Таълимоти Конфутсий

Бунёдгузори фалсафаи қадими Чин Кун-фу-сзи (дар забони аврупоӣ Конфутсий) соли 551 пеш аз милод дар иёлоти Шан-Тунғ дар оилаи ашрофи маҳаллӣ таввалуд ёфтааст. Конфутсий аз оилаи ашроф ба дунё омада бошад ҳам, ҳаёти камбағалонаро аз сар гузаронидааст ва аз ин рӯ, дар хурдӣ чӯпонию фаррошӣ низ карда буд. ӯ дар синни 50 – солагӣ мактаби худро таъсис дода, шогирдони зиёдеро тарбия намуд.

Маъхази асосӣ дар омӯзиши таълимоти Конфутсий мероси хаттии худи пайравони Конфутсий ва дар мадди аввал «Чаҳоркитоб» ба шумор мераванд. «Чаҳоркитоб» инҳоро дар бар мегирад: 1) «Да — сюэ» — роҳнамо барои амалдорон; 2) «Чжун-Юн»; 3) Лун- юй («Мусоҳибот ва мулоҳизот»); 4) «Мэн — Сзи» (китоби пайрави Конфутсий Мэн — Сзи).

Таълимоти Конфутсий, инчунин дар «Панҷкитоб», ки зикраш дар боло рафта буд, низ инъикос ёфтааст. Дар байни китобҳои мансуб ба таълимоти Конфутсий муҳимтаринаш «Мусоҳибот ва мулоҳизот» («Лун-Юй») ба шумор меравад. Ин китоб дар давраи империяи Тсин сӯзонда нест карда шуда, баъдтар аз сари нав дар се шакл барқарор карда шуд, ки онро ҳар як чиноии соҳибмаълумот аз ёд медонист ва тамоми умр раҳнамои худ меҳисобид.

Давраи аввали пайдоиш ва барқароршавии Конфутсийчигӣ ба фаъолияти худи Конфутсий мансуб аст. Дар таълимоти Конфутсий масоили марбут ба табиати маънавии инсон, ахлоқу одоб, оиладорӣ, идоракунии давлат мавқеи марказиро ишғол мекунанд.

Тибқи таълимоти Конфутсий дар ҷомеа қонуни «Жен» («инсондӯстӣ») амал мекунад, ки он лаҳзаҳои асосии таълимоти ахлоқии ӯро дар бар гирифта, қонуни олии муносибати тарафайни одамон дар оила ва ҷомеа ба шумор меравад. Асоси инсондӯстӣ аз «парастиши волидон ва эҳтироми бародари бузург» ва умуман, аз «одамро дӯст доштан» («Жен») иборат аст. Афроде, ки банди тахайюлоти инсондӯстӣ мебошанд, ин ғояҳо чун ришта онҳоро печонда асири худ месозанд ва аз содир намудани ҷиноят ва хислатҳои ҷоҳилӣ эмин медоранд. Конфутсий дар боби ахлоқ ба мафҳумҳои «тарафайн» (яъне «муҳаббати тарафайн») ва «инсондӯстӣ», ки ба фикри ӯ ҷавҳари «роҳи дуруст», яъне «Дао» — ро ташкил мекунад, такя намуда таълим медиҳад, ки касоне хоҳиши зиндагии хушбахтона доранд, зарур аст, ки аз ин пайравӣ кунанд. Аз ин рӯ, Конфутсий пайравони худро даъват мекард, ки зимни гуфтор самимияту ростӣ ва дар кирдор ҳақиқату назофатро риоя кунанд, аз нодорӣ шарм надоранд ва ҳамеша баҳри расидан ба роҳи рост, яъне ба «Дао» ҷадал кунанд. Моҳияти гуманистӣ ва ахлоқии таълимоти Конфутсий дар посухи ӯ ба пурсиши шогирдонаш низ ҳувайдост: «Он чиро нисбати худ раво намебинӣ, ба дигарон ҳам раво мабин» ( А. Н. Чанышев. Начало философии. -М., 1982,с.67).

