Таърихи пайдоиши ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ

Одамон аллакай дар давраҳои қадим арзиши фаҳмиши воқеияти муҳитро дарк намуда буданд. Масалан, дар мисриҳо ва шумериҳо шахсоне, ки навишта ва хонда метавонист қадр мешуданд. Шахсони мазкур дар давлат мансабҳои муҳимро ишғол намуда, намояндаи хирадмандӣ буданд. Якумин устодон муншиҳо буданд, ки вазъи онҳо бо хиргоҳи илоҳӣ фарогир буд. Одамон бисёр вақт намояндагони донишҳои зиёди воқеияти муҳитро мепарастиданд. Суқрот, Афлотун ва дигар мутафаккирони бузурги гузашта мактабҳои пайравони худро ташкил намуданд, ки дар хотираи наслҳои оянда дар таи чанд садсолаҳо боқӣ мондааст. Дар он давраҳо одамон вобастагии вазъи иҷтимоии худро бо сатҳи донишмандиашон алоқаманд медонистанд. Инсони босавод ва донишманд дар бисёр ҳолатҳои ҳаёт шахси бобарор буд. Дар давраи Атиқа илму маърифат ва маориф инкишоф ёфта, доираи одамони босавод зиёд гардид. Бо мурури замон қонунҳои гуногуни маориф ва тарбия коркард шуданд. Масалан, дар мактабҳои эллиниҳо устодон озодии зиёдеро дар фаъолияти худ дошта, ҳуқуқи бо салоҳдиди худ тартиб додани барномаи таълимиро доштанд. Педагогика дар алоқаманди бо ҳуқуқ оиди ташаккулёбии ибтидоии ахлоқ ғамхорӣ мекард.

Одамони қадим баъзе қонуниятҳои инкишофи муносибатҳои ҷамъиятиро ошкор карда, бо ин имконияти расидан ба ҳаёти мукаммал ва идеалиро асоснок намуданд. Аз ҳамин сабаб одамон бисёр умедҳояшонро ба илму маърифат ва маориф мекарданд. Маориф низоми иҷтимоие аст, ки ба воситаи он ҷараёни таълим, тарбия, маълумот ва умуман маърифати ҷомеа ба танзим дароварда мешавад. Барномаҳои таълимии фанҳои ҳуқуқ бо тарбияи зеҳнӣ, мусиқӣ ва ҷисмонӣ баробар буд. Дар осори файласуфон ва педагогҳои қадим «барномаҳои таълимӣ» саршори идеяҳо оиди ватанпарварӣ, ахлоқ, ӯҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, зарурияти риоя намудани қоидаҳои умумиэътирофшудаи ҷамъияти инсонӣ буданд[1].

Пайдоиши меъёрҳои ҳуқуқ, ки қоидаҳои умумиҳатмии рафтори одамонро муайян менамоянд, боиси аз ҷамъият ҷудо шудани он шахсоне, ки дар коркарди нозукиҳои қоидаҳои рафтор сарфаҳм мерафтанд, гардид. Якумин ҳуқуқшиносҳо коҳинон буданд, ки фаъолияташон бо хиргоҳи маънидорӣ ва пурасрорӣ фарогир буд. На ҳар кас ба умқи фаҳмиши эшон расида метавонист. Аз ҳамин сабаб касби ҳуқуқшиносӣ дар ибтидо хусусияти табақавиро доро буда, ба қатори худ танҳо арзандаҳоро қабул мекард. Дар баробари ин алакай якумин донишмандони ҳуқуқ кушиш мекарданд, ки маҷмӯи донишҳои гирифтаи худро ба шигирдон ва пайравонашон диҳанд. Дар давраҳои қадим ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ дар фаҳмиши имрӯза фаҳмида намешуд. Аммо дар ин давра низоми додани маълумоти амалии ҳуқуқӣ пайдо шуд. Маълумот раванде аст, ки дараҷаи дониш, малака, маҳорат, қобилият ва маданияту ахлоқи инсонро муайян менамояд. Коромӯзон дар паҳлӯи ҳуқуқшиносҳои машҳури Рим Папиниан, Улпиан, Модестин ва дигарон фаъолият намуда, таҷрибаи устодони худро аз худ мекарданд. Дар асарҳои Марк Тулий Сисерон шаклҳои фаъолияти ҳуқуқшиносони римӣ оварда шудааст. Ба онҳо дохиланд: машваратдиҳии шаҳрвандон аз рӯи масоили муайяни ҳаётӣ; ёри расонидан дар тартиб додани ҳуҷҷатҳои гуногуни корӣ ва шартномаҳои ҳуқуқӣ байни шахсон, иштирок дар баррасиҳои судӣ. Одатан намояндагони мактабҳои гуногун оиди масълаи чӣ тавр бояд омӯзиши ҳуқуқ ба роҳ монда шавад, баҳсу мунозираҳо мекарданд.

Ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ ба донишҳои воқеии ҳуқуқӣ такя намуда, маҷмӯи маълумоти ҳуқуқиро дар бар гирифта, ба воситаи методҳои омӯзишӣ ба ҷараёни таҳсилот гузаронида мешуд. Таҳсилот раванди муттасили таълиму тарбия аст, ки мақсадаш ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, фитрӣ ва салоҳияти касбии аъзои ҷамъият мебошад. Ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ дар ибтидо маълумотҳо оиди меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва механизми амалигардонии онҳоро дар ҳаёти воқеӣ дар бар мегирифт. Кушишҳои ҷудо намудани назария ва амалияи ҳуқуқӣ аз якдигар ҳанӯз дар давраҳои қадим пайдо гашта, дар асри I милодӣ такмил ёфта, давраи тӯлониро тай кардааст.

Ҳанӯз дар асрҳои миёна муайян гардид, ки фаҳмиши ҳуқуқ танҳо ба воситаи омӯзиши тасаввуротҳои умумӣ оиди он мумкин нест. Кушиши тартиб додани маҷмӯи донишҳо оиди ҳуқуқ дар пайдо шудани илмҳои энсиклопедияи ҳуқуқ, фалсафаи ҳуқуқ, назарияи умумии ҳуқуқ инъикоси худро ёфт. Дар асоси маълумотҳои илмӣ фанни таълимии ҳуқуқ таркиб ёфта, дар худ муқаррароти асосии воқеияти ҳуқуқиро дар бар мегирифт. Китоби аввалин дар илми ҳуқуқ бо номи «Энсиклопедияи ҳуқуқ» ба қалами ҳуқуқшиноси шинохта Рингелберг (соли 1541) тааллуқ дорад[2]. Китоби мазкур очерки умумӣ ва мухтасари мазмуни тамоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Аммо аксарият ба ҳайси аввалин энсиклопедияи низомноки ҳуқуқ, ки дар асоси он имконияти машғул шудан ба омӯзиши илми ҳуқуқ мумкин аст, асари ҳуқуқшиноси олмонӣ Лагустро (соли 1543) эътироф менамоянд[3]. Ҳамин тавр сарҳадҳои илми ҳуқуқшиносӣ, методҳои фаҳмиши воқеияти ҳуқуқӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқ муаяйн шуд.

Дар таи якчанд асрҳо зарурияти омӯзиши ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ муайян карда шуд. Барои омӯзиши илмҳои ҳуқуқ курсҳои махсуси хусусияти таълимӣ дошта ташкил карда шуд, ки ба воситаи онҳо толибилмон бо ҷаҳони ҳуқуқ ошно мегаштанд. Раванди таълим дар соҳаи маориф хусусияти рӯзмаррагӣ дошт. Масалан, давлати Шветсия аллакай дар асри XVI дар назди худ вазифаи расидан ба саводнокии умумӣ ва маълумотгири дар соҳаи ҳуқуқро гузошта буд[4].

Дар афкори мутафаккирон ғояҳо оиди чӣ тавр бояд илми ҳуқуқро омӯзонид пайдо гаштанд, ки минбаъд нақши худро дар раванди таълим гузоштанд. Яке аз асосгузорони педагогикаи гуманистӣ Мишел Монтен (солҳои 1533-1592) қайд кардааст: «Ягон чиз дар ҳаёти мо ин қадар тағйир намеёбад, магар қонун ва ҳуқуқ, бинобар ҳамин ҳам омӯзонидани онҳо вазифаи мушкилу вазнин аст»[5]. Аз ҳамин сабаб олимон бояд ба коркарди роҳу воситаҳои махсуси азхудкунии донишҳои ҳуқуқии одамон машғул мешуданд. Ба ақидаи ин файласуф асоси илму маорифро бояд озодӣ, демократия ва манфиат ташкил диҳад[6].

Дар соли 1786 аввалин Низомномаи мактаб қабул гардид, ки бо ин ҳаёти мактабӣ расман бо танзими ҳуқуқӣ фарогир шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат дар гимназияҳо фанни қонуншиносӣ дарс дода мешуд. Фанни мазкур бо асосҳои муқаррароти ҳуқуқӣ толибилмонро ошно намуда, аз онҳо риояи бечуну чарои навиштаҷоти ҳокимияти давлатиро талаб мекард[7].

