Таҳаввулоти тасаввурот дар бораи ҳастӣ

Яке аз фаслҳои муҳими илми фалсафа онтология (аз юнонӣ, онтос — мавҷуд + логос — таълимот) – таълимот дар бораи ҳастӣ мебошад, ки принсипҳои бунёдии сохтори ҳастӣ, моҳияту мавҷудҳои умумитаринро меомӯзад. Нахустин маротиба истилоҳи «онтология» дар «Луғати фалсафӣ»-и Р.Гоклениус, ки соли 1613 чоп гардида буд, ёдрас шудааст.
Онтология соҳаи бениҳоят абстрактии тафаккури фалсафӣ буда, таъиноташ аз пешниҳоди донишҳои умумитарин, донистани кулл иборат мебошад. Донишҳои онтологӣ хусусияти ҳамаро фарогирандагӣ, универсалӣ доранд; онҳо донишҳо дар бораи кулли чизҳои мавҷуда мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба донишҳои онтологӣ хусусияти фарзиявӣ низ мансуб мебошад.
Мафҳуми «ҳастӣ» категорияи ибтидоии фалсафӣ аст, ки инсон тавассути он эътимодашро нисбати мавҷудияти оламу одам ва шуураш ба қайд мегирад. Маҳз ҳамин категория ба сифати воситаи тавсифи умумитарини он чӣ, ки ба тамоми олам мансуб аст, пайдо гардид. Дар бисёр ҳолатҳо мафҳумҳои «ҳастӣ» ва «олам» ҳаммаъно истифода мешаванд.
Ба ҳар як инсони соҳибақл дар асоси таҷрибаи ҳаёти шахсиаш мавҷуд будани ду намуди зуҳурот маълум аст: а) ҳамаи он чӣ, ки ба мазмуни шуур ва ҳаёти маънавии мо дохил буда, тасаввути мафҳумҳои шуур, тафаккур, нафс, рӯҳ, идеалиёт, воқеияти субъективӣ ва ғ. ифода карда мешаванд; б) ҳамаи он чӣ, ки берун аз шуури мо, яъне дар олами моддӣ ҷой доранд ва бо мафҳумҳои материя, олам, табиат, воқеияти объективӣ ва ғ. ифода карда мешаванд. Мавҷуд будани ин намудҳои зуҳурот имкон медиҳад, ки доир ба ду намуди воқеият мулоҳизаи зеҳнӣ сурат гирад. Воқеияти моддӣ ҳаст ва воқеияти маънавӣ ҳаст. Ғайри ин ду намуди воқеият ба таҷрибаи мо чизи дигаре дода нашудааст. Новобаста аз фарқияти тарзҳои мавҷудияти худ, ин ду намуди воқеият бо мафҳуми ҳастӣ маънидод карда мешаванд.
Зуҳуроти дар шуур ҷойдошта (тасаввурот, андеша, хоҳишу ният ва ғ.) ба мо бевосита дода шудаанд, онҳоро бе ёрии узвҳои ҳисс дар «таҷрибаи ботинӣ»-и худ дарк мекунем, онҳоро дар худ дорем ва бо онҳо зиндагонӣ мекунем. Зуҳуроти воқеияти объективӣ баръакс воситавӣ, яъне тавассути идрок, тасаввур ва андешаҳо маълум мешаванд. Пас моҳияти ин зуҳурот, воқеияти моро иҳотакарда чигуна аст? Оё чизҳои олами моддӣ берун аз шуур, мустақил аз он вуҷуд доранд? Ҷавобҳои саҳлгирона, албатта, шубҳаангезанд. Аз ин ҷо масъалаи ҳастӣ пайдо мегардад, ки ба пайдоиши таълимотҳои гуногуни онтологӣ сабаб мегардад. Таълимотҳои гуногуни онтологӣ – ин тарзҳои гуногуни диди олам аст. Меъёре, ки таълимотҳои онтологӣ онро бояд қаноатманд намуда тавонанд, чунин аст: дар доираи марҳилаи мазкури инкишофи амалияи ҷамъиятӣ-таърихии инсоният вай ба донишҳои мавҷуда бояд мухолиф набошад. Таълимотҳои гуногуни онтологӣ ба ин меъёр бо дараҷаҳои гуногун ҷавобгӯй мебошанд. Ба ин меъёр онтологияи материалистӣ бештар ҷавобгӯй аст, чунки он дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи ҷамъиятӣ устувор гаштааст.
