ТАЛАБОТҲОИ ИНСОНӢ

Инсон ҳамчун мавҷуди зинда манфиату талабот дорад. Талаботҳои он ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоиву маданӣ ва фарҳангиянд. Талабот шакли зарурӣ ва объективии робитаи тамоми мавҷудоти зинда бо олами беруна, манбаъи фаъолнокӣ ва зиндагии онҳост. Талабот ҳамчун қувваи моҳиятӣ, ботинӣ мавҷудоти зиндаро ба ягон тарзу шакли фаъолият водор месозад, ки барои нигоҳдошту давом додани зиндагии онҳо заруранд. Возеҳтар гӯем, талабот қувваи нигоҳдории зиндагии ҳамаи мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон аст. Талаботҳои аввала, яъне талаботҳои табиӣ-биологӣ дар шакли эҳтиёҷ ба маводҳои истеъмолии организмҳои зинда пайдо мешавад. Маводҳои истеъмолӣ дар  худи ин организмҳои зинда вуҷуд надоранд, вале барои вуҷуддорӣ ва зиндагиву фаъолияти онҳо объективан заруранд. Талаботҳои аввалаи ҳарорати мӯътадили бадан характери гомеостатикӣ (ҳолати мувозинати организмро нигоҳ доштан) доранд ва фаъолияте, ки ба он водор мекунанд, ҳамеша ба нигоҳдории зиндагӣ, нигаронда шудаанд. Талаботҳои ҳайвонҳо ва қонеъгардондани онҳо бо нигоҳ доштани намуди биологии онҳо, мубодилаи моддаҳо бо муҳити зист ва баладу ошно шудан бо ин муҳит нигаронда шудаанд.

Талаботҳои инсонӣ дар протсесси иҷтимоишавии одамон маданӣ гардонда мешаванд. Мазмуни инстинктивии онҳо бетараф гардонда мешаванд ва инсон талаботҳои сифатан нави иҷтимоӣ ва маданӣ пайдо мекунад. Талабот яке аз қувваҳои моҳиятии инсон ва воситаи робита, пайваст будани он ба олами табиӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ягон шакли фаъолияти инсон нест, ки ба қонеъ гардондани ин ё он талаботи вай нигаронда нашуда бошад. Дар ҷамъияти инсонӣ ду шакли қонеъ гардондани талаботҳо вуҷуд доранд: истеъмолоти истеҳсолӣ ва истеъмолоти шахсӣ. Дар истеъмолоти истеҳсолӣ ба сифати маводи истеъмолӣ захираҳои табиӣ, олоту воситаҳо ва предметҳои меҳнат, техника, технология ва ғайра истифода бурда мешавад. Барои қонеъ гардондани талаботҳои шахсӣ неъматҳои моддӣ, маводи хурока, молҳои истеъмолӣ, аз ҷумла сарулибос, манзилгоҳ ва дигар воситаҳои зиндагӣ истифода бурда мешаванд. Қонеъ гардондан ва афзоиш ёфтани талаботҳои инсон ба афзоиши неъматҳои маънавӣ, воситаҳои дигари истеъмолӣ, тарзҳои истеъмол вобаста аст. Сатҳу роҳҳои қонеъ гардонидани онҳо низ гуногун мешаванд, нобаробар инкишоф меёбанд ва ба яке аз манбаъҳои ихтилофот дар ҷамъият, дар байни қишру табақаҳои аҳолӣ табдил меёбанд. Ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ баҳри беҳтару хубтар қонеъ гардондани талаботҳои худ мубориза мебарад. Талаботҳо метавонанд ҳам манбаъи пешравии ҷамъият шаванд, хусусан вақте, ки дар афзоишу болоравиянд, ҳам метавонанд манбаъи ихтилофот дар ҷамъият, дар сохторҳои табақотӣ-иҷтимоии он шаванд, вақте ки онҳо нобаробар инкишоф меёбанд, мазмуну мундариҷаи консервативӣ пайдо мекунанд, дар як сатҳ боз мемонанд. Дар ҳарду ҳолати зикршуда, яъне ҳолатҳои  афзоишу болоравӣ ва мазмуну мундариҷаи консерватӣ пайдо кардан ва аз афзоиш монданашон, талаботҳо аз сатҳи инкишофи иқтисодиёт, самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ вобастагӣ доранд. Афзоишу бозмонии талаботҳои инсонӣ инчунин аз чигунагии иқлимӣ-табиӣ, анъанаҳои таърихӣ ва маданӣ вобаста аст. Талаботҳо на фақат функсияҳои ҷисмонӣ, инчунин функтсияҳои иҷтимоӣ-маданӣ доранд, меъёрҳо ва муқаррароти истеъмолоти иҷтимоиро ифода мекунанд, ба иҷтимоишавии фардҳо, ки дар айни замон маънои иштироки онҳоро дар просессҳои иҷтимоӣ дорад, сабаб мешаванд. Талаботҳо ва қонеъ гардондани онҳо воситаи нигоҳ доштании вуҷуди ҷисмонии одамон ҳастанд, чунки бе қонеъ гардондани талаботҳои рӯзафзуни худи одамон ва ҳеҷ кадом ҷабҳаҳои ҷамъиятӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Ҳар як фард ҳамон вақт қобили кору фаъолият аст, ки агар талаботҳои он қонеъ гардонда шуда бошад.