Бояд гуфт, ки «инсондӯстӣ» аз нигоҳи Конфутсий хоси ҳамаи одамон нест. «Инсондӯстӣ» хусусияти табақавӣ дошта, ба фикри ӯ маҳз хоси ашрофон мебошад. Аз ин бармеояд, ки ӯ асосан ба табақаи ҳукмрон такя мекунад, на ба мардуми оддӣ. ӯ одамонро ба «асилзода» ва «авом» ҷудо намуда, хислатҳои шоистаро маҳз мансуби гурӯҳи аввалӣ медонад. Чунончи, ӯ гуфтааст: «Марди асилзодаеро ёфтан мумкин, ки хислати инсондӯстӣ надошта бошад, лекин авомеро, ки инсондӯст бошад, ёфтан номумкин аст»( А. Н. Чанышев. Ҳамонҷо, с.69).

Мардуми асилзода на танҳо инсондӯст, балки хушахлоқ низ мебошад, таъкид мекунад ӯ. Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки Конфутсий ҷонибдори аристократия (ашрофсолорӣ) буда, тафовути синфию табақавиро аз ҷиҳати ғоявӣ асоснок намудааст.

Чи хеле ки дар боло қайд намудем, дар таълимоти Конфутсий масоили марбут ба давлатдорӣ ва идора намудани мардум ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Оид ба ин масъала низ Конфутсий аз мавқеи ахлоқ ва расму оини анъанавӣ муносибат кардааст. Тибқи таълимоти ӯ калиди асосии идоракунии мардум дар афзалияти ахлоқии табақаи болоӣ нисбат ба поёнӣ мебошад. Агар «болоӣ»-ҳо «Дао» ( роҳи рост)-ро риоя кунанд, он гоҳ халқ шиквае нахоҳад кард. ӯ, инчунин ҳамзамон паҳн намудани «Сяо» ва «Ди»-ро гарави асосии тобеияти раият ба ҳукумат мешуморад. Зеро ӯ муддаӣ буд, ки ашхосе, ки волидонро мавриди парастиш қарор дода, нисбати бародарон ҳисси эҳтиром доранд, наметавонанд, ки алайҳи ҳукумат тазоҳур кунанд. Аз ин рӯ, таъкид мекунад, ки агар ҳокимон ба некӣ майл дошта бошанд, он гоҳ мардум низ ба некӣ мегаравад. Шоҳ барои ҷорӣ намудани низом набояд касеро ҷазо диҳад, зеро агар худи ӯ хуб бошад, мардум низ хуб хоҳанд шуд. Ахлоқи марди асилзода бодро мемонаду ахлоқи марди авом майсаро. Бод ба ҳар сӯе вазад, майсаҳо низ ба ҳамон сӯ майл мекунанд.

Конфутсий парастиши император-«фарзанди осмон»-ро тарғиб намуда, онро татбиқкунандаи «иродаи осмон» эълон мекунад ва мардумро дар рӯҳи вафодории мутаассибона ба император даъват мекунад. ӯ ҷонибдори пойдорӣ ва бақои сохти мавҷуда буда, ба гузашта ва арзишҳои он таваҷҷӯҳи хоса дошт. Аз ин рӯ, таъкид мекард, ки ашёҳои олам дар робита бо якдигар вуҷуд доранд ва ин ҳамоҳангӣ вақте бақо дошта метавонад, ки кулли ашёҳо дар мақоми пешин ва аслии худ бошанд, яъне «падар – падар бошаду писар – писар, шӯй шавҳарӣ кунаду зан шавҳардорӣ. Император фармонравоӣ кунаду раият итоат» (Ниг.: А.Н. Чанышев. Курс лекций по древней философии. –М., 1981, с.35).

Конфутсий дар таълимоти худ ба назарияи дониш низ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Донистан аз нигоҳи ӯ, ин донистани инсон аст. Дониши олӣ дониши модарзодӣ ба шумор мерафт, лекин он тасодуфӣ ва хеле кам ба назар мерасид. Тибқи таълимоти Конфутсий шахсе, ки дорои дониши модарзодӣ буд, шахси аз ҳама олӣ буда, баъд аз он ашхосе меистанд, ки бо роҳи таълим дониш андӯхтаанд.    Омӯзиши        ақоиди нодурустро зарарнок мешуморид. Хондану фикр накардан, ин беҳуда гузаронидани вақт аст, — таъкид мекард ӯ.