Барои тафаккури фалсафӣ аз ибтидои пайдоишаш мулоҳизаҳо дар бораи ҳастӣ аз қабили масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор мерафт, зеро ҳастии олами даркшаванда барои инсон на ҳамеша яқину возеҳ маълум мегардад. Дар шароити атиқа, ки донишҳои таҷрибавӣ ба дараҷаи зарурӣ инкишоф наёфта буданд, фалсафа мебоист ҳуқуқи худро дар офаридани манзараи олам бо тарзи зеҳнӣ-муроқибавӣ амалӣ месохт. Эътимодбахшии донишҳо, ки бо роҳи зеҳнӣ дастрас мешуданд, бояд асоси берунаи аз ҳеҷ чиз новобаста медоштанд. Чунин асос худи ҳастӣ буд, ки асоси ҳамаи ҷаҳонфаҳмиҳои инсон аст. Ин дар навбати худ, чунин фаҳмиши ҳастиро дар фалсафаи атиқа ба миён овард, ки бо талаботҳои зерин алоқаманд буд: а) зарурати муайян кардани сохторҳои устувори ҳастӣ, «нахустхиштҳо»-и кулли ҳастӣ; б) зарурати ҳал кардани масъалаи таносуби тафаккур ва ҳастӣ.
Дар марҳилаҳои аввалини фалсафаи Юнони Қадим масъалаи моҳияти ҳастӣ ҳамчун ҳалли масъалаи «ҳама чиз аз чӣ таркиб ёфтааст?» тафсир карда мешуд. Дар ин марҳила аксари файласуфон мӯътақид буданд, ки нахустасоси ҳастии табииро мабдаҳои оддитарини олами моддӣ ташкил медиҳанд. Албатта, олами моддии мушоҳидашаванда ба ҷисм ё зуҳуроти мушаххаси моддӣ айниятӣ дониста намешуд, балки чун нуқтаи оғози мулоҳизаҳои фалсафӣ қабул мегардид.
Чунончи, Фалес обро ибтидои ҳамаи чизҳои мавҷуда ҳисобидааст. Аз нуқта назари Фалес «об-мабдаъ» аз оби муқаррарӣ фарқ дорад; чунин об илоҳӣ буда, рӯҳ дорад. Мағзи замин ва ашёҳо аз чунин оби рӯҳдор таркиб ёфтаанд. Атрофи замин бо об иҳота гаштааст ва замин дар рӯи он мисли кунда шино дорад. Рӯҳ доштани об аз он сабаб аст, ки олам маскани худоҳо мебошад. Сабабҳои обро мабдаъ қабул кардани Фалес аз назари Арасту чунин шарҳ дода мешавад: «ӯ ба чунин тахмин, мумкин, аз мушоҳидаи он расида бошад, ки хӯроки ҳамаи мавҷудот намӣ дорад ва худи гармӣ аз намӣ пайдо мешавад ва тавассути он мавҷуд аст (ҳамон чизе, ки аз он чизҳои дигар пайдо мешаванд – ин чиз худаш ибтидои ҳамаи чизҳо аст.). Ҳамин тавр, ӯ дар тахминҳояш маҳз ба ҳамин расид, ҳамчунинин ба он, ки тухми ҳамаи чизҳо нам буда, ибтидои табиати намӣ – об аст».[1] Аммо чунин таълимоти натурфалсафии Фалесро комилан материалистӣ ҳисабидан раво нест. Ақидаҳои Фалес ва дигар файласуфони аввалини атиқиро аниқ, якмаъно тафсир кардан номумкин аст. Ин мушкилот аз он сабаб аст, ки фалсафа ва таасуроташон дар бораи табиат тамоман якҷоя гардонида шуда, фаҳмиши табиат бо тасаввурот оид ба сохтори илоҳии олам омезиш ёфтааст. Дар фаҳмиши Фалес мабдаи моддӣ худаш ғайрифаъол буда, ба он кадом як нерӯи фавқулодда ҳаракат ато мекунад. Ҳарчанд, ки об асоси ҷавҳарӣ аст, аммо худи олами воқеӣ ба он нисбат дода намешавад.