Дар шаклҳои аввалаи биологии худ талабот ҳамчун эҳтиёҷ ба нигоҳ доштани ҷисму бадани органикии мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон, ба миён меояд. Талаботҳои ҳайвонҳо ба нигоҳдории намуди биологӣ ва давом додани наслҳои онҳо нигаронида шудаанд. Аксарияти талаботҳои онҳо дар шакли инстинктҳои табиӣ дода шудаанд. Талаботҳои инсон аз талаботҳои ҳайвон, аз ҷумла аз талаботҳои ҷисмонии он, ки бо хосиятҳои бадани органикии он муайян мешаванд, фарқ мекунанд. Талаботҳои ҳайвонҳо тарзу шаклҳои фаъолияти онҳоро муайян намекунанд, зеро онҳо фақат ба шароити муҳит мутобиқ мешаванд, ончие, ки муҳит медиҳад, бо он қонеъ мешаванд, ҳайвонҳо ба созмон додани тарзу шакли фаъолияте, ки ба онҳо муҳит имконият намедиҳад, водор намегарданд. Инсон талаботҳояшро ба муҳит ва шаклҳои фаъолияти худ мутобиқ месозад, инчунин муҳити зист ва шаклҳои фаъолияти худро ба талаботҳои худ мутобиқ месозад, яъне вай фақат тобеи талаботҳои табиии худ нест. Талаботҳои олии инсон — талаботҳои маънавӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, талабот ба муоширату мубодилаи фикр ахбор ва ғайра — бо сохтору умумиятҳои иҷтимоии сатҳҳои гуногун алоқаманд будани ӯро ифода мекунанд, ба мавҷудияти онҳо сабабгор мешаванд. Мазмуну мундариҷаи иҷтимоӣ ва мадании талаботҳои олии инсонӣ ба воситаи таъиноту функсияҳои иҷро мекардагии онҳо зоҳир ва воқеӣ гардонда мешавад. Талаботҳои фардии инсон дар онтогенез (инкишофи фардӣ) ва дар протсесси аз худ кардани таҷрибаи иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни фаъолият ташаккулу инкишоф меёбанд, гуногунрангу гуногунпаҳлӯ мешаванд, объективан қолибӣ ва якранг нестанд. Инкишофу афзоиши онҳо ба тӯфайли тағйирёбии предметҳои истеъмолӣ, неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба амал меояд. Дар протсесси иҷтимоишавии фардҳо, инкишофи таърихии онҳо талаботҳои табиӣ-биологии онҳо маданӣ ва муттамадин гардонда мешаванд. Дар ин протсесс фардҳо талаботҳое пайдо мекунанд, ки қиёси худро дар талаботҳои аввалаи биологиашон надоранд.

