Тақозо, таркиб ва омилҳои он

Тақозо ҳамчун дархост ва эҳтиёҷоти истеъмолгарон, ки дорои нерӯ ва қобилияти харидорианд сурат мегирад. Одатан, се давраи ташаккули тақозои бозорро фарқ мекунанд:

давраи аввал, тақозо дар шакли эҳтиёҷ (талаб, мӯҳтоҷ, ниёзманд) амал мекунад, ки аз ҳисси норасогии ягон чиз (ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ, дониш, иттилоот…) шаҳодат медиҳад. Эҳтиёҷ аз табиати физиологии инсон вобаста буда, сирати ҳамарофарогиранда дорад;

давраи дуввӯми ташаккули тақозои бозориро дархост ташкил медиҳад. Он ҳамчун эҳтиёҷ аз табиати инсон вобаста буда, дар ҳолатҳои мавҷудаи муайян, пайваста ба шахсияти алоҳида ва дараҷаи инкишофи истеҳсолоти ҷамъиятӣ шакли мушаххас мегирад. Ин ҳангоми амалӣ гаштани дархосту талабот зуҳур мегардад. Масалан, шахс ҳангоми фаро расидани вақти хӯроки нисфирӯзӣ эҳтиёҷ доштани худро нисбат ба хӯрока ҳис мекунад. Ҳангоми интихоб кардану истеъмоли он эҳтиёҷ ба дархост табдил меёбад. Дар якҷоягӣ эҳтиёҷ ва дархост тақозои бозориро ташкил медиҳанд;

давраи саввӯм давраи мустақиман ташаккулёбии тақозо буда, ҳамчун раванди ба даст овардани молу неъматҳо бо воситаи мубодила (савдо) сурат мегирад. Таҳти мубодила вазъияти бозореро тасаввур мекунанд, ки дар он субъектҳои гуногун ба ҳам як шуда, байни худ чиз ва хизматҳоеро иваз мекунанд. Ҳангоми мубодила бояд чунин шартҳо риоя карда шаванд:

— иштирокчиёни он набояд камтар аз ду шахс бошанд;

— ҳар як тараф қодир бошад миқдори зарурии чизҳоро таъмин намуда, онро то ба харидор расонад;

— ҳар як ҷониб бояд ягон чиз дошта бошад, ки тавонад байни ҳамдигар онро иваз ё худ мубодила (доду гирифт) кунад;

— ҳар ду тараф ҳангоми аҳду паймон мутлақо озоду муста-қил бошанд ва ба фаъолияти ҳамдигарӣ дахолат накунанд;

— ҳар яке аз онҳо имконияти аз нав бо ҳам вохӯрдан, маслиҳату аҳд (шартнома) бастан ва гуфтушунид кардан дошта бошанд1.

Аз ин хулоса бармеояд, ки дар ҳар як бозор ду субъект — молики чиз (пешниҳодкунанда) ва истеъмолгар (дорандаи талабот) яъне фурӯшанда (арза) ва харидор (тақозо) иштирок мекунанд.

Қонеъ гардондани талаботи субъектҳои иқтисодӣ (шахс, оила, корхона, ширкат, ҷамъият, ноҳия, минтақа, хоҷагии ҷаҳо-нӣ…) бо неъматҳои иқтисодию ғайрииқтисодӣ ногузир ба миқёс ва ҳаҷми захираҳо, омилҳои моддию техникии истеҳсолот: тарзу услуби зиндагӣ, анъанаҳои таърихӣ, шароитҳои иҷтимоию маданӣ; омилҳои демографӣ (шумораи аҳолӣ, синну сол, ҷинс); дараҷаи таҳаввули қувваҳои истеҳсолкунанда ва ғайра вобаста мебошад. Аз ин ҷиҳат талаботи якхелаву якранга, талаботи рӯзу ҳафта, моҳҳову солҳо шахшудамонда дар ягон сатҳ ва ягон нуқтаи ҳаёти ҷомеа вуҷуд надорад. Инро нисбати арза низ қайд кардан мумкин аст.

Талабот(тақозо)-ро рамзан чунин тақсимбандӣ кардан мумкин аст:

— тақозои инфиродӣ;

— тақозои оила;

— тақозои гурӯҳҳои иҷтимоӣ;

— тақозои коллектив;

— тақозои фирмаю ширкатҳо, корпоратсияҳо…;

— тақозои ташкилоту муассисаҳо;

— тақозои соҳа(иттиҳодия, вазорат…);

— тақозои ҷамъият(давлат) ҳамчун кулли талаботҳои номбаркардашуда, яъне талабот барои подош кардани ҳавзаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ;

— тақозои ҷаҳони муосир — яъне кулли талабот оиди  ҳифз  ва барпо доштани ҷаҳони имрӯза ва ғайра.