Ҳамчунин дар ҳамин марҳила мафҳумҳои бештар абстрактӣ барои ифодаи асоси ҷавҳарии бо идроки ҳиссӣ алоқаманд набуда пайдо шуданд. Чунончи, дар фалсафаи Анаксимандр мафҳуми «апейрон» (аз юнонӣ, — беинтиҳо, беохир) мавриди истифода қарор дода шуд. Бо ин мафҳум материяи муҳаррик, беинтиҳо, номаълум, ғайрисифатӣ ифода карда мешуд. Чӣ будани «апейрон» пурра маълум нест, вале ҳаминаш маълум, ки он ибтидои ҳастӣ аст. Як қисми файласуфон онро чизи мобайнӣ дар байни об ва оташ донистаанд, қисми дигар онро омезиши об, хок, ҳаво ва оташ фаҳмидаанд, қисми сеюми файласуфони қадим мӯтақид ба он буданд, ки апейрон умуман муайяннашаванда аст. Апейрон аз ҳеҷ кадом ҳодисоту қувваи табиӣ вобаста нест ва аз ин лиҳоз, ба онҳо нисбат дода намешавад. Маҳз вобаста аз ин хусусияташ апейрон асоси мабдавӣ не, балки асоси ҷавҳарӣ фаҳмида мешуд. Апейрон абадӣ мебошад; вай асоси ба вуҷуд омадани ҳамаи мавҷудият, аз ҷумла ҳаёт мебошад. Чунин фаҳмиши апейрон як навъ асосноксозии назариявии ғояи ҷавҳар буд: он чӣ, ки ҳамаи чизҳо, шаклҳои вуҷудҳоро меофарад, аммо худаш тағйирнопазир мемонад ва ба ягон зуҳуроти мушаххаси худ нисбат дода намешавад.
Анаксимандр барои асоснок кардани назариёти монистиаш доир ба пайдоишу инкишофи олам аз ғояи офариниш, нерӯи фавқулодда ё илоҳӣ истифода накардааст.
Намояндаи дигари мактаби милетӣ Анаксимен ҳаворо нахустасоси олам ҳисобидааст, «чунки ҳама чиз аз он пайдо мешавад ва ба он таҷзия мегардад». Мувофиқи ақидаи ӯ, апейрон – нишонаи сифатии чизи ғайрисифатии ҳодисоти табиӣ – ҳаво мебошад. Ҳавои «беинтиҳо» сарчашмаи нафаскашӣ ва ҳаёт аст, кулли олам бо ҳаво иҳотаю фарогир шудааст ва дар рӯи он қарор дорад.
Гераклит қайд кардааст, ки олам офарида нашудааст, ин кор барои ҳар кадом субъект ғайриимкон аст. Оташ нахустасоси олам аст, кулли чизҳо танҳо «ивазкунандаи баробарарзиши оташ – аз он бо роҳи тунукшавӣ ва ғафсшавӣ пайдо мешаванд». Олам тимсоли «оташи абадзинда, мунтазам шӯълаваршаванда ва мунтазам хомӯшшаванда» мебошад.
Баъзе файласуфон асоси оламро на танҳо аз як ҳаводиси табиӣ, балки аз якчанд ҳаводисот иборат медонистанд. Хок, об, ҳаво ва оташ дар таълимоти натурфалсафии Эмпедокл мақоми «унсур»-ро гирифтаанд. Ин унсурҳоро Эмпедокл «решаи кулли чизҳо» маънидод кардааст. Чуноне Арасту дар «Метафизика» қайд намудааст, дар фаҳмиши Эмпедокл ин унсурҳо «бақои абадӣ доранд ва пайдо намешаванд, бо миқдори зиёд ё кам дар ягона муттаҳид мешаванд ё аз ягона ҷудо мешаванд».
Анаксагор асоси оламро бо ягон ҳаводиси мушаххаси табиӣ алоқаманд намеҳисобад ва қайд менамояд, ки чунин асосҳо бениҳоят сершумор мебошанд. Онҳо зарачаҳои хурдтарин, яъне гомеомерий (аз юнонӣ, homoios – шабоҳатнок + meristos – тақсимшаванда, афзоянда) ё худ тухми зуҳуроту чизҳои сифатан якҷинса мебошанд. Ин заррачаҳоро тавассути узвҳои ҳис маърифат кардан имконнопазир аст, аммо дар бораи онҳо андешидан мумкин аст. Шумораи гомеомерий беҳад зиёд аст, онҳо беохир тақсим мешаванд, тариқи ҷудошавӣ ё ҳамҷояшавӣ пайдо мешаванд ва нобуд мегарданд, дар худ ҳамаи чизу хосиятҳоро доранд, вале бо ҳаҷми хурдтаринаш. Гомеомерийҳо моддӣ буда, дар олам бетартибона паҳну парешон ва омехта шудаанд. Дар кадом лаҳзае, дар кадом гӯшаи фазо ба ин «омехта»-и ғайрифаъол Ақл (Нус) ҳаракат мебахшад ва тӯфони коинотӣ оғоз мегардад. Баъдан Ақл ҳамаро ба низом медарорад: тухмҳои шабоҳатнок муттаҳид шуда, чизҳои нисбатан якҷинсаро ташкил мекунанд.
