Таърих ва фалсафаи таърих

0
8

Мафҳуми таърих мӯҳтавои нисбатан устувори илмии худро дар маънои ифодаи ҳолати ҳамагуна объекту падидаҳое, ки дар масири замон дорои имконияти тағйирпазирӣ ва инкишоф мебошанд, пайдо кардааст. Бинобар ҳамин ҳам, мо бидуни ягон иштибоҳ андешаи худро марбут ба таърихи ташаккули қабати геологии замин, таърихи пайдоиши ҳаёт, олами ҳайвоноту наботот, растаниҳо ва ғайра баён менамоем. Аммо аксаран мафҳуми таърих ҳамчун муродифи мафҳуми ҷомеа низ истифода мешавад. Дар ин маврид бештар таваҷҷӯҳ ба баррасии тарзи ташкили ҳаётгузаронии одамон аз давраи ибтидоӣ то замони муосир нигаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат таърих на фақат гузаштаро дарбар мегирад, балки имрӯз ҳам барои фардо таърих мебошад. Яъне таърих ҳамчун муродифи ҷомеа фақат тарзи мавҷудияти ҳалқаи пайдарпайи хронографии ҳодисаҳо, яъне пайдарҳамии тағирёбии ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоиро новобаста аз мансубияти ҷуғрофияшон сабт наменамояд. Балки дар ин маврид таърих ҳамчун муродифи мафҳуми ҷамъият ҷомеаро ҳамчун тарзи умумию ташкилии аз хусусиятҳои мушаххаси ташкилию ҷуғрофӣ новобастаи мавҷудияти он баррасӣ менамояд. Дар ин маврид ба сифати иштироккунандагони саҳнаҳои таърихӣ мақомҳои бешахси иҷтимоӣ, ба монанди ғуломдорон, феодалҳо, заминдорон, сармоядорон, коргарон, демократҳо ва ғайра баромад мекунанд. Аз ин рӯ  таърихнигории ҳаёти ҷомеа ҳамеша ба низоми сиёсию фарҳангии мушаххас такя мекунад ва анъанаҳои махсуси таърихнигорӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо хусусияти ҳаёти ҷомеа ба фаъолияти шахсиятҳои алоҳида, сарварони сиёсӣ, шаклҳои мушаххаси ташкили ҳаёти ҷомеа дар масири муайяни вақт алоқаманд тасвир карда мешавад. Маҳз дар ҳамин замина мундариҷаи мафҳуми таърих бо мӯҳтавои он мафҳуми ҷомеа, ки мавзӯи омӯзиши фалсафа мебошад, умумияти наздик пайдо мекунад ва мафҳуми таърих дар ин замина мафҳуми ҷомеаро дар масири муайяни вақту фазо мушаххас месозад, чунонки мафҳуми ҷамъият чунин вазифаро нисбат ба мафҳуми «сотсиум» иҷро мекунад. Зеро вазифаи он аз ошкор намудани ҳалқаи робитаҳои сабабӣ, шаклу механизмҳои тағирпазириҳои иҷтимоию фарҳангии мансуб ба ҷомеа дар шакли умумӣ ва типҳои муайяни ташкилёбии иҷтимоии он иборат мегардад. Яъне андешарониҳои мо танҳо дар доираи таҳлили тағирпазирии таърихии ҷомеа дар шакли умумӣ(умуман ҷомеаи муосир, умуман ҷомеаи суннатгаро) боқӣ намонда, балки зуҳури онро дар ҳаёти воҳиди мушаххаси иҷтимоӣ(ҷомеаи суннатгарои тоҷик, ҷомеаи муосири ҷопун) дарбар мегирад. Бинобар ҳамин ҳам, тасвири таърихии ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нисбат ба таҳлили сотсиологии онҳо мушаххастар ва дар вақту фазои муайян шинохташавандаанд.

Загрузка...

