Таърихи халқи тоҷик

 Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи хеҷ омӯзгор.

(Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ)


Таърих илмест, ки дар он ҳодисаҳои гузаштаи дуру наздик ва имрӯзаи халқу миллатҳо инъикос меёбад. Таърихи халқи тоҷик илмест, ки ҳодисаҳои гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷикро меомӯзад.

Таърих гузашти рӯзгор аст. Ҳар як халқ онро ба тарзи гуногун, бо пастию баландиҳои зиёд аз сар гузаронидааст. Халқи тоҷик ҳам ин раванди таърихиро дар муборизаҳо бо аҷнабиён ва дар набардҳо сипарӣ намудааст.

Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қахрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор  мебошад.

Мо саҳифаҳои дурахшони таърихи аҷдодони хешро дар муборизаи онҳо баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни юнону мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва  Русияи подшоҳӣ мебинем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидолҳо, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот, офаридани яке аз қадимтарин китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ – «Авеста», бо фарзандони баруманд, ба монанди Абу Ҳанифаю Имом ал-Бухорӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абӯ Алӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсию Умари Хайём, Саъдии Шерозию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомию  Камолиддин Беҳзод, Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ном баровардааст.

Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул, таҳди сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд. Туркпарастони аввали асри ХХ низ тоҷиконро аз ҷиҳати маънавӣ нест карданӣ шуданд. Вале халқи тоҷик нест нашуд, ҳар бор ба захмҳои бадани худ даво ёфта, қувват мегирифт.

Миллати мо ба муқобили душман дар баробари сипар, фарҳанги худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистию ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиёни кӯчӣ бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт.

Тоҷикон тавонистанд нисбат ба ҳамсоягони худ хеле  пештар, дар тӯли аз аҳди Сосон то Оли Сомон нишонаҳои қабилавиро паси сар карда, ба халқи ягона муттаҳид гарданд. Вале онҳо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар – маҳалгароӣ гирифтор шуданд. Фоҷиаи ин беморӣ дар он буд, ки вай халқи тоҷикро ҳеҷ нагузошт ва ҳанӯз ҳам намегузорад, то худро миллати ягона ҳисобад. Ҳамин беморӣ халқи тоҷикро намегузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба ҷуз давлатҳои нисбатан хурди Ғӯриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор ва ғайра, дигар давлати бузурги муттамарказонидашудаи худро эҳё кунад. Зеро, ин беморӣ дар ҳар гуна ҳолат халқи тоҷикро пароканда нигоҳ медошт. Баръакс он ба халқҳои дигар, аз ҷумла қабилаҳои кӯчиёни аҷнабӣ, ки нисбат ба тоҷикон иттифоқтар буданд, имконият дод дар ин сарзамин давлатдории худро барқарор намоянд.

Халқи тоҷик ба монанди амир Исмоили Сомонӣ сарвари бузургро офарид, ки пойдории давлати хешро на дар ҷангҳои ғоратгаронаю зулму истибдод, балки дар ақлу заковат, созандагию бунёдкорӣ медид. Вале давлати пойдорнамудаи ӯро бемории дигар — рақобати мансабии ворисони Сомонӣ заиф гардонид ва ниҳоят барои аз байн рафтанаш яке аз сабабҳои асосӣ шуд.

Бемории рақобати мансабӣ танҳо мансуби мардуми мо нест. Баръакс дар арсаи таърихӣ бисёр давлатҳои ҷаҳонӣ маҳз дар натиҷаи авҷ гирифтани чунин рақобат заиф гардида, ниҳоят мулкашон луқмаи давлатҳои пурқуввати давр гардидааст.

Албатта омӯхтани чунин саҳифаҳои таърихи, пастию баландиҳо, қаҳрамонию нокомиҳои гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавони имрӯза дар руҳияи ватанпарастӣ аҳамияти махсус дорад.

Илми таърих бо бисёр илмҳои дигари ҷомеъашиносӣ, аз ҷумла фалсафа, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ, адабиёт ва ғайра пайванди ногусастани дорад. Ҳини тавсифи ин ва ё он давлат таърихи сиёсӣ, иқтисодиёт ва тиҷорат, фарҳанг, адабиёт ва санъати он баён карда мешавад. Зиёда аз ин ҳамаи илмҳои дақиқ таърихи пайдоиши худро доранд ва таърихи илм як шохаи илми ҷомеъашиносӣ мебошад. Бостоншиносӣ, сиккашиносӣ ва мардумшиносӣ шоҳаҳои илми таърих буда, дар бораи маданияти моддӣ ва санъат, сиккасозӣ ва муомилоти пулӣ, урфу одат ва маросимҳо маълумоте медиҳад, ки дар сарчашмаҳои хаттӣ вуҷуд надоранд.

Марҳилаҳои асосии таърихи халқи тоҷик: асри санг (800ҳ. — 3ҳ.п.м.), асри биринҷ (3ҳ. – 1000 – 900 с.п.м), давраи қадим (1000/900 с.п.м. – а.V м.), асрҳои миёна (а.V м. – солҳои 60-уми асри ХIХ), давраи нав (аз – солҳои 60- уми асри ХIХ то соли 1917), давраи шӯравӣ (с.1917 – 1991) ва давраи истиқлолият (аз с.1991 инҷониб) – ро дар бар мегирад. Асри санг ва аввали асри биринҷ ба давраи ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ рост меояд. Дар охири асри биринҷ ҷамъияти синфӣ ба вуҷуд меояд ва минбаъд дар давраи қадим такмил меёбад ва ҷамъият ғуломдорӣ ба вуҷуд меояд. Дар асрҳои миёна муносибатҳои феодалӣ инкишоф меёбанд, ҷамъият ба заминдорон (феодалон) ва кишоварзон (деҳқонон) тақсим мешавад. Дар давраи нав дар Осиёи Миёна баъзе унсурҳои сохти сармоядорӣ пайдо шуда, инкишоф ёфтанд. Дар давраи шӯравӣ сохти сотсиалистӣ ҳукмрон буд. Дар давраи истиқлолият сохти ҷамъияти сармоядорӣ аз сари нав пайдо шудааст. Ҳозир дар аксар кишварҳои ҷаҳон сохти сармоядорӣ ҳукмрон аст.