Мавзӯи марказии онтологияи атомистонро ҳалли масъалаи таносуби ҳастӣ ва нестӣ ташкил медод, ки онро ҳанӯз файласуфони элейӣ масъалагузорӣ карда буданд. Атомистон ин мавзӯро аз назари материалистӣ тафсир кардаанд. Категорияҳои ҳастӣ ва нестӣ на танҳо сохторҳои андешидашаванда мегарданд, инчунин ба мисли воқеъи физикӣ тафсир карда мешуданд. Атомҳо (ҳастӣ) ба халоъ (нестӣ) муқобил гузошта мешавад. мавҷудияти нестӣ ҳамчун халоъ, фазои холӣ эътироф карда мешавад. Атом (аз юнонӣ, atomos – тақсимнопазир) чун заррачаи хурдтарин, мустаҳкам ва зич, ки дар худ ҷои холӣ надорад, фаҳмида мешуд. Ҳастӣ ҳамчун якҷояшавии атомҳои беҳад сершумор тафсир карда мешуд. Дар тасаввуроти атомистон халоъ (ҷои холӣ) – ин шарти махсуси амалишавии ҳамаи равандҳои олам, мисоли махзане, ки ба ҳастӣ ягон таъсир намерасонад. Атомҳо дар ҷои холӣ, ки мисли ҳавои махсус дар олам паҳн гаштааст, ҳаракат доранд; атомҳо як навъ нахустмавҷудҳо, нахустунсурҳо мебошанд. Пайдоиши ҷисмҳо аз мувофиқати атомҳо вобаста аст. Нобудшавии ҷисмҳо – ин ба қисмҳо пош хӯрдани онҳо, дар ҳадди интиҳоӣ – ба атомҳо таҷзия шудани онҳо. Атомҳо хосиятҳои ботинӣ ва зоҳирӣ доранд. Тақсимнопазирӣ, тағйирнопазирӣ, зичӣ, абадият ва ғ. аз ҷумлаи хосиятҳои ботинии атомҳо мебошанд. Шаклҳои гуногуни атомҳо аз қабили хосиятҳои зоҳирии онҳо мебошанд. Шумораи ин шаклҳо беохир буда, гуногунии беохири зуҳуротро ба миён меоваранд. Ғайр аз ин, ҳаракат хосияти атом мебошад, ки танҳо дар ҷои холӣ амалӣ мегардад.
Атомистон манзараи бузурги зеҳнии оламро офариданд, ки дар он пайдоиш, нобудшавӣ, ҳаракат, гуногунии ҷисмҳо имконпазир буданд. Принсипҳои ба тавсиб расонидаи атомистон хусусияти ом доранд ва аз ин лиҳоз ҳамаи зуҳурот, аз ҷумла хосиятҳои физикӣ надоштаро низ бояд маънидод кунанд. Чунончи, нафс (ҷон) низ аз анвои муайяни атомҳо иборат мебошад. Дар асоси таълимоти атомистӣ Демокрит кӯшиш кардааст, ки зуҳуроти табиӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро маънидод кунад.
Дар асоси шиносоии мухтасар бо инкишофи афкори онтологии ин марҳилаи фалсафаи атиқа метавон хулоса кард, ки намояндагони ин анъана дар ҷустуҷӯи асоси ҷавҳарии ҳастӣ ба сифати табиатшинос баромад кардаанд. Баъзан дар адабиёти фалсафӣ ақидаҳои онҳоро ба тариқи содда ҳамчун материалистӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Чунин тафсир, албатта, на чандон дуруст аст, чунки об, оташ ё дигар зуҳуроти табиӣ, ки ба сифати нахустмабдаъ қабул шудааст, аслан зуҳуроти физикӣ набуда, балки истиораҳои махсуси метафизикӣ мебошанд. Онҳо образҳои рамзӣ мебошанд, ки нахустсабаби чизҳоро ифода мекунанд. Дар он марҳила фалсафа ҳанӯз бо асотир алоқамандӣ дошт. Ҳарчанд ҳолат чунин буд, аммо худи кӯшиши маънидод кардани нахустсабабҳои ҳастӣ дар мисоли мавҷудҳои алоҳида ба кайҳоншиносии фалсафаи атиқа самти возеҳи онтологӣ мебахшид.