Аз ин рӯ, бештари маврид таҳти мафҳуми ҷомеа субъектҳои мушаххаси равандҳои таърихиро ҳам дар назар доранд. Барои фарқияти онҳо аз шакли умумиятҳои васеътаре, ки дарбаргирандаи аломату хусусиятҳои ҳамагуна дастаҷамъиҳои иҷтимоӣ, новобаста аз дараҷаи инкишофу мансубияти ҷуғрофияшон мебошад мафҳуми воҳидиҳои мушаххаси иҷтимоию таърихиро истифода мебаранд. Воҳиди  иҷтимоӣ – таърихӣ(онҳоро созвораи иҷтимоӣ низ мегӯянд) ҷомеаи мушаххаси ҷудогона ва дорои мансубияти муайяни ҷуғрофӣ буда,  ҷӯзъи нисбатан мустақили рушди таърихӣ мебошад. Ҳар як воҳиди иҷтимоъию таърихӣ дар вақту фазо маҳдуд буда, ҳудуди муайянеро ишғол мекунад ва он аксар маврид унвони давлатро дорад. Маҳз воҳидҳои иҷтимоътаърихӣ субъектҳои асосию ибтидоии таърих ба шумор омада, ҳамзамон объектҳои асосии пажӯҳиши таърихиянд ва дар ҳамин маъно мафҳуми таърих муродифи мафҳуми ҷамъият аст. Муаррихон, қабл аз ҳама, таърихи Ассирия, Урарту, Византиё, Ҷопон, Англия,  Фаронса, Русия ва ғайраро ба рӯи сафҳа меоранд, на ягон умумияти дорои тарзи умумии ташкили ҳаёту муносибатҳоро.

Дар заминаи чунин омӯзиш аз ҷамъият ҳар  як воҳиди  иҷтимоию таърихӣ аз одамон ва ниҳодҳои гуногун ташкил меёбанд, ки ба як ҳокимияти оммавӣ тобеанд. Сарҳадҳои воҳидҳои иҷтимоътаърихӣ дар ин маврид сарҳадҳои ҳокимияти оммавиянд. Худи истилоҳи «давлат» ду маънои асосиро дорост. Як маънии он дастгоҳи муайяни ҳокимиятӣ, дастгоҳи маҷбурнамоист. Маънии дигар ҳудуди нисбатан возеҳу бо одамони маскун маҳдудшудаест, ки таҳти ҳокимияти як аппарати муайян қарор дорад. Ба ин вожа маҳз ҳамин маънӣ дода мешавад, вақте ки миқдори  давлатро  дар Аврупо, Осиё, Африко, Амрико, умуман дар олам ва ғайра ном бурданӣ мешаванд. Истилоҳи «давлат» маҳз дар ҳамин маънӣ дар адабиёти таърихӣ ва умуман адабиёти ҷомеашиносӣ барои ифодаи воҳидҳои иҷтимоътаърихӣ истифода мегардад.

Аммо  давлат дар маънои дуюми ин вожжа на ҳамеша бо воҳидҳои  иҷтимоътаърихӣ  мувофиқат мекунад. Ҳангоме ки дар натиҷаи юришҳои Искандари Мақдунӣ (а IVт.м.) давлати бузурги аз дарёи Нил  то соҳилҳои Ҳинд тӯлкашида арзи ҳастӣ кард, он ҳеҷ гоҳе воҳиди ягонаи иҷтимоътаърихӣ набуд. Ин омезиши (конгломерати) воҳидҳои иҷтимоътаърихие буд, ки баъди марги Искандар аз ҳам фурӯ пошид.

