Таълимот ва омӯзиши ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дар илмҳои сиёсӣ рушду инкишофи таълимоти ҷомеаи шаҳрвандиро ба се марҳилаи асосӣ ҷудо менамоянд:

— марҳилаи «табиӣ-ҳуқуқӣ» — асоснок намудани моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ — аз давраи атиқа то асрҳои XVII;

— марҳилаи «легитимизатсияи ҷомеаи шаҳрвандӣ» — аз охири асри XVII то ибтидои асри XX;

— марҳилаи «ратсионализатсияи ҷомеаи шаҳрвандӣ» — аз солҳои 20-ум то 90-уми асри ХХ.

Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд падидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ таърихи тӯлонӣ дошта бошад ҳам, пажӯҳиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун масъалаи илмӣ таърихи начандон тӯлонӣ дорад. Муҳаққиқон ҳангоми омӯзиши паҳлуҳои мухталифи падидаи мазкур истифодаи муносибатҳои илмии зеринро мувофиқи мақсад донистаанд: форматсионӣ, тамаддунӣ ва институтсионалӣ.

Истифодаи муносибати институтсионалӣ дар раванди омӯзиши ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки сохтори он муайян карда шавад, аммо дар радифи ин муносибати сохторию функсионалӣ низ дар омӯзиши ин масъала истифода бурда мешавад, ки ба воситаи он вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян мешаванд. Истифодаи муносибати институтсионалӣ имкон медиҳад, ки ниҳодҳои зеринро ба сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил намоем: оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кооператсияҳо, ҷамъиятҳои гуногун, иттифоқҳои касаба, созмонҳои гуногун, иттиҳодияҳои динӣ, варзишӣ, эҷодӣ ва монанди инҳо. Мақомоти давлатӣ ва дорои характери сиёсӣ ба сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил карда намешаванд. Ҳамин тариқ, муносибати институтсионалӣ ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамчун фазои иҷтимоии дорои сохтори мураккаб муаррифӣ намуда, дар он низоми арзиш, талабот ва манфиатҳоеро нишон медиҳад, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ дар фазои ҳуқуқӣ дар амал татбиқ карда мешаванд.

Истифодаи муносибати сохторию функсионалӣ имкон медиҳад, ки моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мазмуни васеъ ва дар мазмуни маҳдуд муайян карда шавад. Дар мазмуни васеъ ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи муносибат ва фаъолиятҳоеро дар бар мегирад, ки дар он таъсироти давлат ва мақомоти давлатӣ ҳеҷ ба назар намерасад. Дар мазмуни маҳдуд ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибатҳои ғайридавлатӣ ва маҷмӯи сохторҳои ғайридавлатии ихтиёрие мебошад, ки дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонӣ ба назар мерасад.

Субъекти марказии ҷомеаи шаҳрвандӣ инсони мустақил ба шумор меравад, ки ӯ дар фаъолиятҳои мухталифи худ ҳадафҳои хешро озодона интихоб намуда, инчунин расидан ба онҳоро низ мустақилона муайян месозад. Аз ин нуқтаи назар, ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи фаъолиятҳои босамари шахс буда, дар тамоми зерсистемаҳои иртибототи иҷтимоӣ ташаккул меёбад (иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва ғ.). Чунин шароит воситаи оқилонаи мавҷудияти инсон мебошад, ки он бо шуур, озодӣ, ҳуқуқ ва демократия асос меёбад. Гузашта аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ низоми ниҳодҳои ғайридавлатие мебошад, ки онҳо барои фаъолиятҳои фардҳои алоҳида, гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар ҳимояи манфиатҳо ва қонеъсозии талаботҳо ба онҳо кумак мерасонад.

Ифода ва ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ ва фардии одамон яке аз вазифаҳои марказии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Аммо ҳаёт, озодӣ, баробарӣ, ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ (шаклҳои мухталифи моликият) ва озодона дар амал татбиқ намудани иродаи шаҳрванд арзишҳои марказии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳлили муносибатҳои институтсионалӣ ва сохторию фунсионалӣ дар раванди омӯзиши масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки таърифи ҷомеаи шаҳрвандиро ба таври зайл муаррифӣ намоем: ҷомеаи шаҳрвандӣ ин маҷмӯи иттиҳодияҳои мухталиф, ташкилотҳои ҷамъиятии гуногун ва яке аз шаклҳои умумияти одамон мебошад, ки ҳаёти моддию маънавии шаҳрвандонро таъмин намуда, дар ҳимояи манфиат ва қонеъсозии талаботи онҳо нақши арзанда мегузорад[1].