Самти дигари фалсафаи атиқа дар марҳилаи аввали инкишофаш асосан бо офаридани таълимот доир ба таносуби ҳастӣ ва тафаккур алоқаманд буд. Дар баёни масъалаи «ҳамойиш»-и ҳастӣ ва тафаккур, инчунин дар инкори алоқамандии онҳо гуногунфаҳмӣ ҳукмрон буд. Парменид таълимоти муфассале дар бораи ҳастӣ офаридааст. Ҳамин таъсири бузурги ақидаҳои ӯ ба инкишофи баъдии фалсафа буд, ки Гегел эҷодиёти ӯро ҳамчун ибтидои фалсафа баҳогузорӣ намудааст.
Парменид аввалин файласуфест, ки категорияи «ҳастӣ»-ро ба фалсафа ворид сохтааст. Дар эҷодиёти ӯ муҳокимаи фалсафии моҳияти физикии чизҳо ба таҳқиқи моҳияти идеалии онҳо табдил дода шуд. Мувофиқи ақидаи ӯ, ҳастӣ абадӣ аст, доимо вуҷуд дорад, мукаммалу тақсимнопазир ва беҳаракат мебошад. Ҳастӣ на Худо асту на материя ё мабдаи моддӣ. Ин як чизест, ки бо ёрии нерӯи ақлӣ ҳангоми фалсафаронӣ ба тафаккури мо дастрас мегардад. Ҳамин тавр, Парменид масъалаи айнияти ҳастӣ ва тафаккур, ҳастӣ ва фикр дар бораи ҳастиро пеш гузошт. Воқеан, Парменид аз омӯхтани «ҳастии холис» ба таҳқиқ шурӯъ карда, дар ибтидо имконияти мантиқии таносуби категорияҳои ҳастӣ ва нестиро таҳлил мекунад, ба табиати баъзе парадоксҳо (аҷибиятҳо), ки хирадро дар дарёфти ҳақиқат гумроҳ сохта метавонанд, ишора мекунад.
Агар нестӣ эътироф гардад, пас вай ҳатман вуҷуд дорад. Агар чунин бошад, пас ҳастӣ ва нестӣ айният доранд, ки ин худ зиддият аст. Агар ҳастӣ ва нестӣ айният надошта бошанд, он гоҳ тасдиқ бояд кард, ки ҳастӣ вуҷуд дорад, нестӣ вуҷуд надорад. Вале чизи мавҷуднабударо чи тавр андешид? Парменид ба хулоса меояд, ки чунин фикру андешаронӣ зарурат надорад. Аз назари ӯ, мавҷудияти нестӣ (ҳеҷ) комилан дурӯғ аст. Алҳол ин ҳалли пурраи масъала нест, чунки дигар саволҳо пеш меоянд: ҳастӣ аз куҷо пайдо шуд? Ҳастӣ чи тавр ба нестӣ мегузарад? Барои ҷавоб додан ба чунин саволҳо Парменид маҷбур буд, ки ғайриимкон будани ифодашавии фикрии нестиро эътироф намояд. Дар чунин ҳолат ин масъала ранги дигар мегирад ва ҳамчун масъалаи таносуби ҳастӣ ва тафаккур мавриди таҳқиқ қарор дода мешавад.
Айнияти ҳастӣ ва тафаккур, ки аз ҷониби Парменид кашф гардид, ин тавр ифода карда шудааст: «Фикр ҳамеша фикр дар бораи ҳамон аст, ки вуҷуд дорад. Тафаккур ва он чӣ, ки дар бораи вай фикр ронда мешавад, ҳарду ҳамон як чизанд». Фикр ҳеҷ гоҳ холӣ буда наметавонад.
Парменид ҳастиро бо воқеияти мавҷудаи олам, ки дар як вақт дониши ҳақиқии мавҷуда аст, алоқаманд медонад. Дар ниҳояти кор, ин як тариқи ҳалли масъалаи онтологӣ – таносуби ҳастӣ ва тафаккур, инчунин донисташавии олам мебошад. Парменид ақидаҳои худро тарзе баён кардааст, ки гӯё аз далеловарии мунаққидон пешакӣ бохабар бошад. ӯ айнияти соддаи донишҳои ҳақиқӣ ва ҳастиро аз «айнияти тафовутнок», ки мувофиқати нопурраро ифода мекунад, фарқ мекунад. Ин, дар навбати худ, маънои онро дорад, ки дониш хосиятҳои субекти маърифаткунандаро дар худ дорад, хусусияти тафаккури ӯро инъикос мекунад. Итминон доштан ба беҳаракатию устувории ҳастӣ – ин натиҷаи мулоҳизаҳои мантиқӣ, ки тасдиқотҳои зидмазмунро истисно мекунад.
