Ташкилёбии давлати Сомониён

Андешаҳо оид ба макони Сомониён. Сомонхудот. Сомониён нахустин силсилаи маҳаллӣ буданд, ки пас аз суқути Бармакиён мавриди эътимоду пуштибонии халифаҳои аббосӣ гардиданд. Насаби ин хонавода аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо ба Баҳроми Чӯбина — яке аз давлатмардони аҳди сосонӣ мерасад. Сомониён номи худро аз деҳаи Сомон гирифтаанд, ки ин деҳа дар наздикии Самарқанд (ё Балх) будааст. Сарвари ин хонадон Сомонхудот буда, бо амири Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ (ваф.738) муносибати наздик барқарор карда, ба дасти ӯ мусулмон мегардад. Ба поси эҳтироми ин дӯстӣ писари худро низ Асад номид. Сомонхудот ҳамчун намояндаи арабҳо солҳои 725-738 ҳокими Балх буда, барои тасхири баъзе қисматҳои Хуросону Мовароуннаҳр бо арабҳо ҳамдастӣ кардааст.
Дар бораи Асад ҳеҷ гуна маълумоте нест. Дар замони хилофати Ҳорунаррашид (786-809) аз сабаби зиёд гаштани зулму ситами коргузорони хилофати аббосӣ дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр вазъияти буҳронӣ ба амал омад. Соли 806 бо роҳбарии Рофеъ ибни Лайс ном саркардаи араб бар муқобили хилофат шӯриши бузурге сар зад, ки дар муддати кӯтоҳ миёни мардумон низ ҳамовозӣ пайдо кард. Рофеъ шаҳри Самарқандро ба даст овард ва халифа маҷбур шуд, ки барои фурӯ нишонидани ин ошӯб шахсан ба Хуросон ояд. Яке аз саркардаҳои машҳури дарбори Бағдод Ҳарсама барои пахш кардани шӯриш ба Мовароуннаҳр омад ва дар ин кор оҷиз монд. Писари халифа Маъмун ба фарзандони Асад – Нӯҳ, Аҳмад, Яхё ва Илёс нома фиристода, хостори он шуд, ки онҳо, ба лашкари хилофат ёрӣ расонанд. Маъмун ва дастгоҳи хилофати аббосӣ хуб медонистанд, ки фарзандони Асад аз мардуми маҳаллӣ буда, аз решаҳои ин ихтилоф огоҳ буда, миёни мардум ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ доштанд ва ҳусну тадбири онон низ ба халифа маълум буд.
Фарзандони Асад ба дархости халифа посухи мусбат доданд ва Рофеъро бар он доштанд, ки бо Ҳарсама сулҳ кунад. Ҳамин тавр ин фитна ором гардида, Мовароуннаҳр дар ихтиёри Аббосиён боқӣ монд. Пас аз ин фарзандони Асад ба дарбори хилофат наздик шуданд. Авзои нобасонмони Хуросону Мовароуннаҳр Маъмунро водор карда, ки солҳо худ дар Хуросон боқӣ монад. Дар низоъи миёни бародарон Маъмун ва Амин барои хилофат ҳам, ки ба хунрезӣ анҷомид, унсури эронӣ барои ба қудрат нишонидани Маъмун нақши муҳиме гузошт. Соли 818 Маъмун озими Бағдод гардид. Ба поси хидматҳои кардаашон халифа ба амири Хуросон Ғассон ибни Аббод супориш дод, ки набераҳои Сомонхудот ба корҳои идорӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамин тавр Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс мутаносибан ҳокимони шаҳрҳои Самарқанд, Фарғона, Чоч ва Ҳирот гардиданд. Ба истиснои Ҳирот фарзандони Асад тавонистанд ҳукумати хешро бар ин шаҳрҳо меросӣ гардонанд.