Конфутсий ва пайравони ӯ ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиёт шуғл надоштанд ва таваҷҷӯҳ низ зоҳир накардаанд. Онҳо асосан, дар атрофи масоили ҳукуматдорӣ ва шаклҳои махсуси рафтору муносибати байни одамон меандешиданд. Ин буд, ки таълимоти Конфутсий дар тӯли зиёда аз ду ҳазор сол дар ин сарзамин арзи ҳастӣ намуда, дар зери таъсири он шаклҳои хоси сохтори иҷтимоию оилавӣ, низоми сиёсию маъмурӣ, инчунин арзишҳои ахлоқию шаклҳои устувори рафтор, тарзи зист ва ғайра ташаккул ёфта, то имрӯз боқӣ мондаанд.

Конфутсий соли 479 пеш аз милод дар 72 – солагӣ вафот намуд. Баъди вафоташ таълимоти ӯ ривоҷу равнақ ёфта, пайравони зиёде пайдо намуд, ки намоёнтарини онҳо Мэн-сзи ва Сюн-сзи ба шумор мераванд.

Мэн-сзи тахминан дар солҳои 372-289 пеш аз милод умр ба сар бурда, шогирди Сзи-Си, яъне набераи Конфутсий ба шумор меравад. Китоби «Мэн-Сзи» қисмати охирини «Чаҳоркитоб»-ро ташкил мекунад. Китоби «Мэн — Сзи» дар шакли диалогу сӯҳбатҳои файласуф бо шогирдону ҳакимон мураттаб шудааст.

Ҷаҳонбинии Мэн-Сзи оид ба осмон ҳамрадифи таълимоти Конфутсий буда, осмонро ба сарнавишт ва сарнавиштро ба зарурияти объективӣ ва зарурияти объективиро бо иродаи мардум наздик мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар таълимоти Конфутсий осмон қувваи бешахс, тақдир, қонун, дао, яъне чун роҳи дуруст ва принсипҳои ахлоқие ба шумор мерафт, ки инсон бояд онро пайгирӣ мекард. Тибқи таълимоти Мэн- Сзи осмон манбаи сифатҳои ахлоқии инсон ба шумор рафта, зарурияти воқеӣ бошад, дар соҳаи иҷтимоиёт чун иродаи халқ зуҳур кардааст. Мэн-Сзи иродаи осмонро ба иродаи мардум тавъам шуморидааст ва таъкид мекунад, ки осмон тарзе мебинад ва мешунавад, ки худи мардум мебинад ва мешунавад.

ӯ таълимоти макотиби дигарро дар хусуси он ки инсонро табиатан ҷоҳил ё оқил мешумориданд, инкор кардааст. Тибқи ин таълимот табиати инсонӣ оби пуртуғёнро мемонад, ки тафовути ғарбу шарқро намедонад ва ба кадом самте роҳ кушоӣ, ҷорӣ мешавад. Табиати инсон ҳам ба ҳамин монанд аст ва ба неку бад ҷудо намешавад. Дар ҷавоби ин Мэн-Сзи менависад, ки об ба кадом самте ҷорӣ нашавад, ҳатман сӯи пастиро интихоб мекунад ва табиати инсонӣ ҳам чунин аст, яъне танҳо ба некӣ майл дорад. Дар ин ҷо дар таълимоти Мэн-Сзи ва Конфутсий дуршавӣ аз якдигар ба назар мерасад.

Масоили гносеологӣ ва онтологӣ дар таълимоти Мэн-Сзи аслан дар таркиби масоили антропологӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ омадаанд. Касе, ки табиати худро дониста мегирад, осмонро низ дарк мекунад. Ибодат кардан ба осмон ин нигоҳ доштани қобилияти фикрии худ, ғамхорӣ нисбати худ ба шумор меравад.

Дар масоили ҳукуматдорӣ Мэн-Сзи пайрави Конфутсий буда, муносибати аъзои давлатро чун муносибати фарзандону волидон шарҳ додааст. Император бояд раияташро чун фарзанд ва раият ӯро чун падар дӯст дорад. Мэн-Сзи зидди диктатураи қонун буд ва мӯътақид буд, ки агар ҳокимият дар итоати шахси инсондӯст бошад, қонуншиканӣ кам рух медиҳад.

Шарҳ баста аст.