаи чунин ташвиқотҳо як ҳиссаи дигари мардуми дар ғафлатбудаи шаҳр ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бо ҳамин роҳ муқобилони ислоҳот тавонистанд, ки шумораи тарафдорони худро то ба 7-8 ҳазор нафар расонанд.

Баъд аз сар шудани аксулҳаракат, амир ва қӯшбегӣ аз ин воқеа мурданивор ба воҳима афтода, муносибати худро нисбат ба ислоҳотхоҳон бо тезӣ тағйир доданд ва тарафдори гурӯҳи мухолифон шудаанд. Дар натиҷаи ин намоиши шукронаи ҷавонбухороиён пароканда карда шуд. Иштирокчиёни он ба ҳар тараф гурехтанд. Як қисмашон барои халосии ҷони худ ҳатто ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бинобар ин ҳамон лаҳза дар Бухоро “ҳар кас, -ба хотир меоварад С.Айнӣ,- барои ҳифзи ҷони худ дигареро “Ин ҷадид аст” гуфта, таҳқир мекард ва сабаби дастгирии он бечора мегардид”.

Аксулҳаракатчиён на танҳо ҷавонбухороиёнро таъқиб мекарданд, балки баъзе шахсони бонуфузи ҳукумат, ки ислоҳотхоҳ буданд, низ таҳдид кардаанд. Аз ҷумла, онҳо қозикалон Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро ҳангоми аз хонааш ба Арк омадан, дар майдони Регистон, дар он ҷое, ки чашми амир меафтод, таҳқир ва зада аз асп афтонда, беҳуш намуданд. Раис Абдусамадхоҷаро бошад дар назди худи қӯшбегӣ зада маъюб карданд.

Рӯзҳои 8 ва 9 апрел аз тарафи ҳукумати амирӣ қариб 150 нафар иштирокчиёни намоиш ва махсусан ҷавонбухороиён, аз он ҷумла С.Айнӣ (агарчанде ӯ муқобили намоиш буду дар он иштирок надошт, вале дастгир шуда 75 чуб ҷазо дид) ҳабс гардиданд.

Дар аморати Бухоро иртиҷо тантана мекард. Оҳиста-оҳиста тамоми мансабҳо боз ба ихтиёри муқобилони ислоҳот гузашт. Аз ҷумла 15 апрели ҳамон сол қӯшбегӣ Насрулло маъзул гардид, ва ба ҷои ӯ душмани ашаддии ислоҳот ва ҷавонбухороиён Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ нишаст. Мирзо Насруллоро бо тамоми аҳли оилааш ба Кармина (мувофиқи дигар маълумот ба Қаршӣ) бадарға ва ҳабс намуда, дар рӯзҳои “таҷовузи Колесов” (марти соли 1918) ҳамаашонро бо ҳукми амир қатл намудаанд. 31 июли соли 1917 Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро низ (ҳарчанд ӯ аз рӯзи латхӯриаш — 8-апрел, аллакай дар мансаб набуд ва бемори бистарӣ буд) бо ҳукми амир аз вазифаи қозикалонӣ озод карда, ба ҷои ӯ Бурҳониддин такроран соҳиби ин мансаб гардид.

15 апрел дар Бухорои Нав бо ташаббуси Шӯрои намояндагии коргарони шаҳр маҷлиси серодаме барпо гардид. Дар он амалиётҳои кормандони резидентсияи Русияро дар рӯзҳои фоҷеаи Бухоро муҳокима намуда, қарор кардаанд, ки сарвари он Миллер ва ҷонишинаш Шулга ба ҳабс гирифта шаванд.

Воқеаҳои апрелии (соли 1917) Бухоро ба баъзе ҷавонбухороиён таъсири ҷиддӣ расонид. Бо ҳамин воқеа амир Олимхон обрӯ ва эътибори худро дар байни зиёиёни пешқадами Бухоро, ки қисмашон ба ӯ ҳанӯз боварӣ доштанд, аз даст дод. Ин гурӯҳи зиёиён- ҷавонбухороиён дигар ба ислоҳ ёфтани ҳукумати амирӣ боварӣ надоштанд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар  моҳи апрели ҳамон сол Фатҳуллохоҷа ном шахс, дар маҷлиси гурӯҳи ҷавонбухороиёни дар Бухорои Нав буда, масъалаи “ҳатман тайёр намудани шӯриши яроқноки бухороиён”-ро гузоштааст. Ин гурӯҳ дар ҳуҷҷатҳо баъзан “ҷавонбухороиёни ашаддӣ” ном бурда мешавад.

 Дар аморати Бухоро гурӯҳи иртиҷопарастон ғалабаи худро тантана мекарданд. Таъқиби на танҳо чавонбухороиён, балки хайрхоҳони онҳо низ давом дошт. Иртиҷопарастони аморат ҳатто аз мавқеъ ва амалиёти худи амир Олимхон оиди масъалаи ислоҳот розӣ набуданд. Аз ҳамин сабаб ҳанӯз аввали моҳи майи ҳамон сол иртиҷопарастон масъалаи аз мансаби амирӣ озод намудани Олимхон ва ба ҷои ӯ таъин кардани амакаш – беки Ғузар, иртиҷопарасти ашаддӣ — Акрамхонро гузоштанд. Вале онҳо аз иқтидори ҳукумати Русия дар тарс буданд. Бинобар ин нияти иваз намудани амирро амалӣ карда натавонистанд. Зеро, сиёсати амир Олимхонро чӣ амалдорони болоии Ҳукумати Муваққатии Русия ва чӣ маҳаллии он, аз ҷумла кормандони резидентсияю сарварони кишвари Туркистон дастгирӣ мекарданд.


Калидвожаҳо: Таъсири сарнагун намудани хукумати подшохии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии харакати ислохотхохонаи чавонбухороиён, Таъсири инкилоб ба Аморати Бухоро.