Пас аз он ки Тоҳириён ва Саффориён ҳам амири Хуросон гардиданд, қудрати намояндагони Сомониён бар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ҳифз карда шуд. Нахуст Нӯҳ, баъд Аҳмад (ваф. 864) ва сипас писараш Наср (ваф. 892) сардори сулолаи сомониро бар ӯҳда доштанд. Соли 874 охирин шаҳри бузург дар Моваруннаҳр – Бухоро ҳам ба ихтиёри Сомониён дода шуд. Замоне Бухоро гирифтори ошӯбу фитна (соли 874) гардид, мардумони он маҳз ба намояндаи хонадони сомонӣ муроҷиат карданд ва Наср бародараш Исмоилро ба ин нуқтаи ноором фиристод. Ба Исмоил зарур омад, ки дар муддати кӯтоҳ шаҳри ошӯбзадаро ором сохта, аъёнро низ ба ҷониби худ ҷалб созад. Ҳокими худхондаи ин шаҳр Ҳусайн ибни Тоҳирро низ ҳабс карда, бадгумониҳои бародараш Насрро низ бобати истиқлолхоҳӣ бартараф сохт.
Халифа соли 875 ба Наср ибни Аҳмад маншур фиристода, амалан ҳукумати Сомониён бар кулли Мовароуннаҳр расмият бахшид. Муаррихон ҳамин солро соли пурра тобеъ гаштани Мовароуннаҳр ба хилофат меномад. Барои ба ислом ҷалб гардидани аҳолӣ Сомониён аз ин давра саъй мекарданд ва мавриди эътимоду пуштибонии халифаҳои аббосӣ буданд. Онҳо даст ба ҳеҷ гуна ислоҳоти куллӣ намезаданд, балки бо нигоҳ доштани оромӣ дар қаламрави худ заминаи тадриҷии мусулмоншавии аҳолӣ ва ба хилофат содиқ монданро меҷустанд. Яке аз тафовутҳои аслӣ дар миёни Саффориён ва Сомониён он буд, ки қудрати Саффориён сад дар сад чуноне ки аз ишораи Яъқуб бармеояд, ба зӯри шамшер вобаста буд. Сомониён бо иштирок дар пахши шӯриши Рофеъ ибни Лайс минбаъд ҳамаи фармонравоии худро пас аз гирифтани номаву маншури халифа ба роҳ мемонданд. Пас аз таъин шудан бошад миёни раият чун намояндаи халифа (нисбатан) адлу додро пеша карда, миёни мардум низ маҳбубият пайдо мекарданд.
Исмоили Сомонӣ ва болоравии қудрати Сомониён. Исмоил мушоҳида кард, ки як гурӯҳ аъёни шаҳри Бухоро бо тадбирҳои ӯ мухолифат меварзанд. Ба хотири ба роҳ мондани сиёсати хеш ва бартараф сохтани шарри ин аъён ӯ ба бародараш Наср нома навишта ононро ба Самарқанд гусел фармуд ва дар нома боздошт гаштани онҳоро хостор шуд. Дар воқеъ Наср мухолифони Исоилро ба Бухоро нагузошт ва дар як муддати кӯтоҳ корҳо бар муроди Исмоил пеш рафт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои истиқлолталабона ё дурустар гӯем мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сар задании моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари хонадони сомонӣ буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.
Наср пас аз ин рӯйдоди нохӯш бародараш Исмоилро бахшида, ӯро ҷонишини худ эълон кард ва аз ҳамаи бародарону фарзандон дархост кард, ки фармони ӯро гардан ниҳанд. Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари хонадони сомонӣ ва амири Мовароуннаҳр гардид. Халифа ҳам соли 893 ба номи Исмоил маншур фиристода, ҳокимияти ӯро бар тамоми Мовароуннаҳр расмият бахшид. Исмоил ва ворисони ӯро минбаъд амири Хуросон меномиданд, ки ин ягонагии Мовароуннаҳру Хуросонро дар назар дорад. Исмоил Бухороро пойтахт қарор дод, то ин дам Самарқанд пойтахти Сомониён маҳсуб мегашт. Ӯ худи ҳамин сол ба самти Талас лашкар кашида, онро тасарруф намуд ва ба нашри ислом пардохта, калисои онро ба масҷид табдил дод. Аз ин ҷо ғанимати зиёд ба даст овард. Ин лашкаркашӣ қаламрави Сомониёнро чандон васеъ накард, вале сабабгори он шуд, ки ба ҳуҷумҳои ҳамешагии туркҳо ба ин сарзамин хотима бахшад. Гузашта аз ин пас ин лашкаркашӣ мубаллиғони мусулмон барои дар ин сарзаминҳо густариш додани ислом ба фаъолияти густурда пардохтанд.
Иқдоми дигари Исмоил забт кардани Усрушана (Истаравшан) дар соли 893 ва ба қаламрави Сомониён ҳамроҳ кардани ин шаҳри муҳим буд.
Пас аз расидани маншури халифа барои ҳукумати Хуросону Мовароуннаҳр Исмоил ба самти Гургону Табаристон лашкар кашид. Ин сарзамин аз соли 864 аз итоати хилофат сарпечӣ карда, дар ихтиёри пешвоёни шӯриши алавӣ ё доъиёни алавӣ қарор дошт. Доъиёни шиъаи алавӣ хилофати абосиро расман намешинохтанд. Сипоҳиёни Исмоил бар муқобили ҳокими Табаристон доъии алавӣ Муҳаммад ибни Зайд, ки шахсе донишманду шоир ҳам буд, лашкар кашида, соли 900 дар набарди бисёр хунин ӯро шикаст доданд ва ин ҳудуд низ ба қаламрави Сомониён афзуда гашт. Соли 901 Муҳаммад ибни Ҳоруни Сарахсӣ, ки аз тарафи Исмоили сомонӣ бар Табаристон ҳукумат мекард, аз итоати Сомониён сарпечӣ кард ва Исмоил барои саркӯбии ӯ дубора ба Табаристон лашкар кашида, Рай ва Қазвинро ҳам ба ҳайати давлати худ ҳамроҳ кард.
Даврони аморати Исмоилро метавонем ба ду давраи ҳаштсолаи аз ҳам ҷудо тақсим намоем:
Давраи аввал солҳои 892-900-ро фаро мегирад. Ин давраест, ки Исмоил ба унвони амири Мовароуннаҳр аз ҷониби халифаи аббосӣ ҳукумат меронад. Ҳарчанд Сомониён тобеъияте ҷуз халифаро надоштанд, аммо ҳанӯз чун Саффориён қудратманд набуданд. Ин давраест, ки Исмоил дар маҳдудаи Моваруннаҳр сохтори идории худро таҳким мебахшид. Ҳарчанд Исмоил дар сарҳадоти қаламрави ягонаи хилофат бо туркон даст ба иқдомоти муҳофизатӣ зад, аммо нуфузи он ҳанӯз аз Мовароуннаҳр берун нарафта буд.