Ба ғайр аз муносибати институтсионалӣ инчунин дар омӯзиши ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибатҳои форматсионӣ, тамаддунӣ ва ҳам сохторию функсионалӣ мувофиқ аст. Ба воситаи муносибатҳои илмии мазкур омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ ва ташкилии пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раванди ташаккулёбии он муайян карда мешаванд.

Мураккабии сохтори иқтисодиёт асоси омили иқтисодии пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Ҳар як шакли зуҳуроти иҷтимоию иқтисодӣ ва сохтори он навъи махсуси ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд меоварад. Муносибатҳои мутақобилаи сохторҳои иқтисодии гуногун муносибатҳои мураккаби ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳудуди ҷомеа ва давлат муайян менамоянд.

Муборизае, ки дар миёни синфи ҳукмрон ва мухолифон барои ҳокимият сурат мегирад, асоси омили иҷтимоию иқтисодиро ташкил медиҳад ва чунин шакли мубориза навъи режими сиёсӣ ва модели ҷомеаи шаҳрвандии бо он мувофиқро муайян менамояд. Ҳамин тариқ, шакли истеҳсолот (мураккабии сохтори иқтисодӣ) навъи ҷомеаи шаҳрвандиро, тамаддун — шаклҳои мухталифи онро ва режими сиёсӣ модели мушаххаси онро муайян месозад.

Дар раванди таҳлили омилҳои пайдоиш ва ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар назар дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ доимӣ буда, он паҳлуи объективӣ ва яке аз шаклҳои муҳимми фаъолиятҳои ҳаётии ҷомеаро ташкил дода, доимо ҳамсафари давлат аст. Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳи давлат ва синфҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, шакл, навъ ва моделҳои гуногунро дар худ ташаккул медиҳад ва дар шароити ҷомеаи бесинф аз байн рафта, боз бо иҷтимоъ омезиш меёбад.

Муносибати форматсионӣ. Ба ҳар як шакли истеҳсолот навъи ҷомеаи шаҳрвандии махсус мувофиқ аст. Масалан, дар сохтори ҷамъиятии ибтидоӣ — ҷомеаи шаҳрвандии ибтидоӣ (он бо ҷомеа омезиш ёфтааст), дар сохтори ҷамъиятии ғуломдорӣ — ҷомеаҳои ғуломдории Атиқа ва Шарқ, дар сохтори ҷамъиятии феодалӣ — ҷомеаи деҳқонони асримиёнагӣ (крепостнойҳо), дар сохтори ҷамъиятии сармоядорӣ — ҷомеаи буржуазӣ, дар сохтори ҷамъиятии сотсиалистӣ — ҷомеаи пролетарӣ (деҳқонон ва заҳматкашон) ва дар коммунистӣ — тарзи навини омезишёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҷомеа хос аст.

Муносибати тамаддунӣ. Ҳар як тамаддун шакли махсуси ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд оварда ташаккул медиҳад. Масалан, дар таърих то ба имрӯз аз рӯйи тамаддунҳои ҷаҳонӣ чунин шаклҳои ҷомеаи шаҳрвандиро мушоҳида намудан имконпазир буд ва ҳаст: эллинӣ, Шарқи қадим, ғарбӣ-аврупоӣ, авруосиёӣ, Шарқи Дур, амрикоӣ, африқоӣ, чиноӣ ва ғ. Дар баробари ин, инчунин заминаҳои маданӣ, назариявӣ, идеологӣ ва сиёсӣ моделҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд меоваранд. Аз ҷумла ҷомеаҳои шаҳрвандии консервативӣ, либералӣ-реформаторӣ, инқилобӣ (марксистӣ, анархистӣ ва ғ.), тоталитарӣ, авторитарӣ, демократӣ ва монанди инҳо. Бояд махсус таъкид намуд, ки дар ҳар як ҷомеа ва ҳар як давлат дар як вақт дар миёни шаклҳои мухталиф ва моделҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ рақобат ва мубориза доимо мавҷуд аст. Ҳамин тариқ, тағйирпазир будани хусусиятҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сохтори иқтисодӣ, тарзи истеҳсолот, гурӯҳҳои этникӣ ва фарҳангҳо, омилҳои динӣ, сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангию маданӣ вобастагии зиёд дорад. Дар ҳар як ҷомеа сирф ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд дошта наметавонад ва он дар шуури олимон ва муҳаққиқон дар шакли намунаи назариявӣ ҳастии худро нигоҳ медорад.

Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз давлат ба вуҷуд омадааст. Иҷтимоъ асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асоси давлатро ташкил намудааст. Аммо давлат дар ҷомеа ҳукмронии худро барқарор намуда, таркиби ҷомеаи шаҳрвандиро аз арзишҳои пешина ва куҳна тоза менамояд ва дар ин раванд барои ташаккули шакли нави ҷомеаи шаҳрвандӣ шароитҳои мусоид фароҳам месозад. Гузашта аз ин, афзалиятҳои рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароитҳои буҳронии ҷомеа ба мушоҳида мерасанд. Шикасти давлат иҷтимоъро аз байн намебарад ва баъди аз байн рафтани як давлат дар ҷойи он давлати дигар пайдо мегардад. Дар ин раванд инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ шакли пештараи худро дар зери таъсири давлати нав ба шакли нав иваз менамояд. Дар раванди рушду инкишофи давлат ва ҷомеа муносибатҳои мутақобила миёни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба осонӣ мушоҳида карда мешаванд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воситаи афкори ҷамъиятӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба давлат таъсиргузорӣ намуда, давлат ба воситаи меъёрҳои сиёсӣ ва маъмурии ҳуқуқии расмии худ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсир мерасонад.

Аммо давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аломат ва нишонаҳои якхела надоранд ва ҳеҷ гоҳ дошта наметавонанд. Ҳадафҳои мавҷудияти онҳо низ аз ҳамдигар тафовути ҷиддӣ доранд. Масалан, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқи инсонро ҳифз менамояд, аммо давлат танҳо ҳуқуқи шаҳрвандони худро кафолат медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи озодии манфиатҳои шаҳрвандон амал намуда, давлат чунин ҳудудро доимо вайрон намуда, дар асоси ҳуқуқи истифодаи қувва ба маҷбурнамоӣ даст зада, ин меъёрҳоро поймол карда метавонад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҷомеаи худтанзимкунанда ва худтанзимшавандаи ғайрисиёсӣ буда, давлат ҷомеаи сиёсии бошуурона танзимшавандае мебошад, ки фаъолиятҳои он пешакӣ ба нақша гирифта мешаванд.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ манфиат ва арзишҳо ба таври кушоду равшан ифода меёбанд, аммо давлат фаъолиятҳои худро бо сирри давлатӣ алоқаманд менамояд. Аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибат ва алоқаҳои ғайрисиёсӣ дар шакли уфуқӣ (горизонталӣ) мавҷуданд, аммо дар давлат муносибатҳои сиёсӣ ва ҳукмронӣ дар шакли амудӣ (вертикалӣ) ба мушоҳида мерасанд. Демократикунонии ҳокимияти давлатӣ, рушду инкишофи худидоракунӣ, ҳамкориҳои мутақобила миёни аксарият ва ақаллият дар асоси мувофиқати манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳадафҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳанд. Мутамарказ гардонидани идоракунии давлатӣ, ба манфиатҳои давлатӣ тобеъ гардонидани манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ, назорат ва зери фишор қарор додани амалиётҳои зиддидавлатӣ ҳадафҳои марказии ҳар як давлатро ташкил медиҳанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба афкори ҷамъиятӣ такя намуда, кӯшиши иштирок намудан дар фаъолияти қонунгузориро менамояд ва бо ин роҳ нисбат ба давлат таъсиррасонии худро амалӣ мегардонад. Давлат кӯшиш менамояд, то ки ҷомеаи шаҳрвандиро тобеи худ гардонад. Давлат таъсиррасонии худро ба воситаи меъёрҳои маъмурӣ, идеологӣ ва сиёсӣ ба роҳ монда, кӯшиши иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиро менамояд ва бо ин роҳ мехоҳад мустақилияти онҳоро то андозае маҳдуд намояд. Ҳамаи ин гуфтаҳо номувофиқатии хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатро боз ҳам возеҳтару равшантар мегардонанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи институт ва муносибатҳое мебошад, ки дар миёни одамон ва умумиятҳои иҷтимоӣ ба амал бароварда шуда, берун аз доираи фаъолияти мақомоти давлатӣ мавҷудияти худро нигоҳ медорад ва ифодакунандаи манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолиятҳои иҷтимоии аҳолии як ҳудуди муайян буда, дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию маишӣ дар асоси меъёрҳои худтанзимнамоӣ, худидоракунӣ, баробарии шахсӣ ва арзишҳои анъанавӣ ташаккул меёбад. Гузашта аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ин марҳилаи олии рушду инкишоф, яке аз шаклҳои умумияти инсонӣ ва асоси устувории давлат ба шумор меравад. Асосҳои объективии ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёфтаро омилҳои зерин ташкил медиҳанд:

