Танзими ҳуқуқии рақобат ва фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар бозори мол

0
11

Танзими ҳуқуқии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) дар бозори мол бавоситаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ба амал бароварда шуда, аз маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст, ки барои ба танзим даравардани қоидаҳои азнавбавуҷдоӣ ва дастгирии рақобати бовиҷдонона, огоҳонидан, маҳдуд кардан, пешгирӣ намудани фаъолияти инҳисорӣ равон карда шудаанд. Ба низоми қонунгузории зиддиинҳисорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин дохил мешаванд, ба монанди Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» аз 28 июли соли 2006, Қонуни ҶТ «Дар бораи монополияҳои табиӣ» аз 5 марти соли 2007, қисми меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ки ба маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар соҳаҳое, ки ин санадҳо ба танзим медароранд, мисол, Қонуни ҶТ «Дар бораи энергетика» аз 29 ноябри соли 2000,Қонуни ҶТ «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» аз 23 майи соли 1998, Қонуни ҶТ «Дар бораи нақлиёт» аз 29 ноябри соли 2000.

Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» аз 28 июли соли 2006 мафҳуми рақобатро чунин таъриф медиҳад:

Загрузка...

рақобат мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд (моддаи 3).

Рақобат дар бозори мол вазифсаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • Танзимнамоӣ;
  • Ҳавасмандгардонӣ;
  • тақсимот;
  • Назорат

Намудҳои рақобат инҳоянд:

  • Рақобати нархӣ;
  • Рақобати ғайринархӣ.

Мавқеи ҳукмфармоӣ гуфта мавқеи махсуси як ё якчанд субъекти хоҷагидорро меноманд, дар бозори моле, ки моли ивазкунанда ё ивазшаванда надорад, ҳамчунин ба вай имконият медиҳад ба шароити умумии муоимилоти бозор моли дахлдор таъсири субъектҳои хоҷагиро ба бозор мушкил гардонад.

Мувофиқи м. 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» аз 28 июли соли 2006 Агар ҳиссаи мавқеи субъекти хоҷагидор дар бозори моли муайян панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад, мавқеи ӯ дар бозор ҳукмфармо эътироф карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, метавонад мавқеи субъекти хаҷагидорро мавқеи ҳукмфармоӣ эътироф намояд, ҳатто дар ҳолате, ки ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозори моли муайян аз панҷоҳ фоиз кам мебошад Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд набошад.

Фаъолияти инҳисорӣ гуфта фаъолияти субъектони хоҷагидор (гурӯҳи шахсон)-ро меноманд, ки дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукмфармоии худ сӯиистифода менамоянд, созишнома мебанданд ё амалиётҳои мувофиқашудаеро ба амал мебароранд, ки бо меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» аз 28 июли соли 2006 манъ карда шудаанд.

Аз рӯи критерияи шумораи иштирокчиёни фаъолияти инҳисорӣ фаъолияти инфиродии инҳисорӣ ва фаъолияти дастаҷамъии инҳисориро фарқ менамоянд.

Вобаста ба мақсади суиистеъмоли субъекти хоҷагидор намудҳои зерини онро пешниҳод менамояд:

  • аз муомилот гирифтани мол, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгир намудани камчини мол дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;
  • ба аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки ба ӯ муфид нест ва ба мавзӯи шартнома (беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қувваи корӣ ва ғайра) двхл надорад;
  • ба шартнома дохил намудани талаботи поймолкунии ҳуқуқ, ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;
  • ризоияти бастани шартнома фақат бо шарти ба он илова кардани талабот оиди молҳое, ки аҳли шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест;
  • мамониат барои субъектҳои ҳоҷагидории дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор)
  • вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, ки дар асоси асноди меъёрӣ муқаррар шудааст;
  • муқаррар кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;
  • кам ё қатъ кардани истеҳсоли моле, ки ба онҳо истеъмолкунандагон эҳтиёҷ ва талабот доранд, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.

Рақобати бевиҷдона гуфта ҳама гуна фаъолияти субъекти хоҷагидорро меноманд, ки баҳри пайдо намудани мавқеи афзалиятнок ё ҳукмфармоӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, равона шуда, ҳилофи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидории дигар зарар мерасонад ва обрӯи кории онҳоро паст мегардонад.

Нишонаҳои рақобати бевиҷдона инҳоянд:

  • Мақсади рақобати бевиҷдонона пайдо намудани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ мебошад;
  • хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
  • ба фаъолияти соҳибкории субъектони дигари хоҷагидорӣ зарар расонида, инчунин обрӯи кории онҳоро паст мегардонад.

Мувофиқи м. 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» аз 28 июли соли 2006 шаклҳои зерини рақобати бевиҷдонона вуҷуд дорад:

  • паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегарданд ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;
  • ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оиди хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад;
  • муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);
  • гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;
  • истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд;
  • дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ.