Танзими гумрукӣ ва назорати гумрукӣ

Танзими гумрукӣ. Танзими ҳуқуқӣ гуфта таъсиррасонии мақсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меноманд, ки бо ёрии воситаҳои ҳуқуқӣ амали мешавад[1].

Танзими гумрукӣ аз муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳое иборат мебошад, ки шахсон ҳангоми риоя намудани онҳо ҳуқуқи аз сарҳади гумрукии ҶТ интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ менамоянд[2].

Танзими гумрукӣ мувофиқи Кодекси гумрукӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ амалӣ карда мешавад.

Назорати гумрукӣ. Назорати гумрукӣ гуфта маҷмӯи тадбирҳоеро меноманд, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии ҶТ амалӣ менамояд[3].

Кодекси гумрукӣ шаклҳои зерини назорати гумрукиро муайян намудааст:

  1. Тафтиши ҳуҷҷату маълумот;
  2. Пурсиши шифоҳӣ;
  3. Гирифтани тавзеҳот;
  4. Мушоҳидаи гумрукӣ;
  5. Азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт;
  6. Муоинаи гумрукии молу воситаҳои нақлиёт;
  7. Муоинаи шахс;
  8. Тафтиши маркировкаи мол бо маркаҳои махсус, мавҷудияти воситаҳои ҳаммонандсозӣ;
  9. Азназаргузаронии бино ва ҳудуди он;
  10. Санҷиши гумрукӣ[4].

Ҳамин тариқ, назорати гумрукӣ яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати гумрукии давлат буда, мақсади таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, андешидани тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки аз тарафи мақомоти гумрукӣ ба амал бароварда мешавад.

Танзими ҳуқуқӣ ва назорати гумрукӣ ба маҳсулоте, ки нисбати он сертификат ҳатмӣ мебошад. Давлат бо мақсади таъмини аҳолӣ ва хоҷагии халқ бо маҳсулоти аълосифат, ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии истеъмолкунандагони маҳсулот (истифодабарандагони мол) ва инкишофи робитаҳои иқтисодиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 1995 сертифткатсияи ҳатмӣ ба ҳамаи маҳсулоту мол ҷорӣ намуд.

Сертификатсияи мутобиқат – ин ҳуҷҷати маҳсулоту мол буда, тибқи қоидаҳои низоми сертификатсия дар он мувофиқ будани маҳсулоти сертификатшуда ба талаботи асноди меъёрию ҳуқуқӣ тасдиқ меёбад[5].


[1] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе: «Эҷод», 2005. – С. 314.

[2] Ниг.: Моддаи 1 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 6.

[3] Дар асоси моддаи 10 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3.12.2004с.). // Ниг.: Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 12.

[4] Ниг.: Моддаи 407 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С.240.

[5] Ниг.: Фарҳанги ислоҳоти ҳуқуқ. Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Маҳмудов М.А. – Душанбе: Эр-граф, 2004. – С. 411.


Шарҳ баста аст.