Дар асри ХIХ соҳаи маориф дар баробари тараққиёти саноат, техника ва илм инкишоф ёфт, ки бо ин талаботи омӯзиши фанни ҳуқуқ боз ҳам зиёд гардид. Файласуфи шинохта Гегел (1770-1831) ғояҳоро оиди зарурияти омӯзиши соҳаҳои алоҳидаи дониш пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ илмҳои соҳавӣ барои илми том танҳо лаҳзаи инкишофи диалектики он мебошад[8]. Илми фалсафавӣ оиди ҳуқуқ, ки дар асри ХVII пайдо шуда буд, аниқ муайян кард, ки ҳуқуқ ин маҳсули фаъолияти маънавии инсон аст, бинобар ҳамин ба предмети тадққиқоти фалсафавӣ дохил мешавад. Асосгузори илми ҳуқуқи табиӣ ҳуқуқшиноси голандӣ Гуго Гротсий (1583-1645) қайд кардааст, ки ҳуқуқи мусбие, ки аз ҷониби одамон эҷод мегардад тағйирёбанда буда, аммо ҳуқуқи фитрие, ки аз табиати инсон бармеояд тағйирнаёбанда аст[9]. Дар интиҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ сохти дохилии назарияи умумии ҳуқуқ аниқ муайян карда шуд, ки он ба фаҳмиши давлат ҳамчун шакли ҳамзистии одамон ва ҳуқуқ ҳамчун тартибот, ки мувофиқи он бояд ҳаёти ҷамъиятии давлат ба роҳ монда шавад, равона гардид. Барои ошнои бо илми ҳуқуқ дар низоми маълумоти ҳуқуқӣ маҳз аз омӯзиши ин институтҳои ҷамъиятӣ бояд оғоз кард.

Дар давраи Шӯравӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ оиди зуҳуротҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёт хусусияти гуногунрангӣ гирифт. Барои омӯзиши илми ҳуқуқ фанҳои «Конститутсияи СССР» (аз соли 1937), «Асосҳои донишҳои сиёсӣ» (аз соли 1960), «Ҷамъиятшиносӣ» (аз соли 1962), «Асосҳои қонунгузории Шӯравӣ» (аз соли 1962), «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Шӯравӣ» (аз соли 1975) пайдо гаштанд[10]. Дар охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ мазмуну мундариҷаи фанҳои ҳуқуқӣ тағйир ёфта, дар онҳо инчунин маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ оиди ҳуқуқи инсон пайдо гашт. Фанни таълимии ҳуқуқ на аз рӯи принсипи соҳавӣ, балки аз рӯи принсипи проблемавӣ ба роҳ монда шуд. Бо ин донишҷӯён имконияти васею гуногунҷанбагии шиносоиро бо зуҳуротҳои ҳуқуқии ҷамъият пайдо карда, донишҳои асосии ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ гирифтанд.

Дар давраи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурҷановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯсти ва худогоҳии милли дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва тақвияти иқтидори илмӣ ва маънавӣ ҳамчун заминаи аслӣ ва роҳи стратегӣ барои тараққиёти устувори кишвар муайян ва интихоб шудааст. Барои мустаҳакам намудани асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ, заминаҳои рушди илму маориф ва технология як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм, маориф ва гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ муайян намуда, ба дастгирии иқтидори илмию маънавӣ ва ҳуқуқӣ равона шудаанд. Аз қабили: 1). Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон – меъёрҳои Конститутсия ҳуқуқ ба гирифтани маълумот, танзими маълумотгирӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман соҳаи маорифро низ ба танзим медароранд; 2). Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати ҶТ» (аз 12.05.2001с. № 28, ба он бо Қонун аз 22.04.2003с. № 22, аз 5.01.2008с. № 346, аз 3.12.2009 № 575 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст) ва ҳоказо; 3). Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қонуни ҶТ «Дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника» (аз 21.05.1998с. № 597, ба он бо Қонун аз 17.05.2004с. № 25, аз 30.07.2007с. № 335, аз 31.12.2008с. № 477 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» (аз 17.05.2004с. № 34, ба он бо Қонун аз 28.12.2005с. № 143, аз 22.12.2006с. № 222, аз 18.06.2008 № 407, аз 26.03.2009с. № 488, аз 19.05.2009с. № 529, аз 5.08.2009с. № 545 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Қонуни ҶТ «Дар бораи дурнамоҳои давлати, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 8.12.2003с. № 53, бо Қонуни ҶТ аз 26.03.2009с. № 494 ба он тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» (аз 22.04.2003с. № 21, ба он бо Қонун аз 30.07.07с. № 334, аз 26.03.2009с. № 491 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20.03.2008с. № 372); Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (аз 19.05.2009с. № 531) ва ҳоказо; 4). Шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ гаштааст – Ковенсия «Дар бораи мубориза барзиди табъиз дар соҳаи маориф» (аз 14.12.1960с., ба он ҶТ аз 11.08.1992с. ҳамроҳ гаштааст); Конвенсияи № 3084 «Дар бораи эътироф намудани фанҳои таълимӣ, дипломҳои маълумоти олӣ ва дараҷаҳои илмӣ дар давлатҳои минтақаи Аврупо» (аз 21.12.1979с., ба он ҶТ аз 11.08.1992с. ҳамроҳ гаштааст); Созишномаи ИДМ «Дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф» (аз 15.05.1992с.); Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм» (аз 12.07.1996с.); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм» (аз 2.12.2003с. № 509); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар хусуси тасдиқи Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар бораи ба Маркази сиёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои ИДМ роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф» (аз 31.03.2004с. № 129); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар хусуси тасдиқи созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» (аз 31.10. 2005с. № 408); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, илм ва техника» (аз 1.09.2005с. № 330) ва ҳоказо; 5). Санадҳои меъёрии зериқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи сиёсати ҳуқуқи ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ» (аз 9.04.1997с. № 691); Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3.12.1999с. № 5); Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Тоҷикистон» (аз 5.11.2003с. № 1174); Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Тоҷикистон» (бо Фармони Президенти ҶТ аз 5.11.2003с. № 1174 тасдиқ шудааст); Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.11.2006с. № 9, ба он бо Фармони Президенти ҶТ аз 10.01.2007с. № 143, аз 27.02.2008с. № 428, аз 28.10.2009с. № 727 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи масъалаҳои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» (аз 29.07.2009с. № 673); Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010» (аз 15.09.2009с. № 707); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Вазорати маорифи ҶТ» (аз 28.12.2006с. № 594, ба он бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007с. № 603 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Низомномаи Вазорати маорифи ҶТ (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 594 тасдиқ шудааст, ба он бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007с. № 547, аз 2.11.2007с. № 548, аз 5.03.2008с. № 114, аз 5.03.2008 № 115, аз 2.05.2008с. № 218, аз 31.12.2008с. № 671, № 672, аз 06.01.2009с. №2, аз 31.12.2008с. №672, аз 02.02.2009с. № 76, аз 29.04.2009с. № 262, 263, 264, 281, аз 31.10.2009 № 620 тағйироту иловаҳо дароварда шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 23.02.1996с. № 96); Стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996с. № 96 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҶТ» (аз 12.07.2001с. № 272); Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар ҶТ (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.07.2001с. № 272 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 6.08.2001с. № 391); Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2001с. № 391 маъкул дониста шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» (аз 22.08.1997с. № 383, ба он бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003с. № 150, аз 3.06.2006с. № 254, аз 29.04.2009с. № 253 тағйироту иловаҳо дохил карда шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҷумҳуриявии байнисоҳавии ҳамоҳангсоз оид ба тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» (аз 31.12.2002с. № 510); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 3.05.2002с. № 200); Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2002с. № 200 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон» (аз 4.03.2002с. № 79); Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2002с. № 79 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар ҶТ» (аз 1.10.2004с. № 387); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» (аз 31.10.2005с. № 421); Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 (бо Қарори ҶТ аз 31.10.2005с. № 421); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ» (аз 3.03.2006с. № 94); Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2006с. № 94 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳури тибқи квотаи Президенти ҶТ» (аз 3.04.2006с. № 137); Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳури тибқи квотаи Президенти ҶТ ( бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2006с. № 137 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» (аз 1.08.2006с. № 362); Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.08.2006с. № 362 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ» (аз 1.11.2006с. № 484); Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2006с. № 484 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Консепсияи Системаи иттилоотии идораи соҳаи маорифи ҶТ» (аз 2.11.2007с. № 530); Консепсияи Системаи иттилоотии идораи соҳаи маорифи ҶТ (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007с. № 530 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (аз 31.12.2008с. № 661); Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008с. № 661 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ҳисоботи Вазири маорифи ҶТ оид ба иҷроиши Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»» (аз 29.04.2009с. № 237); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (аз 29.04.2009с. № 254); Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009с. № 254 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (аз 2.07.2009с. № 371); Барнома «Оид ба ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009с. № 371 тасдиқ шудааст); Қарори Ҳукумати ҶТ «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» (аз 29.04.2009с. № 253); Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» (бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009с. № 253 тасдиқ шудааст) ва ҳоказо[11].


[1]Ниг.: Певцова Е.А. Теория и методика обучения праву: Учебник для студентов высших учебных заведений. – М.: «Владос», 2003. – С. 32.

[2] Ниг.: Певцова Е.А. Китоби дарсии зикршуда. – С. 33.

[3] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 34.

[4] Ниг.: Ҳамон ҷо.

[5] Ниг.: Певцова Е.А. Китоби дарсии зикршуда. – С. 34.

[6] Ниг.: Ҳамон ҷо.

[7] Ниг.: Ҳамон ҷо.

[8] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 35.

[9] Ниг.: Певцова Е.А. Китоби дарсии зикршуда. – С. 35.

[10] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 35-40.

[11]Ниг.: Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6.0.

Шарҳ баста аст.