Табрикот барои зодрузи дуст (рафик, ҷура, дугона)

0
3175

Салому дуруди бепоён дӯстам «Ном?». Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад. Ҳамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед. Аз даргоҳи Худованд ба Шумо: тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хӯшбахтӣ ва умри дарозро хоҳонам. Мавлудат муборак бошад дӯстам !!!

Бо эҳтироми беҳудуд дустат «Ном?»

Загрузка...

Эй дусти азиз ҷашни зодруз муборак,

Ин рузи хуҷаставу дилафруз муборак.

Бо эҳтироми камол дустат «Ном?»


Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,

Ситора бар сарат гул пошад, эй дӯст.

Дилат эй дӯст ҷои меҳрубонист,

Ки саршори шароби арғавонист.

****

Дӯсти гиромӣ, «Ном»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!

Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»


Табрикоту таманиётҳо барои дӯстдошта, муаллима, устод, дӯст, фарзанд, падару модар ва дигар ашхоси наздикро аз инҷо дастрас намоед

****

Толеи накӯи бемисолат хоҳем,

Иқболу хушӣ дар ҳама ҳолат хоҳем.

Хушбахтиву фирӯзиву ҳам барноӣ,

Эй дӯсти азиз  дар ҳама ҳолат хоҳем.

***

Рӯзи мавлудат муборак бод, гӯён ин дуо,

Аз Худои меҳрубони хеш кардем илтиҷо.

Тансиҳат бошиву хандон, хотират ҷамъ, ҳамчунон,

Ишқ бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.

***

Эй дӯсти азиз ҷашни зодрӯз муборак,

Ин рӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.

Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,

Ситора бар сарат гул пошад эй дӯст.

***

Ҳамеша шодмону хушнаво бош,

Барои дӯстон обу ҳаво бош.

Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,

Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.

Мегӯянд барои инсон ҳазор дӯст кам аст. Аммо баъзан як дӯст метавонад ҷои даҳҳо дӯстро бигирад. (номи дустатон) аз ҳамин қабил дӯстон аст. Дӯсти ҳақиқӣ, самимӣ ва ҷонӣ… Мавлуд муборак, дӯстам! Ҳазорсола шаведу мо ҳам бинем.


«Ном»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,

Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.

Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,

Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

***

«Ном»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,

Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.

Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,

Ҳар он чи  дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.


Табрикот барои зодрӯзи дӯст, ҷура, дугона, дуст табрикот, зодрузи дугона табрикот, табрикот барои дуст, чура, табрикот бо зодруз, картинка табрикот, табрикот барои зодрузи дуст, табрикот скачать бесплатно, зодруз муборак дусти азиз, дугоначон табрикот, табрикот рузи зодруз, таваллудат муборак дустам дугонаам, зодрӯз муборак дӯст, табрикот барои зодрӯзи дӯст, зодрӯзат муборак дугонаҷон, шеърхо барои зодруз.