Дар рӯи замин аз лаҳзаи пайдоиши одамон ҳамеша умумиятҳои  зиёди иҷтимоию таърихӣ вуҷуд доштанд ва аксар маврид байни ҳамдигар иртиботи зич доштанд. Дар ин маврид вақте, ки дар бораи ҷомеа сухан меравад, аксаран на як  воҳиди иҷтимоию таърихӣ, балки гурӯҳи том, гурӯҳи аз ҷиҳати фазо номаҳдуди низоми воҳидҳои иҷтимоию таърихиро дар назар доранд. Онҳо метавонанд дар асоси мансубияти минтақавӣ, хоҷагидорӣ, фарҳангӣ ва гайра ташаккул ёбанд. Сарҳадҳои воҳидҳои  иҷтимоию таърихии дар шакли давлат ташаккулёфта муайян  ҳастанд, зеро онҳо бо сарҳадҳои давлатӣ мувофиқ  меоянд. Бо сарҳадҳои низомҳои минтақавии воҳидҳои иҷтимоию таърихӣ кор дигаргуна аст. Муаррихони гуногун онҳоро сарҳадҳои мухталиф  мегузоранд. Бархе  аз онҳо агар ин ё он сотсиорро ба ҳамин низоми минтақавӣ шомил гардонанд, иддае, баръакс, истисно мекунанд. Ва одатан ин ҳеҷ хел асоснок карда намешавад. Масалан, имрӯз вобастагии мушаххаси шумора ва асоси ба минтақаи Осиёи Марказӣ тааллуқдоштани давлатҳои ҷудогона пурра муайян нест. Яке сарҳадоти онро аз рӯи низоми ҷуғрофӣ муайян менамояд, дигаре онро аз рӯи вобастагии фарҳангӣ дурусттар меҳисобад.

Муносибати воҳидҳои иҷтимоътаърихӣ ва ҷомеа умуман муносибати алоҳида  ва кулл аст. Мафҳуми  «ҷомеа умуман» маҳсули (конструксияи) фикри озод нест. Он мундариҷаи  объективӣ  дорад, азбаски умумияти обективии бе истисно ба ҳама созвораҳои иҷтимоътаърихӣ хосро муайян менамояд.  Ин фаҳмиши хеле васеъ ва умумии ҷомеа буда, бо он хусусияту аломатҳои барои ҳамаи ҷомеаҳо хосро новобаста аз мансубияти ҷуғрофию таърихияшон муайян менамоянд ва ин бо мафҳуми «олами фароуттабиӣ ё ғайритабиӣ», «сотсиум» ифода карда мешавад. Яъне ҳарчанд ҷомеа ҳамеша аз одамон иборат аст ва мутаҳҳидшавии онҳоро дар доираи умумиятҳои гуногун(авлод, қабила, халқият, миллат) ифода мекунад, аммо он ҳеҷ гоҳ маҷмӯи оддии онҳо нест. Ҷомеа пеш аз ҳама ташкилаи хоси объективӣ, низоми муайяни муносибатҳоест, ки дар ҷараёни фаъолияти меҳнатияшон одамон ба онҳо ворид мешаванд. Дар баробари ин миқдори зиёди воҳидҳои иҷтимоътаърихӣ вуҷуд дошт ва алҳол низ мавҷуд аст. Ин миқдори сершуморро бе таснифи созвораҳои иҷтимоътаърихӣ, бе ҷудокуниашон ба намудҳо, сифатҳо дида баромадан имконнопазир аст. Намудбандиҳои хеле мухталифи воҳидҳои иҷтимоътаърихӣ сурат  гирифта  буданд ва гирифта истодааст. Ва барои  ифодаи  намуди мушаххаси ҷомеа ё худ  умуман  ҷомеаи намуди муайян низ вожаи «ҷомеа»  истифода бурда мешаванд. Вақте ки таҳти  ҷомеа умуман ҷомеаи намуди муайяни таърихӣ фаҳмида  мешавад, он гоҳ ба вожаи «ҷомеа» сифатеро илова мекунанд, ки намуди  онро ифода менамояд. Ибораҳои  «ҷомеаи ибтидоӣ», «ҷомеаи феодалӣ», «ҷомеаи сармоядорӣ»,  «ҷомеаи анъанавӣ», «ҷомеаи индустриалӣ»,  «ҷомеаи пасосаноатӣ» ва ҳоқазо  дар ин замина мавриди  корбурд қарор гирифта метавонанд. Дар масири тагирпазирии таърихияшон бошад ҷомеаҳоро ба намудҳо аз рӯи нишонаҳои мухталифи характери мундариҷавидошта низ тақсим  мекунанд: аз рӯи сохти иҷтимоӣ – иқтисодӣ (ғуломдорӣ, феодалӣ ва ғайра), аз рӯи соҳаи бартаридоштаи иқтисодиёт (ҷомеаҳои кишоварзӣ, саноатӣ, пасосаноатӣ), аз рӯи шакли идоракунӣ (монархия ва ҷумҳуриявӣ), аз рӯи режими сиёсӣ (худкома ё тоталитарӣ, авторитарӣ  ва мардумсолорӣ ё демократӣ), аз рӯи мазоҳиби ҳукмрон (мамолики насронӣ, исломӣ, буддоӣ)  ва ғайра.