Меъёри асосии ҷудо кардани талаботҳо ба навъҳои гуногун тарзҳои зиндагиву фаъолият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, муҳити зиндагӣ, ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳитҳои хурди зиндагӣ (микросреда) мебошанд. Талаботҳоро ба талабот ба хӯрдухурок, сарулибос, манзилгоҳ, талаботҳои ҷинсӣ, худҳифзкунӣ, маънавӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, коммуникативию муошират ва ғайра ҷудо мекунанд. Дар байни онҳо боз талаботҳои субстансионалӣ, функсионалиро фарқ мекунанд, ки аҳамияти ҳаётии онҳо зарурати ҳамкорӣ, кору фаъолият карданро ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин, якчанд асосу меъёрҳои дигаре вуҷуд доранд, ки мувофиқи онҳо ба навъҳо ҷудо кардани талаботҳо гузаронида мешавад, масалан, аз рӯи пайдоишашон: талаботҳое, ки пайдоиши органикӣ-биологӣ, талаботҳое ки зарурати психикӣ ва психологӣ, талаботҳое, ки пайдоишу моҳияти иҷтимоӣ доранд. Таснифоти дигари талаботҳо вуҷуд дорад, ки аз рӯи субъектҳои онҳо гузаронда мешавад, масалан, талаботҳои фардӣ, гурӯҳӣ- табақотӣ ва қишрӣ, ҷамъиятӣ ва умумиинсонӣ, аз рӯи объект — талаботҳои моддӣ, талаботҳои маънавӣ ва ахлоқӣ, аз рӯи функсияҳо — талаботҳои худнигоҳдорӣ, худҳифзкунӣ, инкишофёбӣ ва ғайра. Баъзеи ин талаботҳоро яктарафа ва қатъӣ ба навъҳо ҷудо кардан мушкил аст, масалан талаботҳое, ки унсуру ҷиҳатҳои ҳам моддиву ҳам маънавӣ, ҳам маърифатӣ ва ҳам эстетикӣ доранд. Талаботҳо дар кору фаъолият, муоширату муносибатҳои ҷамъиятии одамон ташаккул меёбанд ва зоҳир мешаванд, ба роҳу рафтори одамон дар ҳар як ҳолату вазъияти мушаххаси зиндагии онҳо мусоидат мекунанд. Талаботҳо характери динамикӣ-иерархӣ доранд. Дар онҳо гоҳ ин талабот, гоҳ талаботи дигар бартарӣ пайдо мекунад. Ин ё он бартарие, ки ягон гурӯҳи талаботҳо пайдо мекунанд, нафақат ба майлу рағбат ва хоҳиши худи одамон, инчунин ба ҳолату вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти онҳо вобаста аст. Дар протсесси зиндагисозӣ (ба маънои ҷамъиятӣ, таърихӣ ва фарҳангии ин калима, на ба маънои биологӣ) талаботҳои муҳим, муайянкунандаи зиндагии одамон ба вуҷуд меоянд. Зиддиятҳои байни ин талаботҳо ва тарзу роҳҳои қонеъ гардондани онҳо шакли хоссаи зуҳуроти муносибатҳои ҷамъиятии онҳо ва яке аз роҳҳои пешравии ҷамъият аст. Инсонро ҳамчун субъекти ҷамъиятӣ ба кадом андозае, ки талаботҳояш ташаккул медиҳад, ба ҳамон андоза ӯ талаботҳои худашро ба вуҷуд меорад. Талабот — имконияти объективӣ ва зарурии вуҷуд доштану амал кардани фардҳои инсонӣ, қишру талаботҳои иҷтимоӣ, миллату ҳалқиятҳо ва умуман ҷамъияти инсонӣ ва инсони ҷамъиятӣ аст.