Сарчашмаҳои асосӣ барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар асри санг ва биринҷ маводҳои бостоншиносӣ, барои охири асри биринҷ ягона сарчашмаи хаттӣ, китоби муқаддаси дини зардуштӣ «Авесто» мебошад. Барои давраи қадим ва аввали асрҳои миёна маводи бостоншиносӣ аҳамияти худро нигоҳ медорад, аммо мавқеи сарчашмаҳои хаттӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои юнонӣ, хитоӣ ва ғайра торафт бештар мегардадю Барои омӯзиши таърихи асрҳои миёна асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофии муаллифони тоҷику – эронӣ ва араб Табарӣ, Нархашӣ, Ибн Ҳавқал, Ибн Хурдодбек, Истахрӣ, Белозурӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ, Ҷувайнӣ, Рашид – ад – Дин, Утбӣ, Фирдавсӣ, Шараф ад – Дини Яздӣ, Мирхонд, Хондамир ва даҳҳо муаррихони дигар ҳамчун сарчашма асос шудаанд. Сарчашмаи ёридиҳанда ва иловагӣ маводи сиккашиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, катибашиносӣ, номшиносӣ (топонимика), симошиносӣ (антропология) ва ғайра мебошад. Оиди давраи мустамликавӣ ва шӯравӣ маводҳои бойгонӣ, хотираҳо, тадқиқотҳои зиёди олимон мавҷуданд. Аммо оиди замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз тадқиқотҳо, ба ҷуз мақолаю китобҳои алоҳида, тадқиқотҳои мукаммали таърихӣ вуҷуд надоранд.

Оиди омӯзиши ҳамаи давраҳои таърихи халқамон асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва асарҳои Президенти ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус доранд.

То тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 сарнавишти таърихи халқҳои Осиёи Миёна ягона буд ва онҳо талхию шириниҳои замонҳои гузаштаро  якҷоя чашидаанд. Аз ин рӯ барои такмили таърихи халқи тоҷик омӯхтани таърихи ин халқҳо низ аз аҳамият холӣ нест.

Бо сабаби он, ки фанни таълимии мо «таърихи халқи тоҷик» ном дорад, зарур аст сараввал ба маънои калимаи «тоҷик» аҳамият диҳем. Дар байни олимон оиди ин масъала андешаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки хулосааш чунин аст:

1). Калимаи «тоҷик» гӯё аз калимаи «тоҷ» гирифта шудааст. Зеро, ҳанӯз падари таърих Ҳеродод (дар асри Y то милод) таъкид карда буд, ки дар болооби дарёи Окс (Аму) одамон ба сар кулоҳи нугтези тоҷдор мепӯшанд. Аз ҳамин калимаи «тоҷ» минбаъд гӯё номи «тоҷик» таркиб ёфтааст;

2). То асри IV – VI милодӣ аҷдодони моро «ориёиҳо» меномиданд, ки маънояш «тоза» мебошад. Баробари аз истифода баромадани калимаи «ориёӣ» он гӯё ҷойи худро ба маънояш «тоза» додааст. Минбаъд калимаи «тоза» гӯё ба «тоҷик» табдил ёфтааст;

3). Калимаи «тоҷик» гӯё аз «тат»-и туркӣ гирифта шудааст. Зеро, аз асри VI милодӣ, вақте қабилаҳои туркӣ ба Мовароуннаҳру Хуросон кӯчида омада муқимӣ гардиданд, онҳо мардуми таҳҷоиро «тат»-ҳо меномиданд, ки маънои «таҳҷоӣ», «муқимӣ»-ро дорад;

4). Калимаи «тоҷик» гӯё аз калимаи «тоҷир» гирифта шудааст. Зеро, аҷдодони мо, махсусан суғдиҳо аз замонҳои қадим бо тиҷорат бештар машғул шуда, дар ташаккули Шоҳроҳи бузурги абрешим ҳиссаи бузург гузоштаанд. Ҳамин касби тоҷирӣ минбаъд гӯё асоси номи халқамон гардидааст.

Ба ақидаи мо ҳамаи ин андешаҳо ба ҳақиқат наздиканд. Аммо андешае, ки гӯё номи халқи тоҷик аз номи қабилаи арабии «той» гирифта шуда бошад, ҳеҷ асосе надорад. Зеро, халқи тоҷик аз рӯи ташаккули худ ба қабилаҳои араб ҳеҷ муносибате надорад.

Калима ё худ номи «тоҷик» ҳанӯз дар сарчашмаҳои хаттии тибетӣ соли 792 дучор меояд, ки ин то ба имрӯз қадимтарин акси ин ном дар сарчашмаҳо мебошад. Умед аст, ки минбаъд номи «тоҷик» дар сарчашмаҳои аз ин ҳам қадимтар пайдо мешавад. Аз асри ХI калимаи «тоҷик» дар сарчашмаҳои хаттӣ бештар дучор меояд.

Шарҳ баста аст.