Дар мунозира бо Гераклит, ки дар таълимоти кайҳоншиносиаш ҳамарофарогирандагии ҳаракатро мутлақ баррасӣ карда буд, Парменид дар бораи воқеияти мавҷудаи идрокшаванда ва фикр дар бораи мавҷудият (ҳастӣ) мулоҳизаронӣ кардааст. ӯ бар он ақида буд, ки Кайҳон ҳамчун чизи воқеӣ буд ва ҳаст, аммо дар оянда мумкин боқӣ монад ё нобуд шавад. Аммо мафҳуми ҳастии ҳақиқӣ аз тафаккури ҳақиқӣ ҷудонопазир буда, вай бо тасаввурот дар бораи гузаштаю оянда якҷоя буда наметавонад. Мазмуни ҳақиқии фикр аз хусусияти субъективии тафаккур вобастагӣ надорад.
Зенон ақидаҳои Парменидро доир ба имконнопазирии ҳаракат ва тақсимнопазирии ҳастӣ инкишоф дода, чуноне Арасту қайд кардааст, ба инкишофи диалектика саҳм гузоштааст.
Ба фикри Суқрот, файласуфон набояд саргарми таҳқиқи зуҳуроти олам бошанд. ӯ масъалаи таносуби ҳастӣ ва тафаккурро ба доираи ахлоқ кашид. Аз назари Суқрот, ҳақиқат ва хайр айният доранд. Аз ин рӯ, агар мо ягон чизро маърифат намоем ва дар натиҷа дар борааш дониши ҳақиқӣ ба даст оварем, пас ҳатман сифати инсонии мо низ дигаргун мегардад. Агар мо ҳақиқатро дар бораи хайр ва адолат маълум намоем, пас мо бештар накӯкору адолатпарвар хоҳем шуд.
Ба ин мулоҳиза эътироз кардан мумкин аст, зеро мисолҳои зиёд аз он далолат мекунанд, ки на ҳар нафари дар бораи хайр маълумот дошта накӯкорона рафтор мекунад. Суқрот ин далелро рад мекунад ва таъкид мекунад, ки чунин ҳолат вақте зуҳур меёбад, агар он маълумот эътимодбахш набошад ва барои инсони мушаххас хусусияти дониши ҳақиқиро надошта бошад.
Хайрро бошуурона амалӣ месозанд, яъне ҳангоме, ки мо ҳақиқати муайянеро медонем ва тавассути он, масалан, некиро аз бадӣ фарқ карда метавонем. Албатта, одамон рафтори некро бе донистани донишҳои ҳақиқӣ доир ба он низ анҷом дода метавонанд, вале дар ин ҳолат чунин рафтор тасодуфӣ, ғайримақсадӣ арзёбӣ мегардад ва чун натиҷа, мазмуни амиқ ахлоқӣ надорад. Ҳамин тариқ, Суқрот масъалаи ахлоқро ба соҳаи онтология махлут сохт. Аз ин бармеояд, ки принсипҳои ахлоқӣ дар худи сохтори ҳастӣ ҷой доранд. Тафаккур ба ҳастӣ зид гузошта намешавад, вале онҳо ҳатто дар тафсири масъалаҳои ахлоқӣ мувофиқат доранд.
Дар фалсафаи Афлотун ҳастӣ ҳамчун алоқамандии ду олами мухталиф тасвир шудааст. Олами якум – ин олами ашёҳо, ки инсон тавассути ҳиссиёташ дарк мекунад. Алҳол ин «ҳастии ғайриҳақиқӣ» буда, мазмуни бойи ҳастӣ бо он маҳдуд нест. Ҳамчунин олами дуюм вуҷуд дорад, ки он олами «ҳастии ҳақиқӣ» мебошад. Ин олами идеяҳо (ё моҳиятҳо) аст, ки кулли гуногунии олам аз таҷассумёбии онҳо вобаста мебошад. Раванди маърифат, аз нигоҳи Афлотун, ин раванди ба таври зеҳнӣ ошкор сохтани моҳиятҳои ҳақиқии ҳастӣ мебошад, ки бо идеяҳои сатҳҳои гуногун айният доранд.