Талаботҳои олии инсон (талаботҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, маданӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ғайра) ба сатҳу самтҳои гуногуни инкишофи ситемаҳои ҷамъиятӣ робита доштан ва мансуб будани инсонро ифода мекунад. Талаботҳои олии инсон ирсӣ ва модарзодӣ нестанд. Онҳо дар онтогенез – инкишофи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як фард, дар натиҷаи аз ҷониби фардҳо аз худ кардани таҷрибаи зиндагии ҷамъиятӣ ташаккулу инкишоф меёбанд,  зуҳуроти фардӣ мазмуну мундариҷаи иҷтимоӣ ва маданӣ пайдо мекунанд, дар ҳар як шахс ба таври хосса ва дар сатҳҳои гуногун зоҳир мешаванд. Гуногунрангии талаботҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба касбу ҳунарҳои гуногун яке аз омилҳои муҳими инкишофи ҳам худи одамон ва ҳам умуман ҷамъият аст. Талаботҳои олии фардӣ дар баҳампайвастагӣ ва ягонагии ногусастании барномаи биологӣ ва иҷтимоии инкишофи онҳо сурат мегиранд, вале бо пайдоишу самтҳои инкишофи худ мазмуну моҳияти иҷтимоӣ доранд, дар биологияи инсонҳо пешакӣ дода нашудаанд. Шарти зарурии пайдоишу инкишофи талаботҳои олии инсон таҷрибаи пештараи иҷтимоӣ ва машғул шудани ӯ ба ин ё он тарзу фаъолият, касбу ҳунар аст. Бе машғулият ба ин касбу ҳунарҳо, ки дар онҳо таҷрибаи гузаштагон таҷассум шудааст, аз насл ба насл ба воситаи меросияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мегузаранд, ягон кас талаботҳои олии худро ташаккул дода, аз ҳудуди талаботҳои аввалаи табиӣ-ҷисмонии фардии худ берун ва боло баромада наметавонад. Табақабандии онҳо шартӣ аст.

Талаботҳо динамикаи иерархӣ доранд, ки дар он вобаста ба муҳимият пайдо карданашон гоҳ ин талабот, гоҳ талаботи дигар бартарӣ пайдо мекунад. Дар талаботҳои моддӣ ва маънавии ҳаррӯзаи инсон зиддиятҳои байни ин талаботҳо ва тарзу роҳҳои қонеъгардондани онҳо ҳамчун манбаъи инкишофи иҷтимоӣ ва маънавии онҳо ошкор мегардад. Талаботи қонеъ гардондашуда талаботи дигарро ба вуҷуд меорад ва боиси афзоишу болоравии он мегардад, ки ин қонуни афзоиши талаботном дорад. Барои қонеъ гардондани талаботҳои моддӣ-ҷисмонӣ ва маънавӣ инкишофи босуботу доимо болоравандаи истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ зарур аст. Талаботҳои моддӣ ва маънавӣ падидаи фақат субъективӣ нестанд, онҳо пайдоиш ва мазмуни объективӣ доранд. Инсонҳо наметавонанд, ки фикр накунанд, маърифатнок набошанд, ҳис накунанд, хӯрок нахӯранд, нафас нагиранд, ҳаракат накунанд. Талабот ба хӯрду хӯрок, сарулибос, донишу маърифат, маънавияти инкишофёфта ба ҳамон андоза хоси инсон аст, чунон ки талаботҳои моддӣ-ҷисмонӣ ва истеҳсолӣ-меҳнатӣ хоси он аст. Хуллас, талаботҳо зарурати объективию фаврии зинда будану зинда мондани мавҷудоти зинда дар табиат ва ҷамъият аст.


 Калидвожаҳо:

ТАЛАБОТХОИ ИНСОНИ.

Шарҳ баста аст.