бозор, бозори мехргон дар ш Душанбе

Танзими давлатии бозор, вазифа ва хусусиятҳои он

Чӣ тавре аз таҳлили мавзӯъҳои гузашта бармеояд, бозор аз ҷиҳати сохт ва мазмуни ботинӣ худ аз худ арзи вуҷуд дошта наметавонад. Ҷавҳари марказии бозорро унсурҳои худи он (ис-теҳсолкунанда, фурӯшанда, харидор), механизми таҳриқдиҳан-даи он (тақозо, арза, нарх, рақобат), зерсохти бозор (биржа, музоида…), шакл ва намудҳои гуногуни он ташкил медиҳад.

Аз ин ҷиҳат тадқиқотчиён ба хулоса омадаанд, ки бозор дар мояи услубҳои худтаъминкунӣ қарор мегирад. Аммо ин тарзи танзим бидуни дахолати давлат имконнопазир аст. То ҳатто шакли рақобати комилро ҳам бозори танзимшаванда ҳисобидан мумкин аст. Чунки он бидуни фишангҳои танзими давлатӣ (интишори пул, таъмини устувории он, ҷубронпулӣ, танзими бо ном самараи берунӣ, қонеъгардонии талабот бо неъматҳои коллективӣ, яъне бо “молҳои ҷомеавӣ”…) сурат мегирад.

Бозор кулли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоиро ҳаллу фасл карда наметавонад. Вазифаи бозор, чӣ тавре пештар қайд карда гузаштем, бидуни масоили иҷтимоӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз ҳалли он пурра ба зиммаи давлат гузошта мешавад.

Тибқи тақозои бозор доро ва тавоно, ғолиби рақобату соҳиби даромад фаъолият мекунанд. Яке рушду камол меёбад ва дигаре шикаст хӯрда аз маъракаи иштирок дар муборизаи рақобатӣ ронда мешавад. Ин аз нигоҳи бозор — принсипи адолатхоҳона аст.

Бозор, то ҳатто ба соҳаҳое, ки истеҳсолотро ривоҷу равнақ медиҳанд (илм, техника, менеҷмент, маркетинг…) кордор нест. Аз ин лиҳоз ташкилу инкишофи ин гурӯҳ соҳаҳо ҳамчун унсури зерсохти бозор ба зиммаи давлат гузошта мешавад.

Тақсим ва азнавтақсимкунии даромад аз ҷониби субъектҳои бозор, кафолат ба меҳнат ва беҳбудии инсон намедиҳад. Баръакс, он бойро сарватманд ва камбағалро ботадриҷ бечораю бенаво мегардонад.

Бозор ба ашхосе, ки қобилияти меҳнатӣ дорад, ҳуқуқи меҳнат кардан, раванди бекориро бартараф ва қисми фаъоли қобилияти меҳнатӣ доштаи аҳолиро бо кор банд сохта наметавонад. Аз ин сабаб, ҳалли масъалаҳои мазкур низ ба дӯши давлат гузошта мешавад.

Агар принсипи адолати иҷтимоӣ “ҳаққи баробар ба меҳнати баробар” аз ҷониби бозор риоя карда шавад ва ҳадди аксари он аз ҷониби бизнес муайян гардад, пас ҳадди ақали музди меҳнат аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад.

Механизми бозор, гарчанде натиҷаи самараноки кайҳо ташаккулёфтаи пешрафти илму техникаи мавҷударо истифода карда тавонад ҳам, қудрати мустақилона рахна кардани раванди стратегиро дар рушду нумӯъи улуми илму техника, технологияи муосир, дигаргунсозиҳои амиқи таркибии истеҳсолот таъмин карда наметавонад. Бозор дар мавридҳои зарурӣ барои ҷудо кардани маблағ, яъне анҷом додани лоиҳаҳои бениҳоят бузург, илми фундаменталӣ ва ривоҷу равнақ додани соҳаҳои ҷадиди муосир, ки дараҷаи таваккалии беинтиҳо доранд ва баҳрабар-дории онҳо баъди солҳои тӯлонӣ сурат мегиранд қудрат надорад. Ҳалли ин масъалаҳои муҳим, ҳавасмандгардонии пешрафти илму техника ва сиёсати сохторӣ аз ҷониби давлат ба сомон расонда мешавад.

Масоили инкишофи ноҳия, территорияҳои алоҳида, вилоят, давлат, ки дар меҳвари хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ, демографӣ ва дигар авомилҳои ғайри бозорӣ бунёд мегарданд, бидуни дастгирии давлат ба роҳ монда намешаванд.

Доираи густариши фаъолияти бозор хеле ҳам маҳдуд буда, асосан фаъолияти хоҷагиҳои хонадвода, бозор, ҳукуматро оид ба тавлид, тақсим ва мубодилаи молу маҳсулот ва хадамот дарбар мегирад. Гарчанде ба “орбитаи” бозор муносибатҳои бисёрҷанбаю мураккаби ҷаҳони муосир ҷалб карда шавад ҳам, он аз доираи принсипҳои худ “ҳама чиз дар олами иқтисод хариду фурӯш карда мешавад”, сармоя — фоида, замин — рента тавлид мекунад бурун намеояд. Он ба ҳалли масъалаҳои мезоиқтисод, макроиқтисод… начандон ҳавасманд мебошад.