Идеяҳо, ки Афлотун дар бораашон сухан кардааст, – ин на ҳамту мафҳумҳои ҷавҳаришуда ва асолатии тағйирнопазир, ки ба воқеияти даркшаванда муқобил аст. Идеяи ашё – ин принсипи махсуси сохтори идеалии ашё, ки бо донистани он худи ашёро низ ихтироъ кардан мумкин аст. Афлотун мисли Парменид эътимод бар он дорад, ки ҳастии ҳақиқӣ ва дониши ҳақиқӣ айният доранд. Вале дар таълимоти Афлотун он ҳамчун раванди бетанаффуси сохтордиҳӣ ба олам дониста мешавад.
Афлотун зарурати метафизикаро (яъне фалсафаро) ҳамчун дониши беқазия асоснок намуд. ӯ қайд мекунад, ки риёзиёт аз ақл ва муҳокима вобастагӣ дорад; фалсафа ба хиради диалектикӣ такя мекунад, ки инъомест барои нахустасосро дарк кардан. Вобаста ба ин ӯ ба хулоса меояд, ки фалсафа ҳамчун фан ва диалектика ҳамчун метод асосҳои ҳамаи илмҳо буда, аз онҳо муқаддаманд.
Арасту дар мунозира бо Афлотун қайд менамояд, ки диалектика қуллаи донишҳо буда наметавонад, чунки вай ба саволҳо ҷавоб надода, баръакс савол мегузорад. Мувофиқи ақидаи ӯ, дар асоси дониши беқазия доир ба кулл ва моҳият кадом як қазияи мутлақ, ҳақиқати мутлақ бояд ҷой дошта бошад, дар акси ҳол фалсафаронӣ дурӯғу хато хоҳад буд.
Арасту ҳастиро ба сифати мутлақи ибтидоии метафизикӣ эътироф менамояд. Ҳастӣ – ин мафҳуми махсус, ки асолатӣ (ё ҷинсӣ) нест. Онро ба таҳти ягон мафҳуми умумии дигар даровардан мумкин нест. Аз ин лиҳоз, агарчи ӯ мулоҳизаи Парменидро дар бораи айнияти ҳастӣ ва тафаккур маъқул меҳисобад, аммо ин мазмунро муайянтар шарҳ медиҳад: ҳастии холис – ин фақат абстраксия, ҳастии имконӣ ва фикрӣ; ба таври воқеӣ ҳамеша ҳастии ягон чиз, яъне ҳастии предметҳои мушаххас ҷой дорад. Хулоса, таносуби ҳастӣ ва тафаккур – ин таносуби предмети мушаххас ва фикр дар бораи ин предмет. Олам худ мавҷудияти воқеии зуҳуроту предметҳои алоҳидаи моддӣ ва маънавӣ буда, ҳастӣ – ин абстраксия аст, ки асоси ҳалли масъалаҳои умумӣ дар бораи оламро ташкил медиҳад. Ҳастӣ – ин принсипи бунёдии шарҳдиҳӣ аст. Вай фанонашаванда аст, чунки табиат фанонашаванда аст, мавҷудияти ашёю предметҳои олам бебақо, даргузар мебошад. Ҳастӣ ҳамту ҳаст, вуҷуд дорад. Ҳамарофарогирандагии ҳастӣ бо воситаи мавҷудияти фардии предметҳои мушаххас зоҳир мегардад. Аз назари Арасту, ин қонуни асосии ҳастӣ ё худ «ибтидои кулли аксиомаҳо» аст.
Дар асоси ин қонун Арасту дар бораи имконнопазирии яквақтии будан ва набудани предмет, хосиятҳои зид дар он иброз намудааст: мумкин нест, ки як чиз дар ҳамон як вақт ба ҳамон як чиз дар ҳамон як муносибат ҳам мансуб бошад ва ҳам мансуб набошад. Ин мулоҳиза маънии онтологӣ дорад ва нисбати ҳамаи зуҳуроти олам истифодашаванда мебошад. Азбаски асосмандкунии ин мулоҳиза хусусияти соф мантиқӣ дорад, бинобар ин дар мантиқ мавриди пажӯҳиш қарор дода мешавад. Аз ин лиҳоз, аз нуқтаи назари Арасту, онтология ва мантиқ ду ҷабҳаи як илм – метафизика (яъне фалсафа) мебошанд. Ин ҷо Арасту ба истифодаи принсипи соф мантиқӣ дар масъалаҳои метафизикӣ ва тафсири категорияҳои он оғоз бахшид, ки баъдтар дар схоластикаи асримиёнагӣ қабул гардид ва дар панлогизми Гегел шакли мукаммалро гирифт. Тасодуфӣ ҳам нест, ки Гегел на танҳо Афлотунро барои диалектикааш хуш мепазирад, инчунин Арастуро барои муносибати онтологӣ дар мантиқ гиромӣ медонад. Мавқеи Арасту дар фалсафаи Гегел сазовори эътирофу асосмандкунӣ гардидааст.