Маҳз дар заминаи тасвири ҳалқаи пайдарпайии хронографии ҳодисаҳо, яъне пайдарҳамии тағирёбии ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ дар масири вақту фазои муайян мафҳумҳои «ҷамъият» ва «таърих» бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ пайдо мекунанд. Дар ин маврид мавзӯи баҳси таърих ҳамчун олами ҳодисаҳои ҷӯзъӣ, ки ба воситаи он хусусиятҳои умумию махсуси воҳидҳои иҷтимоию таърихӣ, таносуби фарқияту наздикии байни онҳо аён мегардад, умумияти наздик бо омӯзиши фалсафии ҷамъият дорад. Яъне агар аз ин дидгоҳ ба таносуби мафҳумҳои ҷамъият ва таърих назар андозем мебинем, ки агар мафҳуми ҷамъият мафҳуми «сотсиум»-ро мушаххас намояд, пас мафҳуми «таърих» ҳамингуна мафҳуми ҷамъиятро тавассути шаклҳои муайяни мавҷудияташ дар фазо ва вақти воқеӣ тасвир менамояд. Дар ин сурат дар саҳифаи таърих тавассути ҳалқаи пайдарпайи ҳодисот хусусияти муносибату алоқаҳои дар ҷомеа афзалиятдошта ҷилвагар мегардад. Бинобар ҳамин ҳам  саҳнаи таърих ҷойи нақшофарии на танҳо ҳодисаҳои «бузургу арзишманд», балки ҳамагуна ҳодисаҳои марбут ба шеваи ҳаётгузаронию хоҷагидории одамон, ки имкони ба сифати пояи зуҳури ҳаёти аслии таърихӣ хизмат намуданро доранд, ба шумор меравад. Инро бахусус мактаби таърихнигории «Анналҳо», ки таваҷҷӯҳашон дар шарҳи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ на ба нигориши корномаҳои шахсиятҳои бузург ва ҳодисаҳои аз нигоҳи таърихнигории пешина пурзарфият(ҷангҳо, инқилобҳо, таҳои сиёсӣ, амалиётҳои дипломатӣ), балки ба тасвири ҳодисаҳои марбут ба ҷанбаҳои муқаррарии ҳаёти иҷтимоии одамон, шеваи хоҷагидорияшон, менталитеташон нигаронида шуда буд, тасдиқ намуд. Алҳол дар мактаби таърихнигории мо танҳо он ҷанбаи ҳаёти ҷамъиятӣ раводиди ба саҳнаи таърих омаданро ба даст меорад, ки агар дорои ҷанбаи пурзарфият ва алоқаманд ба корномаҳои бузург бошад. Дар чунин ҳолат хатари боло гирифтани тамоюли манфиати маърифатии таърихнигор аз тасвири ҳаёти ҷамъиятӣ вуҷуд дорад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки он ҷанбаи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки рӯи саҳнаи таърих меояд, метавонад ба гузашта, ҳозира ва оянда низ тааллуқ дошта бошад. Ин дар навбати худ ҳама гунна тафовути ҷӯзъии хронологии байни ҷамъият ва таърих мавҷудбударо аз байн мебардорад ва дар байни онҳо робитаи мушаххасгардонии дараҷавии мафҳумиро эҷод мекунад.