Ба роҳ мондани раванди тиҷорати миллию бурунмарзӣ, тадбиқи бисёрҷанбавии сиёсати бурунмарзии тиҷорат, назорат ба сиёсати савдо (ҳимоятгароӣ (протексионизм), демпинг), аракати байналхалқии сармоя ва қувваи коргарӣ, таъсиррасонӣ ба ҷараёни асъори миллӣ ва байналхалқӣ, идораи баланси пардохт, сиёсати молиявӣ, андоз, буҷа, гумрук, сиёсати хазинадорӣ (фискалӣ), рафъ кардани оқибатҳои иқтисоди ниҳон (мавқуф), бӯҳронҳои иқтисодӣ, монополизм, таваррум (инфлятсия), ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият ва даҳҳо масъалаҳои дигар бидуни дахолати давлат имконнопазиранд.

Нақши иқтисодии давлат дар шароити бозор бо воситаи тарз ва услубҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Таъсири давлат ба иқтисод, алалхусус ба ҷараёни бозори нокомил, яъне фаъолияти монополияҳо ва таъмин кардани рақобатпазирии онҳо ба меъёри муайян вобаста мебошад. Дар шароити бозор давлат имконияти ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои бозор, махсусан муайян намудани ҳадду ҳудуди мустақилият, ҳавасмандӣ, худтаъминкунӣ, худмаблағгузорӣ ва ғайраро надорад.

Амалиёти аз меъёр зиёдтари давлат метавонад алоқамандӣ ва ҳамбастагии механизми бозорро пароканда намояд. Ба раванди муташаккилонаи бозор, тадбирҳои давлат оид ба нақшагирии директивӣ, тақсими саросари натуралии захираҳои истеҳсолӣ ва предметҳои истеъмолӣ (фондҳо, талонҳо, чеку купонҳо), назорати қатъии давлат ба раванди ташкили нарх ва дигар тадбирҳои аз гузашта ба мо маълуми ҷамъияти сотсиалистӣ таъсири тахирпазир мерасонанд.

Аз ин хулоса бармеояд, ки давлат дар шароити бозор ҳаллу фасли ин масъалаҳоро аз сар соқит менамояд. Баръакс, давлат дар ин ҷараён, тадриҷан, назорат бурда нарх ва нархгузориро танзим, роҳ ва услубҳои муосидтарини идораи иқтисодро дастгирӣ мекунад. Давлат фаъолияти соҳибкориро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фирмаҳоро аз оқибатҳои сахти таваррум ва бӯҳронҳои иқтисодӣ эмин медорад, барои таҷдиду навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо сармоягузорӣ таъмин менамояд.

Давлат дар таҳия ва барномаҳои фаъолияти фирмаҳову ширкатҳо, ноҳияю вилоятҳо, штату губернияҳо саҳмгузорӣ мекунад, дар асоси онҳо ба нақшагирии иқтисоди миллиро таъмин менамояд. Аз матни мазкур хулоса бармеояд, ки давлат ба ҷа-раёни бозор на аз диди тарзу услуби маъмурӣ (сотсиализм), балки бо роҳи ғайримустақим — методҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад ва албатта, охирон бидуни методҳои маъмурӣ (қонунгузо-риҳо оид ба қабули қонунҳои зидди монополӣ, истиқрори нарх, назорат ба сифати молу хадамот, безарарии маҳсулот, хароҷот, муносибатҳои меҳнатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, ҳуқуқи истеъмолгарон…) буда ҳам наметавонад.

Соф идораи маъмурӣ ва соф идораи иқтисодӣ вуҷуд надорад. Таносуби мусоидтарини истифодаи онҳо кафолати истиқрор ва густариши иқтисод мебошад. Инро тибқи гуфтаи П. Самуэлсон рамзан чунин ифода кардан мумкин аст: “Идора кардани иқтисодиёт дар ҳолати ҷой надоштани ин ё он шакл — амсоли бо як даст қарсак задан аст” (10, 128).

Танзими иқтисод, асосан бо воситаи фишангҳои таъсири мустақим ба иқтисод (сармоягузориҳои мақсаднок барои анҷом додани барномаҳои дарозмӯҳлат, ноҳиявӣ, миллӣ ва низоми харидкунии давлатӣ) ва таъсири ғайримустақим (сиёсати буҷавию андоз, пулию қарзӣ, истеҳлок (амортизатсия), асъор, гумрук) ба роҳ монда мешавад. Ин ва дигар масоилҳои бозор ва танзими он дар мавзӯъҳои алоҳидаи курс алоҳида таҳлил карда мешаванд.


Танзими давлатии бозор, вазифа ва хусусиятхои он, вазифаи танзими давлатии бозор, хусусиятхои танзими давлатии бозор

Шарҳ баста аст.