— моликияте, ки ба воситаи қонун ҳифз карда шудааст;

— сохтори иҷтимоии гуногунранг ва ташаккулёфтае, ки ба воситаи бойигарӣ, манфиатҳои гуногун ва демократияи тараққикарда ифодаи худро пайдо намудааст;

— дараҷаи олии рушди зеҳнӣ ва психологии аъзоёни ҷомеа;

— қобилияти фаъолгардонии мақсадҳо;

— ҳамроҳ будани шаҳрвандон дар кори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— таъмини ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқ (маданияти ҳуқуқӣ).

Дар раванди омӯзиши масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин дараҷаҳои онро аз ҳам фарқ менамоянд: иқтисодӣ, сотсиологӣ ва иҷтимоию маданӣ.

Дараҷаи иқтисодӣ бо плюрализми ҳифзи қонунии моликият, манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ алоқаманд аст. Дараҷаи иҷтимоию маданӣ алоқаҳои устувори оилавӣ, динӣ, этникӣ ва монанди инҳоро дар бар гирифта, гуногунрангии сохтори иҷтимоӣ ва динамикаи алоқаҳои ҷамъиятиро низ дар худ нигоҳ медорад.

Дараҷаи сотсиологӣ интихоби фардии соҳаи сиёсатро дар бар мегирад. Ба чунин шакли интихоб арзишҳои зерин дохил мешаванд: афзалиятҳои маданӣ, ҳадафҳои арзишманд, гуногунандешии сиёсӣ-маданӣ, озодии иродаи шаҳрвандон, имконияти барҳам задани стереотипҳои идеологӣ, ниҳодҳои фаъоли ҷамъиятӣ, ки бо системаи сиёсии давлат алоқаи зич доранд. Ҳамин тариқ, дар раванди таҳқиқи ҷомеаи шаҳрвандӣ истифодаи муносибати сотсиологӣ низ имконпазир мегардад. Аз ин нуқтаи назар, ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои иҷтимоии дорои сохтори мураккаб буда, аз низоми арзишҳо, талаботҳо ва манфиатҳо иборат аст. Ғайр аз ин, муносибати сотсиологӣ ҷомеаи шаҳрвандиро аз иттиҳодияҳои ихтиёрии шаҳрвандоне вобаста медонад, ки онҳо ба таври мустақилона ва дар доираи қонун фаъолият менамоянд.

Гузашта аз ин, муносибати сотсиологӣ имкон медиҳад, ки унсурҳои таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян карда шаванд. Мувофиқи чунин шарҳу баён таркиби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз унсурҳои зерин иборат аст: умумияти ихтиёрӣ ва худидорашавандаи одамон, оила ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҷмӯи ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисиёсиву ғайридавлатӣ, ташкилотҳои лоббистӣ, ҳаёти шахсӣ ва истеҳсолии одамон, урфу одат, анъана ва ахлоқи одамон, иттифоқҳои мустақил ва худидорашавандаи соҳибкорон, низоми васоити ахбори оммаи ғайридавлатӣ, ташкилот ва ҷамъиятҳои динию фарҳангӣ.

Муносибати сотсиологӣ дар баробари муносибати сохторию функсионалӣ имкон медиҳад, ки як қатор вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равшан карда шаванд. Аз ин нуқтаи назар, ба таври пурра қонеъ сохтани талаботҳои моддӣ, маънавӣ ва иҷтимоии одамон, дар амал татбиқ намудани манфиат, майлу хоҳиш ва ҳадафҳои онҳо, вазифаҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд.

Ба воситаи муносибати сотсиологӣ вазифаҳои иқтисодии ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян карда шудаанд, ки онҳо аз иҷроиши самтҳои зерин иборатанд: дар назди қонун баробарҳуқуқ нигоҳ доштани ҷамъияти соҳибмулкон, озодии интихоби иқтисодӣ, мавҷудияти манбаъҳои алтернативӣ барои ба даст овардани воситаҳои муҳимми ҳаётӣ, мавҷудияти низоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби давлат амалӣ карда мешавад, муайян намудани сарҳади ҳокимияти иқтисодӣ ва сиёсӣ, муайян намудани сарҳади ҳокимият ва моликият.


Калидвожаҳо: Таълимот ва омузиши чомеаи шахрванди.

[1] Борзунов В.Ф. Гражданское общество. – М.: МИИТ, 2001. – С.8.

Шарҳ баста аст.