Тарзи ҳаёти солим (иншо)

Одамонро ба тарзи ҳаёти солим боваркунондан – асоси саломатии хуб-яке аз вазифаҳои онҳоест, ки дарди мардумро кам карданианд.

Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷуд надошт. Унсурҳои соддалавҳонаи риояи беҳдошт ҳамчун талаботи одат ва ё маросим ҳисобида шуда, аз насл ба насл дода мешуд. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан ягон-ягон намояндагони пешқадами тибби халқӣ-табибҳо, момодояҳо, шикастабандҳо ва монанди инҳо, ки дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ дастуру маслиҳатҳои мувофиқ медоданд, ба мардум мефаҳмонданд.

Асоси мӯътамади донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, зарурати ҳифзи саломатӣ дар асарҳои машҳури Абӯали ибни Сино «Ал-Қонун» ва «Урҷуза» гузошта шудааст. Усулҳо ва принсипҳои пешгирӣ кардани ҳар гуна бемориҳо, дастурҳо ва маслиҳатҳои оиди маорифи санитарӣ, ки дар ин асарҳо оварда шудаанд, дар муддати асрҳои зиёде дастурамали табибони шарқ ва ғарб буданд, ин асарҳо аввалин сарчашмаҳое мебошанд, ки ниҳоли маорифи санитарӣ аз онҳо шодоб гардидааст. Ба туфайли тавсияҳо ва маслиҳатҳои Абӯалӣ ибни Сино мардум зарурати иҷрои талаботи бисёр қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тартиб ва аҳамияти парҳезгориро сарфаҳм рафтанд, инчунин мақом ва аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ, зарари машрубот, зарурати тоза нигоҳ доштани обу ҳаво, фоидаи риояи низоми хоб ва ғайраро мефаҳмиданд. Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули маорифи санитарӣ калон аст, инчунин нагуфта наметавонем, ки истифодаи бисёр тавсияҳо ва маслиҳатҳои олим дар он замон имконнопазир буд. Зеро ҳамватанони олим, ки аз тарафи аҷнабиён ва ҳакимони маҳалӣ истисмор карда мешуданд, дар бобати амалӣ гардонидани гуфтаҳои Абӯалӣ ибни Сино орзу ҳам карда наметавонистанд.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Тарзи хаёти солим, мавзуи озод, солим, саломати, ҳаёти солим.

Шарҳ баста аст.