Арасту барои он Парменидро сарзаниш мекунад, ки вай ҳастиро якмаъно тафсир кардааст, ҳол он ки ин мафҳум чун дигар мафҳумҳо якчанд маъно дошта метавонад. Ҳастӣ, аз як тараф, маънои ончи ки ҳаст, яъне маҷмӯи сершумори чизҳои мавҷуда, аз тарафи дигар, ҳастӣ – ончи ки ба он ҳама чиз таалуқ дорад, мавҷудияти холис. Хатогии Парменид, ки ӯро ба тафсири метафизикии ҳастии ташаккулнаёбанда, беҳаракат ва беинкишоф расонид, дар он аст, ки ӯ ҳастиро танҳо ба ҳастии холис, яъне мавҷудияти холис марбут дониста, имконияти ҳастии чизҳоро ба инобат нагирифт. Арасту ҳастиро гуногунмаъно меҳисобад. Барои мазмунии илмӣ гирифтани масъалаи таҳқиқи ҳастӣ ӯ аз мафҳумҳои моҳият ва ҷавҳар истифода мебарад.
Се намуди асосии моҳиятҳо фарқ карда мешаванд: а) моҳиятҳои чизҳои ҳисшаванда (ҷисмӣ); б) моҳиятҳое, ки ба онҳо абстраксияҳои риёзӣ мансубанд; в) моҳиятҳое, ки берун аз ҳиссиёт ва абстраксия мавҷуданд, – ин моҳиятҳои илоҳии ҳастӣ. Маҳз ҳамин се қисми асосӣ фалсафаро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, мувофиқи ақидаи Арасту, дониши мутлақ ҳамон ибтидо ё низоми ибтидоҳо мебошад, ки ба сифати он фалсафаи якум (метафизика) баромад мекунад. Ибтидоро аз ягон чиз ҳосил кардан ё бо ягон чиз исбот кардан номумкин аст, аз ҳамин лиҳоз онҳо ибтидо мебошанд. Дар маънои мазкур, воқеан ҳам метафизика (фалсафа умуман) илми баландмақом аст, зеро вай ибтидоҳои илму донишҳои алоҳида ва ҳақиқати фанҳои ҷузъиро асоснок намекунад, балки умуман маърифату дониш ва ҳақиқатро асоснок мекунад. Дар ин мазмун мулоҳизаҳои Арасту хеле замонавӣ мебошанд.
Аз нигоҳи Арасту метафизика (фалсафа), ки илми махсус доир ба принсипу ибтидоҳои фавқулэҳсосӣ мебошад, ба илм дар бораи ҳастӣ (онтология) айният дорад.
Мувофиқи нишондоди Арасту, фалсафа якум (метафизика), ё худ илоҳиёт бо омӯхтани олами фавқултабиӣ машғул аст. Предмети фалсафа – моҳиятҳои фавқулэҳсосӣ, ки мутлақ ва доимӣ мебошанд. Маҳз дар ҳамин мазмунаш фалсафа ба сифати фалсафаи якум (пеш аз табиат) маънидод мегардад. Зарурати истифодаи истилоҳи «теология» ба Арасту барои он лозим шуд, ки кӯшиши дарёфт кардани нахустсабаб ва ибтидои олӣ мантиқан дониста шудани нахустмоҳиятро (мавҷуди аввалро) далолат мекард. Он худо, ки Арасту дар борааш гуфтааст, пеш аз ҳама, ин моҳияти фавқулэҳсосӣ ва дигаргуннашаванда буда, бо Худо, ки дар дин парстиш меёбад, айнан як хел нест. Аз нигоҳи ӯ, худо як навъ нахустсабаб, нахустмуҳаррик аст; ақли мутлақест, ки аз хусусияти мушаххас пок аст. Метафизика (фалсафа) на танҳо ҳастии илоҳиро, инчунин олами табииро маърифат мекунад.
Дар асоси шиносоӣ бо таълимоти файласуфони қадим, гуфтан мумкин аст, ки дар давраи атиқа тасаввуроти классикӣ дар бораи хусусияти метафизикии (беқазиягии) фалсафа ташаккул ёфт ва дар он онтология мавқеи марказиро ишғол менамуд.

Шарҳ баста аст.