Фалсафаи таърих

Маънои нисбатан васеътарин, умумитарини истилоҳи «ҷомеа» аз нуқтаи назари омӯзиши системавӣ ин маҷмӯи кулли воҳидҳои иҷтимоию таърихии мавҷуда ва пештар вуҷуддошта дар якҷоягист. Барои ифодаи ин шакли зоҳиршавии ҷамъият маъмулан ибораи «умуман ҷомеаи инсонӣ» низ истифода карда мешавад. Дар ин ҷо таҳти мафҳуми «инсоният» кулли маҷмӯи одамон бе назардошти тааллуқоти онҳо ба ин ё он воҳидҳои иҷтимоӣ ҳамчун як намуди иҷтимоию биологӣ фаҳмида мешавад. Маҳз дар заминаи таҳлили асосҳои умумии ҳамин гуна тарзи мавҷудияти ҳаёти иҷтимоии одамон новобаста аз мансубияти ҳудудию маҳдудиятҳои замонӣ масъалаи марказии фалсафаи таърих ташаккул меёбад. Бинобар ҳамин ҳам дар доираи фалсафаи таърих масъалаҳои марбут ба ташаккулёбӣ ва дӯрнамои рушди минбаъдаи инсоният дар маҷмӯъ ҳамчун умумияти куллӣ омӯхта мешавад. Яъне дар ин маврид аломату нишонаҳои ҷинсии ба ҷомеа хос ба ҳама гуна воҳидҳои иҷтимоии имрӯзу фардо ва дар гузашта вуҷуддоштаи он на дар шакли зоҳиршавии мушаххаси таърихияшон, балки дар шакли умумӣ якхела татбиқ карда мешавад. Дар алоқа бо ин мо дар ҳар як  таърихи минтақавӣ аломату нишонаҳои ҷинсии мансуб ба ҳаёти ҷамъиятиро, ки модели, намунаҳои «умуман ҷомеа»-ро ташаккул медиҳанд, пайдо карда метавонем. Худи ваҳдату ягонагии таърихи ҷаҳонӣ ҳам мутаносибан дар заминаи таҷассуми муносибати кулл-махсус  ва ҷузъ дар ҳаёти ҷамъиятӣ намудор шуда, ба мо имконият медиҳад, ки дар таърихи хоҷагидории умумиятҳои маҳдуду бо ҳам робитаи бевосита надоштаи иҷтимоӣ ҳам аломатҳои наздикро пайдо кунем. Яъне қазовати мо дар бораи ҷомеаи суннатӣ ба ҳамаи навъҳои он новобаста аз мансубияти замонию минтақавӣ ва этникияшон баробар эътибор пайдо мекунад.

Дар фалсафаи таърих баррасии масъалаи қонунмандии рушду таҳаввули ҳаёти ҷамъиятӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Барои муайян намудани чунин қонунмандӣ муҳаққиқон ба ҷӯстуҷӯӣ робитаҳои объективии байни ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятии ҷомеаҳои гуногун рӯй оварда, дар онҳо аломату нишонаҳои барои фаҳмиши васеъ ва умумии ҷомеа хосро новобаста аз мансубияти ҷуғрофию замонияшон муайян менамоянд. Бинобар ҳамин ҳам дар ин замина мавҷудияти таърихи умумибашарӣ ва дӯрнамои инкишофи минбаъдаи инсоният ҳамчун субъекти асосии он маънӣ пайдо мекунад. Дар ҷараёни андешаронии худ аз ин масъалаҳо муаррихон таваҷҷӯҳашонро на танҳо ба тасвири хусусиятҳои ҳодисаҳои ҷамъиятии ин ва ё он ҷомеа, балки ба дарёфти заминаҳои онҳоро ба ҳамдигар пайвасткунанда низ равона месозанд. Ин омили асосӣ барои ташаккулёбии таърихи ҷаҳонӣ ва имконияти дар вобастагии таҷрибаи фарҳангию иҷтимоии мардумони  гуногун дарк кардани раванди умумии таҳаввули тамаддунҳо мебошад.