Давраи дуввум солҳои 900-907-умро фаро мегирад. Амр ибни Лайс, ки ба ҷои бародари саркашаш Яъқуб амири Хуросон гардида буд, намехост, ки дар баробари қудрати ӯ касе дигар дар шарқии хилофат мавҷуд бошад. Аз ин рӯ аз халифа дархост кард, ки вилояти Мовароуннаҳрро ҳам ба номи ӯ нависад. Халифаи бадаҳду маккори аббосӣ ба хотири ба ҷони ҳам андохтани ду пешвои тоҷик ба ин тақозои Амр ҷавоби мусбат дод ва бо фиристодани сафиру нома ба Амр сабабгори ҷанги Амр ва Исмоилд гардид. Миёни саркардаҳоии тоҷик Амр ва Исмоил ду муҳориба, яке соли 899 ва дигаре соли 900-ум ба вуқуъ пайваста, бо шикасту асир гаштани Амр ба поён расид. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо ҳамаи мардумон, хусусан табақаҳои болоӣ дар ин набард ҷонибдорӣ аз Сомониён карданд ва ҳукумати ононро аз Саффориён беҳтар шумориданд. Сабаби ҳамраъйии деҳқонону ашроф ба Сомониён, қабл аз ҳама баромади онон ва равиши писандидаи ҳукуматдорияшон буд. Пас аз ин набард на танҳо Мовароуннаҳр балки Хуросон низ ба ихтиёри Сомониён даромад. Соли 900-уми милодӣ дар таърихнигории исломӣ ҳамучун оғози қудрати Сомониён маҳсуб мегардад, зеро қудрати воқеъӣ барои он рӯз танҳо ба амирони Хуросон нисбат дода мешуд. Дар ин давраи барои таърих хеле кӯтоҳ Исмоил тавонист, ки ба шахсияти барҷастаи тамоми хилофат ва махсусан мардуми эронинажод мубаддал гардад.
Исмоили сомонӣ ва хидматҳои ӯ. Замоне, ки Исмоили Сомонӣ аз дунё рафт (соли 907) ҳудуди давлати Сомониён аз Кошғар то Форс тӯл мекашид. Ӯ тавонист:
1. Давлатдории Сомониёнро аз маҳдудаи Мовароуннаҳр, ки падару бародаронаш доштанд, ба самти Хуросону Эрони шарқӣ ва марказӣ густариш диҳад. Қисмати зиёди ҳудудҳое, мардуми он бо забони форсии тоҷикӣ ҳарф мезаданд, таҳти як қаламрав муттаҳид гашт. Ин ҳодиса аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, барои ташаккули забони ягонаи форсии тоҷикӣ нақши муҳим бозид;
2. Асосҳои низоми сиёсӣ ва идории Сомониёнро тарҳрезӣ намояд. Ӯ бо такя бар суннатҳои деринаи давлатдории тоҷикон низоми муназзами давлатдориро бунёд ниҳод, ки аз даргоҳу девонҳо иборат буд. Ин усули давлатдорӣ то поёни рӯзгори Сомониён идома ёфта, силсилаҳои минбаъда ҳам онро нусхабардорӣ карданд;
3. Ба самти биёбонҳои турк лашкар кашида, амнияти Мовароуннаҳрро таъмин намуда, ҳамзамон дар ин марзҳо исломро паҳн кунад. Исмоил бо иқдомоти ҷасӯрона ва ба самти биёбонҳои турк лашкар кашидан, амнияти мардуми Мовароуннаҳрро таъмин сохт. Маъруф аст, ки замоне аҳолии Бухоро хостанд, девори мудофиавии шаҳрро, ки барои дифоъ аз ҳуҷуми туркҳо бунёд ёфта буд, барафрозанд, ӯ мардумро аз ин кор боздошта фармуд: «то зиндаам, девори Бухоро ман бошам»;
4. Истиқлоли воқеъии Хуросону Мовароуннаҳрро пас аз дусад соли ҳукмронии арабҳо бо риояи эътирофи халифаи Бағдод таъмин намояд. Пас аз Исмоил амирони сомонӣ танҳо дар хутбаву сикка аз халифа зикр карда, дар тамоми умури дохилӣ мустақилона амал мекарданд;
5. Дар муносибат бо раият некӯтарин сиратро пеш гирифта, ягона амире аз ҷумлаи Сомониён (ва фармонравоёни минбаъдаи Хуросону Мовароуннаҳр) аст, ки сарчашмаҳо номашро ҷуз ба некӣ набурдаанд. Ӯ бо лақабҳои «амири одил», «амири мозӣ», «амири ғозӣ» ва ғайра машҳур гардид.

Шарҳ баста аст.