Табрикот барои зодрузи устод (Зодруз муборак муаллима)

0
447

Муаллимаи азиз, «Ном?»! Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.

Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,

Загрузка...

Сари болои ту то Каҳкашон бошад.

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»

Зодруз муборак, Happy birhtday

Устоди азиз, «Ном?»! Шуморо бо ҷашни «чанд?» – солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!

Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»