Ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалисти Тоҷикистон

0
68

ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶМШС Ӯзбекистон. ҶМШС Тоҷикистон 5 – сол, яъне солҳои 1924 – 1929 дар ҳайати  ҶШС Ӯзбекистон буд. Бо мақсади мунтаззам нигоҳ доштани алоқаи байниҳукуматии  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, 20 декабри соли 1924 аз  тарафи Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон намояндагии доимии ҷумҳурии мухторӣ дар ҶШС Ӯзбекистон таъсис гардид. Барои ба эътибор гирифтани манфиати Тоҷикистон – ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ,  махсусан барои ҳалли масъалаҳои  молиявӣ ва иқтисодӣ, дар назди ташкилотҳои давлатии Ӯзбекистон бюро ва  комиссияҳои махсус ташкил карда  шуд. Инчунин дар ташкилотҳои ҳукуматии он низ намояндагони ҶМШС Тоҷикистон  шомил буданд. Аз ҷумла,  дар назди Комиссариати маорифи халқии ҶШС Ӯзбекистон Шӯро оиди миллатҳои ақал ташкил карда шуд, ки ба он намояндаи ҶМШС Тоҷикистон сарварӣ мекард.

Аммо ҳукумати ҳамонвақтаи ҷумҳурии Ӯзбекистон, на ҳама вақт ба ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбатан зиёда қафомонда ва харобгардида буд, холисона назар мекард. Махсусан дар соҳаи маориф манфиати тоҷикон бештар ба эътибор гирифта намешуд. Ба мансабҳо асосан шахсонеро  таъин мекарданд, ки онҳо дар ҳуҷҷат ҳамчун «ӯзбек» номнавис шуда бошанд. Тоҷиконро бештар маҷбур менамуданд, ки худро ҳамин тавр, яъне «ӯзбек» муарифӣ кунанд. Тоҷиконеро, ки худро «ӯзбек» номнавис мекарданд, ба мансабҳои гуногун таъин менамуданд. Ба дасти ҳамин тоҷикони ӯзбекшуда мактабҳои тоҷикиро мебастанд ва ҳаёти маънавии тоҷиконро маҳдуд менамуданд.

Загрузка...

Таъсиси округи Хуҷанд ва ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ намудани он. Вилоятҳои Панҷакент ва Ӯротеппа гарчанде мувофиқи тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 ба ҶМШС Тоҷикистон шомил карда шуда бошанд ҳам, аммо онҳо, чуноне дар боло таъкид шуд, гӯё бо сабаби аз ҶМШС Тоҷикистон хело дар канор будан, то охири соли 1926, аз ҷиҳати идоракунӣ, амалан дар ҳайати ҷумҳурии Ӯзбекистон буданд. Танҳо охири соли 1926 он вилоятҳо ба ихтиёри  ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.

Сентябри соли 1926 дар натиҷаи тақсимоти ноҳиявӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёди округи Хуҷанд пешниҳод гардид ва он феврали соли 1927 аз ҷиҳат ташкилӣ таъсис ёфт.  Ҳамон вақт ба ҳайати округи Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт шомил буданд. Ҳатто роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкоро иқрор шуда буданд, ки аксарияти аҳолии ин округро тоҷикон ташкил мекунанд ва майли ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуданро доранд. Роҳбарияти ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон борҳо, дар сатҳи  гуногун ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ намудани округи Хуҷандро гузошта буданд.

Апрели  соли 1929 анҷумани II Шӯроҳои округи Хуҷанд ва анҷумани II  Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон  барпо гардиданд. Онҳо масъалаи ба ҳайати  ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ намудани  округи Хуҷандро муҳокима карда аз анҷумани III  Шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон хоҳиш  намуданд, ки пешниҳоди онҳоро тасдиқ намояд. 25 майи соли 1929 Кумитаи иҷроияи Марказии (КИМ) ҶШС Ӯзбекистон қарорро дар бораи ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ намудани округи Хуҷанд қабул кард.

Сентябри соли 1929 округи Хуҷанд ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд. Ҳамон вақт аҳолии округ 250,8 ҳазор нафарро ташкил медод. Минбаъд аҳолии ҷумҳурии мухторӣ ба зиёда аз 1150 ҳазор нафар  расид ва дар он 72% — ро  тоҷикон ташкил медоданд. Масоҳати  ҷумҳурӣ аз 142,5 ҳазор км2 иборат буд. Ноҳияҳои округи Хуҷанд, нисбат ба ноҳияҳои ҷумҳурии  мухторӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва фарҳангӣ пешрафта  ҳисоб  мешуданд.

Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон. Дар замони мавҷудияти ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон аксари  арбобони он масъалаи тоҷиконро то ҳанӯз пурра ҳалнашуда ҳисобида, ба  ташкилотҳои гуногуни иттифоқӣ арзу шикоятҳо фиристодаанд. Дар ин асос онҳо дар назди ташкилотҳои иттифоқӣ борҳо масъалаи ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистонро гузоштаанд. Инак, 6 июни соли 1929 бюрои сиёсии кӯмитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ масъалагузории аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баромадани ҶМШС Тоҷикистон ва ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани онро маъқул  шуморид. 12 июни соли 1929 раёсати  кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС, 17 июни ҳамон сол бюрои  иҷроияи кӯмитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Ӯзбекистон низ чунин ҳалли  масъаларо маъқул   шумориданд.

6 июли соли 1929 Бюрои Осиёмиёнагии кӯмитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ оиди ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани ҶМШС  Тоҷикистон нақшаҳои омодагиро тасдиқ намуд. Ба сарвари коммиссия  оиди аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ҷудо  намудани ҶМШС Тоҷикистон — Макеев, ки ҷонишини раиси Шӯрои иқтисодии Осиёи  Миёна буд, фармуд, ки аз 1 октябр, яъне то оғози  буҷаи нави солона, корҳои муайян намудани сарҳади байни ҶШС Ӯзбекистон ва ҶМШС Тоҷикистонро ба итмом расонанд. Комиссияи номбурда бо сарварии Макеев, бо танаффусҳо, аз 25 июл то 8 сентябри соли 1929 фаъолият намуд. Дар  ҷамъомадҳои он дар байни намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баҳсу мунозираҳои  тезу  тунд ба амал омаданд. Дар он намояндагии Тоҷикистонро А.Ҳоҷибоев ва намояндагии Ӯзбекистонро Р.Исломов сарварӣ мекарданд.

Дар як вақт бо фаъолияти комиссияи номбурдаи бюрои Осиёимиёнагӣ, дар худи ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон ҳам баъзе  чорабиниҳо оиди ба  ҷумҳурии иттфоқӣ табдил додани он мегузашт.  Аз  ҷумла, 11 августи соли 1929 раёсати кӯмитаи иҷроияи марказии  Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон ба ҳукумати (Шӯрои Комиссарони) ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки чорабиниҳоро оиди таъсиси ташкилотҳои ҷумҳуриявии хоси ҷумҳурии иттифоқиро  бинад. 11 сентябри он сол иҷлосияи II Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон маърӯзаро оиди сохтори хоҷагӣ ва фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ва инкишофи ояндаи онҳоро шунида қарор кард, ки аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баромада ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон зарур аст ва ин ҷумҳурии навбунёд бояд бевосита ба ҳайати ИҶШС (СССР) шомил гардад. Барои ҳалли ин масъала зарур шумориданд, ки анҷумани фавқулоддаи Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шавад.

15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе анҷумани III фавқулоддаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ ба  кори худ шурӯъ кард.  16 октябр дар майдони назди  Хонаи деҳқон (ҳозира бинои  театри драммавии русии ба номи В. Маяковский), дар ҳузури намояндагони анҷуман, қисмҳои аскарони сурх ва мардуми аз гӯшаҳои гуногун омада, Эъломия дар бораи ба Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон тадбил додани ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамин тавр бо душвориҳои хеле зиёд Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамон лаҳза ба ҳайати ҷумҳурӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, округҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Ғарм, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Панҷакент шомил буданд.

Инчунин, дар ҳамон Эъломия таъкид мегардид, ки  ҶШС Тоҷикистон ихтиёран, дар асоси эъломияи анҷумани якуми Шӯроҳои ИҶШС (СССР), ҳамчун аъзои  комилҳуқуқ, ба ҳайати Иттифоқ дохил мешавад. 5 декабри соли 1929 иҷлосияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС (СССР) қарор кард, ки Шартнома дар бораи таъсиси ИҶШС (СССР) дар ҳудуди  ҶШС  Тоҷикистон низ паҳн карда шавад. Онро анҷумани VI Шӯроҳои ИҶШС (СССР) низ маъқул шуморид. Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳафтӯми  ИҶШС  гардид.

Бо сабаби бунёди ҶШС Тоҷикистон, 25 ноябри соли 1929 бюрои сиёсии кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ  қарор қабул кард, ки ташкилоти вилояти тоҷикистонии ҳизби коммунистии (болшевикии) Ӯзбекистон ба ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон табдил дода шавад.

Умуман таъсиси ҶШС Тоҷикистон қадами дигари ҷиддӣ ба сӯи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин ҳам ин воқеа низ барои тоҷикон ва тоҷикистониён аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар замони мухторият ва ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфтани он (солхои 1924 — 1929), Точикон дар замони мухторият ва ба Чумхурии Иттифоки табдил ёфтани он (солхои 1924 — 1929), Ташкилёбии Чумхурии Шуравии сотсиалисти Точикистон, Эъломия дар бораи ба Чумхурии Шуравии сотсиалистии Точикистон, Таъсиси округи Хучанд ва ба ЧМШС Точикистон хамрох намудани он, ЧМШС Точикистон дар хайати ЧМШС Узбекистон, Таъсиси Чумхурии Шуравии сотсиалистии Точикистон, Ташкилёбии ЧМШС Точикистон.