Талаботҳои умумии экологӣ, механизми истифодабарии табиат ва режими ҳуқуқии ҳудудҳои ҳифзшаванда

Талаботҳои умумии экологӣ гуфта он қоидаҳои умумиҳатмии рафторро меноманд, ки аз ҷониби қонунгузор баҳри ҳифз намудани сарватҳои табиӣ қабул карда шудаанд. Талаботҳои умумии экологӣ дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати табиат» инъикос гардидаанд[1].

Дар ҳуқуқи экологӣ механизми экологӣ-ҳуқуқӣ[2] ва механизми экологӣ-иқтисодӣ[3] мавҷуд аст, ки дар асоси онҳо истифодабарӣ ва муҳофизати муҳити табии атроф ба амал бароварда мешавад.

Механизми истифодабарии табиат гуфта роҳу усул ва воситаҳои муқарраркардаи меъёрҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки дар онҳо императивҳои экологӣ, кафолатҳо ва таъмини истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва муҳофизати дурусти муҳити атроф таъмин мегарданд.

Воситаҳои ташкили истифодадабарии самараноки сарвартҳои табиӣ гуногунанд. Ба онҳо кадастрҳои табиӣ, чораҳои таъминоти молиявӣ оид ба ҳифзи муҳити атроф, андозу пардохтҳо барои истифода бурдани объекту сарватҳои табиӣ, фондҳои экологӣ, суғуртаи экологӣ, экспертизаи экологӣ, контроли экологӣ ва ҳоказо дохиланд[4].

Режими ҳуқуқии ҳудудҳои ҳифзшаванда гуфта маҷмӯи муқаррароти махсуси қонунгузориро меноманд, ки ба муайян намудани ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда равона шуда, баҳри ҳифзи онҳо муқаррар гардидаанд.

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қитъаҳои замин ва оби дорои аҳамияти махсуси экологию муҳофизати табиӣ, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва санитарию солимгардонӣ мебошанд, ки пурра ё қисман, ба таври доимӣ ё муваққатӣ аз истифодаи хоҷагӣ хориҷ монда, онҳоро давлат таҳти низоми муҳофизати махсус қарор додааст. Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда системаи ягонаи фаъоли барои ҳифзу таҳқиқи табиати гуногуншакл, нигаҳдории мувозинати экологӣ ва ба амал баровардани мониторинги биосфера пешбинӣ гардида, инчунин ҳудудҳои шомили нақшаи умумии тараққиёт ва ҷойгиронии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи ин ҳудудҳо фонди табиию мамнӯъгоҳиро ташкил дода, истифодаи он танҳо бо риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда»[5] мумкин аст.

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ба категорияҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ – муассисаҳои тадқиқоти илмии ҳифзи табиат буда, мақсадашон ҳифзу омӯзиши ҷараёни табиии инкишофи ҳодисаҳои табиат, генофонди микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвонот, системаҳои маъмулу нодир мебошад;
  2. Боғҳои табиии давлатӣ – муассисаҳои ҳифзи табиат буда, ҳудуди онҳо комплексҳои табиии дорои аҳамияти хоси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар гирифта, бо мақсадҳои ҳифзи табиат, дамгирӣ, илму маърифат ва фарҳанг истифода карда мешаванд;
  3. Парваришгоҳҳои давлатӣ – ҳудудҳоеро дар бар мегиранд, ки бо мақсади ҳифзу барқарор кардани комплексҳои табиӣ ё қисматҳои онҳо дар давраи барои иҷрои ин вазифа зарурӣ ҷудо карда шудаанд.
  4. Ёдгориҳои табиии давлатӣ – объектҳои табиии муқаррарӣ ва сунъие мебошанд, ки аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ нодиру пурқимматанд;
  5. Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ – муассисаҳои дорои мақоми ҳифзи табиат ва илмӣ-тадқиқотии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мебошанд, ки барои ҳифз, афзоиши олами ҳайвонот ва истифодаи онҳо муайян шудаанд;
  6. Минтақаҳои экологию этнографӣ – маҳалҳои зисти аҳолии бумӣ буда, бо мақсади ҳифзу барқарор намудани захираҳои табиии биологӣ, муҳити сукунат ва тарзи ҳаёти анъанавии ин аҳолӣ режими махсуси истифодаи табиатро соҳиб мебошанд;
  7. Боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ – таъсисотеанд, ки бо мақсади дар шароити сунъӣ муҳофизат кардану омӯхтан ва мукаммал намудани объектҳои олами наботот ташкил карда шудаанд;
  8. Минтақаҳои табиӣ, курортӣ ва табобатию солимгардонӣ – ҳудудҳои махсуси ҳифзшавандае мебошанд, ки дорои хусусиятҳои табиӣ буда, барои табобату пешгирии касалиҳо мусоидат менамоянд;
  9. Минтақаҳои табиии дамгирӣ – ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ё қитъаҳои обие мебошанд, ки барои дамгирии оммавии муташаккилонаи аҳолӣ ё туризм пешбинӣ шудаанд[6].

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи пешгӯиҳо, нақшаи тадбирҳо, нақшаҳои дурнамои тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, нақшаҳои заминсозӣ ва планкашии ноҳиявӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда гуннаҳкоранд, аз рӯи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ҷониби эшон товони зиёни расонидашуда бо андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷуброн карда мешавад.


[1] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM.

[2] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 96-105.

[3] Ниг.: Ниг.: Боголюбов С.А. Китоби дарсии зикршуда. – С. 158-164; Бринчук М.М. Китоби дарсии зикршуда. – С. 409-448; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 123-135.

[4] Ниг.: Основы государства и права: Учебное пособие для поступающих в вузы. / Под ред. акад. О.Е. Кутафина. – М.: «Юристъ», 1999. – С. 363-366; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 106-135.

[5] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM.

[6] Ниг.: Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда». // Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 1996, №23. – моддаи 353; Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 1998, №10. – моддаи 125; Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 2002, №4. – қисми 1, моддаи 272.

Шарҳ баста аст.