Аз нуқтаи назари таркиб, унсур ва ташкилу истифода онҳо миллиону миллиардро ташкил карда метавонанд.

Тақозо таърихан аз давраи Ҳазрати Одам то инҷониб эҳёву ташаккул ёфта, баробари амиқ гаштани тақсими ҷамъиятии меҳнат, тахассус, кооператсияи меҳнату истеҳсолот инкишофу таҳаввул ёфтааст. Инсон мунтазам барои қонеъ гардондани талаби худ ба табиат таъсир расонда, хусусиятҳои манфиатноку судбахши онро истифода карда, дар асоси он воситаҳои навтарини олоту асбоб ва шакли ташкили онро ба вуҷуд овардааст. Ҳар як кашфиёт дар навбати худ ба ҳаҷму меъёри талаботи пештара таъсир расонда, талаби навро ба вуҷуд меорад.

Тақозо дар ҳар як сатҳи ҷомеа дорои таркиби махсус буда, мувофиқи омил ва нишондиҳандаҳои мушаххаси иқтисодӣ муайян карда мешавад. Масалан, тақозои шахсӣ мустақиман ба ҳаҷми даромади ҳар як фард ва даромади оила, ҳаҷми оила, синну сол, ҷинсият, хусусиятҳои иқлим, фаслу сол, тарзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, анъанаҳои миллӣ, таърихӣ, сатҳи рушди иқтисод, сиёсати иҷтимоии давлат ва ғайра алоқаманд мебошад.

Тақозои фирма (корхона, ширкат, ассосиатсия ва ғ.) пеш аз ҳама ба сармоя (воситаҳои истеҳсолот, олоту асбоб, дастгоҳ, ашё, биноҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурию ёварӣ, воситаҳои нақлиёт, алоқа…); талабот ба меҳнат (коргарони кироя, менеҷерон, бозоршиносон, инженерону техникҳо, технологҳо, мутахассисони гуногун, кормандони ҳавзаи зерсохт (инфра-структура), операторон; талабот ба захираҳои табиат, ис-тифодаи сарвати ҷамъият ва ғайра ниҳон мегардад. Ин талаботҳо ҳамчун талаботи ҷорӣ ба як давраи нисбатан кӯтоҳ (3-5 рӯз, ҳафта, даҳрӯза, моҳ, квартал), давраи миёнамӯҳлат (моҳ, сол), давраи дарозмӯҳлат (3-5 сол), давраи дурнамо (перспективӣ — 10-15 сол) ва ғайра тақсим шуда метавонад.

Албатта, қонеъ гардондани чунин низоми мураккаби талаботҳо ногузир масрафи бузурги молию пулӣ ва меҳнатиро тақозо мекунад. Охирон, бешубҳа мувофиқи қудрату қобилияти харидории ширкатҳову фирмаҳо муайян карда мешавад.

Ширкатҳои муосири мамлакатҳои бузургтарини капита-листӣ (картел, синдикат, трест, консерн, ширкатҳои транс-миллӣ…) алоқаҳои пурпечутоби мураккаберо доро мебошанд. Онҳо риштаву  филиалҳои зиёдеро на фақат дар доираи соҳаи худ, балки дигар соҳаҳову ҳавзаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, маданию маърифатӣ, чӣ дар доираи мамлакат ва чӣ берун аз он ба худ тобею муттаҳид менамоянд. Бинобар ин доираи талаботи онҳо нисбат ба даст овардани неъмату хадамот ва мутахассисон интиҳо надорад. Тақозо  дар  ин  ҳолат зери таъсири омилҳои гуногуни бозор — нарх, ҳаҷми арзаи молҳо, миқдору сифати онҳо ва ғайра сурат мегирад.

Албатта, таъсири омилҳои бозори озод, бозори рақобатҳои монополӣ (инҳисорӣ), олигополӣ, монопсонӣ ва фишангҳои танзими давлатӣ дар ин ҷараён истисно буда наметавонад.

Такозо, таркиб ва омилхои он, таркиби такозо, омилхои такозо, Такозои фирма, такозо чист?

Тақозо чист?


1 Ниг. Котлер Ф. Основы маркетинга. М.: 1989. — с.43-49, 352-357.

Шарҳ баста аст.